Суҳбати вижаи хабарнигори «БТ» Тилав Расулзода
бо муовини сардори нозироти андози ноҳияи Бобоҷон ғафуров Розия Аҳмадҷонова
– Шуморо бо Рӯзи кормандони мақомоти андоз табрик мегӯям. Зимнан бигӯед, ки оё андозситон шудан орзуи даврони наврасиятон буд?
– Аз наврасӣ мехостам иқтисодшинос шавам. Бинобар ин ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи банақшагирии иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурдам ва онро соли 1989 хатм кардам. Беш аз 25 сол ҳамчун хизматчии давлатӣ кору фаъолият дорам, ки 17 соли онро сарфи хидмат дар мақомоти андоз намудаам.
– Андозситонӣ барои ғанӣ гардонидани хазинаи давлат ба иҷро расонида мешавад. Вале дар ин ҷода гӯё як силсила мушкилот низ мавҷуд аст. Мушкил дар чист?
– Пардохти андоз боиси осоиши шаҳрвандон ва шукуфоии кишвар аст. Дар ҷумҳурии мо теъдоди соҳибкорони инфиродие, ки бо патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, зиёд аст. Истифодаи патент ҳамчун зинаи нахустини ворид гаштани шаҳрванд ба иқтисоди бозаргонӣ ба шумор меравад. Дар асоси патент танҳо ҳамон шахсе ҳуқуқи фаъолиятро дорад, ки ба номи ӯ патент дода шудааст, аъзои оила, хешовандон ва шахсони дигар ҳуқуқ надоранд бо ин патент фаъолият намоянд. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дорои ҳуқуқи истифодаи меҳнати кироя буда, метавонад тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд накардааст, анҷом диҳад. Зеро соҳибкорӣ низ қонун ва қоидаҳои худро дорад. Мутаассифона, баъзе соҳибкорони мо ягон навъ курсҳои кӯтоҳмуддатро хатм накарда, ба ин кор машғул мешаванд. Онҳо аз одитарин талаботи фарҳанги андозсупорӣ бехабаранд, ки боиси мушкилот байни андозситон ва андозсупор мегардад. Хуб мебуд, агар дар мактабҳои миёна таълими ин фан, яъне фарҳанги андозсупорӣ ба роҳ монда шавад.
– Ҳамватанони мо дар чаҳорчӯби Кодекси нави андоз фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд. Он аз Кодекси пешини андоз чӣ тафовутҳо дорад?
– Кодекси андоз дар таҳрири нав дар асоси хоҳишу дархости соҳибкорону андозсупорандагон таҳия гардидааст. Дар маҷмуъ, аксарияти ин пешниҳодҳо қисман ва ё пурра ба инобат гирифта шудаанд. Кодекси мазкур тибқи супориши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели 2011 иброз дошта буданд, таҳия гардид ва аз 1–уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт. Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари давлат Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав сода ва оммафаҳм карда шудааст. Аз 21 дар маҷмуъ 10 намуди андоз боқӣ мондааст. Аз онҳо 8 адад андозҳои умумиҷумҳуриявӣ ва 2 адад маҳаллӣ мебошанд. Шумораи умумии моддаҳои Кодекс дар таҳрири нав аз 359 ба 329 адад кам шуд. Ҳамчунин шумораи истинодҳо аз 384 ба 176 адад коҳиш ёфта, андоз аз фурӯши чакана ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо аз қонунгузории андоз тамоман хориҷ гардид. Дар баробари ин, ҷиҳати такмили маъмуликунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути сода ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ, шумораи эъломияҳо аз рӯйи андоз ва пардохтҳои алоҳида то 41%, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86% ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43% кам шуд. Маҳз бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав дар моҳи декабр ҷумҳуриамон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд, ки барои пайдо кардани мавқеъ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои ҳар як соҳибкор имконияти мусоид фароҳам меоварад.
– Дар ноҳия шумораи андозсупорандагон аз ҷумлаи соҳибкорони хурду миёна ба чанд мерасад ва ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта кам аст ё зиёд?
– Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав сафи андоз-супорандагон дар нозироти андоз меафзояд. Агар дар январи соли 2012 теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ 492 адад бошад, дар ҳамин давраи соли равон он 968 ададро ташкил дод. Шумораи соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият мебаранд, аз 3226 ба 3609 нафар расид. Шумораи андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ аз 698 то 801 адад афзуд. Бояд таъкид кард, ки беш аз 60% андозсупорандагонро бонувон ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ба кормандони нозироти андоз муяссар гардид, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи даромади буҷетро аз рӯйи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 108,5 фоиз таъмин намоянд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5миллиону 552 ҳазору 864,0 сомонӣ зиёдтар маблағ ворид гардид.
– Барои боз ҳам беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва афзудани теъдоди андозсупорандагон чӣ корҳое ба иҷро расонида мешаванд?
– Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагон ва афзудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар Кодек-си андози ҶТ дар таҳрири нав воридоти тамоми номгӯи таҷҳизоти технологии ҳозиразамон, аз ҳама гуна андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод шудаанд, ки ин боиси зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва воридшавии мунтазами андоз ба буҷет мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши андозсупорандагон ва дар сатҳи нав ба роҳ мондани хизматрасониҳои мақомоти андоз ба андозсупорандагон, бо фармони раиси Кумитаи андози наз-ди Ҳукумати ҶТ таҳти рақами 336 аз 27.11.2012 «Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон» қабул гардидааст. Имрӯз андоз-супоранда метавонад аз утоқи кории хеш берун нарафта, эъломияҳои андозро тариқи электронӣ пешниҳод намояд. Барои ба андозбандӣ ҷалб намудани соҳибкорон кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар тамоми ҷамоатҳо семинар –машваратҳо оид ба татбиқи Кодекси андоз дар таҳрири нав, дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №451 аз 31.08.2012 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд», гузарониданд. Корҳои фаҳмондадеҳӣ тақвият меёбанд. Соҳибкорони мо бояд дар ҷустуҷӯи истеҳсолоти инноватсионӣ бо назардошти коркарди ниҳоии ашъёи хоми маҳаллӣ бошанд ва истеҳсоли маҳсулоти сифатан нави ба талаботи имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро ба роҳ монанд.
Тилав Расулзода