Шоҳҷоиза, ифтихорнома, мукофоту унвонҳояш беҳисобанд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, ин бону дорандаи унвони «Бонуи аср», «Хиради миллӣ», «Пешвои асри 21» ва мукофоти олии «Нишони сифати ЮНЕСКО» аст.
Имсол чун мутахассиси пуркору ҷӯянда ӯро ба ҳайси раиси Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ интихоб карданд. Рафтем ба табрикаш ва суҳбати гарме оростем бо ин бонуи ҳунар. Қаҳрамони навбатии мо, тарроҳи либосҳои миллию таърихӣ – Мукаррама Қаюмова.
Фармоишҳо
– Муаллима, роҳбарии ташкилоти «Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистонро бар зимма доред, дар доираи ин фаъолият кадом корҳоро ба сомон мерасонед?
– Солҳо боз роҳбари ташкилоти «Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон ҳастам. Вазифаи асосии мо эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ аст. Дар доираи ин масъулият корҳои хайриявиро низ ба анҷом мерасонем. Масалан, омӯзиши ройгони ҳунарҳои гуногуни халқиро чун гулдӯзӣ, зардӯзӣ, муҳрапартоӣ, тоқидӯзӣ, кафшдӯзӣ, дӯхтани камзӯлҳои занонаву мардона, куртаҳои чакан, сохтани ороишот аз зару зевар ва амсоли инро ба роҳ мондаем. Мекӯшем бо ҳунармандони тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ дошта бошем.
Дар иртибот ба фаъолияти ин ташкилот бо созмону ташкилотҳои ҳунарии дохилу хориҷ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаем. Замоне ифтихор доштам, ки чун бонуи ҳунарманд маро ба узвияти Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ пазируфтанд. Чанде шарафи ноиби раисии онро ҳам доштам. Имсол маро раиси ин ассотсиатсияи бонуфуз интихоб карданд, ки бароям ифтихор аст.
– Мегӯянд, ки туҳфаҳоро барои меҳмонҳои хориҷӣ Шумо омода мекунед, ин гуфтаҳо асос доранд?
– Вақте дар ҳошияи як барномаи сатҳи байналмилалӣ, ки ман чун беҳтарин офарандаи либосҳои миллӣ шоҳҷоизаи онро ба Тоҷикистон овардам, ба Президенти кишвар аз ҷониби роҳбарияти давлати Корея, ки мизбони чорабинии мазкур буд, мактуби ифтихорӣ омадааст, таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба ҳунару офаридаҳоям афзуд. Ҳамон сол дар ҷашни 74-солагии милитсияи тоҷик, ба хотири ошноӣ бо кору фаъолияти ман, Сарвари давлат аз намоишгоҳи мо дидан карданд, ки аз таваҷҷуҳашон сарам ба осмон расид.
Ифтихор дорам, ки омода кардани баъзе тӯҳфаҳои махсусро ба мо бовар мекунанд ва барои меҳмонҳои расмӣ ҷомаву куртаи чаканро бо дарназардошти махсусиятҳои миллӣ омода месозем.
«Браво, Мукаррама!»
– Шумо чун коршинос дар масъалаи ба таври арзанда муаррифӣ нашудани ҳунари асили миллӣ дар доираҳои байналхалқӣ ҳамеша аз беаҳамиятии ҷавонон интиқод мекунед, тарроҳони ҷавон барои муваффақу шинохта шудан аз чӣ равиш бояд кор бигиранд?
– Маслиҳати ман ин аст, ки онҳо ҳусни хати худро дошта бошанд. Тарроҳро танҳо тавассути ҳунараш мешиносанд. Масалан, Коко Шанел на рассом буду на дӯзанда, аммо тавонист номашро дар таърихи муд ҷовидон созад. Коко кулоҳи давраш калонро тавре ба мухлисони зебоӣ пешниҳод кард, ки то имрӯз ҳам қиёсашро касе офарида наметавонад.
Ҷавонони мо аксар вақт тақлиди ноҷо ба тарроҳони Ғарб мекунанд, ки ба ман писанд нест. Мекӯшам шогирдон дар офаридани либосҳои миллӣ муваффақ бошанд. Аврупо бе мо ҳам мавқеашро ёфтааст. Ғарбиён дигар эҳтиёҷе ба офаридани доманҳои кӯтоҳу либосҳои нимурён надоранд, зеро беҳтаринҳоро худашон офаридаанд. Ин моем, ки дар тақлид ба дигарон ҳунари волои ниёгонамонро, ки таърихаш марзи ҳазорсолаҳоро убур кардааст, қариб аст аз даст бидиҳем. Сарбаландии ман ҳам дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар ҳамин аст, ки ҳунару санъати асили миллиамро ба он ҷо мебарам, на либосҳои дар тақлид омодашударо. Бо ин ҳама намунаҳои ҳунари миллии пурарзише, ки дорем, боз ҳам моро дар ҷаҳон ба таври бояду шояд намешиносанд. Дар баъзе намоишгоҳҳо коршиносони хориҷӣ ба наздамон меоянд ва ҳайратзада аз ҳунари мо мепурсанд, ки он аз куҷосту чӣ таърих дорад. Услуби дӯхт ва нақшу нигори либосҳои миллии мо онҳоро мафтун месозад. Ин аст, ки вақте ба минбар мебарояму дар хусуси либоси миллии тоҷикӣ сухан мекунам, хориҷиён «браво» гӯён дастгирӣ мекунанд.
– Як камзӯлчаи бо нақшу нигори миллӣ гулдӯзишудаи Шуморо ба сифати либоси сайёра эътироф карданд, ғояи офаридани он аз куҷо маншаъ гирифт?
