– Муаллима, назаратонро чун мутахассис нисбати амалишавии «Барномаи мубориза бар зидди бемории диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» равшан мекардед, ки татбиқи ин барнома чӣ самар овард?
– Дар шароити кунунии соҳа амалӣ кардани чунин як барнома бисёр саривақтӣ буд. Дар доираи он, танҳо барои гирифторони бемории диабети қанди навъи 1-ум 29 миллиону 299 ҳазор сомонӣ аз ҷониби лоиҳаи ХОУП маблағгузорӣ шуд, ки ин кумаки арзандае буд барои беморон. Дар маҷмуъ барои амалӣ кардани ин барнома аз ҷониби шарикони байналмилалӣ 44 миллион сомонӣ маблағ ҷалб ва сарф карда шуд. Муҳимаш ин аст, ки дар доираи ин барнома ҳолати моддию техникии марказҳои эндокринологӣ беҳтар гардиданд.
Мутаассифона, камбудиҳо ҳам дар иҷрои барнома ҷой доштанд. Бо сабаби нарасидани маблағ ва набудани маблағҳои иловагӣ чанд банди барнома амалӣ нагардид. Аз ин лиҳоз зарурати таҳияи барномаи нав ба миён омад. Барномаи мазкур барои сифатан тағйир додани хизматрасонии тиббӣ, ташхис, пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори диабети қанд равона гардидааст.
– Коршиносон бар ин назаранд, ки бемориҳои диабети қанд миёни кӯдакон дар кишвар афзудааст. Ин ҳолатро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Ҳолати зиёд ба қайд гирифтани дучоршавӣ ба диабети қанд байни кӯдакону наврасон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми курраи Замин ба назар мерасад. Тибқи маълумоти Федератсияи байналмиллалии диабетӣ ҳамарӯза дар ҷаҳон 200 кӯдак гирифтори бемории қанд мегардад. Ташвишовараш ин аст, ки диабети қанди дар синни кӯдакӣ инкишофёбанда давомнокии миёнаи ҳаётро то 20 сол кам мекунад. Мутаассифона, бемории қанд дар кӯдакони навзод низ дида мешавад. Хосса, дар кӯдаконе, ки вақти таваллуд вазнашон аз 4 кг зиёд аст. Нишонаҳояш ин аст, ки кӯдакони қанди модарзоддошта ҳарисона пистони модарро мемаканд. Новобаста аз ин, онҳо торафт хароб мешаванд, ноороманд, зуд-зуд пешоб мекунанд, ки парпечашон баъди хушк шудан мисли оҳар (крахмал) сахт мешавад. Кӯдаконро бо ин нишонаҳо аз назорати табибон гузаронидан ҳатмист.
– Дар сурати муносибати нодуруст, ин беморӣ чӣ паёмадҳое дорад?
– Дар байни беморони диабети қанд фавт аз бемориҳои дил ва мағзи сар 2-3, нобиноӣ 20 ва нефропатия (иллати гурдаҳо) 12-15 маротиба зиёдтар мушоҳида карда мешавад. Ин аст паёмадҳои вазнини беморӣ.
– Аз рӯйи мушоҳидаҳо ба бемории диабети қанд бештар занҳо гирифтор мешаванд. Сабаб чист?
– Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,1 миллион занони синни репродуктивӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумор қариб 7 ҳазор занон бо нишонаҳои бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Мутаассифам, ки паҳншавӣ ва сохтори омилҳои диабети қанди гестатсионӣ дар байни занони ҳомиладори кишвар омӯхта нашудааст.
– Роҳҳои паст кардани дараҷаҳои инсулини қандро дар шароити маҳал тавсия медодед…
– Дар баҳор барги шоҳтут ва чормағзро баробар гирифта, дар соя хушк карда. баъдан чой карда нӯшидан лозим аст. Одатан барои бемор истеъмоли хӯрокҳои бирён, махсусан гӯшти гӯсфанд зиёновар аст. Ҳар яки мо мунтазам бояд миқдори холестиринамонро санҷем. Дар таркиби ғизои якрӯза барои мардон 90 грамм равған ва барои занҳо 60 грамм равған тавсия дода мешавад. Истеъмоли маҳсулоти шири камравған, гӯшти гови беравған ва моҳӣ раво аст. Бисёр истеъмол кардани нону донагиҳо манъ аст.
Мусоҳиб Сайҳомуддин Назруллоев