– Устод, қаблан Шуморо хайрамақдам мегӯям. Хуш омадед! Лутфан каме дар хусуси Анҷумани «Рӯдакӣ» ҳарф мезадед, ки он чӣ гуна таъсис ёфт, чанд сол аст фаъолият мекунад?
– Соли 1992 вақте Муҳаммад Осимӣ Анҷумани «Пайванд»-ро таъсис доданд, ман дар Париж Анҷумани «Рӯдакӣ»-ро аз қайд гузаронидам. Мақсад аз таъсиси ҳамин гуна як анҷуман ин буд, ки дар сатҳи дунё бузургони тоҷикро бишносанд, муаррифиашон кунанд ва башариятро ба ин ҷо роҳнамун намоянд. Кам-кам чорабиниҳои фарҳангиамон ҷиддитар шуданд. Мо имрӯз дар манотиқи гуногуни ҷаҳон нишасту конфронсҳои сатҳи байналмиллалӣ баргузор менамоем, ки боре ин конфронс дар Тоҷикистон низ баргузор шуда буд. Ин конфронсҳо дар ду-се сол як бор баргузор мешаванд, ки барои се-чаҳор рӯз дӯстону ҳамфикронро ба ҳам меоранд.
– Мавзӯҳои матраҳшавандаи анҷуман кадомҳоянд?
– Дар конфронсҳои мо тамоми мавзуҳои марбут ба фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва хату забон баррасӣ мешаванд. Китоби Анҷумани «Рӯдакӣ» низ нашр мешавад, ки забонаш тоҷикӣ-форсӣ аст.
– Дар Фаронса тоҷикон зиёданд?
– Форсизабонон зиёданд, аммо тоҷикон каманд
– Анҷумани Шумо ба бонувони форсизабон чӣ кумаке мерасонад?
– Дар Париж як бонуи тоҷик бо исми Гулбаҳор фаъолияти синамоӣ дорад аст, ки мо филмҳои ӯро муаррифӣ мекунем, то он пахш шавад байни форсизабонон. Бо бонуи дигар бо исми Зарина, ки пианинонавоз аст, ҳамкорӣ дорем. Оғои Амриддин Аминов як кандинсоз, яъне муҷассамасозу ҳунарманди бузургест, ки асарҳояш дар сатҳи ЮНЕСКО муаррифӣ шудаанд ва мо бештар корҳои фарҳангии ӯро таблиғ мекунем.
Анҷумани ҷаҳонии «Наврӯз»-ро барои тоҷикон 4 сол пеш таъсис дода будем. Хонуме, ки исмашон Набот Қадамшоева аст тоҷиконро дар Анҷумани ҷаҳонии «Наврӯз» муарифӣ мекунанд. Ҳадафи ман ин аст, ки ҳар кишвар дар Анҷумани «Наврӯз» намояндагӣ кунад. Нафароне, ки дар ЮНЕСКО ва СММ Қарордоди ҷаҳонӣ будани наврӯзро ҷонибдорӣ карданд, намояндагии кишвари худро доранд.
– Шумо бештар таваҷҷуҳ доред ба кору рӯзгор ва фарҳанги мардуми форсизабон?
– Беле, ман ошиқи маданияту фарҳангу баланди ин мардумам. Аммо аслан касби ман, табибист. Аз рӯи ихтисос онколог, яъне омосшиносам. Шогирдони зиёде ҳам дар ин ришта дорам. Бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иртиботи қавие дорам.
– Чанд сол аст, ки бо пизишкони тоҷик ҳамкорӣ доред?
– Ҳамкории ман бо пизишкони Тоҷикистон аз соли 2002 шуруъ шуда буд.
– Пешравиҳо дар соҳаи тиби Тоҷикистон мебинед?
– Бале, пешравӣ ҳаст. Ин ҷо ман танҳо аз кори худ мегӯям, ки ҳуҷраи дармониро барои мардуми тоҷик дуруст мекунам. Дар кушодашавии яке аз ин дармонгоҳҳо шахсан худи Президенти кишвар ширкат доштанд. Ҳамкориҳои зиёде доштему дорем, ки умедворам каме бошад ҳам барои пешрафти соҳа саҳмгузор хоҳанд буд.
– Ҳамчунин як иттилое дар хусуси фаъолият доштан ё надоштани табибони тоҷик дар Париж мавҷуд аст?
– Ман имрӯз бо ректори ДДТТ Убайдулло Қурбонов дар конфронси олимони ҷавон ширкат доштам. Мо ба тозагӣ озмоишгоҳи осебшиносӣ (морфологӣ)-ро ихтисос додем, ки умедворем ин мушкили мардумро, ки ташхиси худро аввал бояд ба Москав мефиристанду харҷаш ҳам зиёд ва интизориҳои тӯлоние дошт, осон мекунад. Ҷавоби ташхис тахминан баъди як соат муайян мешавад. Ин як корест, ки мо дар Тоҷикистон анҷом додем. Бояд қайд кард, ки хизматрасонии ҳуҷрадармонӣ дар ҳама кишварҳо нест, аммо дар қатори Амрикову Олмону Фаронса ва Ҷопон дар Тоҷикистон низ ин навъи хизматрасонӣ амал мекунад.
