– Рафиқа Ғаниевна, барои хонандагони мо каме аз вазъияте, ки иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ доир мешуд, иттилоъ диҳед. Аз он даврае ёдовар шавем, ки кишвар, мардум ва вакилони ин иҷлосия чӣ ҳолу рӯзгоре доштанд?
– Ҳаводиси Тоҷикистон тавре сурат гирифт, ки «демократияи гирдиҳамоиҳо» ба тадриҷ ба ҷанги бародаркуш ва фоҷиа табдил ёфт. Дар натиҷа хатари аз ҳам пошидани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати мустақили Тоҷикистон ба миён омад.
Тоҷикистон садамаи воқеии таназзул, изтироби бузурги иҷтимоӣ, хароҷот ва талафоти зиёдро аз сар мегузаронид. Дар чунин ҳолат заъфи давлат аён ва фанои ногузир буд. Мо воқеан ба марзи хатарнок наздик шуда будем.
Кишвар гирифтори амвоҷи муборизаҳои шадиди сиёсӣ ба мустақилият қадам гузошт, зеро марҳалаи муқобили ҳам омадани гурӯҳҳо дар гирдиҳамоиҳо (сентябри соли 1991 – ибтидои моҳи майи соли 1992) билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ (моҳҳои май-ноябри соли 1992) табдил ёфт.
Барои берун рафтан аз ин буҳрони шадид ҷаҳду талоши бузург ва ба ҳам овардани тамоми қувваҳо зарур буд. Таърих дар ин давра вазифаеро пеши тоҷикон гузошта буд, ки адами он ногузир ба нобудии миллату кишвар мебурд. Бояд дар як муддати кӯтоҳ кишварро муттаҳид сохта, роҳбариро дар ҳокимият барқарор карда, давлатро эҳё менамудем ва мустақилияти миллӣ – асоси демократияи аслиро барқарор месохтем.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки, хушбахтона, мо – тоҷикон ин корро бо роҳи демократӣ ва усулҳои конститутсионӣ анҷом додем. Механизми анҷоми он аз даъвати иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, аз қарорҳои ҳокимияти ягонаи қобили қабули ҳамонвақта, шохаи қонунгузории ҳокимияти давлатӣ, иборат буд. Ҳамзамон бояд шароити кори намояндагони мардумӣ фароҳам оварда мешуд, то онҳо имконияти қабули қарорҳои бомулоҳиза ва санҷидашударо барои ҳифзи кишвар ва давлатдории халқи тоҷик дошта бошанд. Бояд намояндагони мардумӣ аз фишори гирдиҳамомадагони майдонҳо, аз гурӯҳҳои силоҳбадаст ва қувваҳои ҷиноӣ ҳимоя мешуданд. Чунин имкониятро дар он шабу рӯз танҳо вилояти Суғд дошт.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ибтикори таърихсозе буд, дар роҳи сангини баргаштан ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон.
– Вижагии иҷлосия дар чӣ буд?– Дар он буд, ки ба иҷлосия на танҳо вакилони даъвати 12- уми Шӯрои Олӣ ва аъзои Шӯрои вазирон, балки аксари нафароне даъват гардида буданд, ки дар маҳалҳо қудрати воқеӣ доштанд. Яъне, пешвоҳои сиёсӣ, қумандонҳои саҳроӣ аз ҳар ду ҷониби даргир, намояндагони илму санъат, ҷамъиятҳои миллӣ, ҳаракатҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма низ иштирокдорони он буданд.
– Чаро ин иҷлосияро тақдирсоз унвон кардаанд?
– Дар иҷлосияи мазкур қонуну қарорҳои муҳими ҳуқуқӣ ба хотири ба даст омадани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷонибҳои мухолиф қабул гардиданд. Яке аз қонунҳои муҳими қабулкардаи ин ҷаласаи таърихӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» буд, ки ба шаҳрвандони кишварро тарккарда кафолати амният ва кӯмакҳои молӣ медод. Қонуни авфи умумӣ барои нафароне қабул гардид, ки аз таърихи 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят содир намудаанд ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд. Қадамҳои нахустин дар иртибот ба пешгирии хунрезӣ ва ба даст овардани сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ миёни тарафҳои даргир дар рӯзҳои баргузории иҷлосияи мазкур гузошта шуд.
Қарорҳои муҳим дар масоили сохтори давлат, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Парчам ва Нишони давлатӣ ва тағйироту иловаҳо ба Сарқонун низ дар ин иҷлосия қабул гардиданд.
