Сандра Эмонс бо тақозои тақдир дар Тоҷикистон фаъолияти башардӯстона дош-та, ба ироаи кумакҳои моддию маънавӣ ва дастгирии афроди маълул машғул аст. Ин хонум дар як деҳкадаи канори шаҳри Маастрихти кишвари Ҳолланд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Сандра 25 сол қабл, дар 13-солагӣ ҳангоми ворид шудан ба Кохи консертӣ зери пойи издиҳом монда, аз камару сутунмуҳрааш ҷароҳатҳои сангин бардошта, тайи ду сол дар Маркази эҳё ва солимгардонӣ таҳти муолиҷа қарор доштааст. Сандра аз айёми наврасӣ орзу дошт омӯзгор шуда, дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба кӯдакон сабақ биёмӯзонад. Вале ҳаводиси рӯзгор самти зиндагии ӯро дигар намуду дар риштаи идораи барномаҳо ва барномарезӣ таҳсил намуд. Дар пайи амалӣ намудани орзуҳояш, ки фаъолият дар кишварҳои Ховар буд, Сандра дар ҳайати созмонҳои башардӯстона ба Ироқу Намибия ва Ҳабашистон сафар намуда, ба кӯдакону афроди имконоти ҷисмонияшон маҳдуд ёрӣ мерасонд. Дар иҷрои бомуваффақияти барномаҳо, мулоқот бо мардум ва фаъолияти бонизоми ӯ нақши саги меҳрубон ва ғамгусораш Лука басо бузург аст. Инак, 9 сол мешавад, ки ин ҷонвар дастёр ва мададгори ӯст. Ҳамакнун Сандра ғамгин аз он аст, ки Лукаи ӯ пир шудааст ва ӯ ночор аст дар паҳлуйи ӯ як саги дигар бигирад.
– Хонум Сандра, лутфан бигӯед, ки Лукаро аз куҷо пайдо кардед?
– Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба ин ҷонвар, ки дӯсти содиқ аст, меҳр доштам. Вале дар мавриди мавҷудияти сагҳои роҳбалад хабар надоштам. Дар деҳае, ки волидайнам зиндагӣ мекунанд, як мураббии сагҳои роҳбалад ба модарам пешниҳод кардааст, то ман боре аз иттиҳодияи онҳо дидан намоям.
Дар гуфтугӯйи телефонӣ мураббии сагҳои роҳбалад пешниҳод намуд, ки худам омада бубинам ва онҳо мутмаъин шаванд, ки то чӣ андоза барои доштани сагҳои омӯзишдида майлу рағбат дорам. Баъди як силсила озмоишу санҷишҳо, онҳо хулоса бароварданд, ки ман ба меъёру талаботи онҳо мувофиқат мекунам. Ҳамин тавр, номи маро ба феҳрасти хоҳишмандони сагҳои роҳбалад шомил намуданду 1-уми июли соли 2004 соҳиби Лука шудам. Ҳафтаи нахуст дар тамрингоҳ машқҳои омӯзишӣ гузаронида, баъдан Лукаро ба хона овардам. Мураббӣ тайи чанд ҳафта ба манзили мо меомад ва барои ёд гирифтани машқу тамринҳои нав ба Лука ёрӣ медод. Сагҳои зоти лабрадорҳо хуш доранд, ки бисёр заҳмат кашанд, аммо вақтҳои фориғ аз кор хобро дӯст медоранд. То замоне, ки барояш иҷрои кореро амр накунӣ, гӯш ба фармону амри шумо интизору хомӯш ва нимахоб менишинанд.
– Ба ман гуфтанд, ки Лука беш аз 70 намуди амрҳоро иҷро мекунад. Шумо ба ӯ чунин малакаҳоро чӣ тавр омӯзонидед?
– Лука аз ҷониби кормандони созмони Stichting Hulphond омӯзиш дидааст. Тақрибан ду сол лозим шуд, то ба иҷрои амрҳои содаю умумӣ омода гардад. 14 моҳи аввал мо ба ӯ иҷро намудани одитарин амрҳо - нишастан, хоб рафтан, ба кӯча баромадан, ба ташноб рафтан, ба сайру гашт баромаданро омӯзонидем. Ин амалҳое мебошанд, ки метавон ба ҳар зоти саг омӯхт. Баъд аз 14 моҳ Лукаро ба муассисае, ки иҷрои амалҳои мушаххасро, чун фурӯзон кардани чароғи хона, кашидани пойафзол, ҷамъ намудани чизҳои дар фарш хобида, ба мошини ҷомашӯйӣ партофтани коло, маҳсулоти ғизоиро гирифта онро дар сабад гузоштан, боз кардани дар ва ғайраро ёд медиҳад, фиристодем. Онҳо сагро тарзе меомӯзонанд, ки барои рафтори хубаш бояд қадрдонӣ шавад. Вақте Лука ягон кори хуберо анҷом медиҳад, дар иваз кулчақанд ё ягон чизи дигар мегирад. Ҳангоми тамрин додани Лука ман бештар аз ғизо истифода мебарам. Таври мисол, вақте ман мехоҳам чӣ тавр хомӯш кардани чароғро барояш биёмӯзонам, дар тугмачаи фаъол кардани барқ мураббо ё чормағзи зеризаминиро овезон мекунам. Дарк мекунад, ки матлаби ман чист. Алҳол Лука бароям чунин амалҳоро анҷом медиҳад:
- колои дар рӯйи фарш бударо ҷамъ меоварад;
- болопӯши маро аз китфонам мегирад;
- дари хонаю ҷевону яхдонро боз карда, вопас мепӯшад;
- чароғро рӯшан мекунад;
- либосҳоро дар мошини ҷомашӯӣ андохта ва бозпас мегирад;
- ҳангоми харидани маҳсулот онҳоро дар сабад ҷо ба ҷо мекунад.