Барномаи дигари мо дар Тоҷикистон, ин муолиҷаи бемориҳои генетикӣ ва пайванди мағзҳо хоҳад буд. То кунун ин бемориҳо асосан дар хориҷи кишвар муолиҷа мешуданд, ки ҳазинаашон баробар бо ҳазорҳо доллари америкоист. Мо тасмим дорем то соли 2014 муолиҷаи бемории пайванди мағзу устухонро дар Тоҷикистон ба роҳ монем.
– Шумо, ки ҳар сол ба Тоҷикистон меоед, тафовути чашмрасе байни ин сафарҳо мебинед, манзурам навгониву падидаҳои тоза дар кишвар ҳастанд?
– Тоҷикистонро бояд бо кишварҳои атроф муқоиса кард ва танҳо дар муқоиса дарк кардан мумкин аст, ки ояндаи дурахшоне дорад ин кишвар. Масалан, ин ҷо сохтмонҳои азим, эъмори роҳу шоҳроҳҳо, фаровонии бозор инсонро дилгарм ба зиндагӣ месозад. Ба фарқ аз соли 1994, ки ман чун иштирокчии Анҷумани нахустини «Пайванд» муваққатан дар бӯстонсарои ҳукуматӣ истиқомат карда будам, метавонам гӯям, ки фарқ аз замин то осмон аст.
Чизи дигаре, ки ин ҷо қобили таҳсин аст, ишқу алоқаи хуби сохтори сиёсии Тоҷикистон ба фарҳанги ниёгон мебошад. Яъне, мо эрониён алоқа дорем бо фарҳанги тоҷикон, аммо дар Афғонистон бештар алоқа доранд ба фарҳангу миллати худ. Дар Тоҷикистон баргузории рӯзи Ваҳдат мардумро ба ҳам оварда, атрофи як андеша пайванд менамояд.
Таассуф мехӯрам, ки то имрӯз аз Осорхонаи миллӣ дидан накардаам. Тоҷикистон нисфи Париж аҳолӣ дорад, аммо дар маданияту фарҳанг хело бузург аст.
– Шумо, ки худ донишманди соҳаи тиб ҳастед ва дар ин баробар масъулияти бузурги сарварии Анҷумани «Рӯдакӣ»-ро бар дӯш доред, бароятон мушкил нест?
– Ман наметавонам дар доираи як соҳаи тиб маҳдуд бошам. Имсол Анҷуман 20 сола мешавад. Дар Фаронса расман шинохта шудааст. Мақсадаш ин аст, ки чӣ гуна занҷираи ҳамбастагӣ байни мардумони форсизабон ва ҳамфарҳангро пайванд намояд. Мо конфронсҳоро доир мекунем, ки мардумони ҳамфарҳанг бо ҳам дамсоз шаванд ва минбаъд бо ҳам дар робита бошанд.
Ман бештар таваҷҷуҳ ба чеҳраи бонувони ҳамфарҳанг доштам. Дар доираи Анҷумани «Рӯдакӣ» чеҳраи пинҳони зани афғонро дар ЮНЕСКО ба муддати чаҳор рӯз нишон додем. Мехостем дунё бидонад, ки зани афғон як бонуи ҷангзада нест. Танҳо шиканҷаву дигар масоили иҷтимоии кишвараш чеҳраи ӯро пинҳон медорад. Мо шеъри бонувони Афғонистонро бо забони инглисӣ нашр кардем. Дар нақша дорем, ки шеъри бонувони Ӯзбекистонро чоп кунем. Ду маротиб дар Самарканду Бухоро шеъри занонро дар шакли китоб таҳия кардем ва бо ин нишон додем, ки забону адабиёти форсӣ чӣ гуна аст ва чӣ гуна ҳамин бонувон бо ашкашон решаи ин забонро дар кишвар обёрӣ мекунанд. Ҳоло шеъри занони Тоҷикистонро иборат аз ашъори 137 шоира ҷамъоварӣ кардаем. Вале натавонистаем онро чоп кунем, зеро ҳар маротиб бонуи дигар пайдо мешавад, ки ашъори тозае дорад ва тарс аз он дорем, ки мабодо бонуи шоираи тоҷике аз мадди назар дур намонад. Шеъри бонувони эронии берун аз Эронро кӯшиш дорем дар Тоҷикистон нашр кунем.
