– Дар соли нав, ки соли Мор аст, бонувон бояд аз кадом навъи матоъ, ранг, тарзи дӯхт, ороишот бештар истифода кунанд?
– Бале воқеан ин сол соли Мор аст ва чун рамз ҳар матое, ки каме бо дағалӣ шабеҳи пӯсти мор аст, дар ин сол васеъ истифода мешавад. Тамоми навъу намуди шифон, матоъҳои тӯрӣ низ ба ҳукми муд медарояд. Ранги сол, ранги лимӯ бо омезиши зайтун (оливка) дониста мешавад. Рангҳои кабуд, сабзи торик ва гулобӣ низ рамзи соланд. Аз рангҳои сурх, қаҳваранг, тиллоранг низ дар ин сол истифода бурдан мумкин аст. Дар интихоби намуди классикии либос бештар ба либосҳои росту ҳамвор ва каме танг дӯхташуда авлавият дода мешавад.
Соли гузашта, яъне дар соли Наҳанг тавсия дода мешуд, ки аз ороишоти тиллоиранг истифода бикунем. Имсол ҳам ин ранг оммавист, яъне занҳо барои ороиш метавонанд, аз гарданбунду гӯшворҳои зебои тиллоӣ истифода кунанд.
Услуби интихоби ҷавонон дар ин сол рокерӣ аст, яъне мисли услуби ҷавонони солҳои 80-ум, аммо бо шакли каме тағйирёфта ва мутобиқшуда ба имрӯз. Истифодаи ҳар гуна занҷираву часпакҳо дар либос, ҳамбастагии услуби классикии либос бо навъи либоси варзишӣ, ин аст интихоби имсола.
Сумкаву туфлӣ, мӯзаҳои лаккардашуда ва ё аз чарми тимсоҳ (крокодиловая кожа) омодашуда, умуман ҳар матою чарме, ки ба пӯсти мор шабоҳат дорад, дар муд аст.
Ранги сафед дар соли 2013 низ мисли ҳамеша, чун асоси рангҳо дар боқӣ мемонад. Инро бояд қайд кард, ки муд як чизи қолабӣ нест. Он метавонад ҳар лаҳза иваз шавад. Вобаста ба сол ҳар тарроҳ ранг, услуби дӯхти либос, интихоби ороишотро барои мухлисонаш худаш муайян мекунад. Аммо ҳамеша дар сафи пеш тарроҳоне меистанд, ки бо имконоти хуби корӣ рӯи муд бештар таъсир мегузоранд.
– Дар тарҳи дӯхти либосҳои миллӣ барои бонувон дар ин сол чӣ тавсия медиҳед?
– Ман худро мутахасиси либосҳои миллӣ намеҳисобам. Аммо ҳамин қадар мегӯям, ки дар дӯхти либоси миллӣ, бояд аз матоъҳои бисёр зебо истифода кард. Бубинед, чӣ қадар дӯзандаҳои моҳир зиёд шудаанд. Дар нақшкорӣ беҳтарин нақшу нигорҳоро рӯи матоъ мерезанд, ки кас аз дидани ҳунарашон дар ҳайрат меафтад. Бояд аз ҳунари онҳо дар ин сол васеъ истифода кард. Масалан, агар интихоби шахсии маро пурсед, ин зардӯзии ҳарир дар шифон аст. Зардӯзиро дар бахмал низ меписандам. Ин намуди дӯхт албатта дар мо ҳаст, аммо мутаассифона дар истифода аз он бонувон ё аз ҳад зиёд мегузаронанд, ки дар натиҷа дағал ба чашм мерасад, ё хеле кам истифода мекунанд, ки ба чашм наметобад.
Шояд ҳаводорони мӯд хабар дошта бошанд, ки имсол Долче Габбана коллексияи навашро ба тамом бо истифода аз зардӯзии мо пешкаши мухлисонаш кард, ки ин ҳам ифтихори мост.
– Пайвастагие байни олами ботинӣ ва олами зоҳирии инсон буда метавонад?
