Азҳампошхӯрии оилаҳо ва худкушию ба дигар амалҳои номатлуб даст задани насли ҷавон аз падидаҳои манфиеанд, ки ҷомеаи мо дар марҳилаи гузариш ба он рӯ ба рӯ мешавад. Дар мусоҳиба бо Фароғат Қурбонова, масъ-ули бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ин ва дигар мавзуъҳои оилавӣ, роҳҳои солимгардонии маънавӣ ва роҳнамоии ҷомеа ба зиндагии шоиста матраҳ шуд.
– Фароғат Атоевна, сабабҳои афзоиши азҳампошхӯрии оилаҳо ва ҳодисаҳои худкуширо дар чӣ мебинед?
– Дар замони гузариш ҷомеа ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда, дучори буҳрони маънавӣ низ мешавад. Аз хуб фаъолият накардани воситаҳои фарҳангӣ – маънавӣ ахлоқи умумӣ коҳиш ёфта, дар ҷомеа ҷудошавии оилаҳо, худкушию дигар ҳаводис зиёд мешаванд. Бо ҳаллу фасл намудани мушкилоти иқтисодӣ давлат барои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, ба барқарор намудани воситаҳои фарҳангӣ аҳамияти зиёд медиҳад. Ҳоло ки мо дар марҳилаи бунёди ҷомеаи маданӣ қарор дорем, бо мурури замон худкушию пошхӯрии оилаҳо ва дигар унсурҳои манфии иҷтимоӣ аз байн мераванд.
– Як сабаби асосии афзоиши ҳодисаҳои худкуширо ба мушкилоти равонӣ рабт дода, таъсис ва бунёди марказҳои равоншиносиро муҳим мешуморанд. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
– Ташкили машваратхонаҳои равонӣ на танҳо дар марказҳои шаҳру навоҳӣ, балки дар назди тамоми дармонгоҳҳо ва ҳатто сохторҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ зарур аст. Масалан, дар машваратгоҳҳои равонии назди муассисаҳои таълимии Эрон равоншинос аз рӯйи мушоҳида ва хулосаи омӯзгорон ба донишҷӯёни рафтору одобашон тағйирёфта кор бурда, дар ҳалли мушкилоти онҳо ёрии амалӣ мерасонад. Равоншинос дар баробари таскин ба донишҷӯён инчунин дуруст фикр карданро омӯхта, онҳоро ба ҳаёти солим роҳнамоӣ мекунад. Бовар дорам, ки бо дар амал истифода бурдани чунин таҷрибаҳо дар ҳалли бисёр мушкилиҳои доғи рӯз муваффақ шуда, сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеаи мо коҳиш хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки фаъолгардонии марказҳои ҳуқуқию равоншиносӣ дар назди бахшҳои кор бо занон ва оила низ айни муддаост, зеро занон дар ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ нақши муҳим дошта, солимии равонию ҷисмонӣ ва зиндагии шоистаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва тарбияи наслҳои оянда таъсиргузор аст. Бо дарназардошти ин нукта Президенти кишвар бобати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа иқдомҳои наҷиб роҳандозӣ менамоянд.
– Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ваҳдат дар пешгирии худкушӣ ва ҷудошавии оилаҳо чӣ гуна кор мебарад?
– Аз ҳисоби шӯрои занони маҳал 16 гуруҳи корӣ созмон дода, аз рӯйи барномаҳои давлатӣ ва нақшаву чорабиниҳои таҳияшуда бо занони деҳот вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоем. Роҳбарии ин гуруҳҳоро бонувони фаъоли маҳаллаҳо ба уҳда доранд, ки аз вазъи иҷтимоии мардум огоҳ мебошанд. Хушбахтона, баъд аз роҳандозӣ намудани фаъолияти ин гуруҳҳо тайи як соли охир дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта нашудааст.
– Дар чӣ ҳолати равоние зан - офарандаи инсон даст ба худкушӣ мезанад?
– Дар баробари даҳҳо омилҳо ин ҳолат низ ҷой дорад, ки зан одатан аз ифшои мушкилоти хеш худдорӣ мекунад. Ҳамин сабру таҳаммул ва дар худ «сӯхтан»-ҳо ҳолати равониро вазнинтар менамоянд. Баъдан, эҳсоси танҳоӣ ва раҳоӣ наёфтан аз мушкилот бонувонро ба худкушӣ мерасонад. Аз ин рӯ, дар қатори дигар иқдомҳо бояд барномаҳои паст намудани шиддати иҷтимоии аҳолиро дар сатҳи оилаҳо мавриди амал қарор диҳем.
– Як сабаби афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон коҳиш ёфтани тарбияи духтарон дар хонавода арзёбӣ мегардад. Шумо чӣ фикр доред?
