Мусоҳиба бо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Искандар Саидҷаъфарзода.
- Ҷавонон нерӯи созанда ва навовари ҷомеа ҳастанд. Ин эътимоду бовариро чӣ гуна метавон исбот кард?
- Дар донишгоҳ 6782 нафар донишҷӯён дар 459 гуруҳҳо бо 3 забон таҳсил менамоянд, аз ҷумла 296 (64,5%) гуруҳҳои русӣ,155 (33,8%), гуруҳҳои тоҷикӣ ва 8 (1,7%) гуруҳҳои англисӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷониби қисми методии шуъбаи таълим 123 дастурҳои таълимӣ-методӣ, 91 барномаҳои таълимӣ таҳия гардидаанд. Барои донишҷӯён 61 номгӯи маводи нашриявӣ ба монанди китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ ба теъдоди 11035 нусха ба табъ расидаанд. Давоми солҳои охир тавассути беҳтар гаштани сатҳу сифати таълим, иштирок ва дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ байни макотиби олӣ хеле назаррас гашт. Шумораи гирандагони ҷоизаҳои ифтихорӣ нисбат ба солҳои гузашта ду баробар афзудааст.
Соли рафта ва имсол наздики 5000 донишҷӯён таҷрибаомӯзиро тибқи нақша ба пуррагӣ гузаштанд. Аз он ҷумла 10 нафар донишҷӯёни курси 5-уми факултети фармасевтӣ ба корхонаҳои дорусозии шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуданд.
Дар соли 2012 бори нахуст мактаби тобистонаи байналмилалӣ бо иштироки 59 нафар донишҷӯёни фаъол ва намояндагони 5 кишвари хориҷӣ дар давраи таътил фаъолияти худро идома доданд.
Дар китобхонаи донишгоҳ аз ҷониби китобдорон дар соли 2012 ба 204850 нафар донишҷӯ хизмат расонида шудааст. Додугирифти адабиёт 301440 нусхаро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2011, 22073 нусха зиёд мебошад. Давоми соли 2012 дар донишгоҳ 64 чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардидаанд. Қобили қайд аст, ки маҳфилҳои «Мубоҳисон», «Санъати суханварӣ», «Мактаби омӯзиши 21 сифати роҳбарӣ», «Зан-роҳбар», «Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тиб», «Ҷавонони асри 21», «Маҳфили иттиҳоди шоирон ва нависандагони форсизабон «Ориён»», ки фарогири тамоми масъалаҳои ҷавонон мебошанд, хеле хуб фаъолият намуда истодаанд.
Дар ин муддат маҳфилҳои мазкур ба худ теъдоди зиёди донишҷӯёнро муттаҳид сохтаанд. Дар ин радиф фаъолияти Мактаби мураббигӣ низ вусъат ёфта, дар пешбурди раванди таълиму тарбия саҳми арзанда мегирад.
- Дар донишгоҳ чанд донишҷӯдухтарон тибқи квота таҳсил менамоянд?
- Дар асоси гузоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолзанон 26-уми апрели соли 1997 ва ҷавонони Тоҷикистон 23-юми майи соли 1997 ва Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 1997 дар бораи ба донишкада ва донишгоҳҳо бе супурдани имтиҳони қабул (бо имтиёз) шомил намудани духтарони навоҳии дурдасти кишвар фармони ВМ ҶТ ба тасвиб расид.
Мувофиқи фармони мазкур бори нахуст дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 1997 барои 20 нафар Квотаи президентӣ ҷудо шуд. Ҳар сол шумораи донишҷӯён тибқи квота меафзояд. Аз аввал то ин вақт 1269 нафар донишҷӯ тибқи Квота ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудааст.
Айни замон 616 нафар донишҷӯ тибқи квота таҳсил мекунанд, ки 322 (52,4%) нафарашон духтарон мебошанд. Дар соли хониши 2012-2013 116 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд, ки нисбат ба соли гузашта 11 нафар зиёд аст.
Бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан барои донишҷӯдухтароне, ки тибқи квота таҳсил мекунанд, дар донишгоҳ хобгоҳи алоҳида ҷудо шудааст, ки дар он барои таҳсил ва зиндагӣ ҳамаи шароити зарурӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, барои донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда бе навбат хобгоҳ ҷудо мешавад.
- Имрӯз барои дастгирии донишҷӯдухтароне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ва аз оилаҳои камбизоат дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз тарафи раёсати донишгоҳ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, барои онҳо бе навбат ва ба таври ройгон ҷои зист аз хобгоҳ дода, ҳамчунин, аз тарафи раёсати донишгоҳ дар арафаи иду ҷашнвораҳо кумакпӯлиҳо ҷудо мешаванд. Бо мақсади дастгирии донишҷӯдухтарон ва касбомӯзии онҳо дар назди хобгоҳи №7-и донишгоҳ сехи истеҳсолӣ-омӯзишии дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он ҷо донишҷӯдухтарон бо нозукиҳои касби дӯзандагӣ шинос мешаванд. Ҳамзамон бо мақсади равнақи забономӯзии донишҷӯён курсҳои омӯзиши забони англисӣ ва омӯзиши технологияи информатсионӣ ташкил карда шудаанд, ки дар он донишҷӯёни камбизоат ба таври ройгон забони англисӣ ва кор бо компютерро аз худ менамоянд. Гузашта аз ин дар донишгоҳ мактаби мураббигӣ фаъолият мекунад, ки ҳадафи асосии он дастгирӣ ва расонидани кумаки маънавӣ ба донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст таҳсил мекунанд, мебошад.