Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Сайлӣ Қосимова, директори Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»
– Муаллима, каме дар хусуси Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ба хонандагони мо маълумот медодед, ки мақсад аз таъсис додани чунин як марказ чӣ буд ва имрӯз он чӣ вазифаеро дар назди ҷомеа ба анҷом мерасонаду чӣ ҳадафҳоеро пайгирӣ мекунад?
– Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» моҳи сентябри соли 2006 бо пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардааст. Мақсад аз таъсис пеш аз ҳама ғамхорӣ нисбат ба донишҷӯдухтарони ятиму бекас буд. Ҳадафи аслӣ ин аст, ки дигар ятимон дар ҷомеа худро танҳову бекас эҳсос накунанд, хоса духтарон, ки ниёз ба ғамхориву меҳрубонии бештаре доранд. Дуруст аст, ки то рӯзи ба фаъолият пардохтани «Чароғи ҳидоят» барои ятимону бепарасторон хона-интернатҳои махсуси зиёде доштем, аммо марказе бо ин ҳама шароиту имкониятҳои арзанда набуд.
Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» фаъолияташро дар ду самт ба роҳ мондааст. Аз соли 2008 дар назди Марказ хадамоти махсусе барои ҳифз ва дастгирии духтароне, ки хушунат дидаанд, ё зери хавфи хариду фурӯш қарор доранд, амал мекунад. Самти дигари фаъолияти мо зери сарпарастӣ гирифтани ятимдухтарони донишҷӯ дар давоми солҳои хониш аст. Яъне, муҳлати будубоши 1 нафар дар Марказ то 5 сол муқаррар шудааст.
– Имрӯз Марказ имкони фаро гирифтани чанд нафарро дорад?
– Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» 80 нафар духтарро аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба оғӯш гирифтааст, ки 14 нафарашон дар Хадамоти махсуси ҳифз ва дастгирии духтаракони хушунатдида қарор доранд. Дар маҷмуъ, Марказ имкони фаро гирифтани зиёда аз 100 нафарро дар як вақт дорад.
– Каме дар хусуси Хадамоти махсуси ҳифз ва дастгирии духтаракони хушунатдида маълумот медодед?
– Мувофиқи низомнома ин ҷо нафаронеро қабул мекунем, ки қурбони муносибати бераҳмона, хушунат, истисмор, хариду фурӯш шуда ва ё зери таҳдиду фишор қарор гирифтаанд. Духтарони душвортарбияро низ меоранд. Мекӯшем бо ёрии мутахассисон онҳоро ба роҳи рост равона созем. Ин ҷо барои осебдидагон ёрии тиббиву равонии ройгон расонида мешавад. Мувофиқи низомнома мо духтаронро аз синни 10 то 18 сола қабул менамоем. Бовар мекунед, баъзе духтарон дар ин синну сол ҳатто савод надоранд. Дар чунин ҳолат онҳоро ба мактаб мебарем. Тамоми зиндагии пешинаи онҳо махфист.
Баъд аз ба итмом расидани муҳлати муқаррароти будубош дар Хадамоти махсуси ҳифз ва дастгирии духтаракони хушунатдида, ки 1 нафар метавонад ин ҷо то 6 моҳ нигоҳдорӣ шавад, агар хешону пайвандон бихоҳанд, онҳоро бо худ мебаранд, агар не, онҳоро бо хона-интернатҳо таъмин менамоем.
Дар таҷриба ҳамин гуна ҳолатҳое ҳам буданд, ки духтарони дониши хуб доштаро ба мактабҳои олӣ низ дохил кардем.
– Ба ғайр аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила аз ҷониби корхонаву шахсони алоҳида кӯмаке ба Марказ мерасад?
– Бале, ҳастанд ташкилоту созмонҳои ҷамъиятие, ки моро дар ин кори хайр дастгирӣ мекунанд. Масалан, барои донишҷӯдухтарони аълохони Марказ аз ҷониби Фонди «Сорос» ҳар моҳ ба миқдори 69 доллари америкоӣ идрорпулӣ дода мешавад.
Ногуфта намонад, ки тамоми иду ҷашнҳоро дар Марказ бо хурсандиву шукуҳ истиқбол мегирем. Духтарон аз миллатҳои гуногунанд: тоҷик, рус, қирғиз, қазоқ ва ӯзбек. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо бо риояи урфу одатҳои миллӣ ҳар гуна намоишу чорабиниҳо омода мекунанд. Ҳамеша дар рӯзҳои ҷашнӣ сарпарастон бо туҳфаҳо ба дидорбинӣ меоянд.
– Талаботи дохила чӣ гуна аст, ба ғайр аз дарсҳои маъмулии донишгоҳӣ боз аз рӯи кадом барномаҳо амал мекунед?
– Барномаҳои зиёдеро амалӣ менамоем. Баъди баргашт аз донишгоҳ ва тановули ғизову каме истироҳат дарсҳои иловагии донишҷӯдухтарон оғоз мешаванд. Аз фанҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, таъриху ҳуқуқ, этикаву эстетика, асосҳои компютер дарсҳои ҳатмии иловагӣ дорем. Дар баробари дарсҳо барои шавқмандон ҳунар низ меомӯзем.
Дар ошхонаи марказ 3 вақт хӯроки гарм омода мекунанд. Барои духтарони Хадамоти марказ бошад, сару либос низ муҳайё мекунем.
– Аз рӯи низомнома баъди хатми донишгоҳ духтарон бояд Марказро тарк кунанд. Тақдири онҳое, ки умуман хонаву дар надоранд, чӣ мешавад?
– Таҷриба нишон дод, ки аксарият дар муддати 5 соли хониш, аллакай аз рӯи ихтисосашон соҳиби ҷойи кор мешаванд. Баъзеҳоро Марказ баъди хатми донишгоҳ дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ бо кори доимӣ таъмин менамояд. Масалан, ҳамин сол 5 нафар духтари моро тариқи озмун ба Вазорати мудофиа, 2 нафарро дар Вазораи корҳои дохила, 1 нафарро дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ва 1 нафарро дар Вазорати фарҳанг ба кор қабул карданд. Баъзан онҳоро аз тарафи кор бо хобгоҳу манзили муваққатӣ барои зист таъмин менамоянд.
Бисёриҳоро аз ҳамин хобгоҳ арӯс кардаву ба ҳаёти мустақилона гусел намудаем. Имсол ҷашни арӯсии 8 нафар духтаракони марказро зебову хотирмон қайд кардем. Ногуфта намонад, ки ба 2 духтари фаъоли мо, ки издивоҷ карданд, Ҳукумати ҷумҳурӣ манзил туҳфа кард.
– Эҳтиёҷмандон чӣ гуна метавонанд ба шумо муроҷиат намоянд?
– Эҳтиёҷмандон метавонанд ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияе, ки истиқомат мекунанд, муроҷиат намоянд. Танҳо ҳуҷҷате, ки дар ин ҳолат аз донишҷӯ талаб карда мешавад, ин вафотхати падар, ё модари ӯст. Дар асоси ин ҳуҷҷат ва иҷозатномаи Кумитаи кор бо занон ва оила мо донишҷӯдухтаронро бе ҳеҷ монеа қабул мекунем.
– Айни замон чун роҳбар дар андешаи амалӣ сохтани чӣ иқдоми тозае ҳастед?
– Ба нақша гирифтаем, ки сомонаи Марказро таъсис диҳем. Дар он аз навгониҳо қисса кунем, аз пешрафтҳояшон гӯем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки имрӯз ятимдухтарон бесоҳиб нестанд, муттакову ғамхори онҳо пеш аз ҳама Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мусоҳиб