Яке аз масъалаҳои калидӣ ва ҳаётан муҳим масъалаи Сарвари давлат буд. Мехоҳам дар ин ҷо махсусан таъкид намоям, ки дар лаҳзаи сарнавиштсози таърихи давлати соҳибистиқлоли ҷавон мо, вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 16-ум қадами ҷиддӣ ва дурусте дар интихоби Роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олӣ, лидери воқеӣ- Эмомалӣ Раҳмон, гузоштем.
Дар он замонҳои мушкил бисёриҳо шубҳа доштанд, ки роҳбари ҷавони давлат метавонад ба кишвар субот биёрад ва командаи ӯ дар қудрат ҳатто як моҳ зиёд бимонад. Зеро дар таърихи начандон тӯлонии давлати соҳибистиқлол чандин шахсиятҳои таҷрибаи бойи сиёсӣ дошта ҳам, аз уҳдаи масъулият набаромада, ба истеъфо рафта буданд.
Ва дар чунин ҳолати сарнавишсоз танҳо шахси дорои сифатҳои сарварӣ, ки бо иродаи матин, принсипнокӣ ва фидокорӣ худро ба кор бахшида, масъулиятро бар дӯш гирад ва ҳаллу фаслкунандаи ин бори гарону мушкилиҳо бошад, метавонист давлатро роҳбарӣ намояд.
Ҳамчунин ин нукта муҳим буд, ки мухолифин баъдан ҳам наметавонистанд қонунӣ будани қарорҳои иҷлосия ва интихоби Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Роҳбари давлат зери шубҳа бигиранд, зеро онҳо шахсан ширкаткунандагони баробарҳуқуқи ин иҷлосия буданд.
Масъалаи муҳиме, ки дар назди Роҳбари нави давлат меистод ин барқарор намудани ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии миллати тоҷик ва аз байн бурдани гурӯҳҳои силоҳбадаст буд. Бояд обрӯ ва тавоноии давлатро эҳё менамудем. Ин ҳама дар ҳоле буд, ки мо дар роҳи демократия қадамҳои аввалини худро мегузоштему ҷомеаи шаҳрвандии ба ин сохт пухта расида надоштем.
Аз баракати қарорҳои иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарорсозии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ҳам дар пойтахт ва ҳам дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оғоз гардида, қарорҳои муҳими аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст барои ба даст овардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни тарафҳои даргир ва баргаштани гурезаҳо, таъмин намудани фаъолияти доимии Шӯрои Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, таъсиси вазорату идораҳо ва сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул гардиданд.
Маҳз ҳамин қарорҳои таърихсози иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, дар ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои халқи ҷафокашидаамон шароит фароҳам овард, ки ҳама дар маҷмуъ маънии тақдирсозии иҷлосияро таҷассум мекунад.
– Иқдоми нахустини сиёсии Сарвари тозаинтихоби мо, ки маънии тақдирсозӣ дошта бошад, кадом буд?
– Иқдомҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ дар чаҳорчӯби Сарқонуни вақт, ки ба он тағйироту иловаҳои зиёде ворид карда шуда буд, имкон намедод, то масъалаи сохтани давлати ҳуқуқбунёдро анҷом диҳад. Сарқонуни ҳамонвақта тағйироти муҳими дар ҷомеа ба амал омадаро дар худ мунъакис намесохт. Бинобар ин масъалаи анҷом додани ислоҳоти конститутсионӣ пеш омад. Ин масъаларо қабл аз ҳама Роҳбари давлат мефаҳмид ва сахт эҳсос менамуд. Ӯ дар баромади худ дар иҷлосияи мазкур қайд намуд, ки масъалаи ҳифзи давлатдорӣ бо роҳи волоияти қонун дар ҷойи аввал меистад, на бо неруи силоҳ. Барои ба ин ҳадаф расидан бояд Сарқонуни нави ҷумҳурии соҳибистиқлол қабул мешуд.
Бинобар ин аллакай моҳи январи соли 1993, баъд аз анҷом ёфтани иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корҳои муҳим дастур дод, ки лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад. Сарқонуни нав 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид.
Файласуфи Фаронсавӣ Шарл Монтен гуфтааст: «Беҳтарин сохти давлатӣ ҳамонест, ки халқро чун воҳиди ягона ҳифз менамояд». Ваҳдати миллӣ ин пеш аз ҳама ягонагии сохторҳои давлатист. Ин ҳадаф ва мақсад аз баракати қабул гардидани Конститутсияи нав ба даст омад.
