Суҳбати вижаи хабарнигори «БТ» Тилав Расулзода бо Гулбаҳор Зокирова,
муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
– Лутфан бигӯед, ки мардуми ноҳия бо чӣ корҳо машғуланд?
– Ноҳияи сарсабзи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумлаи ноҳияҳои дурдасти кишвар ба шумор рафта, мардумаш аз даврони куҳан то ба имрӯз асосан бо кишоварзию боғдорӣ ва чорвопарварӣ машғул аст. Бинобар омилҳои гуногун дар ин ноҳия то кунун саноату тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна рушд накардааст. Аз 21 ҳазор аҳолии ноҳия беш аз 11 ҳазорро бонувон ташкил медиҳанд. Аксарият бо чорвопарварию зироаткорӣ машғул буда, теъдоди каме касбу ҳунарҳои дигарро, аз қабили омӯзгорию пизишкӣ фаро гирифтаанд. Тайи чанд даҳсола дар ин ноҳия аз ҷумлаи бонувони маҳаллӣ сарвар набуд. Соли 2002 дар мактаби рақами 3-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси муовини директор фаъолият доштам. Сироҷиддин Ҳасанов, собиқ раиси ноҳия ба Рарз омада, моро бо худ ба Кӯҳистони Мастчоҳ бурданд. Ман корро ҳамчун муовини раиси ноҳия оғоз кардам. Шавҳарамро дар шӯъбаи фарҳанг ба кор гирифтанд.
Чун худ зодаи деҳа ҳастам, шароити сангини кӯҳистон бароям қаблан ошно буд. Вале ҳаргиз гумон надоштам, ки то кунун дар ин ноҳия ягон корхонаи хурди дӯзандагию бофандагӣ, толори ҳусн ва маркази савдо таъсис дода нашудааст, то занону духтарон дар он ҷо ба кори муфиди ҷамъиятӣ машғул бошанд. Агар теъдоде аз занон фасли тобистон ба саҳро баромада, ба шавҳарони худ дар коштан ва парваридани картошка ёрӣ расонанд, қисми дигар хона менишинанд ва ба тарбияи кӯдакон машғул мешаванд. Дар мактабу шифохонаҳои ноҳия пизишкону ҳамшираҳо намерасиданд.
Ҳоло вазъият андак беҳтар шудааст, вале масъалаи камбуди мутахассисон аз ҷумлаи бонувон ҳалли ниҳоии хешро наёфтааст. Ин аст, ки пеши худ мақсад гузоштаам, то ҷиҳати бартараф кардани ин мушкили асосии мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ камар бубандам ва аз роҳҳои мақбул истифода намоям. Хушбахтона, Президенти кишвар барои таҳсил дар макотиби олии кишвар барои духтарони ноҳияҳои кӯҳистон квота таъсис дод ва тибқи он чанд нафар духтарон имконияти идомаи таҳсилро пайдо карданд.
– Мушкилоти умдаи ноҳия аз чӣ иборат аст?
– Мушкилоте, ки бунёдӣ бошад нест. Вале як силсила мушкилоте вуҷуд доранд, ки бояд онҳо батадриҷ рафъ шаванд. Яке аз он мушкилот камбуди барқ дар фасли тирамоҳу зимистон аст. Ҳатто маркази ноҳия бо он ҳама муассисаҳои идорию маъмурӣ бо мушкили бебарқӣ рӯбарӯст. Барқ ба таври доимӣ танҳо дар он деҳаҳоест, ки дурдаст ҳастанду дарёчаҳо доранд. Он ҷо неругоҳҳои хурд бунёд шудаанд.
Мушкили дигар хароб будани роҳҳост. Алҳол 70 километр роҳе, ки ноҳияи Айниро бо Кӯҳистони Мастчоҳ мепайвандад, таъмир мехоҳад. Гузашта аз ин, роҳҳои байни маркази ноҳия ва деҳаҳо билкул хароб ҳастанд.
Боиси андеша аст, ки дар ноҳия то кунун бозор вуҷуд надорад. Одамон дар фасли гармо барои фасли сармо маводи хӯрданию пӯшиданиро захира мекунанд. Вақти ҷамъ овардани ҳосили картошка аз шаҳр ва ноҳияҳо харидорон бо худ матову либосу попӯш, маводи ғизоӣ меоваранд ва дар сари замин онро бо картошка иваз мекунанд.