- телефон, попӯш, коғазу қаламу китоб, зарфҳо ва ғайраҳоро бароям меорад.
Лука бароям ҳамсуҳбатҳои нав ба навро пайдо месозад. Вақте мо бо ӯ дар кӯчаву хиёбонҳо сайругашт мекунем, одамон бо чашми сар мебинанд, ки чӣ сон Лука аробачаи маъюбии маро кашола карда, пеш меравад. Рафтори ӯ дар кӯча боиси оғоз гардидани суҳбатҳо бо атрофиён мешавад. Вақте Лука дар бари ман аст, муошират бо одамон бароям басо осон буда, ниёз ба мадади дигарон надорам. Вай маро ташвиқ мекунад, то фаъолтару серҳаракаттар бошам, зеро хуш дорад барои рафтори некаш подош - ғизои бомаза бигирад. Муҳимтар аз ҳама Лука беҳтарин дӯсти ман аст, ки ҳатто ҳолатҳои равонии маро хуб дарк месозад. Вай медонад, ки табъи ман болида аст ва ё асабҳоям хароб, дар ҳолати шиддати равонӣ ва хастагӣ қарор дорам ё хуш ҳастам. Дар ҳама маврид аксуламал нишон медиҳад. Дилёбиро хуш дорад.
– Шумо кай тасмим гирифтед, ки дар кишварҳои рӯ ба рушд фаъолият намоед?
–Ҳамеша мехостам дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд ба ҳайси омӯзгор кор кунам. Бинобар ҳодисаи нохуш аз баҳри омӯзгорӣ баромада, хостам дар бах-ши рушди байналмилалӣ неруи хешро биозмоям. Баъд аз хатми яке аз донишкадаҳои Британияи Кабир натавонистам орзуямро ҷомаи амал пӯшонам, зеро ҳеҷ як созмон намехост маро барои кор ба хориҷа фиристад. Билохира, муяссар гардид, то бо созмони ҷамъиятии ҳолландии Лилиан-фонд, ки ба кӯдакони имконияташон маҳдуди кишварҳои дар ҳоли рушд ёрӣ мерасонад, хамкориро оғоз намоям. Соли 2004 дар ҳайати ин созмон озими Ироқ шуда, бори дигар муътақид шудам, ки то чӣ андоза фаъолияти мо муассир ва зарурист. Моҳи марти соли 2005 дар ҳайати дигар чун мададрасони ихтиёрӣ ба кишвари Намибия сафар кардам. Соли 2007 барои кор ба созмони байналмилалии Ҳендикеп Интерншнл даъват шудам. То кунун дар ҳайати ин созмон дар кишварҳои Серра-Леону Ҳабашистон ва ҳамакнун дар Тоҷикистон фаъолият дорам. Маро кор бо созмонҳое, ки бо масоили маъюбон сару кор мегиранд, бисёр хуш аст. Фикр мекунам, ки маҳз бо дастгирию кумакҳои Лука фаъолияти хешро муваффақона пеш бурда истодаам. Вагарна Худо медонад, то чӣ андоза анҷом додани вазифаҳои пурмасъулият бароям муяссар мегардид.
– Оё Лука мушкиле дошта метавонад?
– Лука ҷонвари беозору доност. Вай ба ҳеҷ кас коре надорад ва фақат омодаи хидмат ба соҳибаш аст. Дар тамоми давлатҳои дунё парвоз дар тайёра барои сагҳои омӯзишдида, агар ҳамроҳи соҳибаш бошад, ройгон аст. Гузашта аз ин, ин зоти сагҳо дар дигар кишварҳо бидуни ҳич як мамоният иҷозати дохил шудан ба фурӯшгоҳҳову меҳмонсароҳоро доранд. Вале дар Тоҷикистон наметавонам бо ӯ аз як шаҳр ба шаҳри дигар тавассути ҳавопаймо парвоз намоям ва ё дар фурӯшгоҳҳо коло бихарам.
– Фаъолияти бонувони тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Дар назди бонувони тоҷик масъулияти хӯронидану пӯшонидану тарбияи фарзандон истодааст. Онҳо ин борро, ки барояшон гарон аст, бо сабру шикебоӣ пеш мебаранд. Барои чунин фидокорияшон ба бонувони тоҷик ташаккур мегӯям. Дарк мекунам, ки чӣ сон бархе аз бонувон барои пайдо кардани даромади андак, барои рӯзгузаронӣ рӯ ба муҳоҷират меоваранд.
– Ба андешаи Шумо чӣ кор бояд кард, то бонувони имконияташон маҳдуд фаъолтар бошанд ва худро чун узви комилҳуқуқу созандаи ҷомеа эҳсос намоянд?
–Бонувони маълул бояд дорои он имкониятҳое бошанд, ки аҳли ҷомеа аз он бархурдоранд. Бояд аҳли ҷомеа дастгиру мададгори ин қабил ашхос бошанд. Дар ин сурат, онҳо худро аз равандҳои ҷомеа дар канор нахоҳанд гирифт ва зиндагӣ барояшон рангину зебо ва гуворо хоҳад гашт.
Мусоҳиб Тилав РАСУЛЗОДА