– Дар мо оила пояи асосии ҷомеа дониста мешавад, яъне давлат дар пояи суннатҳои миллӣ инкишоф меёбад. Аммо дар Арвупо дигаргуна аст, яъне оила он ҷо нақши ҳалкунанда надорад. Фикри Шумо дар ин бора чист?
– Дар Ғарб нисбати мавзӯъ назарҳо гуногун аст. Он ҷо мебинем, ки вақте пиронсоле дар беморхона бистарист, ба суроғаш моҳе як бор меоянд. Ё бемор шуд, аз хона берунаш мекунанд. Дар Фаронса хонаводаҳои масеҳӣ, сохтори хонаводагиашон мисли шарқиён аст. Мазҳабӣ ҳастанд.
Он ҷо озодии зиёдтаре доранд. Издивоҷ аз байн рафтааст. Мардуми Урупо барои он издивоҷ мекунанд, ки молиёт камтар шавад. Ҳамин рӯзҳои охире, ки ман аз Фаронса бурун омадам он ҷо баҳсҳое буд, ки ҳамҷинсгароён фарзанд низ бигиранд, яъне ҳуқуқи фарзандхонӣ дошта бошанд.
Дар Душанбе мебинам, ки мардум бисёр меҳрубонанд. Меоянду паси дари беморхонаҳо интизор мешаванд. Дар беморхонаи Урупо фақат беморонро мебинем. Он ҷо мардум бисёр бетафовутанд нисбати хонавода.
– Ин хуб аст ба назари Шумо?
– На, хуб нест ва мардум ҳам инро медонанд. Ду гурӯҳ ба хиёбонҳо рехтаанд. Гуруҳе мегӯяд, ҳамҷинсгароён бояд бошанд ва битавонанд фарзанд дошта бошанд. Гуруҳи дигар зидди ин хоҳиш асту эътироз мекунанд, ки барои фарзанд доштани падару модар ҳатмист. Ҳукумат дар дуроҳаи бузург қарор дорад. Ин бисёр мушкил аст. Акнун ба назар гиред, ки ду ҳамҷинсгарои мард чӣ гуна метавонанд як фарзанди духтарро пеши худ тарбия ва бузург кунанд? Ё худ, ду ҳамҷинсгарои зан чӣ гуна метавонанд духтаре, ё писареро тарбият кунанд? Ин мушкили бузурги қалб аст, зеро дар ниҳоят қалбро мешиканад.
– Нигоҳи Шумо дар мавриди издивоҷи хешутаборӣ…
– Зарбулмасалҳое эҷод кардаанд, ки гӯё амузодаҳоро дар осмон бастанд. Ин тарзи андешаву афкор нодуруст аст. Яъне, баъзан мардум дар асоси ҳамин зарбулмасалҳо ба ҳаёти хонаводагии мардум таъсирасонӣ мекунанд.
Замонҳои қадим қабилаҳо дар манотиқи гуногун кӯчак буда, то даҳ хонавода дар як қабила маҳдуд зиндагӣ мекарданду ҷомеа барои ҳифзи моли шахсӣ издивоҷи хонаводагиро қабул дошт. Вале ҳоло дунё пеш рафта, иртиботот зиёд шуда ва духтаре, ки аз русто ба донишгоҳ меояд, шояд ошиқи писаре шавад, пас чӣ бояд кард? Ин қолабҳо қадимианд ва бояд аз тафаккури ҷомеа бардошта шаванд.
Чун дар қадим издивоҷи хешутаборӣ зиёд буд, бемориҳои ирсию генетикӣ ҳам зиёд буданд ва соҳаи тиб, ки пешрафта набуд, ин беморон дар тифлӣ мефавтиданд. Ҳоло ин тифлони маълул намефавтанд, дар синни болоӣ барои волидон мушкил эҷод мекунанд. Чун бемориҳои ирсӣ аз оилаҳои хешовандӣ зиёд аст, мо бояд пеши издивоҷи хешутабориро гирем, ин ба хотири солимии нас ласт. Аз ин рӯ, мардум инро на чун масоили сиёсию динӣ қабул кунанд, балки бифаҳманд, ки ин масъалаи тандурустӣ аст. Ин иқдомро дастгирӣ бояд, зеро ин ташаббус пеш аз ҳама барои худи ҷавонон шонси бештар дар интихоби ҳамсари қобили қабулро медиҳад, он хатари таваллуди насли носолимро метавонад кам кунад.
– Таманнои Шумо ба бонувони Тоҷикистон
– Чун як нафари аз хориҷ омада ва аз рӯи мушоҳидаҳоям бонувони тоҷикро хеле озоду перостаю ороста дарёфтаам. Ҳоло ки мо мебинем, бонуи тоҷик баробари мардон ва беҳтар аз мардон дар ҳама соҳаҳо фаъолият дорад, таманно дорам, ки зиндагии эшон хуш бошаду рисолати хешро дар зиндагӣ ҳамеша мисли имрӯз сарбаландона адо намоянд.