Ман ба чеҳраи нуронию дар пайроҳаи зиндагӣ обутобёфтаи мусоҳибам нигариста, суханҳои нисбаташ баённамудаи ҳамкоронашро аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ёд меорам: «Мунира Ашӯрова ҳаммуаллифи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва чандин дастурамалҳои марбут ба таъйинот ва пардохти нафақаҳо ва кумакпулиҳо маҳсуб мешавад. Ӯ дар ташкил ва тақвият додани фаъолияти сохтори нави агентии мазкур саҳми бузург дорад. Барои хидматҳои шоён дар рушди соҳа бо нишони «Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст».
–Шукронаи тақдир, дар муҳиту руҳияе тарбия ёфтам, ки новобаста дар танҳоӣ тарбияву ба воя расонидани фарзандон, тамоми ҳастии худро ба кори давлат бахшидам. Эҳтирому эътибори ҳамкорон ҳисси масъулиятшиносиамро зиёд мекарду ҳатто вақтҳои фориғ ҳам фикру андешаам дар масоили марбут ба кору вазифаи ба уҳда доштаам банд буд, –мегӯяд ӯ.
– Мунира Розиқовна, чӣ сабаб шуд, ки касби иқтисодчиро интихоб кардед?
– Вақте дар мактаби миёна мехондем, устоди нахустинам Нориниссо Пӯлодова мавзуъҳои фанни риёзиро мис-ли фанҳои адабиёту таърих ба тасвир мефаҳмонид ва тамоми он рӯз масъалаҳои математикӣ дар пеши назарам ҷилвагар мешуданд. Баъдан, шиори болои тахтаи синф: «Математика шоҳи фанҳост» дар ман орзуи донандаву мутахассиси иқтисод шуданро пайдо намуд. Ҳамин тавр умре бо рақаму ҳисобу китоб сару кор доштам.
– Лаҳзаи ба нафақа баромадан, кадом масъ-алаҳои корӣ, ки ҳалли худро наёфта буданд, ба ташвишатон меоварданд?
– Солҳои пеш даромад аз ҳисоби андози ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пардохти нафақа мерасид, аммо баъдан бинобар мушкилоти иқтисодӣ ва кор накардани корхонаҳо дар солҳои 90-ум, барои таъмини нафақа аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ ворид мешуд. Дар баробари ин, солҳои пеш ҳадди ақалли нафақа ба ҳадди ақалли музди маош баробар буд. Ҳоло бошад, ҳадди ақалли нафақа нисбат ба музди меҳнат қариб ду баробар камтар аст.
– Чӣ бояд, то дар солҳои наздик ба он нишондодҳое бирасем, ки пиронро ба нафақаи сазовор таъмин карда тавонем?
– Пӯшида нест, ки дар пардохти андози ҳифзи иҷтимоӣ корхонадорон пинҳонкорӣ мекунанд. Баъзе роҳбарони корхонаҳои саноатӣ бояд фикри ояндаи худро дошта бошанд, ки рӯзе мерасаду онҳо низ пиру барҷомонда мешаванд.
– Мунира Розиқовна, баъди ба нафақа баромадан, ба чӣ кор машғулед?
– Дар аввал азият мекашидам, зеро дар тӯли 35 сол реҷаи кор бароям одат шуда буд. Умуман, ба нафақа баромаданро ҳар инсон душвор қабул мекунад. Агарчанде олами беканори танҳоӣ равзанае барои худшиносии инсон аст, аммо табиати инсон ба танҳоии тӯлонӣ созгор нест. Баъзан тифлакони маҳалларо даъват намуда, ба онҳо одобу ахлоқ меомӯзам, гоҳо ба аёдати барҷомондаҳо меравам, аммо дилам мехоҳад умри боқимондаамро барои рушди ҷомеа сарф намоям. Қаблан барои омӯзиши ҳунарҳои хонаводагӣ ба як гуруҳ духтарон маро ба кор даъват карда буданд, аммо бинобар дурии роҳ қабул карда натавонистам. Хуб мешуд, ки барои нафақагирон ягон маҳфилу курсҳо ё марказҳое таъсис дода шаванд, ки собиқадорони касбу корҳои гуногун донишу таҷрибаи хешро ба насли ҷавон омӯзанд.
– Агар имкон фароҳам ояд, баҳри рушди ҷомеа чӣ коре анҷом медодед?
– Агар дар наздикиҳо ягон маркази фарҳангӣ -тарбиявии духтарон мавҷуд мебуд, бо ҷону дил барои таълиму тарбияи онҳо дар кору ҳунарҳои хонаводагӣ машғул мешудам. Тарбияи бонувон муҳимтарин мавзуи ҷомеа аст, зеро коҳиш ёфтани маънавиёти насли наврас ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз сабаб-ҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин омода набудани духтарон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Масали мардумӣ аст, ки «Мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту номард мекардагӣ ҳам». Дар ҷомеаи мо, ки зан шоҳсутуни оила эътироф мешавад, бояд институтҳои таълимию омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ фаъол бошанд.
P.S. Зимни бозгашт роҳбалади мо Ҳабиба Қурбонова иброз дошт: «Новобаста аз ба нафақа баромадан, Мунира Розиқовна маслиҳатгару роҳнамои мо дар кору зиндагист. Ман ба ҳайси як коргари одӣ ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба кор омада, то сатҳи сардори шуъбаи умумӣ рушд кардам. Модари сахтгиру дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ ниҳоят меҳрубон аст. Акнун эҳсос месозем, ки сахтгирию ҷиддият ва серталабиаш ба хотири мутахассиси хуб шуданамон будааст».
«Тӯли фаъолияти пурсамари Мунира Ашӯрова масоили муайян намудани талаботи маблағҳои пардохти нафақавӣ, муқаррар кардани намудҳои гуногуни нафақаҳо ва таъйиноти дурусти кумакпулиҳо ба ниёзмандон дар сатҳи ҷавобгӯй ба талаботи рӯз ҳаллу фасл мешуданд», – мегӯяд Абдулҳаким Исмонов, сардори Раёсати талаботи нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кумакпулиҳои дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.