– Мувофиқи як барномаи озмунии ЮНЕСКО бобати ҷаҳонӣ кардани либоси миллии тоҷикӣ чанд намунае пешниҳод намудам. Яке аз талаботи озмун ин буд, ки либоси пешниҳодгаштаро бо махсусиятҳояш тамоми мардуми сайёра тавонанд ба бар гиранд. Солҳо заҳмат кашидам, аммо бо ин ё он сабаб пешниҳодам ҳамеша лағв мешуд. Бил-охира, баъди 10 сол тавонистам бо як камзӯлчаи гулдӯзишуда, шоҳҷоизаи ин барномаи ЮНЕСКО-ро соҳиб шавам.
Ҷоизаҳои дастнорас
– Чанде пеш Шуморо дар Англия бо унвони «Хиради миллӣ» сарфароз гардониданд, баъдан гуфтед, ки ин ҷоиза бароятон ногаҳонӣ буд…
– Воқеан, ин ҷоиза бароям ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Дар доираи чорабиние дар Англия коргоҳи моро бо ҷоизаи «Юзи тиллоӣ» («Золотой Ягуар») ва маро бо унвони «Хиради миллӣ» («Интеллект нации») қадр карданд. Бо сабаби надоштани имконият ва иштирок дар маросими ҷоизасупорӣ то ҳол ин ҷоизаҳоро дастрас накардаем. Тариқи мактуб аз дастандаркорон пурсидам, ки онҳо моро чӣ хел ёфтанд. «Офарандагони ҳунари асилро чун гавҳари холис дар ҳама ҷо меҷӯянд», – шунидам дар ҷавоб. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки ин ҷоиза дар доираи барномаи махсуси «Пешвоҳои асри 21»-и ҷаҳонӣ ба мо тақдим шудааст.
– Ба ғайр аз фармоишоти ҳукуматӣ боз бо киҳо ҳамкорӣ доред, яъне истифодабарандагони офаридаҳои Шумо киҳоянд?
– Барои аксар санъаткорон, гуруҳҳои рақсӣ, чеҳраҳои сиёсиву дипломатӣ либос медӯзам. Ҳатто фармоиш аз хориҷа низ дорам. Аз президентҳо ҳам фармоиш гирифтаву либосҳои махсусе омода кардаам. Ҳунари дасти худро дар тани президенти ИМА – Барак Обама, пешвоёни Эрон – Рафсанҷониву Хотамиву Аҳмадинажод, шоҳи Қатар, собиқ президенти Қирғизистон, бону Роза Отунбаева дидаву болидаам. Фармоишҳои зиёде аз сафирони тоҷик дар кишварҳои хориҷа дорам. Аз вазирбонувони афғону эронӣ низ мунтазам дархостҳо мегирам.
Қарордод бо Пугачёва
– Замоне барои эҳёи матоъҳои миллӣ азм доштед. Ҷолиб аст бидонем, аз матоъҳои махсус истифода мекунед, ё аз матои бозор?
– Як ҳодисаро дар ин росто намешавад, ки ёдовар нашавам. Вақти гирифтани мукофоти «Бонуи аср» дар Женева коршиносон ҳамин суолро ба ман доданд, ки матои истифодакардаи мо ватанист ё хориҷӣ. Ман гуфтам, ки мо матоъро аз бозор мехарем ва табиист, ки моли бозор метавонад ҳам ватанӣ бошаду ҳам хориҷӣ. Дар охири чорабинӣ марде худро чун сафири шоҳигарии Нидерландия дар Осиёи Миёна муаррифӣ карда, аз ман пурсон шуд, ки каме маблағ диҳам, шумо онро барои кадом кор масраф мекунед? Посухи ман ин буд, ки ба қадри имкон матоъҳои тоҷикиро аз нав зинда мекардам.
Аз ин вохӯриву суҳбат чанде гузашт. Замоне гузори сафир ба Тоҷикистон меафтаду хоҳиши маро дидан мекунад. Дар суҳбати рӯбарӯе ба ман 8 ҳазор доллари амрикоӣ доду ёдовар шуд, ки ин барои зинда кардани матои миллии тоҷикӣ аст. Ростӣ, барои маблағ не, барои эҳтирому таваҷҷуҳи як хориҷӣ ба ҳунар ва санъати миллии худ хеле шод шудам. Бо истифода аз ин маблағ мо дар Қаратоғ матои алочаро зинда кардем, ки имрӯз аз он васеъ истифода менамоем. Ба ғайр аз ин, дӯстони ҳунарманде дорам, ки махсус барои ман матоъҳои миллии хеле қадимаро истеҳсол мекунанд, ки мислашон дар ягон бозор дарёфт намешаванд.
– Дар пайи амалӣ кардани кадом нақшаҳо ҳастед?
– Нақшаҳо зиёданд. Дар орзуи навиштани китоби «Энсиклопедияи либоси миллӣ» ҳастам. Имсол бояд як китоби дигарам бо номи «Сухан дар нақш мегӯям» аз чоп барояд. Бар замми ин рӯйи як барномаи муштараке бо сарояндаи машҳури рус Алла Пугачёва қарордод бастем, ки ҳатман аз паёмадаш хонандагони маҷалларо воқиф месозам. Аз ҳама муҳимаш дар фикри бунёди осорхонаи бошукӯҳи либосҳои миллии тоҷикӣ ҳастам, ки назираш дар Осиёи Марказӣ ҳоло нест. Намунаҳои олитарин навъи ҳунари зардӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзаниҳо, зеваролот нигораҳои зиёду нодири қадимаеро барои ин осорхона ҷамъ овардаам.
Мусоҳиб