Муаррифӣ:
Зарина Воҳидова соли 1997 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82–и шаҳри Душанбе ва соли 2002 факултаи механикӣ-технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси муҳандиси мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли нахи табиӣ хатм намудааст. Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи мошинҳо ва механизмҳо ва ҷузъиёти мошинҳо шуруъ кард. Соли 2010 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Асосҳои физикию кимиёии баланд бардоштани эътимоднокии истифодабарии рӯпӯшҳои газию шуълавӣ аз полимерҳои термопластикӣ» ҳимоя намуд. Феълан дар Вазорати иқтисод ва савдо ба ҳайси сармутахассиси Сарраёсати соҳаҳои воқеии иқтисодиёти раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтор фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
– Воқеан дуруст мегӯед, мутаассифона, аксари занҳои мо бо саришта кардани корҳои хона рисолати хешро анҷомшуда медонанд. Аз тифлӣ омӯхтани фанҳои дақиқро дӯст медорам. Шояд аз падар мерос монда бошад.
– Падар иқтисоддон буданд?
– Оре, номзади илми иқтисод ва замоне муовини вазири савдои Тоҷикистон буданд. Мутаассифона, дар дусолагӣ аз падар ятим мондам. Тарбияи фарзандонро модар бар уҳда гирифтанд.
– Шумо соли 2001 издивоҷ намудед, оё тарбияи фарзандон ва масъулияти хона барои анҷоми корҳои илмӣ халал эҷод намекарданд?
– Албатта, мушкил буд, аммо шавҳарам Абдумалик Воҳидов бо падару модарашон маро ҳамаҷониба дастгирӣ менамуданд. Илова бар ин, Президенти кишвар соли 2010 –умро соли рушди илму техника эълом карданд, ки ин ҳам як ангеза ва дастгирие шуд барои пешрафти корам.
– Бо назардошти чӣ масоиле мавзуи мазкурро пажуҳиш намудед?
– Солҳои охир дар давлатҳои саноатии тараққикарда технологияҳои нави ба даст овардани маводи композитсионӣ (аз пайвастагии якчанд элемент) аз полимерҳо ва усулҳои рӯпӯшкунии ҷузъҳои дигар бо ин полимерҳо коркард мешаванд. Рӯпӯшҳои полимерӣ барои ҳимояи ҷузъи механизм ва мошинҳо аз занг задан (коррозия) ва хӯрдашавӣ, ҷудогузории (изо-лятсия) симҳои ноқил ва ҳавоногузар (герметизатсия) кардани пайвастагиҳо истифода мешаванд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, мақсади кори мо аз инҳо иборат аст: баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии истифодабарии рӯпӯшҳои полимерии газию шӯълавӣ (газопламенное напыление) аз ҳисоби баландбардории тавсифҳои физикию кимиёӣ ва физикию механикӣ бо роҳи фаъол гардонидани сатҳи болоии ҷисми рӯпӯшшаванда, тағйир додани таркиби маводи рӯпӯшкунанда ба қисматҳои наноандозадошта (андозаи хурд дошта) ва кам кардани шиддат дар қабати полимерӣ.
– Арзиши амалии кор аз чӣ иборат аст?
– Таҳлили ҳолати шиддатнокии рӯпӯшҳои полимерӣ ҳамчун элементи системаи динамикӣ бо назардошти бузургӣ ва характери борҳои амалкунанда ба ҷузъ-ҳо дар раванди истифодабарӣ гузаронида шуд.
– Бо роҳи таҳлилӣ ифодаи муайянкунандаи мустаҳкамии лозимаи часпиши қабати полимерӣ ва сатҳи металлӣ ҳангоми истифодабарӣ дар ҳолати ҳароратҳои баланд ба даст омадааст.
– Пешниҳод гардид, ки аз ҳисоби паст кардани коэффитсиенти васеъшавии ҳароратии маводи полимерии рӯпӯшшаванда ҳудуди ҳароратии коршоямии рӯпӯш васеъ карда шавад.
– Усули интихоби рӯпӯшҳои полимерӣ ва технологияи рӯпӯшкунӣ дар маснуоти дарозрӯя коркард шуда, муқаррар гардид, ки ҳамроҳкунии модификаторҳои наноандоза ба таркиби матритсаи полимерӣ ба андозаи муайян, хосияти фарсудашавии композитсияи полимериро ҳангоми таъсирҳои баланд зиёд мекунад.
– Вақти анҷом додани тат-қиқот ба чӣ натиҷа расидед?
- Ҳангоми гузаронидани тат-қиқот мо аз намудҳои гуногуни маснуот, яъне лӯлаҳои қутрашон ҳархеларо истифода бурдем. Вобаста аз барқароркунии лӯлаҳои муҳлати истифодабариашон тамомшуда, нархи лӯлаҳои мо-
нандро дар бозор аз рӯйи як метри дарозӣ муайян намуда, арзиши рӯпӯшкунии лӯлаҳои кӯҳнаро муайян намудем. Дар натиҷа, бо истифода аз формулаҳо вобаста аз миқдори лӯлаҳои барқароршуда, ки аз рӯйи қутрашон ҷудо карда мешаванд, дар муқоиса бо нав барои 190 дона ҳисоби иқтисодӣ гузаронида шуд.
Бо истифода аз технологияҳои дар татқиқоти кори илмӣ пешниҳодшуда барои 190 дона лӯлаи барқароршудаи қутрашон гуногун дар муқоиса бо ҳамин миқдор лӯлаҳои нав бо қутрҳои монанд аз рӯйи формулаҳои пешниҳодшуда нишондиҳандаи самараи иқтисодии амалигардонии татқиқот аз ҳисоби беҳтарсозии хосиятҳои истифодабарии деталҳои рӯпӯшшуда дар соли 2009 маблағи аз 5,0 то 5,8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.
– Агар сода карда гӯем, ҳангоми рӯпӯш кардани 190 лӯла корхона метавонад то 5, 8 ҳазор доллар сарфа созад?
– Бале.
– Ин рӯпӯшҳо то чанд сол кафолат доранд?
– Аз 10 то 15 сол.
– Таҳти роҳбарии кадом донишманд кори илмии худро анҷом додед?
– Роҳбари илмии ман доктори илмҳои техникӣ, профессор Рустам Азизов мебошанд ва аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ӯ, Ӯлмас Мирсаидов, доктори илмҳои кимиё, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шӯрои диссертатсионӣ ва ҳама шахсоне, ки дар анҷом ва ҳимояи кори илмӣ ба ман ёрӣ расониданд, изҳори сипос менамоям.
– Оё дар бахши саноати иқтисод то Шумо бонуи дигаре пажуҳиш анҷом додааст?
– Не, дар риштаи нанотехнология нахустбонуям.
– Шумо ба ин гуфта мувофиқед: зани донишманд кадбонуи хуб нест?
– Қатъиян мухолифам. Бонуе, ки дар илм пажуҳиш анҷом медиҳад, дар масоили оиладорӣ ҳам аз зани хонашин муваффақтар аст. Метавонед аз зодмандон ва хешу табори шавҳарам пурсед, дар пухтупази ғизоҳои миллӣ, шириниҳои шарқӣ ва нигаҳдории ҳавлӣ камӣ надорам.
– Вақтҳои охир ба назар мерасад, ки дар баъзе навоҳӣ ва манотиқи кишвар волидон духтаронро иҷозаи таҳсил дар донишгоҳ намедиҳанд. Назари Шумо ҳамчун олим ба ин масъала?
