Мусоҳибаи мухбири мо бо Савригул Қурбонова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
– Чӣ гуна ба саҳна роҳ ёфтед?
– То синфи 3 дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб ширкат намуда, мерақсидам. Модарам мегуфт: “Духтарам, раққоса нашав, зеро мардум нисбати онҳо назари хуб надоранд».
Баъд ятим мондам. Дар тарбияи апаам будам. Вай мехост табиб шавам. Ҳар қадар кӯшидам то фаҳмонам, ки бе рақс наметавонам, натиҷае ҳосил нашуд. Апаам гуфт: «Агар табиб нашавӣ, туро ба шавҳар медиҳем». Ноилоҷ ба омӯзишгоҳи тиббӣ рафтам. Навбат ба имтиҳони охир расиду фикр кардам, ки баҳои хуб гирам, дигар наметавонам ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шавам. Аз ин рӯ, дар имтиҳони геометрия худро ба нодонӣ задаму гуфтам, ки ҷавоб дода наметавонам.
Як рӯз табъи апаам болида буду аз фурсат истифода бурда ӯро розӣ кунонидам. Имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супурдам. Ду соли таҳсил сипарӣ гашт, ки ансамбли «Зебо» таъсис ёфт. Бо маслиҳати апаам, ки дар Хонаи радио ба сифати коргардони овоз кор мекард, баъди дарсҳо дар ансамбли «Зебо» ба машқ пардохтам.
– Чӣ зарурат пеш омад, ки ба ансамбли “Лола” ба кор гузаред?
– Вақте ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шудам, маълумотам миёна буд, мехостам маълумоти олӣ дошта бошам. Аммо Зебо Аминзода розӣ нашуд, ки дар баробари кор таҳсил кунам. Аз ин рӯ, аз «Зебо» ба «Лола» рафтам, зеро он ҷо иҷоза доданд баробари кор дар донишкада бихонам.
– Издивоҷ ба кадом давраи ҳаётатон рост омад?
– Он қадар ба ҳунар дода шуда будам, ки нафаҳмидам чӣ гуна синнам ба 25 расид. Мехостам дар 30 ё 40- солагӣ шавҳар бигираму тарки саҳна намоям ва ба тарбияи фарзандон машғул шавам. Чун дидам, ки илоҷи дигар нест, хостгоронро назди апаам фиристодам. Аз миёни онҳо хешовандон якеро, ки ӯ низ ҳунарманд буд, интихоб карда, дар муддати як моҳ ҷашни арӯсӣ оростанд, то аз фикрам нагардам. Шавҳарам ҳунарпеша буд, вале маро намефаҳмид. Маҷбурам мекард, ки ба тӯйҳо рафта пул кор кунам. Мегуфт, фалон дугонаат аз ҳисоби тӯйгардӣ соҳиби хона шуд, ту аз ӯ чӣ камӣ? Ман, ки то ба шавҳар баромадан, ба тӯйҳо намерафтам, инро барои худ таҳқир меҳисобидам. Фикр мекардам, ки раққоса дар тӯй ҳунарашро мефурӯшад. Гуфтам, ки охир айб аст, мардум чӣ мегӯянд? Мехоҳӣ, ки ба занат ҳар масту аласт пул часпонад? Баъди он суханҳояш ба ӯ нафрат пайдо кардам. Бо ҳам 4 сол зистему ҷудо шудем. Хеле азобам дод.
Маро ба озмуни рақси якка ба шаҳри Тошканд даъват намуданд. Ҳомиладор будам. Аҳволам бисёр бад мешуд. Аз 15 кишвар дар ин озмун беҳтарин раққосаҳо бо 4 балетмейстер машқ мекарданд. Ману як раққоса аз ансамбли «Лола» бе балетмейстер рафта будем. Шарти озмун рақси классикӣ ва доиратез буд. Вақте ҷои аввалро гирифтам, ҳакамон гуфтанд, ки бояд ҳамеша дар саҳна бимонӣ, зеро ту барои рақс офарида шудаӣ. Барои дар озмун ҷойи аввалро гирифтанам, дар Душанбе ба ман хона доданд.
– Дар баробари рақс дар филмҳо низ нақш офаридаед. Кай ба синамо роҳ ёфтед?
– Аз 15- солагӣ. Дар филмҳои «Агар дӯст дорӣ», «Хоҷа Насриддин», «Муҷассамаи ишқ», «Худкуш», «Бигзор ҳамаи ин хоб бошад» ва дар студияи «Ленфилм» чанд нақши марказиро бозидам.
– Аз филми «Агар дӯст дорӣ» чӣ хотира доред?
– Лаҳзаҳои ғаму дард ва гиряҳояш ба зиндагиям шабоҳат доштанд. Дар филми «Агар дӯст дорӣ» саҳнаи мотам буд, ки бояд гиря мекардам, аммо он рӯз табъи болида доштаму зуд ба образ даромада натавонистам. Гавҳар Мирҷумъаева, ки ҳамсари коргардон Абдураҳим Қуддусов буд ва бо ман дар ансамбли «Лола» кор мекард, гуфт: «Ман медонам чӣ гуна ӯро ба гиря дарорам». Супориш дод, то саҳнаро омода созанд. Вақте чашмам ба мардуми либоси мотам ба бар дошта афтид, беихтиёр саҳнаи марги модар пеши рӯям омаду ашки чашмонам шашқатор рехт. То поси шаб гиристам.Гиря хеле табиӣ буд. Ин аст, ки филм аз ҷониби мардум хуб пазироӣ шуда, сазовори ҷоизаҳо гашт.
– Рақси касбӣ пас аз рафтани Зебо Аминзодаву реҳлати Ғаффор Валаматзода коҳиш ёфт. Чаро имрӯз гуруҳҳои муваффақе мисли «Зебо» ва «Лола» надорем?
– Зебо Аминзода ва Ғаффор Валаматзода мактабҳои рақсии худро доштанд. Балетмейстерҳои имрӯза ба дигарон пайравӣ мекунанду мактаби худро надоранд.
– Гуворотарин лаҳзаи умратон кадом аст?
– Беҳтарин лаҳзаи умрам таваллуди фарзанди нахустинам буд. Лаҳзае, ки модар шудам.
– Шуморо мардум бо номи Санам мешиносанд, чаро?
– Вақте дар ансамбли «Зебо» ва «Лола» кор мекардам, ҳар рӯз рақсҳоямро тариқи телевизион намоиш медоданд ва мардум маро мешинох-танд. Баъд аз он, ки аз саҳна дур шудам, тамошобин маро фаромӯш кард. Чун бо нақши Санам дубора ба синамо баргаштам, номи ман Санам шуд (механдад).
– Ташаккур ва ба Шумо комёбӣ таманно дорем.
Раҳимаи Аъзам