– Боз чӣ кори муҳиму таърихӣ дар ин давра анҷом ёфт?
– Идомаи мантиқии иқдомоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот бо ба даст овардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар гуфтушунидҳои пайваста миёни тоҷикон буд, ки 5 майи соли 1994 таҳти роҳбарии СММ оғоз гардида, 27 июни соли 1997 дар Маскав ба анҷом расид. «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Барои пиёда гардидани шартҳои «Созишнома» 2 солу даҳ моҳи дигар сарф шуд. Гӯё он замон муддати зиёде ба назар мерасид. Аммо, агар ба назар бигирем, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ даҳсолаҳо идома меёбанд, ин фурсат хеле кам аст.
Қатъ гардидани муқовимати мусаллаҳона ва барқарор шудани сулҳу субот, ки ҳадафи аслии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ буд, на танҳо барои сокинони Тоҷикистон аҳамияти зиёд дошт, балки барои мардуми кишварҳои ҳамсоя низ хеле муҳим буд. Ин сулҳ хавфи густариши экстремизм ва терроризмро дар қаламрави онҳо аз байн бурда, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро аз бесуботӣ ва муқовиматҳои хавфнок раҳоӣ бахшид.
Ҳоло кам касоне ба ёд меоранд, ки пиёда намудани маҷмуи ин иқдомҳои тақдирсоз чӣ гуна мушкил буд. Бисёриҳо фаромӯш кардаанд, ки гурӯҳҳои бадхоҳи тоҷикон, ҳатто коршиносон ва лидерони байналмилалӣ дар охирҳои солҳои 90 ҳадс мезаданд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягона аз байн меравад. Вале тирашон хок хӯрд. Ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталифи даргир, ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ кори осон набуд.
– Эмомалӣ Раҳмонро аз кай мешиносед ва замони интихоби ӯ дар иҷлосияи мазкур вакилон ба кадом вижагиҳояш эътимод бастанд?
– Эмомалӣ Раҳмонро аз соли 1990 боз мешиносам. Мо дар як вақт намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ даъвати 12-ум интихоб гардидем. Ҳанӯз ҳамон вақт ин шахсият мо – вакилонро бо назари хосу қотеъият, мавқеъ ва пухта будани андешаҳояш ба тааҷҷуб меовард. Солҳои нахустини соҳибистиқлолии пур аз фоҷиа, хавфу хатар ва санҷишҳои сангин чунин хислатҳои Президентро чун мардонагӣ, ҷасурӣ ва шахсе, ки омода аст ҳар гуна озмоишҳои сахтро дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва муттаҳидӣ бар дӯш бигирад, боз ҳам такмил намуданд.
Кофист ба ёд биорем, ки чӣ тавр соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар гуфтушунид бо мухолифин ба Афғонистони бесубот бе ҳеҷ гуна кафолати зинда мондан рафта буд. Ба ҷароҳатҳои бардоштааш дар суйиқасди дар шаҳри Хуҷанд рухдода нигоҳ накарда, дарзамон ба минбар баромаду бо фаъолон мулоқот намуда, боз ҳам дар бораи ба даст овардани сулҳ ва муттаҳидӣ сухан гуфт. Ӯ ба гӯшаҳои дурдасттарин, ба нуктаҳои доғи кишвар рафта, бо вазъ шахсан ошно мегардиду бо мардум мулоқот доир менамуд.
Мусаллам аст, ки дар давраи нооромӣ ва ҷангҳои шаҳвандӣ чуноне ки таърих собит месозад, вобастагии сиёсатмадорон аз гуруҳҳои гуногуни силоҳбадаст ва ниҳодҳои қудратӣ эҳсос мегардад.
Хидмати таърихӣ ва хосаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз дар он аст, ки вай гирифтори манфиатҳои гурӯҳии чунин қувваҳо нагардид. Танҳо шахси матинирода, бопринсип ва аз лиҳози маънавӣ тоза, метавонад алайҳи фишорҳои зиёд тоб оварда, кишварро аз даргириҳои нав ва муқобилиятҳои гуруҳӣ, эмин нигоҳ дорад.
Мехоҳам ба таври вижа муносибати созанда ва мусбати Президентамон Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯзҳои нахустини роҳбарияш дар масоили ширкати бонувон дар идора кардани давлат ва баланд бардоштани мавқеъ ва нақши онҳо дар ҷомеа хоса таъкид намоям.