– Ба ин андеша мувофиқам, ки сатҳи тарбияи фарзанд дар оила коҳиш ёфтааст. Пеш модарон дар тарбияи духтарон масъулияти ҷиддӣ эҳсос мекарданд. Модар тамоми ҳунару корҳои хонаводагӣ, маданияти муносибат бо калонсолон ва маърифати оиладориро ба духтар меомӯхт. Баъзан мегӯянд, ки зарурати ба роҳ мондани дарси оиладорӣ дар синни мактабӣ ба миён омадааст. Аммо муҳимтарин мактаби ҳаёт барои духтарон дарси модар аст.
– Дар самти пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо чӣ чораҳо рӯйи даст гирифта шудаанд?
– Дар баробари чорабиниҳои воқифгардонӣ ба масоили оиладорӣ, ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию касбомӯзии бонувон низ аҳамият дода мешавад. Зеро теъдоди зиёди бонувони аз шавҳар ҷудошударо онҳое ташкил медиҳанд, ки маълумоти касбӣ надоранд. Дар як соли охир бо дастгирии маркази сайёр 360 нафар духтарони шаҳри Ваҳдат аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузашта, соҳиби ихтисосҳои гуногун шудаанд. Бояд гуфт, ки имрӯз дар тамоми кишвар талабот ба ҷойи кор зиёд шуда истодааст, зеро замони нав тақозо дорад, ки бонувон низ дар беҳдошти сатҳи зиндагӣ саҳм бигиранд. Агар корфармоҳо дар таъмини кор ба бонувони танҳо имтиёз диҳанд, хидмати бузурге мекунанд.
Аз тарафи дигар, бояд дар самти фарогирии духтарон ба омӯзишгоҳҳои касбӣ ва макотиби олӣ кор бурда, иқдому барномаҳо барои пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳоро бо ширкати духтарону зодмандонашон мавриди амал қарор бояд дод. Зеро то ҳол аксар волидон духтаронро бе гирифтани маълумоти касбӣ ба шавҳар медиҳанд.
– Фароғат Атоевна, аз назари Шумо дар бозори меҳнат талабот ба кадом касбу ҳунарҳои занона зиёд аст?
– Бо рушди санъату ҳунарҳои мардумӣ ва ба бозор роҳ ёфтани маҳсулоти дар шароити хона истеҳсолшуда, метавон ҳазорҳо бонувони хонанишинро бо шуғли даромадовар таъмин кард. Ҳоло дар ҷамоатҳои деҳоти «Бурунов» ва «Гулистон»-и шаҳри Ваҳдат бонувони соҳибкор дар радифи таъсиси коргоҳҳо дар шароити хона, инчунин духтарони деҳотро ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро мегиранд. Шаҳри Ваҳдат дар сероҳаи шоҳроҳи бузурге қарор дорад, ки пойтахти кишварро бо вилояти Хатлону ВМКБ ва навоҳии води Рашт мепайвандад. Аз ин рӯ, талабот ба маҳсули саноату кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мо нисбатан зиёд буда, дар ҷалби мардум ба шуғлҳои даромаднок имкониятҳо зиёданд.
– Маҳсули кадом ҳунарҳои занони хонанишин дар бозорҳои дохилу хориҷ харидори худро пайдо мекунанд?
– Маҳсулот новобаста аз дар хона ё корхонаҳои калон истеҳсолшуда харидори худро дорад, муҳим онро ба бозор баровардан аст. Дар Эрон аз бонувони ҳунарманде, ки имкони ба савдо баровардани маҳсулоташонро надоранд, ширкату ҷамъиятҳои давлатӣ онро аз хонаҳояшон харидорӣ мекунанд. Дар баробари ин, ниҳодҳои гуногун барои бонувон қарзҳои дарозмуддати бефоиз ва шароити кору савдо фароҳам меоваранд. Гарчанде мо низ дар дастрасии занони ниёзманд ба қарзҳои бонкӣ муваффақ шудаем, аммо талаботи бонувони маҳал ба қарзҳои дарозмуддати камфоиз ҳамеша зиёд аст.
– Лутфан андешаи худро оид ба мавқеи зан дар ҷомеа ва мушкилу монеаҳо дар иҷрои самараноки қарору барномаҳои дар ин самт ба тасвиб расида, иброз намоед.
– Занон ба ҷузъ кору фаъолияти ҷамъиятӣ инчунин масъулияти доимии оилавӣ низ доранд, ки он аз дигар арзишҳои зиндагӣ барояшон болотар меистад. Муносибату хидмати шавҳар муҳимтарин рукни оиладорӣ маҳсуб меёбад, зеро мард дар оила аз тифлон дида нозуктар мешавад. Ин як имтиҳонест барои зан. Ин шоҳбайт барои бонувон гуфта шудааст:
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Бар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.
Феълан на танҳо маданияти оиладорӣ, балки тамоми ҷанбаҳои фарҳанги мо дар ҳолати ташаккул қарор дорад ва то кадом ҳад дар ин худсозиҳо муваффақ хоҳем шуд, вобаста аз донишу маърифат ва худшиносию ҳувияти фардии ҳар нафари мо аст.
Ҷамолиддин Сайфиддинов, н. Ваҳдат