– Яке аз талаботҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо рушд ва таҳким бахшидани соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвари аъзои созмон мебошад. Дар Тоҷикистон заминаҳои воқеии рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар ду ё се соли минбаъда вуҷуд дорад?
– Ҳама гуна давлат метавонад, иқтисодиёташро бар пояи соҳибкории истеҳсолӣ равнақ диҳад. Агар соҳибкории истеҳсолӣ нест, истеҳсолоти ватанӣ нест, пас ҷойҳои корӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохила, андозбандиву буҷети кишвар ҳам нест. Бо ворид шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо давлат барои тоҷирон даричаеро ба бозорҳои ҷаҳонӣ боз кард. Бубинед, ҳамасола дар кишвар ҳудуди 2 миллион кВт соат қувваи барқ истеҳсол мешуд, соли гузашта бо баробари афзоиш ёфтани шумори неругоҳҳои оби барқӣ ин нишондод ба 5 миллион кВт соат қувваи барқ баробар шуд, ин аст яке аз соҳаҳои воқеан рушдкунандаи соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар. Дар баробари ин давлат воридоти тамоми технологияҳое, ки барои истеҳсолот равона шудааст, аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо озод кардааст. Корҳои зиёде барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида мешаванд, барномаҳои зиёде дар ин самт мавҷуданд.
– Минтақаҳои озоди иқтисодӣ воқеан саҳме дар пешрафти иқтисоди кишвар доранд?– Аслан минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба хотири ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида таъсис дода шудаанд. Шурӯъ аз соли 2009 то соли 2011 мо танҳо ба омӯзиш ва ҳуҷҷатгузории ин барнома машғул будем.
Сар карда, аз соли 2011 субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд, соҳибкорон ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд фаъолияти 21 субъект, 9 ширкати ватанӣ ва 11 ширкати муштарак ба қайд гирифта шудаст. Аз рӯи бизнес-нақшаҳои пешниҳодшуда, ин ҷо наздики 270 миллион сомонӣ бояд сармоягузорӣ шавад. То санаи 1-уми январи соли 2012 танҳо аз минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд ба буҷаи кишвар 15,2 миллион сомонӣ маблағ ворид шуда, наздики 200 ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Минтақаи озоди иқтисодии Панҷ дар наздикии пули калони Панҷи поён, дар замини партове, ки аслан истифода намешуд, таъсис дода шудааст. Мо кӯшиш карда истодаем, ки гирду атрофии мавзеро тоза ва худи онро барои истифода мувофиқ созем. Аз рӯи гуфту шунидҳо то охири сол 3 ширкат бояд барои фаъолият дар ин минтақа техникаҳои худро вориду насб намоянд.
Минтақаи дар ҳоли рушди дигар ин минтақаи Данғара аст, ки кор дар ин ҷо бошиддат пеш меравад. Сохтмони бинои маъмурият, кашидани хати об ва сохтани обанбор идома дорад. Дар ин ҷо низ барои оғози фаъолият 7 субъект ба қайд гирифта шудааст.
Дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим низ маблағ барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ҷудо шудааст ва корҳо босуръат идома доранд. Бояд иқрор шуд, ки саҳми минтақаҳои озоди иқтисоди воқеан ҳоло чандон муассир нест. Барои он ки мо ба хотири тезонидани сурати кор дар як вақт ҳам ҳудудро муайян мекунем, ҳам санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро омода месозем ва дар баробари ин ҳам бо сармоягузорон гуфтушунид мекунем. Ҳол он ки аз рӯи таҷрибаи дигар давлатҳо ҳамаи ин корҳо бояд марҳила ба марҳила дар муддати аз 5 то 7 сол ба анҷом расонида шавад. Аммо бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд як воситаи воқеии пешрафти иқтисодиёти миллӣ шаванд.
– Назари Шумо чун коршинос нисбати мушкили сармоягузорон дар Тоҷикистон…
– Як мушкили асосии сармоягузор ё тоҷири хориҷӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки қавонини мо иҷозаи доштани манзили зисти хусусиро барои ӯ манъ кардааст. Дар баробари ин қонун иҷоза медиҳад, ки вай сад дар сад сармоягузори корхонаи хусусии худаш бошад. Ин ҷо як нофаҳмӣ пайдо мешавад, вақте ӯ меояду бо худ ҳудуди 1 ё 10 миллион доллар сармоя ба кишвар ворид мекунад, соҳиби корхонаи хусусӣ ҳам ҳаст, ӯ бояд иҷоранишин бошад. Ҳол он ки вай саҳим, таъсисгари садҳо ҷойҳои нави корӣ дар кишвари мост. Барои чӣ мо қонуни худро бар манфиати давлату миллат мутобиқ накунем, ки вақте шахс зиёда аз 1 миллион ба иқтисодиёти кишвари мо сармоягузорӣ кард бигзор ақалан иҷозаи хариди як манзили истиқоматиро пайдо кунад.
Як мисоли оддӣ вобаста ба ин мавзуъ, дар Аморати муттаҳидаи Араб гирифтани шаҳрвандӣ бисёр мушкил аст, ҳатто қариб, ки имкон надорад. Аммо вақте Шумо бо бо маблағи аз 18 то 24 ҳазор доллари америкоӣ вориди кишвар мешаведу тасмими фаъолият мекунед, агар талаб кунед мувофиқи маблағатон ба Шумо визаи то сад соларо медиҳанд. Аз ҳисоби ҳамин даромадҳо давлат мақомотҳои қудратӣ ва мақомоти амниятиашон пурқувват кардааст.
Мушкили дигари сармоягузор, ин набудани механизми дар ҳолати зарурӣ баромадан аз бозор аст. Вақте шумо чун сармоягузор ба дилхоҳ бозор ворид мешавед, бояд имкони бадар рафтан аз он бозорро низ дошта бошед. Ин зиндагист, шояд фикри шумо тағйир меёбат, шояд дар соҳа дигаргуние мешавад, дар хонаи шумо мушкилие меояд ва мехоҳед биравед аз ин давлат. Аммо вақте дар Тоҷикистон сармоя дар шакли воситаи асосӣ медарояд онро баргардонидан мушкил аст. Харидор нест, ё сармоя бо нархҳои паст бояд фурӯхта шавад. Ҳол он ки дар тамоми дунё механизми ин амал осон карда шудааст. Роҳи ҳал, таъсиси бозори қоғазҳои қимматнок аст. Яъне вақте ман чун сармоягузор вориди кишвар мешавам, ман танҳо саҳмияи онро мехарам. Дар сурати бадар рафтан ман дар фикри бинову, иншооту, мошинолоту ин чизҳо намешавам. Медонам, ки саҳмияаамро бо нархи ҳаминрӯза боз метавонам ба фурӯш гузорам, ё иваз кунам бо саҳмияҳои дигар.
Бархурдҳо сари ин масъала гуногун аст. Умед дорам, ки бо сари кор омадани як насли нави соҳа, насле, ки дар ҷомеа аз рӯи принсипҳои иқтисоди бозорӣ бузург шудааст, шояд фаҳмишҳо ҳам ба маънои мусбаташ тағйир ёбанд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА