23-юми феврал дар саросари ҷумҳурӣ 20-солагии таъсис ёфтани қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Пешрафти неруҳои мусаллаҳро бе ширкати бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, «Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифт дар робита ба ин масъала бо полковник Ҳуснибону Хушдилова, сардори шуъбаи корҳои тарбияи Раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиа муҳовара анҷом диҳад.
– Ҳуснибону Хушназаровна, қабл аз ҳама мехостам дар бораи теъдоди бонувон дар Вазорати мудофиа ба хонандагони маҷалла иттилоъ медодед?
– Феълан дар қисмҳои ҷудогонаи Вазорати мудофиа зиёда аз 100 афсар, 250 прапоршик ва тақрибан 800 бонуи дигари ғайринизомӣ фаъолият доранд. Дар идораи марказӣ 200 бону адои вазифа менамоянд.
– Оё дар вазифаҳои роҳбарикунандаи вазорат бонувон ҳастанд?
– Полковник Тамара Усмонова сарварии қисми ҳарбӣ-тиб-биро бар уҳда дорад. Полков-ник Гавҳар Нодирова сардори дармонгоҳи ҳарбӣ ва полковник Марзия Фатурова ба ҳайси сардори комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ кор мекунанд. Мехостам таъкид намоям, ки Тамара Шарифовна аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Илова бар ин, дар вазорат полковникҳо Светлана Сабанова, Назармоҳ Хушназарова ва подполковникҳо Робия Тошева, Анжела Чашинова ва Олга Козлова ба ҳайси сардорони шуъба адои вазифа мекунанд.
– Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардош-тани мақоми зан дар ҷомеа» дар Вазорати мудофиа ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст?
– Бале, дар Вазорати мудофиа фармони мазкур ҳамарӯза мавриди назар аст. 6 нафар бону бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардиданд ва 5 нафар Академияи олии ҳарбиро хатм намуданд. Қобили қайд аст, ки аз 4 адад сохторҳои хизмати тиббӣ ба сетои он-Беморхонаи ҳарбӣ, Комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ ва Дармонгоҳи тиббӣ бонувони ботаҷриба роҳбарӣ менамоянд. Инчунин як бонуи ҷавони вазорат-Таҳмина Хайруллоева намояндагии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ИМА бар уҳда дорад, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мост.
– Дар Вазорати мудофиа чанд намуд қӯшунҳо амал мекунанд?
– Соли 1997 қӯшунҳои хушкигард, соли 2000—ум қӯшунҳои зудамал ва баъдан қӯшунҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтанд.
– Ҷараёни ба Вазорати мудофиа ҷалб гардидани бонувон тайи ин солҳо чӣ гуна сурат гирифт?
– Ман соли 1994 ба вазорат ба кор омада, як муддат ба ҳайси корманди ғайримулкӣ адои вазифа намуда, сонӣ ба ҳайси афсар ба кор гузаштам. Ҳамон вақт дар вазорат занҳои зиёде фаъолият доштанд, вале аксари онҳо русзабон буданд. Ба тадриҷ бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
– Чӣ имтиёзе метавонист онҳоро ба кори ҳарбӣ ҷалб созад?
– Қабл аз ҳама маоши кормандони Вазорати мудофиа дар муқоиса ба дигарҳо, аз ҷумла муаллимону духтурон баландтар буд. Илова бар ин, шахсоне ба кор меомаданд, ки воқеан хоҳиши ҷиддӣ доштанд.
– Шахсони тасодуфӣ муроҷиат намекарданд?
– Либоси зебои низомӣ, маоши хуб ва дигар имтиёзҳо боиси он гардид, ки шахсони зиёде ба кор омаданд, аммо вақт довари ҷиддӣ аст. Дар вазорат бонувоне монданд, ки ба кори худ содиқ буданд. Онҳо то ба синни нафақа адои хизмат карданд.
– Шумо ҳамчун раиси шӯрои занон бо шахсони ба нафақа рафта иртибот доред? Онҳоро дастгирӣ менамоед?
– Баъзе ба хориҷа рафтанд, ба ҳамин хотир бо онҳо иртибот надорем, аммо бо дигарон ҳама вақт дар тамосем. Ҳатто бо онҳое, ки дар кишварҳои муштаракулманофеъ зиндагӣ мекунанд. Масалан, устоди ман Людмила Маъруфӣ дар Русия ба сар мебаранд. Бо ҳам то ҳанӯз мукотиба дорем. Мукаррама Ортиқовна дар Туркия бошанд ҳам, вақти ба Тоҷикистон омадан ба вазорат ташриф меоранду дидор мебинем. Бо Лариса Ивановна пайваста дар тамосем.
– Нафақа барои зиндагӣ басанда аст?
– Оре, дар муқоиса бо дигар ниҳодҳои давлатӣ беҳтар аст. Бо ибтикори Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи 20 сол 6 маротиба маоши кормандони Вазорати мудофиа баланд шуд. Ин дастгирӣ боис гашт, ки роҳи аз кор рафтани мутахассисони ботаҷрибаро бигирем. Ғайр аз ин, соли гузашта бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати мудофиа 200 нафар корманди ин сохтор бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд.
– Афсарони ҷавони вазорат дар куҷо таҳсил менамоянд?
– Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ҷавононро баъд аз хат-ми литсеи ҳарбӣ барои таҳсил ба Академияҳои ҳарбии Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Озарбойҷон мефиристем.
– Шӯрои занони вазорат кадом масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад?
– Шӯрои занон соли 1996 таъсис ёфт, низомномаи худ-ро дорад. Тибқи нақшаи корӣ Шӯрои занон бо бонувони вазорат ва ҳамсарони афсарон кор мебарад. Дар ҳолати муроҷиат намудани бонувон бо масоили корӣ ё сар задани муноқиша дар оилаи афсарон мо мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл месозем. Ҳамчунин дар анҷом додани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва гузаронидани парад Шӯрои занони вазорат саҳми ҷиддӣ мегиранд.
– Вазорати мудофиа бо кадом кишварҳо ҳамкории мутақобила дорад?
– Ҳамкориҳои ҳарбӣ бо давлатҳои муштаракулманофеъ, Чин, Амрико, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои мутараққӣ ба роҳ монда шудаанд. Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Вазорати мудофиа бо чандин кишварҳои дигар робитаи мустаҳкам барқарор сохтааст.
– Зан ҷинси латиф ва нафис аст, чӣ гуна метавонад низомӣ бошад?
– Ин назари мардона аст. Ба фикри ман, баъзе занҳо аз мардҳо мардонатаранд. Зан дар ҳама ҳолат нисбат ба мард сертоқаттар аст. Аз таҷриба мегӯям, ки ҳангоми пеш омадани муш-кил мардҳо зуд оташин мешаванду садо баланд мекунанд, ки ин ба нафъи кор нест, аммо занҳо бо таҳаммул масъаларо ҳаллу фасл менамоянд. Илова бар ин, занҳо меҳрубонанд. Ин хислати онҳо ҳангоми кор бо сарбозон ва оилаҳои афсарон нақши муҳим дорад. Мадина Гарифулина дар амалиётҳои ҳарбӣ баробари мардон ширкат мекард. Мутаассифона, дар ҷараёни яке аз амалиётҳо тир хӯрда, ҳалок шуд, аммо дар ёди мо доимо зинда аст. Ҳамшираҳои шафқат низ баробари мардон дар амалиётҳо ширкат менамоянд. Бинобар ин бо дили пур аз номи бонувони мегӯям: мо метавонем!
– Кор дар сохторҳои қудратӣ ба муносибатҳои оилавӣ таъсири манфӣ намерасонад? Дар хона бо садои омиронаи ҳарбӣ бо шавҳару фарзандон сухан намегӯед?
– Мо дар ҷойи кор афсарем. Дар хона модарему ҳамсар. Ҳангоми ба хона рафтан тағйири либос намуда, корҳоро сомон медиҳем. Кор дар сохторҳои қудратӣ хислати занро дигар мекунад. Дар ҳолати пеш омадани мушкил зуд тасмим мегиранд, онро ба таъхир намегузоранд. Гоҳо фарзандон ҳангоми аз кор баргаштанам бо шӯхӣ мегӯянд: «Командир омад». Аммо бовар кунед, дар хона бону зуд ба ҳаёти тоҷикона ва занонаи худ бармегардад.
– Дар Исроил занҳо баробари мардон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунанд, оё дар Тоҷикистон бонувон барои хизмат ба Шумо муроҷиат менамоянд?
– Дар ҷараёни кор бо занону духтарон вохӯриҳои зиёд мегузаронем. Дар мактабҳо духтарҳо ба мо муроҷиат менамоянд, ки оё метавонанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд? Хоҳишмандон зиёданд.
Имсол бори аввал бонувони низомӣ дар Тоҷикистон ба паради ҳарбӣ ҷалб шуданд. Дар давоми 1 моҳ 100 нафар хоҳишмандро омода сохтем. Мардҳо иқрор мешаванд, ки «каробка» -и мо яке аз беҳтаринҳо аст.
– Дар вақти кор оё байни бонувон ва мардҳо нофаҳмие рух медиҳад? Ба ибораи дигар мардҳо ба Шумо бо «чашми кам» наменигаранд?
– Баъзан мешавад. Ба мо бо ишора ё амале нишон медиҳанд, ки сохторҳои қудратӣ ҷойи зан нест. Аммо чунин муомила ва муносибат аз ҷониби мардоне содир мешавад, ки аз фарҳанг ва масъулият чандон бархӯрдор нестанд. Ин масъала ба занҳо низ бастагӣ дорад. Баъзан занафсарони ҷавон дар анҷоми коре «хомӣ» мекунанд. Аммо ба тадриҷ онҳо ба кор ворид мешаванду дар адои хизмат аз мардҳо қафо намемонанд.
– Хизмат дар Вазорати мудофиа ба занҳо чӣ имтиёз медиҳад?
– Мувофиқи қонун занҳо аз ҳич имтиёзе бархӯрдор нестанд, яъне бо мардҳо баробаранд. Аммо имтиёзҳои дохилӣ ҳастанд. Масалан, бо фармоиши вазири мудофиа аз соли 1999 занҳо ( ба ғайр аз бонувоне, ки дар нуқтаҳои тиббӣ хизмат мекунанд) аз навбатдории шабонарӯзӣ озод шудаанд.
– Барои мубодилаи таҷриба афсарони Вазорати мудофиа ба кадом кишварҳо мераванд?
– Тибқи қарордодҳои ҳамкорӣ ба Чин, Олмон, Амрико ва Русия.
– Оё бонувони вазорат ба варзиш фаро гирифта шудаанд?
– Бале, вазорат варзишгоҳҳои хеле муҷаҳҳаз дорад ва ҳафтае ду маротиба мо баробари мардон машқу тамрин менамоем. Қабл аз фарорасии ҷашнҳо дар дохили вазорат оид ба ин ва ё он намуди варзиш мусобиқаҳо эълом медорем. Занҳо аксаран дар ин мусобиқаҳо дастболо мегарданд.
– Ташаккур. Мо Шумо ва ҳама кормандони Вазорати мудофиаро бо фарорасии 20 –солагии Артиши миллии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ ва пешрафт таманно дорем.
Мусоҳиб
Эмомалӣ Сайидамирзод