Мусоҳиба бо Матлуба Раҷабалиева, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирӣ»-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт.
–Ташкилоти Шумо кадом сол таъсис ёфт ва ҳадафаш чист?–Созмони ҷамъиятии «Маркази дастгирӣ»-и шаҳраки Ғарм аз соли 2001-ум фаъолият дорад ва аз соли 2005-ум бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо лоиҳае дорем бо номи «Маркази захиравии занон». Ин лоиҳаро созмони мазкур дастгирӣ мекунад. Ташкилоти мо ҳуқуқшинос ва равоншинос дорад, ки барои муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ройгон медиҳанд. Ҳамчунин курсҳои комютерӣ барои занону духтарони хоҳишманди камбизоат ва гурӯҳи маҳви бесаводӣ барои духтарону заноне, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз мактабу маориф дур мондаанд, амал менамояд. Барои занони ноҳияи Ҷиргатол, ки қирғиззабон буда, забони тоҷикиро намедонанд, омӯзиши курсҳои забони тоҷикиро низ ба роҳ мондаем. Ҳамзамон барои бонувони хоҳишманд курсҳои дарздӯзиву гулдӯзӣ фаъолият доранд, ки барои онҳо муаллимаҳо аз деҳаи худашон дарс мегӯянд. Боре зане ба мо гуфт, ки бовар кунед ман то ҳол сӯзанро ба даст нагирифтааму ҳоло мехоҳам дӯзандагиро омӯзам. Ҳоло ин зан аз дӯзандаҳои муваффақи деҳаашон аст. Мо бештар бо ин гуна занҳо кор мекунем, яъне бо онҳое, ки ба ҳунармандӣ ниёз доранд. Ба ҷамоатҳо низ рафта маҳалҳояшонро меомӯзем, ки онҳо ба чӣ эҳтиёҷ доранд ва мувофиқи ҳоли онҳо семинару вохӯриҳо доир месозем. Ҳамчунин мутахассисони мо ба мактабҳо рафта, барои идомаи таҳсили духтарон вохӯриҳо мегузаронанд. Ба рустоҳои дурдаст рафта машварату маслиҳатҳо мегузаронем.
Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Оғохон, UNDP, UNICEF, САҲА низ дар амалӣ кардани тарҳҳояшон шарикони мо буданд.
–Дар беҳтар шудани ҳаёти бонувон Шумо чӣ корҳоро анҷом додаед?
–Бонувони зиёд барои кӯмак гирифтан ба мо муроҷиат менамоянд ва мо дар навбати худ ҳоҷати корафтодагонро бароварда месозем. Дар яке аз чунин семинарҳо зане иброз дошт, ки аз зиндагӣ сер шудаву мехоҳад худкушӣ намояд. Ӯро хушдоману додаршӯяш ранҷ медодаанд, бар замми ин шавҳараш, ки дар деҳа муаллим буд, аз ҷанҷолҳои оилавӣ гирифтори бемории рӯҳӣ гардидааст. Маълум буд, ки ин зан ҳуқуқҳояшро намедонад. Мо ҳамроҳи ҳуқуқшинос ва равоншинос чандин дафъа ба назди он зан рафта, ҳуқуқҳояшро ба ӯ фаҳмонидем ва гуфтем, ки ба мақомоти ноҳиявӣ муроҷиат кунаду замин талаб намояд ва соҳиби хона шавад. Пас аз талошҳои мо оқибат ӯ соҳиби замину хона гашт. Чанде пеш меҳмони ӯ шудем, хеле хушҳолу розӣ буд. Ҳамин тавр, зани дигаре аз ноҳияи Рашт, 10 сол ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нашудааст. Ӯ аз шавҳараш ҷудо шуда, сарсону саргардон буду намедонист ба куҷо раваду чӣ кор кунад. Ба ӯ маслиҳат додем, ки кӯдакеро ба фарзандхондӣ қабул созад. Баъди андешаҳои зиёд ӯ розӣ шуду кӯдакеро ба фарзандӣ гирифт, бо роҳнамоии мо ӯ ба мақомоти ноҳия муроҷиат карда, соҳиби замин шуд. Бо ёрии хешу табор ва мардум хона сохт. Фарзандаш имсол ба мактаб мераваду модар хушбахт аст. Мутаассифона, заноне, ки ҳуқуқҳояшонро намедонанд, ҳанӯз зиёданд.