Албатта пайвастагӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Бар ин андешаам, ки одаме, ки зебо, бо риояи завқу меъёр либос интихоб мекунад, наметавонад тарбияи бад дошта бошад.
Бигзор миллӣ пӯшем, аммо зебо. Аврупоӣ, марҳамат, аммо бояд бидонем, ки чиро бо чӣ бояд пӯшид. Масалан, барои ман услби солҳои 60-ум бисёр писанд аст. Аз тоқиҳои сафеди гулдӯзӣ хушам меояд. Воқеан мешавад, ки ботини инсонро дар зоҳираш бубинем.
– Вақте сухан дар хусуси зебоӣ меравад, баъзеҳо баҳонае пеш меоранд, ки нодориву ночорӣ имкони зебо бунаро аз бонувон рабуда, Шумо бо ин андеша розӣ ҳастед?
– Ин баҳонае беш нест. Инсонҳо бо ин роҳ худро фиреб мекунанд. Пул мехоҳӣ, сарват мехоҳӣ, марҳамат кор кун, каме заҳмат каш. Барои бонувон маслиҳат медиҳам, ки беҳтарин касб барои зан дӯзандагист. Рӯзи дароз дар бозору кӯча гаштан, ё бекор нишастан дар хона фоида надорад.
Ман ҳам замоне мисли дигар занҳо пул надоштам. Аммо аз савдогарони бозор матоъ қарз мегирифтаму либоси зебое дӯхта, дар мағозае ба фурӯш мемонадам. Аз кӯҳнабозорҳо мерафтаму маҷаллаҳои марбут ба мӯдро гирифта, дар хона аз рӯи онҳо либос медӯхтам. Аз ин таҷрибаҳо ман услуби худамро кашф кардам.
Ҳамеша орзу мекардам, ки беҳтарин либосро барои занҳо таҳия кунам, коре кунам, ки касе натавонад онро мисли ман анҷом бидиҳад, мехостам дар қатори пеш бошам. Натиҷа, имрӯз фахр мекунам, ки ман воқеан аз беҳтаринҳоям. Бо боварӣ мегӯям, ки имрӯз ман дар сатҳи тарроҳони ҷаҳонӣ метавонам фаъолият кунам.
– Чӣ мушкиле имрӯз Шуморо чун мутахассис азият медиҳад?
– Ман чун тарроҳ ҳамеша мушкили молӣ эҳсос мекунам. Муд ин як нави эҷодиёт аст, ки ягон вақт аз он фоида интизор шудан мумкин нест. Кореро дар ин соҳан ба анҷом расонидӣ, ба офаридаат менигариву лаззат мебарӣ, тамом. Барои рушди худам ҳамчун тарроҳ ман бояд даромади иловагие дошта бошам, ки маҳз барои ҳамин имрӯз мағозаи либосро барои бонувон кушодаам.
Таҷрибаи ҷаҳонро дар соҳаи муд ва зебоӣ бояд омӯхт ва истифода кард. Бубинед, Италия, ки дар муд хеле пешрафта аст, бо фабрикаву заводҳои азимаш дар ҷаҳон машҳур нест, бо корхонаҳои хурд-хурди дӯзандагӣ ном баровардааст. Тарзи корбарии ин корхоначаҳо чӣ хел аст? Онҳо медӯзанд ва дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ иштирок карда, бо ин дар тамоми ҷаҳон харидор пайдо мекунанд. Амалӣ кардани ин тарҳ дар Тоҷикистон низ имкон дорад. Бояд коргоҳҳои хурд-хурди дӯзандагӣ таъсис бидиҳем. Сармоягузоронро аз хориҷа ҷалб карда, мол содир ва пул ворид кунем, на баръакси имрӯз.
– Таманниёти солинавии Шумо ба бонувон…
– Бигзор бонувони мо, ҳамеша зебо, тансиҳат, хушбахт бошанд. Эҳсоси онро, ки дар пасашон бозуи қавии марде ҳаст, аз даст надиҳанд!
– Ташаккур!