Давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт. Имрӯз занон чӣ мушкилоте доранд? Барои беҳдошти зиндагии худ чӣ кӯшише ба харҷ медиҳанд? Ва дар ин самт Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ нақши муассире дорад?
Дар ин бобат мусоҳиба анҷом додем бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева.
- Мақоми зан, модар ва умуман бонувони тоҷикро дар ҷомеаи имрӯза чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ проб-лемаи беҳгардонии шароити занон дар маркази диққати Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос кор карда баромад.
Моҳи сентябри соли 1998, таҳти № 363 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, №89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол-ҳои 2001-2010” «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016», “Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015”, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020» ва ғайра қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо баҳри беҳтар гардонидани мақоми зан дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона карда шудааст.
Дар натиҷаи иҷрои босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида обрӯю нуфузи занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Айни ҳол дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз шумораи 18491 нафар хизматчиёни давлатӣ 4 343 нафарашонро, ё 24,7%-ро занон ташкил медиҳанд. То ба имрӯз дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ 11266 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 2727 нафар ва ё 24% занон мебошанд.
Имрӯз дар мақоми қонунгузор, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар зан узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 517 нафар занҳо узви маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ мебошанд.
- Дар самти коҳиш додани ҷудошавии оилаҳо, худкушӣ, никоҳи барвақтӣ ва дигар мушкилоти ахлоқӣ ва хонаводағӣ Шумо бо кадом сохторҳои давлатӣ иртиботи ҳамешагӣ доред?
- Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Оила нахустин пойдевори иморати муҳташами давлатдорист ва ҳарчанд, ки пойдевори иморат мустаҳкам бошад, он ҳамон қадар пойдору бошукуҳ мегардад. Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигаҳбонии ин гаҳвора, қабл аз ҳама, бар дӯши модар вогузор шудааст. Маҳз модар метавонад, заминаи асосие барои устувории оила бошад ва аз овони тифлӣ наҷибтарин хислатҳои инсониро дар замири фарзандаш бипарварад.
Рушду устувории ҷомеа ба зан - модар вобастагии зич дорад, зеро танҳо аз модари солим кӯдаки солим таваллуд мешавад ва аз кӯдаки солим оилаи солим, ҷомеаи солим бунёд мегардад. Аз ин рӯ, пойдорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва солимию бурдбориҳо аз оила оғоз мегирад. Пас месазад, ки ҳарчӣ бештар дар мустаҳкаму обод гардидани оилаҳо саҳмгузор бошем.
Бузургии тараққии ҳар милатро аз эҳтироме, ки дар ҳаёти иҷтимоии худ ба зан мегузоранд, метавоншинохт.
Наполеон
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа яке аз проблемаҳои ташвишовар ин ҷудошавии оилаҳо мебошад, ки тамоюл ба зиёдшавӣ дорад.
Мувофиқи маълумотҳои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди талоқ дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 ба 2116 расидааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2012 135 адад зиёд аст, қайди никоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ дар се моҳи соли 2013 ба 24793 нафар расидааст.
Падидаҳои номатлуб, нуқсонҳои ҷомеа, коста гардидани ахлоқи маънавию фарҳангии ҷавонон ва масъалаҳои мубрами рӯз маҳз аз вайроншавии оилаҳо сарчашма мегиранд.
Масъалаи оила ва оиладорӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Ҳарчанд дар атрофи он баҳсҳои бисёре шудаанд, лек он ҳоло ҳам ҳал ношудаву муҳтоҷи ёрист.
Сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон ба оиладорӣ тайёр набудани ҷавонон, надоштани ҳисси масъулияти оиладорӣ ва якдигарнофаҳмӣ байни зану шавҳар, дахолати падару модарон, барвақт ба шавҳар баромадани духтарон мебошанд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки барои рушди босуботи кишвари азизамон оид ба ҳаёт ва паҳлуҳои гуногуни шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳимояи ҳуқуқу имкониятҳои қонунии занону кӯдакон фаъолият доранд, ҳамкорӣ менамояд.
Бахусус, мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо вазоратҳои адлия, корҳои дохила, маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимиятҳои давлатӣ ва шаҳраку деҳот иртиботи ҳамешагӣ дорем.
