Аз суҳбат бо дӯстони бадахшонӣ оид ба Маркази тавонбахшии «Чашмаи ташна» нақлҳо шунида, дер боз мақсади мусоҳиба бо ташаббускорони ин амали хайрро доштем. Бо ҳукми тақдир асосгузори «Чашмаи ташна» Муслима Зардодхонова ба Душанбе омаду ба мо муйяссар гашт, ки бо ӯ дар робита ба фаъолияти ин маркази тавонбахшии равонӣ ҳамсуҳбат шавем.
– Қабл аз ҳама мехоҳем оид ба ҳадафҳои таъсиси марказ иттилоъ диҳед?
– Созмони ҷамъиятии «Чашмаи ташна» хидматрасонии ройгонро соли 2012 шуруъ намуда, баъдан фаъолиятро дар самти фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ ва барқарорсозии солимии пиронсолон ва шахсони барҷомондаву яккаву танҳо васеътар намуд. Ҳадаф дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат дар самти беҳдошти шароити зисти пиронсолон мебошад.
– Барои бунёди бинои «Чашмаи ташна» замини наздиҳавлигиатонро ҷудо намудаед. Чӣ Шуморо ба ин водор кард?
– Шуруъ аз тобистони соли гузашта дар Маркази тавонбахшие, ки дар манзили зисти ман ташкил намуда будем, баъзе пирони бе ҷойи зист ва маъюбони бепарасторро шабонарӯзӣ нигоҳубин мекардем. Мутаассифона, рӯз ба рӯз талабот ба хонаи парасторӣ зиёд мешуд, аммо дар шаҳри Хоруғ қитъае замини озод набуд, ки онро барои бунёди хонаи пиронсолон ҷудо намоянд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки як қисми замини наздиҳав-лиро барои бунёди Маркази солимӣ истифода барам. Аз 10 нафар эҳтиёҷманде, ки он шабу рӯз дар манзили зистамон ҷой дода будем, то имрӯз 6 нафар боқӣ монд. Аз ин теъдод ду нафар ҷойи зист надоранду 4 шахси дигар ба парастории доимӣ ниёз доранд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки сол ба сол талабот ба хонаи пиронсолон дар Бадахшон бештар мешавад.
– Оё теъдоди ниёзмандон дар вилоят зиёд аст?
– Дар қайди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят 26259 нафар нафақахӯр мебошанд, ки аз онҳо 22803 нафар нафақагирон аз рӯйи синну сол, 4871 нафар нафақахӯрони маъюб буда, аксари онҳо ба хидматрасониҳои Маркази тавонбахшӣ ниёз доранд. Дар шаҳри Хоруғ ба истиснои 65 нафар нафақахӯри яккаву танҳо инчунин ашхоси маъюбу барҷомонда низ зиёданд. Дар қисме аз оилаҳо маъюбоне ҳастанд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ - иҷтимоӣ ба ёрӣ ниёз доранд. Тибқи иттилое, ки мо рӯйи даст дорем, 80 дар сади ин ниёзмандонро занон ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар хайрхоҳон нисбат ба беҳдошти шароити зист ва рушди кӯдакон зиёд аст, аммо хайрияҳоро ба пиронсолону барҷомондагон низ бояд бештар намуд.
– Ба фикри Шумо дар самти беҳдошти хидматрасонӣ ба пиронсолону барҷомондаҳо чӣ бояд кард?
– Дар мадди аввал бояд ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи парасторӣ таваҷҷух намуд, зеро дар институтҳои кишварҳои пешрафта факултаҳои «парастор» -и арзи вуҷуд доранд. Таъсиси чунин шуъба дар назди донишгоҳҳои тиббӣ ба мақсад мувофиқ аст, зеро парастор дар мадди аввал бояд табиб бошад ва ба пиронсолон ёрӣ расонда тавонад. Мо, ки дар ин самт таҷрибаи зарурӣ надорем, пиронсолонамон фикр мекунанд, ки вазифаи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ танҳо таъмини нафақа аст. Ҳол он ки пиронсолони имрӯзи Бадахшон чандин мушкилиҳои иҷтимоӣ доранд.
– Мушаххас гуфта метавонед, ки пиронсолону маъюбони бепарастори ВМКБ ба чӣ гуна кумакҳо эҳтиёҷ доранд?
