Иддае аз коршиносони тоҷик ин фарзияро пешниҳод карданд, ки ҳатман изҳороти вазири қирғиз ҷанбаи сиёсӣ дорад ва бо хоҳишу ишораи ҷониби сеюм баён шудааст. Гурӯҳи дигари соҳибназарон ин изҳоротро ҷиддӣ нагирифтанд ва то кунун бар ин боваранд, ки ин роҳ сохта мешавад. Аммо барои бисёриҳо изҳороти вазир нофаҳмо буд. Зеро то замоне ки ин гуфтаҳо дар матбуот нашр шуд, камтар касе аз ин лоиҳа бохабар буд. Суолҳое ба монанди лоиҳа аз ҷониби кӣ пешниҳод шуд? Аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд? Сохтмони он кай шурӯъ мегардад? Кай анҷом мешавад? ... ҳанӯз посух наёфтаанд. Дар робита ба ин суолҳо ва чанде дигар аз сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов посух ҷўстем:
– Метавонед, нахуст дар мавриди пайдоиши ин идея маълумот бидиҳед?
– Идеяи сохтаниин роҳ аз ҷониби президенти Тоҷикистон дар сӯҳбате бо президенти Эрон пайдо шуд. Дар хусуси сохтани роҳи оҳани Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин гуфтугӯҳо идома доранд. Ин роҳе хоҳад буд, ки Чину Тоҷикистону Қирғизистону Афғонистонро тавассути Эрон ба уқёнус мерасонад. Ин тарҳест, ки дар минтақа ҳамто надорад. Он ҷумҳуриҳои порсизабонро ба ҳам мепайвандад. Як вилояти давлати Чинро низ тоҷиктаборон ташкил медиҳанд.
– Маблағи бунёди ин роҳ аз хазинаи кадом давлат ҷудо мешавад?
– Ҳамакнун доир ба баргузор кардани ЗИТ (заминаҳои иқтисодиву техникӣ)-и лоиҳаи мазкур гуфтугӯҳо ба миён омадааст. Яъне кори аслӣ шурӯъ мешавад. Табиист, ки ин ҷиҳати масъала ҳам баррасӣ мегардад. Аммо Тоҷикистон шароити маблағгузории пурраро надорад, хароҷоти як қисми роҳро Эрону Чин ба ӯҳда гирифтаанд. Ҷониби Тоҷикистон бошад, қисмати роҳи Ваҳдат – Қурғонтеппаро ба воситаи Ёвон сохта истодааст, ки як қисмати лоиҳа ба ҳисоб меравад. Вале қисмати Ваҳдат тавассути Ҷиргатол то сарҳади Қирғизистон сармоягузорӣ мехоҳад, ки ҳоло ба таври мушаххас чизе дар ин маврид гуфта наметавонам.
– Мавқеи Эрону Тоҷикистондар ин маврид нисбатан рӯшан аст, Қирғизистон ҳам мавқеашро маълум мекунад, оё Афғонистону Чин то кунун дар ин маврид посухедодаанд?
– Ҷониби Афғонистон пурра розӣ аст. Тахминҳое ҳам ҳаст, ки роҳи оҳани мазкур мумкин аст, қад-қади роҳи мошингард бунёд шавад. Чин розӣ аст, ки як қисми онро маблағгузорӣ кунад. То имрӯз Чин бо Афғонистону Эрон роҳи оҳани умумие надорад, ба андешаи ман давлат аз бунёди ин роҳ танҳо манфиат мебинад.
– Оё Чин изҳор дошааст, ки чӣ қадар аз масофаи ин роҳро бунёд мекунад?
– Дар ҳоли ҳозир ин роҳтанҳо як идея аст. Гуфтугӯҳо сари мавзӯъ идома доранд. Ҳоло ҳуҷҷате омода нашудааст. Чин метавонад ёрӣ расонад, агар давлатҳои вориди лоиҳа барои кӯмак муроҷиат кунанд. Сафири Эрон дар Қирғизистон гуфтаст, ки новобаста аз он ки роҳи оҳан тавассути Ӯзбакистон ба Эрон мерасад ё Афғонистон, мо онро маблағгузорӣ мекунем. Аз ин хотир, ман бовар дорам, ки ҳамаи давлатҳои вориди лоиҳа ба ҳамдигар мувофиқа кунанд, сармоя ҳам пайдо мешавад.
– Оё имкони бидуни Қирғизистон сохта шудани ин роҳ вуҷуд дорад?
– Барои он ки мо ба Чин таассути роҳи оҳан бипайвандем, бояд сарҳади Қиғизистонро убур кунем. Ҳукумати пешини Қирғизистон ҷонибдори бунёди ин роҳ буд. Ҳукумати феълӣ низ масъаларо омӯхта истодааст, касе “не” нагуфтааст.
– Дар сурати куллан дасткашии Қирғизистон аз ин тарҳ, мо метавонем аз Эрон то Тоҷикистон ин роҳро бисозем?
– Мақсади ин роҳ пайваст кардани чанд давлат бо ҳам аст. Вале дар сурати акс Тоҷикистону Афғонистону Эрон ин роҳро барои худашон месозанд. Аммо вақте сухан дар хусуси давлати Чин меравад, ҳаминро мегӯям, ки он ҷониб ба ин лоиҳа таваҷҷӯҳи хоса дорад, вале мушкил ин аст, ки имкони пайвастшавии ин давлат танҳо тавассути Қирғизистон вуҷуд дорад.
– Дар робита ба давлати Қирғизистон, ки мехоҳад аз ин тарҳ ҷонибдорӣ кунад ё хайр сафоратро огаҳ кардаанд?
– Аз он хотир, ки ҳоло ҳуҷҷате дар ин хусус ба имзо нарасидааст, Қирғизистон ҳам ягон ҳуҷҷати расмие сари масъалаи мавриди назар ба мо ирсол накардааст. Барои ҳамин дар ин хусус мо ҳоло чизегуфта наметавонем.
– Аз нигоҳи Шумо бо сохта шудани ин роҳ Тоҷикистон чӣ суде ба даст меорад?
– Ҳадаф аз бунёди роҳи мазкур барои Тоҷикистон ворид кардани сӯзишвории нисбатан арзон аз давлати Эрон аст. Мо барои сохтмони корхонаи коркарди нефт бо Чин созишномаеро ба имзо расонидаем. Эрон ҳам ба мо ваъда додааст, ки нефт медиҳад. Мақсади асосӣ, рушди иқтисодиёт аст. Ҳоло мо ба кишвар танҳо аз Русия нефт ворид менамоем. Агар ин роҳ бунёд шавад, мо имкони тавассути Афғонистон аз Туркманистон ҳам нефт ворид сохтанро ба даст меорем. Бубинед, танҳо дар самти ворид кардани сӯзишворӣ ин лоиҳа чӣ қадар пурарзиш аст.
– Вале бисёре аз коршиносон ба далели вазъи номусоиди амниятии Афғонистон ҳадс мезанад, ки ин роҳ шояд бунёд нагардад.
– Мо умед дорем, ки дар ояндаи наздик вазъ дар Афғонистон ором хоҳад шуд. Вале гузашта аз ин, ҳаррӯз теъдоди зиёди мошинҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон, ё баръакс, равуо доранд. Аз ин хотир, мо умед мебандем, ки ин роҳ новобаста аз мушкилот бунёд мегардад ва барои ҳамаи кишварҳои вориди лоиҳа фоидаи иқтисодӣ меорад.
Мусоҳиб: Ёқуби Саид