Суҳбати ихтисосии «Бонувони Тоҷикистон» бо журналисти шинохта, муҳаррири маҷаллаи «VIPzone» Манижа қурбонова
– Рӯзи матбуоти тоҷикро ба Шумо муборакбод мегӯем. Хуб мешуд нахуст аз саҳми бонувон дар пешрафти матбуот ёдовар мешудед?
– Журналистони хуби ҳирфаиро аз ҳисоби бонувон дорем, ки саҳми онҳо дар пешрафти матбуот назаррас аст. Онҳо имрӯз рисолати худ-ро бо сари баланд анҷом медиҳанд. Мусаллам аст, ки муаррифгари журналист дар ҷомеа пеш аз ҳама касбияти баланду инъикоси воқеъбинонаи мавзуҳои мубрами рӯз аст. Бонувони мо низ бо нигоҳи дақиқу интихоби мавзуъ байни хонанда шинохта шудаанд.
– Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар соҳаи радиову телевизион ҳузури занҳо чашмрастар аст назар ба матбуот. Шумо бо ин фикр, ки дар соҳаи матбуот мо бонувони соҳибқалам камтар дорем, розӣ ҳастед?
– Воқеан, матбуотчиён каманд. Ҳолати баробар набудани таносуби мардону занон ҳам дар матбуот ҷо дорад ва ин камбуд на танҳо дар кишвари мо, қариб дар тамоми ҷаҳон ба назар мерасад. Телевизион як хусусият дорад, ки инсонро тез шинохта мекунад, ҳарчанд аз ҷиҳати техникӣ кори телевизион бисёр мушкил аст, аммо кор дар матбуот дониши мукаммалтареро талаб менамояд. Аз ин хотир, ҷавонон бештар телевизиону радиоро интихоб мекунанд.
– Коршиносон бар ин назаранд, ки худсензура дар журналистика аз ҳар навъи дигари сензура хавфноктар аст. дар таҷрибаи корӣ бо худсензура рӯ ба рӯ мешавед?
– Дар ҳақиқат, ин чиз дар ҳама бахшҳои рӯзноманигорӣ мушоҳида мешавад. Худсензура ҳаст, ки аксар вақт мо ҳатто барои навиштани одитарин матлаб ба фикр меравем, ки оё онро навиштан ҷоиз аст? Дар фаъолияти журналист омилҳои зиёди таъсиррасоне ҳастанд, ки аз нашрияву роҳбар ҳам вобастагӣ доранд. Дош-тани ҷасорат барои журналист муҳим аст, зеро саҳми ӯ дар инъикоси ҳаводиси рӯз ва фош сох-тани камбудиҳои ҷомеа ҳатмист. Мо масъулем, ки норасоиҳоро сари вақт нишон бидиҳему онро бартараф созем, танҳо бо суханони созанда.
– Ба андешаи Шумо масъалаҳои доғи ҷомеа то чӣ ҳад имрӯз воқеъбинона инъикос мешаванд?
– Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксари масъалаҳои ҷомеа имрӯз дар нашрияҳо инъикоси худро меёбанд. Суоле, ки маро азият медиҳад, ин аст, ки мо менависем, масъалагузорӣ мекунем, барои кӣ ва барои чӣ? Барои дарди дил кардан бошад, бо дугонаат ҳам суҳбат мекунӣ. Аммо, агар мақсад пешравии ҷомеа бошад, мухотабро бояд дуруст интихоб намуд ва тарзе мавзуъро пешниҳод кард, ки онро масъулин бихонанд ва пайи ислоҳи вазъ бикӯшанд.
Мутаассифона, ҷавонон имрӯз қариб, ки рӯзнома намехонанд. Ман инро аз таъсири пешрафти технологияи муосири иртиботӣ медонам. Баробари пешрафти интернет талаботи хонанда низ дигар шудааст. Мардум матнҳои дарозу суханбозиҳоро намеписандад, онҳо муъҷазу мушаххас донистан мехоҳанд.
– Орзуи бо кадом шахсияти шинохта мусоҳиба оростанро доред?
– Бо Сарвари кишвар – Эмомалӣ Раҳмон.
– Мушкили имрӯзаи соҳа кадом аст?
– Камии маош ва нарасидани кадрҳои хуб. Садҳо донишҷӯён ҳамасола риштаи рӯзноманигориро хатм мекунанд, аммо қисмати ками онҳо аз рӯйи ихтисос ба кор меоянд. Ба фикрам, дигар мушкили ҷиддие дар соҳаи журналистика нест. Агар нафаре шикоят дошта бошад, ки дар мо сензура ҳасту озодии сухан маҳдуд аст, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя назар андозад. Мо журналистон озод ҳастем.
– Журналист ҳамеша пайи иҷрои вазифа асту дар баробари кори рӯзона баъзан шабона ҳам то дер дар коргоҳ мемонад, дар ин ҳолатҳо шавҳаратон эътироз намекунанд?
– Эътироз ҳаст, чаро не? Махсусан духтаронам бисёр бетоқатӣ мекунанд. Духтари хурдиам рӯзе бо қаҳр «Корат ба дилам зад» гуфт, ки ин суханон бароям бисёр таъсирнок буданд. Онҳоро хуб мефаҳмам, аммо худамро дигар карда наметавонам. Касбамро баробари оилаам дӯст медорам. Устод Воҳид Асрорӣ ҳамеша мегуфтанд, ки «журналистика кори занона нест!». Воқеан, душвор аст нигоҳубини оила дар баробари кори рӯзноманигорӣ. Шукр, ки шавҳарам ҳамкасб ҳасту маро хуб мефаҳмад.
Мусоҳиб