– Баъзе нафақахӯрону барҷомондаҳои танҳо ба парастории доимӣ ниёз доранд. Ҳастанд пиронсолоне, ки беҳтарин дастгирӣ барояшон таъмири манзилу беҳбуди шароити зист аст. Ҳоло дар мо ташкили корҳои созандагӣ баҳри беҳдошти шароити зисти пиронсолон таҷриба нашудааст. Яъне ба ҷойи кумакҳои яквақта мебояд бо истифода аз маблағҳои хайриявӣ ва ё неруи ихтиёриён хобгоҳу дигар иншооти хидматрасонии манзили зисти пиронсолонро таъмиру тармим кард.
– Бо кадом роҳҳо метавон ҷомеаро ба чунин корҳои хайр ҷалб намуд?
– Олмониҳо як масал доранд: «Дар оғози ҳар кору иқдоме бояд нафаре намунаи ибрат бошад». Мо тасмим гирифтем, ки бо ташкили гурӯҳи ихтиёриён манзили зисти пиронсол ё барҷомондаеро таъмир кунем, то дар оянда дигар фаъолони ҷомеа низ ин иқдомро пайравӣ намоянд.
Дар мавриди ҷамъоварии хайрия барои эҳтиёҷмандон бошад, мо дар назди баъзе мағозаву тарабхонаҳо сандуқҳои хайрия ташкил кардаем, аммо барои муваффақ шудан дар ин бояд боварии мардумро сазовор гардем.
Умуман, бо баргузории ҳамоиш бо иштироки санъаткорону варзишгарон ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ метавон мардумро ба корҳои башардӯстона ҷалб намуд.
– Шароити иҷтимоии пиронсолонро боз ҳам чӣ гуна метавон беҳбуд бахшид?
– Дар шароити кунунии ВМКБ метавон дар ҳамҷоягии секторҳои гуногуни ҷамъиятӣ хонаи пиронсолонро бунёд кард. Соли гузашта маҳз бо дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Салиби Сурх имкон пайдо кардем, ки ба эҳтиёҷмандон ёрии руҳӣ расонем. Вақте манзили зистамро ба ҳайси Маркази тавонбахшии равонӣ қонунӣ гардонида, замини наздиҳавлиамонро барои бунёди бинои Маркази саломатии пиронсолону маъюбони барҷомонда ҷудо намудам, дар анҷом ин кор ва гирифтани сертификат масъулини идораҳои дахлдори вилоят ва Иброҳимбек Ғозибеков, раиси вақти шаҳри Хоруғ, мадад карданд, ки аз эшон сипосгузорам.
– Чӣ нақшаву ҳадафҳо доред?
– Орзу дорам дар шаҳри Хоруғ марказҳои саломатӣ, иҷтимоӣ, ёрии ҳуқуқӣ барои куҳансолон ва одамони яккаву танҳо кушода, барои пиронсолон, ки дар пешрафту шукуфоии диёри хеш саҳмгузоранд, шароити мусоиди зист фароҳам оварем. Дар бобати роҳҳои паҳн кардани ақидаҳои инсонпарварӣ, ширкат дар корҳои хайриявӣ, гузаронидани вохӯриҳои маданӣ-тарбиявӣ барои эҳтиёҷмандон шабу рӯз фикр мекунам. Барои амалӣ намудани орзуву ҳадафҳо мебояд маблағ дарёфт намуда, бо бастани шартномаҳо бо идораҳои давлатию ғайридавлатӣ ва қабули муроҷиатнома ба шахсони хайркору саховатпеша саъю кӯшиш намоем. Ҳамчунин дар ин самт мо бояд ҳамкориро бо давлатҳои ширкаткунанда дар лоиҳаҳои мо тақвият бахшем.
– Ба Шумо барои расидан ба орзуву ҳадафҳои хайрхоҳона комёбӣ таманно дорем.
Зебо Давлатова,
Ҷамолиддин Сайфиддинов
P.S. Муслима Зардодхонова, зодаи Поршневи ноҳияи Шуғнон аст. Дастпарвари Донишкадаи тиббии бемориҳои кӯдаконаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд. Аз соли 1986 то имрӯз ба ҳайси духтури кӯдакон, омӯзгори Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ ва дар вазифаи роҳбари бахши маъмурии Барномаи «Табибони бемарз» дар шаҳри Хоруғ фаъолият намудааст. Як муддат вазифаҳои ҳамоҳангсози Барномаи башардӯстона оид ба озуқа ва ҳифзи тандурустии табибони Фаронса дар шаҳри Хоруғ ва назоратчии Барномаи башардӯстонаи озуқа ва ҳифзи тандурустии «Табибони бемарз» -и Ҳолланд дар шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.