Дар ноҳия 29 мактаби миёна ва як мактаб-парваришгоҳ фаъолият намуда, дар онҳо дар баробари 428 нафар мард 65 нафар зан низ машғули тадрисанд. Дар соли таҳсили 2012-2013 шуъбаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар заминаи беморхонаи марказии ноҳия таъсис ёфт, ки алҳол дар он 15 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар таъсиси ин муассисаи таълимии тиббӣ хидмати муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова ва раиси вилояти Суғд Қохир Расулзода бузург аст.
Алҳол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ду нафар пизишки момодоя кор мекунанд, ки аз духтарони маҳал мебошанд. Яке аз онҳо тибқи Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм карда, ба зодгоҳи худ баргаштааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон 17 нафар духтарони маҳаллӣ дар риштаҳои гуногун таҳсилро идома медиҳанд.
Фаро гирифтани духтарон ба зинаи савуми таълим як мушкили дигар аст. Ҳоло 41 дар сади хатмкардагони синфи нуҳум таҳсили хешро дар синфҳои болоӣ идома медиҳанд. Ин рақам чанд сол пеш 37 дарсадро ташкил медод.
Духтарони деҳа асосан дар синни 18-19-солагӣ ба шавҳар мебароянд. Зеро дар ноҳия ба ҷуз аз шуъбаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, дигар муассисаи таълимие нест, ки духтарон таҳсили хешро идома бидиҳанд. Лиҳозо, таъсиси ҳунаристоне дар маркази ноҳия як амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Боиси хурсандист, ки теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи сокинони ноҳия кам буда, ҳамагӣ даҳ дар садро ташкил медиҳад. Вале миёни онҳо ягон нафар зану духтар нест. Бонувони соҳибкор дар ноҳия ангуштшуморанд. Моро лозим аст, ки сари мавзуи ташаккули синфи коргар ва соҳибкори хурду миёна кор бикунем ва қолабҳои тайи садсолаҳо ташаккулёфтаро бишканем. Оре, зан офаридгор аст ва рисолати нахустини ӯ ба дунё овардани насли солим ва тарбияи он аст. Вале фарзанд чӣ сон тарбия хоҳад шуд, агар модар саводи комил надошта бошад?
– Ояндаи ноҳияро чӣ гуна мебинед?
– Кӯҳистони Мастчоҳ дар оянда метавонад як ноҳияи сарсабзу зебо ва обод бошад. Табиати зе-бои он имкон медиҳад сайёҳиро рушд диҳем. Чун дарахтони мевадори зиёд парвариш мешаванд, зарур аст, то корхонаи коркарди мева бунёд гардад. Ду сол қабл чанд нафар соҳибкорон аз ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб чанд сар қутос оварда, парвариши онро ба роҳ монданд. Маълум гардид, ки табиати ноҳия барояшон мусоид аст. Ду сол қабл дар ноҳия кони ангишти Ғузн мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки алҳол тамоми аҳолӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангии ноҳияро бо ангишти худӣ таъмин менамояд.
Ноҳияи мо меҳмонсаро надорад. Масофаи байни деҳаҳо аз сад километр зиёд аст. Вақте ба як деҳа ба сафари хидматӣ меравем, то анҷоми кор шом мешавад. Дарвозаи ягон хонаро тақ-тақ мекунему иҷозаи шабгузаронӣ мепурсем. Соҳибхона чун одати маъмул бо чеҳраи кушод дарвозаро ба истиқбол мекушояду мегӯяд: «Хуш омадед, меҳмони азизи хонадони мо, дар қадамҳоятон бимирам». Ва ба хотири хурсандии дили меҳмон ҳар он чи дар бисоти хеш дорад, рӯйи дастархон мегузорад. Барояш беҳтарин рахти хоб омода мекунад. Чунин аст ойини мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ. Мардуме, ки заҳматкаш ҳасту қавиирода ва меҳмондӯст. Ман сароҳатан метавонам бигӯям, ки мардум омода аст диёрашро обод ва ояндаашонро шукуфо созад. Дар ин росто, танҳо дастгирию мадад ва раҳнамоию ҳидояти раҳбарони зинаҳои болоӣ лозим аст.
Тилав Расулзода