Аҳолии ноҳияи Ҷиргатол, ки аслан аз миллатҳои тоҷику қирғиз иборат аст, бо фарҳангу маънавиёти хеш аз мардумони дигар навоҳии водии Рашт ба куллӣ фарқ мекунад. Аз ҳамзистии чандинасраи тоҷику қирғиз дар ин диёр як насле ба дунё омадаву ба воя расидааст, ки урфу одат ва расму оинҳои ба худ хос дорад. Омезиши фарҳангу маданият, расму оинҳо ва дигар арзишҳои миллии тоҷикону қирғизҳои Ҷиргатол пайвандгари робитаҳои мустаҳкаму ногусастание миёни ин ду миллати ба ҳам дӯсту бародар мебошад. Суҳбати мо бо Тиллохон Маҳмадиева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол, дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар - 8-уми март рост омад.
– Шуморо ба иди бонувону фарорасии Нав-рӯзи оламафрӯз таҳният мегӯем.
– Ташаккур.
– Тиллохон Маҳмадиева, аз ҳаёт ва муҳити зисти бонувони ноҳия ба хонандагони мо иттилоъ медодед?
– Аз 62 ҳазору 761 нафар аҳолии Ҷиргатол 32 ҳазори онро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аксар ба картошкапарварӣ, чорводорию боғдорӣ машғуланд. Дар тӯли таърих миллатҳои тоҷику қирғиз он қадар бо ҳам омезиш ёфтаанд, ки дигар худро тоҷикистонӣ меноманд.
– Дар рушди ҷомеа ва беҳдошти ҳаёти занон чӣ пешрафтҳое ба чашм мерасанд?
– Соли гузашта дар деҳоти ноҳия 2 муассисаҳои томактабӣ ва 5 сехи дӯзандагӣ бунёд ёфтанд. Тайи як соли охир дар ҳудуди ноҳия беш аз 54 иншооти гуногуни хидматрасонӣ сохта шуданд, ки бештари корёфтагони ин лоиҳаҳо бонувон мебошанд. Умедворем, ки дар баробари ба истифода додани 131 иншооти фарҳангию истеҳсолӣ ва хидматрасониҳои гуногун, ки ҳоло сохтмонашон идома дорад, боз садҳо бонувон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
– Масъулони бахши кор бо занон ва оиларо кадом мушкили марбут ба занон ба ташвиш меорад?
– Ҷудошавии оилаҳои ҷавон. Ин падидаи номатлуб аз нобаробарии гендерӣ маншаъ мегирад. Аз таҷрибаи зиндагӣ бармеояд, ки бе маълумоти касбӣ ба шавҳар додани духтарон яке аз сабабҳои асосии поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо ва минбаъд пошхӯрии оилаҳо мегардад. Аз ин рӯ, бояд дар самти воқифгардонии аҳолӣ бештар кор бурда, мардумро мутақоид намоем, ки роҳи ягонаи пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ин маълумотнокии ҷавонон, ба хусус духтарон мебошад. Зеро рисолати модар буданро, ки дар оянда духтарон ба уҳда мегиранд, тақозо дорад, ки онҳо соҳибмаълумот гардида, аз ҳуқуқҳои худу атрофиёнашон дифоъ карда тавонанд. Роҳи дигари пешгирӣ аз афзоиши талоқ омӯхтани маърифати оиладорӣ на танҳо ба ҷавонон, балки волидони онҳо низ мебошад, ки дар бештар маврид сабаби хонавайрон шудани фарзандонашон мегарданд.
– Дар вохӯрию маҳфилҳо бо фаъолзанони ноҳия кадом мавзуъҳоро бештар матраҳ мекунед?
– Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа аз мавзуъҳое, мебошад, ки дар ҳама вохӯриҳои бахши кор бо занон ва оила бо бонувони ноҳия мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин барномаи давлатӣ, ки асосгузораш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, падидаи беназире дар таърихи давлатдории ин сарзамину мардумони он буда, ҳадафҳои гуногунҷабҳа дорад. Ҳар фарди ҷомеаи моро мебояд, ки худ хулоса барорад, ки насли оянда дар домони модарони соҳибмаълумот тарбия ёбанд хуб аст, ё ин ки тарбиятгару нигоҳбонаш зане бошад, ки худ ба машварату ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад? Хуллас, дар кадом сатҳе бонуи тоҷикистонӣ бомаърифат бошад, фарзанди ӯ ба ҳамон дараҷа тарбия ёфта, барои халқу Ватани хеш хидмат мекунад.