–Ба назари Шумо чаро занон аз ҳуқуқҳояшон бехабаранд?
–Зеро онҳо дар ноҳияҳои дурдаст ба сар мебаранд, ки дар он ҷо на радиову телевизион ҳасту на ҳафтаномаву рӯзнома. Заноне низ ҳастанд, ки ҳатто мактаби миёнаро хатм накардаанд. Мо ба як деҳае рафта будем, ки дар сарҳад ҷойгир буду духтаронаш то синфи 3 мехонданд. Акнун тасаввур кунед, духтаре, ки мактаб нахондааст, аз куҷо ҳуқуқҳояшро медонад?
Вакте аз занҳо мепурсем, ки оё ҳуқуқҳоятонро медонед, баъзеяшон ҳайрон мешаванд ва мегӯянд, ки наход мо ҳам ҳуқук дошта бошем, баъзеи дигар мегӯянд занро чиву ҳуқуқаш чӣ? Иддае аз занҳо фикр мекунанд, ки вазифаи онҳо танҳо аз кори хонаву саҳро иборат аст. Мо ба ноҳияву рустоҳои дурдаст рафта ба бонувон мефаҳмонем, ки шумо ҳуқуқи истироҳат, сайёҳат ва хондан доред. Дар ин самт ҳоло боз бештар бояд кор кард.
Духтаре, ки падараш дар Маскав буду мехост таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад, амакаш барои идомаи хонданаш ба ӯ иҷоза надодааст. Вақте мо назди амакаш барои суҳбат рафтем, ӯ дӯғу пӯписа кард. Гуфт, ки шумо кистед ва чӣ кор доред? Оқибат талошу фаҳмондадиҳиҳои мо асар карду амаки он духтар барои таҳсили бародарзодааш розӣ шуд. Ҳоло духтар дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад.
–Бештар бо кадом масъалаҳо ба Шумо муроҷиат мекунанд?
–Барои рӯёнидани алимент ва омӯхтани забонҳои англисиву русӣ, компютер ва дӯзандагӣ. Ҳамчунин курси забони точикӣ барои қирғизони ноҳияи Ҷиргатол таъсис додаем. Ин курсҳо 3 моҳа буда, дар ҳоли ҳозир 56 зан ба омӯзиши забон , 46 нафар ба дӯзандагиву гулдӯзӣ ва 25 нафарро ба курси компютерӣ фаро гирифтаем.
–Занони минтақаи Рашт чӣ мушкил доранд?
–Дурии роҳ то мактабу марказ, ки автобус намеравад, набудани қувваи барқ, гаронии нархи ангишт, набудани мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ. Деҳаҳое ҳастанд, ки аз сабаби кам будани аҳолӣ мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ доранду таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ надоранд. Нуқтаҳои тиббӣ ва мутахассиси бемориҳои занона намерасад, аз ин рӯ, занон маҷбур мешаванд роҳи дурро тай карда ба марказ раванд. Агар борон бораду тарма фарояд, маҷбуранд ба тақдир тан диҳанд. Масалан, дар деҳаи Ясманди Ҳоит, ки роҳаш пурхатар аст, бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надорад. Дар як деҳаи Оби Гарм зане бемор шуда буду наклиёт ба он ҷо намерафт, дигар илоҷ набуд ва ӯро ба хар бор карда, ба беморхона мебурданд, ки дар роҳ бачадонаш кафида, ба ҳалокат расид. Аз ҳамин хотир мехостам, барои ноҳияи мо квотаро бештар ҷудо намоянд, то духтарон дар риштаҳои тиб, ҳуқуқшиносӣ ва журналистӣ таҳсил намоянд. Зеро мо ба ин гуна мутахассисон ниёз дорем. Барои ноҳия танҳо як квота ҷудо мешавад, ки хеле кам аст. Имсол як квота барои таҳсил дар риштаи сайёҳӣ омадааст, аммо инсоф кунед ба як духтари деҳотӣ айни ҳол туризм чӣ лозим аст? Духтарони мо ба ҳуқуқшиносиву табибӣ шавқу ҳавас доранд. Як духтари дигар, ки мехоҳад журналист шавад, аммо имкони таҳсил надорад.
Умуман зани русто чиро мебинад? Дар ноҳияи мо на марказҳои фароғатӣ амал мекунанду на интернет, ки бонувон ақаллан он ҷо ҷамъ шаванд.
Раҳимаи Аъзам