Дар ҳолатҳои муқовиматҳои низомӣ мусаллам аст, ки занон ба қишри осебпазири ҷомеа табдил меёбанд. Аз соли 1994 мавқеи занҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ аз ҷониби мардҳо танг карда шуд. Ин ҳолат сабаб гардид, ки масъалаи мазкур аз ҷониби занҳо ҳамаҷониба омӯхта ва баррасӣ шуд. Бинобар ин Иттифоқи онвақтаи занони Тоҷикистон номаи махсус таҳия намуда, моҳи ноябри соли 1995 онро ба Президент супурд. Президенти муҳтарам масъалаи мазкурро хеле ҷиддӣ омӯхта, сари вақт қарорҳои қатъӣ қабул намуд. Тибқи ин қарорҳо чандин иқдомҳо, аз ҷумла, мавқеи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, хоса дар яке аз мақомҳои роҳбарикунандаи ҳокимияти маҳаллӣ муайян гардид. Квотаи махсус барои таҳсили духтарони минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон дар макотиби олӣ таъйин шуд.
Имрӯз бонувони Тоҷикистон имкон доранд дар ҷараёни баррасӣ ва қабули масоили муҳими идораи давлатӣ ширкат намоянд.Дар ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои занон дар ҳама бахшҳои ҳаётан муҳим шароити ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст. Дар инкишофи меъёрҳои қонунгузории гендерӣ тайи ин солҳо як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаҳои махсуси гендерӣ ва нақшаи фаъолияти пайваста қабул гардиданд.
– Шумо ҳамчун яке аз лидерҳои замони гузариш, зане, ки дар сиёсат мавқеъ доштед, имрӯз бо чӣ ифтихор мекунед? Ояндаро чӣ гуна пешбинӣ менамоед?
– 20 сол қабл корҳои зиёде анҷом ёфтанд, ки бори аввал иҷро мешуданд. Тоҷикистон дар бораи тамоюлаш ба принсипҳои демократӣ, дар иртибот бо авлавияти ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, аз доштани ҳуқуқи комил барои зиндагии шоиста, мавқеи давлати хешро ба ҷаҳониён эълом кард. Ба хотири ҳамин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтмони давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва дунявӣ оғоз гардид, ки имрӯз идома дорад.
Имрӯз мо бо боварӣ метавонем бигӯем, ки тайи ин солҳо ба таври куллӣ на танҳо сохти ҷамъиятӣ ва тарзи зиндагии мардум тағйир ёфт, балки кишвар ҳамчун давлати дорои як миллати воҳид мустаҳкам ва дар ҷаҳон шинохта шуд.
20 сол қабл дар иҷлосияи 16-ум кишвари мо роҳи навро интихоб намуд ва мо ҳама барои иҷрои он қарорҳои қабулшуда масъулем. Барои имрӯз ва фардои Ватани худ, барои насли имрӯза ва оянда.
Вале мо бояд корҳои зиёди дигареро анҷом бидиҳем. Дар пеш роҳи дароз ва начандон осон аст. Бояд барои анҷом додани ислоҳоти иқтисодӣ, пеш бурдани сиёсати қавии иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дастҷамъона талош варзем.
Таҷрибаи ташаккули давлатдории тоҷикон бесобиқа аст. Мусолиҳаи миллӣ ва сулҳи пойдор натиҷаи қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ ин муколамаи бардавом ва рущди доимист. Ин вазифаи пурмашаққати давлат ва ҷомеа буда, хеле тасмимҳои нозук, сиёсати хирадмандона ва баркашидаро металабад, то ягонагиро дар гуногунандешӣ барқарор намояд. Ва, хушбахтона, ин ҳамаро мо зери Сарварии Президенти муҳтарами худ Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳ ва эҳёкунандаи давлатдории миллии тоҷикон аст, дорем. Зарурати на танҳо риояи уҳдадориҳо, балки дарёфти арзишҳои умумимиллӣ вазифаи доимии ҳамаи шаҳрвандон аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва истиқрори он гувоҳ аст, ки ҳар мушкилеро агар сари вақт ва дуруст ташхис намоӣ, бо истифода аз муколамаи доимӣ ва умумимиллӣ доғтарин масъаларо низ барои рушди кишвар метавон ҳал кард, ҳамчуноне ки мо – тоҷикон, ба он муваффақ гаштем.
Мусоҳиб Ҳуриннисо Ализода