– Оё мавқеи зан дар ҷомеа ва ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ноҳия Шуморо қонеъ месозад?
– Имрӯз дар сохторҳои давлатии ноҳия 61 бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, аз 40 вакили ноҳия 8 нафар зан мебошанд. Фаъолияти бонувон дар корҳои ҳизбӣ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ вобастагӣ дорад. Масалан, дар ноҳияи мо фаъолтарин Ҳизби Халқии Демократӣ аст, ки теъдоди аъзояш аз ҳисоби занон ба 440 нафар мерасад.
– Аз фаъолбонувони ноҳия кӣ намунаи ибрат шуда метавонад?
– Албатта, ҳар бонуе, ки бо кору амал ва андешаҳои созанда дар пешрафти ҷомеа саҳим аст, намунаи ибрати мост. Дар мавриди занони пешоҳанги ноҳия метавон аз Сайлӣ Раҳмонова, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Зуурақан Давлеталиева, собиқ раиси ноҳияи Ҷиргатол, ёдовар шуд. Сайлӣ Раҳмонова ба нафақа баромад. Зуурақан Давлеталиева роҳбарии ҷамъ-ияти қирғизҳои Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Ин шахсиятҳои наҷиб дар гузашта бо ҷасорату иродаи матинашон ба арсаи сиёсат ворид шуда, дар рушди ноҳияи Ҷиргатол нақши бузург бозидаанд. Насли имрӯзро мебояд, ки дар зиндагӣ мисли ин «леди-лидер»-ҳо ҷасуру закӣ ва худшинос бошанд, зеро шикастани қолабҳои кӯҳна ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, аз бонувон мубориз буданро металабад.
– Дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва афзоиши теъдоди бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда чӣ монеаҳо вуҷуд доранд?
– Як мушкили навоҳии дурдаст «менталитет»-и мардум аст, ки то ҳол аз баъзе қолабҳои кӯҳна раҳо нашудаанд. Агар мардони русто ба духтару ҳамсарони худ эътимод карда, барои соҳибихтисос шудани онҳо мусоидат намоянд, занон ҳам дар баробари мардон вориди кор шуда, ба буҷети оила даромади иловагӣ меоранд.
Мушкили дигари мо ин аст, ки духтарони барои таҳсил ба пойтахт фиристодаамон баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳи худ баргаштан намехоҳанд. Ин аст, ки норасоии кадрҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисодиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мушоҳида мешавад. Ҳоло, ки тибқи Квотаи президентӣ 88 нафар дар мактабҳои олии кишвар ва 12 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон таҳсил доранд, мебояд тадбирҳое андешид, ки ин ҷавонон баъди хатм ба зодгоҳи хеш баргарданд.
– Коҳиш ёфтани ахлоқи ҷавонон ва афзоиши худкушию дигар ҳодисаҳои номатлуб аз мавзуъҳои доғ маҳсуб меёбанд. Дар ноҳияи Ҷиргатол вазъият чӣ гуна аст?
– Хушбахтона, як соли охир бонувон ҷиноят содир накардаанд. Аммо соли 2012 дар ноҳияи Ҷиргатол ду ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин мо нигаронем, зеро соли 2011 ягон ҳодисаи худкушии занону духтарон ба қайд гирифта нашуда буд. Барои дар оянда пешгирӣ намудани ин ҳодисаҳо дар назди 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия Шӯрои занон таъсис дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи оилаҳо оғоз кардаем. Имрӯзҳо Шӯрои занони маҳал дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои маҳаллии давлатӣ вазъи иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор дода, барои пешгирӣ аз худкушӣ кор мебарад.
Қобили зикр аст, ки дар ояндаи наздик бо ташаббуси раиси ноҳия ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Маркази иттилоотӣ – машваратӣ кушода мешавад. Боварӣ дорам, ки ин марказ дар баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии занон нақши муҳим хоҳад бозид. Барои омодагӣ ба фаъолияти Маркази иттилоотӣ-машваратӣ таҷрибаи ноҳияи Ҳисорро, ки дар ин самт муваффақ аст, мавриди омӯзиш қарор додем.
Мусоҳиб Ҷамолиддин Сайфиддинов