Аз натиҷа қаноатманд будӣ?
– Дар мавриде бале, дар мавриде на он қадар. Вақте ман бар ҳарифам Ченг Донг аз давлати Чин ғолиб омадам, таваҷҷуҳи доварону мухлисон нисбати ман якбора зиёд шуд. Аксарият суол мекарданд, ки аз кадом давлат ҳастам ва дар куҷо ҷойгир аст. Ман мегуфтам, ки аз Тоҷикистонам. Аммо барои муаррифии бештар аз ин чун варзишгар мушкилӣ мекашидам. Чунки духтарони шинохташударо дар соҳаи варзиш камтар дорем. Аз ин таассуф мехӯрдам.
Пеши худам шарт гузоштаам, ки бо ҳама қувваозмоӣ мекунам, аммо ягон вақт бо духтарони тоҷик чун ҳариф ба майдон намебароям. Дар Лондон ҳам ман ба ҳама гуфтам, ки дар Тоҷикистон духтарони боқувват зиёданд, ҳатто аз ман зӯртарон ҳастанд.
Зиндагиат баъд аз Олимпиадаи Лондон тағйир ёфт?
Хеле зиёд. Нисбати истифодаи вақт, ки арзишмандтарин неъмат аст, ҷиддитар шудам. Муносибатамро нисбати худам низ каме тағйир додам, серталабтар шудам.
Хабари дигаре, ки шояд барои мухлисонам ҷолиб бошад, ин аст, ки моҳи дигар ҷашни арӯсӣ дорам. Номи ҷавоне, ки ман интихоб кардам, Амонуллоҳ аст. Бо ӯ ҳанӯз чаҳор сол пеш шинос шудам. Варзишгари ҳирфаӣ нест, аммо дар риштаи муштзанӣ тамрин мекунад. Бо оилаашон рафту омад дорем, одамони хубанд. Тӯли ин чаҳор сол, маро вақти бозгашт аз мусобиқоти варзишӣ дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд.
Ин тасмим ба фаъолияти ояндаат чун варзишгар халал эҷод намекунад?
Пеш аз ҳама ман ҳам мисли дигар занҳо мехоҳам модар бошам. Фикр мекунам, ки оиладорӣ барои пешрафти ман ҳамчун варзишгар таъсири хубе хоҳад дошт. Пеши худ мақсад гузоштам, ки издивоҷ мекунам, фарзанде ба дунё меораму баъдан варзишро идома медиҳам. Ин тасмимро барвақт гирифта будем, аммо танҳо чизе, ки моро медошт, ин азми иштирок дар Олимпиадаи Лондон буд.
Агар шавҳар хоҳиш кунад, ки аз варзиш канор биравӣ, чӣ вокунише нишон медиҳӣ?
Не, ин тавр шуданаш мумкин нест. Ӯ тӯли чаҳор соле, ки мунтазирам шуд, аз тамоми кӯшишу ранҷҳоям бохабар аст. Маро тавре, ки ҳастам, қабул кардааст, ҳатто бо намуди варзише, ки интихоб кардаам.
Баъдан, вақте падарам вафот кард, тасмиме гирифтам, ки аз варзиш даст мекашам. Фикр мекардам, ки мисли ӯ дигар мураббии хубе намеёбам. Маҳз падари Амонуллоҳ роҳнамоиям кард, ки тармим кунам. Ӯ мехост, ки ман орзуҳои падарамро амалӣ созам.
Гузашта аз ин, падари Амонуллоҳ ҳамеша ба ман маслиҳатҳо медиҳад, мефаҳмонад, ки дар ҳолатҳои муайян дар майдон бо рақиб аз кадом равиш истифода кунам. Ман бо шӯхӣ ҳамеша мегӯям: «Наметарсед, ки баъдан қувваамро бар зидди писаратон истифода мекунам?» Ў механдад…
Аммо медонам, ки новобаста аз касбу кор, бону бояд ҳамеша дар рафтор, кирдор ва гуфтор чун зан бимонад. Кӯшиш мекунам, ки зани хубе барои ҳамсарам бошам.
Дар як маҳфил гуфтӣ, ки баъд аз бозгашт шоҳиди он шудаӣ, ки сафи духтарон дар толори варзишие, ки тамрин мекунӣ ба маротиб афзудааст, аз нигоҳи ту шавқ онҳоро ба ин даргоҳ овардааст, ё ҳаваси монанд будан ба Мавзуна?
– Воқеан, баъди бозгашт аз Лондон ба ман гуфтанд, ки дар толори варзишии мо 58 нафар духтаракони ҷавон барои тамрин дар риштаи муштзанӣ номнавис шудаанд. Ин, албатта, барои ман ифтихор буд. Дуруст аст, ки ҳамаи онҳо Мавзуна намешаванд, аммо онҳо бояд худашон бошанд. Мехоҳам чун барандаи медали тиллои Олимпиада рӯзе муаррифиашон кунанд. Кӣ бо шавқи воқеӣ омадааст, кӣ барои тақлид инро вақт нишон медиҳад. Аммо ман аз байни онҳо аққалан 3-4 муштзани ҳирфаиро интизорам.
Маслиҳати ман ба варзишгардухтарон ин аст, ки новобаста аз мушкилот инсон бояд ба пеш ҳаракат кунад. Чанд вақт пештар дар Душанбе ҳатто ҷои истиқомат надоштам. Шукр, имрӯз якбора соҳиби чанд хона шудам, ки ин ҳамаро доди Худованд медонам. Сирри муваффақиятам дар он аст, ки касбамро самимона чун фанат дӯст медорам.
Ба мухлисонат чӣ гуфтание дорӣ?
Ташаккур ва сипос ба тамоми мухлисонам. Ман ғолибияти худро дар Олимпиада маҳз аз онҳо медонам. Ва ногуфта намонад, ки ҳамаро ба тӯи арӯсии худ даъват менамоям!
Гулноза БОБОМУРОДОВА