Марҳилаи аввали озмуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, марҳилаи ҷамъбастии он дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки дар он ғолибони марҳилаи аввал ширкат намуданд.
Ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи озмунро ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен сазовор донистанд.
Пас аз ҷамъбаст мо Гулноза Тоҷимуродова – мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитаменро дар толори баргузории озмун дарёфтему пеш аз дигарон ба суолҳомон посух гирифтем.
– Салом Гулноза, ғолибият муборак!
– Ташаккур, сипосгузорам. Ин дастоварди танҳо мо нест, балки аз тамоми масъулини соҳа аст, ки барои ба даст овардани ғолибият заҳмат кашиданд.
– Ҳадаф аз баргузории озмун чӣ буд ва чаро маҳз он дар сатҳи вилоят гузаронида шуд?
– Мақсади асосии озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи касбии масъулини сатби асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар маҳалҳо унвон мешавад. Ҳамчунин, ҳадаф тарғибу ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам аст.
Озмун нишон дод, ки ҳоло ҳам барои беҳтар намудани коргузорӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандон бояд корҳои мушаххасеро ба анҷом расонид.
– Мушаххасан мегуфтед, кик адом корҳоро дар назар доред, яъне барои расидан ба ҳадаф аз чӣ тадбирҳо истифода бояд кард?
– Ҳарчанд дар озмун хуб ширкат намуда, шоҳҷоизаро ба даст овардем, мағрур нестем. Ҳама кор дар пеш аст. Дар андешаи чӣ гуна бояд корро хубтару беҳтар ба роҳ монд, ҳастем. Баҳри баланд бардоштани дониши ҳуқуқии масъулин соҳа, махсусан дар ҷамоатҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоем. Баҳри расидан ба ҳадаф аз тадбирҳои гуногун истифода мекунем. Тасмим гирифтаем, ки силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла семинару машваратҳои дастуриро дар маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор намоем. Бар замми ин ният дорем, тавсияномаву дастурамалҳоро бо истифода аз таҷрибаи пешқадами корбариву коргузорӣ ба роҳ монем.
Дар самти пешбурди кор ва ҷорӣ кардани навгонӣ моро ҳамеша кормандони шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгирӣ намуда, барои пешрафти корамон дастуру маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
– Маъмулан бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои бақайдгирии ақди никоҳ, таваллуд, вафот ва ғайра масъул аст. Вале барои пешгирии вайроншавии оилаҳо, ки имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа ба шумор меравад, чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
– Таъкид намудан ба маврид, ки бахш дар асоси қонунгузории амалкунанда барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ масъулият дорад.
Бо вуҷуди ин, мо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамоем, ки оилаҳо ҳамеша пойдору барқарор бошанд. Зеро оила муҳимтарин рукни ҷомеа буда, пойдории давлат ва осоиштагии миллат ба он вобастагии қавӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, мо ҳамеша дар якҷоягӣ бо бахшу шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен доир ба ин масъала бо фаъолону шахсиятҳои пуртаҷриба вохӯриҳо доир ба намуда, моҳияти масъаларо дар маҳаллҳо ба мардум, махсусан навхонадорон мефаҳмонем.
Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеоянд, ки сабаби асосии пошхӯрии оилаҳо асосан нофаҳмӣ байни ҷавонон будааст, ки дар баъзе оилаҳо бо сабаби тайёр набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона то хонавайронӣ мерасад. Волидайн баъзан вақт андеша нокарда, фарзандони ба ҳаёт омода набудаи худро оиладормекунанд.
Бино бар ин мо қабл аз оиладор кардани ҷавонон барои ба пуррагӣ омӯхтани хислатҳои ҳамдигарӣ мӯҳлат муқаррар менамоем ва пас аз он, баъди ризояти комили тарафҳо ҷавононро аз ақди никоҳи расмӣ мегузаронем…
– Ташаккур барои сӯҳбат. Ба фаъолияти минбаъдатон барори кор таманно дорем.
– Саломат бошед!
«Бонувони Тоҷикистон»