Кумита, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», тибқи нақша чорабиниҳои панҷҷониба бо ҳамдастии кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар семоҳаи соли равон бо намояндагони қишрҳои ҷомеа аз ҷумла бо занони хонанишин, ҷавонон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, имом-хатибони масҷидҳо, уламои дин ва фаъолони ноҳияҳо ҷамъомаду вохӯриҳо гузаронида, оид ба пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили худкушӣ, ҷиҳати паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, наврасону ҷавонон, инчунин донишҷӯёне, ки ғайриқонунӣ дар хориҷа таҳсил мекунанд, ҷиҳати фаро гирифтани онҳо бо таҳсил ва ҷои кор дар қаламрави кишвар, беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва коҳиш додани теъдоди талоқ вохӯриҳову суҳбатҳо доир сохта, корҳои тарғиботиро бурда истодааст.
- Имрӯз Ҳукумату давлати Тоҷикистон барои рушди соҳибкории хурду миёна шароит фароҳам овардааст, бахусус дар мадди аввал бонувони соҳибкор меистанд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ҳамин ҳадафҳо чӣ чораҳо андешида истодааст?
- Дар ҳақиқат солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва соҳибкории занон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Кумита бо мақсади рушди соҳибкории занон ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ба таври мунтазам тренингҳои омӯзишии “Зани соҳибкор муваффақиятро ноил шав”, “Соҳибкории қадам ба қадам” ва амсоли онҳоро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо занони соҳибкор оид ба нақшагирии дурусти тиҷорат, таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ва омӯзиши хатарҳои бозор баргузор намуда истодааст.
Инчунин дар маҳалҳо бо мақсади эҳёи қолинбофии дастӣ аз ҷониби шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ғончӣ, Ашт, Панҷакент, Айнӣ ва Табошари вилояти Суғд, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Мурғоби ВМКБ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ коркарди пашми гӯсфанд ва истеҳсоли қолинҳои дастӣ ба роҳ монда шуданд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ солҳои охир дастрасии занон ба қарзҳои бонкӣ афзуда , то моҳи марти соли равон аз 1 042 535 278 млн сомонӣ қарзҳои хурди дода шуда 260 723, 183 млн.сомонӣ ба занон дастрас гардидааст, ки аз 112653 нафар қарзгириф-тагон 34 418 нафарашон занон мебошанд.
- Грантҳои президентӣ, ки маҳз барои дастгирии бонувони соҳибкор таъсис дода шудаанд, аз рӯйи кадом меъёр ҷудо карда мешаванд ва дар кадом вазъият қарор доранд?
- Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 инҷониб бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ грантҳои президентӣ таъсис дода шуданд. Дар тӯли 5 сол 96 ташкилоти ҷамъиятӣ, 4 шахси воқеӣ ва 170 нафар бонуи соҳибкор ғолиби озмун гардида, сазовори грантҳои президентӣ гардиданд. Дар ин давра 5 млн. 300 ҳазор сомонӣ маблағҳо азхуд гардида, зиёда аз 23000 нафар занону духтарон дар раванди амалигардонии лоиҳаҳо фаро гирифта шуданд.
Самти фаъолияти лоиҳаҳо гуногун буда, ба рушди соҳибкории хурду миёна, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ равона карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2011, №185 «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011-2015» дар назди кумита аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ барои баррасии лоиҳаҳои грантӣ таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур лоиҳаҳои ба унвони кумита ворид гардидаро баррасӣ намуда, ҳамасола 40 лоиҳаи беҳтаринро муайян мекунад ва бо соҳибкорони ғолиби озмун ҷиҳати амалигардонии лоиҳаҳо созишномаи дуҷониба мебандад
- Таманнои Шумо ба кулли бонувони кишвар.
- Дар ҳама давру замон зан ҳамеша нерӯи тавонои офарандагӣ ва саодатмандиро соҳиб буд. Ӯ доимо чун муҷассамаи покиву назокат ва латофат сазовори парастиш ва эҳтиром мебошад, зеро ақлу заковат, донишу маҳорати бонувон, ба мардон қуввату матонат бахшида, онҳоро ба меҳру вафо, шуҷоат ва маданияти бузурги инсонӣ ҳидоят менамояд.
Рӯзи байналмилалии оила ва аксари идҳое, ки ба модарону хоҳарони мо иртибот доранд, дар фасли баҳор таҷлил мешаванд. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқамандӣ дорад. Зеро самои софу беғубор, давлати поянда, сулҳу ваҳдат, зиндагии осуда, фарзандони солеҳ, оилаи обод ва дӯстиву рафоқати байни инсонҳо хушбахтии зан-модари тоҷик аст. Муҳимтар аз ҳама хирад волотарин қонуни зиндагист.
Аз ин лиҳоз, таманно мекунам, ки занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, болаёқаду соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд.
Бонувони Тоҷикистон