– Бубинед, ин масъала муш-килиҳои дигарро дар бар дорад. Вақте ба духтар иҷозаи таҳсил намедиҳанд, проблемаи издивоҷи барвақт пеш меояд. Духтари таҳсилнадида ва аз назари маънавӣ ба камол нарасида, оилаи солим барпо карда наметавонад. Бинобар он бояд пеши роҳи ин раванд гирифта шавад. Модари таҳсилкарда дар пешрафти оила ва тарбияи фарзандон нақши бориз дорад. Яке аз сабабҳои аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон зуд ба шавҳар додани духтарони таҳсилнакарда ва мушкилоти молӣ мебошад. Дар ҷараёни таҳсил шахс ба тадриҷ обутоб меёбад ва аз ҳаллу фасли мушкилот наметарсад. Аз ҷониби дигар, вақте дар оила ду нафар кор мекунанд, аз назари таъминоти иқтисодӣ имконоти васеътар доранд. Як сабаб, агар омода набудани духтарон ба ҳаёти мустақилона бошад, иллати дигар мушкилоти молӣ аст. Бояд ҳамқадами замони худ бошем, издивоҷ кардан, вақту соати худро дорад. Вақте зан метавонад худро аз назари моддӣ таъмин созад,
шавҳар ӯро эҳтиром мегузорад. Дар акси ҳол ҳамсар метавонад бо ҳар баҳона бонуи худро таҳқир намояд. Соҳибмаълумоту соҳибкасб будан дар қарни 21 яке аз шартҳои муҳим ба шумор мераванд.
– Дар оила бояд кӣ роҳбар бошад: зан ё мард?
– Ба фикрам бояд мақоми баробар дошта бошанд. Дар ҳар сурат, дар оилаи мо чунин буд. Падар бо ҳама кордонӣ дар ҳалли ин ва ё он мушкил аз модар маслиҳат мепурсиданд. Ман ҳам бо шавҳарам чунин муносибат дорам. Ҳама корро бо маслиҳат анҷом медиҳем. Якдигарфаҳмӣ ва эҳтиром миёни зану шавҳар дар пешбурди оила хеле нақши муҳим доранд. Илова бар ин, вақте фарзандон бинанд, ки дар оила як нафар ба танҳоӣ тасмим мегирад, нисбат ба дигар волид беэҳтиромӣ зоҳир менамоянд. Солимии хонавода дар ҳамдастӣ ва эҳтироми тарафайн ба даст меояд.
– Вақтҳои холии худро чӣ хел мегузаронед?
– Мутолиаи китобҳои илмиро дӯст медорам, аммо бештари вақти худро ба писаронам ме-бахшам, мекӯшам онҳоро ба илм ҳидоят намоям.
– Ба мақоми зан дар ҷомеа чӣ назар доред, оё барои пешрафт мушкиле доранд?
– Солҳои охир мавқеи занон дар умури идорӣ мустаҳкам мешавад ва дар ин масъала дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон эҳсос мегардад. Масалан, дар Вазорати иқтисод ва савдо бонувон бештар аз 40 нафар буда, дар мансабҳои гуногун- аз роҳбарии сарраёсатҳо то муовини вазир фаъолият доранд ва роҳбарият ба кормандон на аз рӯйи ҷинсият, балки аз рӯйи кордонӣ ва масъулият муносибат менамояд. Пешрафти зан дар ҷомеа имрӯз аз талош ва кӯшиши худи ӯ вобаста аст.
– Кор бо истироҳат хуш аст. Мураххасии худро чӣ гуна мегузаронед?
– Ҳар шахс барои худ нақша месозад ва барои пиёда намудани он талош меварзад. То имрӯз мураххасиҳои худро дар хона мегузаронидам, ба тарбияи фарзандон шуғл меварзидам ва барои анҷоми каму кости хона талош мекардам. Барои худ истироҳатро муносиб намедидам. Фикр мекунам, то ҷойе ба ҳадафҳои худ ноил гаштаам, бинобар ин ният дорам, имсол мураххасии худро бо шавҳар ва фарзандон дар ягон истироҳатгоҳи Туркия гузаронам.
– Ташаккур ва муваффақ бошед.
Мусоҳиб
Эмомалӣ Сайидамирзод