Дар арафаи таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб бо дастгирии Сарвари давлат ширкате бо номи «Чакан» арзи ҳастӣ кард.
Дар давоми панҷ соли фаъолият ин ширкат дар муаррифии ҳунари чакандӯзӣ ва чакандӯзони гулдаст то куҷо муваффақ шудааст? То чӣ андоза ниёзҳои мардум баъд аз рӯи кор омадани ҳумчунин як ширкате бароварда шудаву истифодабарандагон аз фаъолияти он то куҷо розианд? Барои посух гирифтан ба ин суол ва суолҳои дигари вобаста ба мавзӯъ сӯҳбате оростем бо Зариф Валиев, Корманди шоистаи Тоҷикистон, сардори ширкати «Чакан».
– Мӯҳтарам Валиев, каме аз хусуси таъсиси ширкат мегуфтед…
– Бо маслиҳати Сарвари давлат дар таҷлили ҷашни 2700 - солагии Кӯлобшаҳр наздики 10000 иштирокчӣ бо либоси чакан баромад кард. Воқеан, бисёр зебо буд. Барои омода намудани либос, ба хотири фаъолияти пурсамари минбаъда ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани сокинони маҳал, ширкатеро бо номи «Чакан» созмон додем.
Имрӯз бо ширкати «Чакан» зиёда аз 50 нафар бонуи хонашин дар ҳамкорист. Онҳо куртаҳои пешакӣ аз ҷониби мутахассисон поракардашудаву қаламзанишударо бо риштаҳои лозима дар хонаҳояшон медӯзанд.
– Тахминан барои дӯхтани як куртаи чакан чӣ қадар вақт сарф мешавад?
– Ҳар хел. Масалан, бонувоне ҳастанд, ки дар як моҳ ду-се куртаи чакан медӯзанд.
– Арзиши як куртаи чакан чанд сомонӣ аст?
– Нархҳо низ дар мағозаи мо гуногунанд. Масалан, як куртаи чакани камгул (камнигора), тахминан 300 сомонӣ арзиш дорад. Агар пургулу сернақш ва дӯхти махсус дошта бошад, 1000 сомонӣ мешавад, чунки заҳмати дӯхтани ин навъ курта хеле зиёд аст.
– Аз рӯи мушоҳидаҳо сайёҳон ба тоқиҳои чакани мардонаву занона зиёд майл доранд, онҳоро харидорӣ намуда, чун тӯҳфаи зебою арзанда ба диёрашон мебаранд. Нархи онҳо дар фурӯш чанд аст?
– Дуруст гуфтед. Тоқиҳои чакан имрӯз хеле бозоргиру серхаридоранд. Як тоқии чакан новобаста аз ҳаҷму андоза ва мардонаву занона буданаш 25-30 сомонӣ арзиш дорад.
– Дар хусуси коргарон гуфтед, ки онҳо асосан дар хонаҳояшон ба дӯхтудӯз машғуланд. Пас ин ҳама ранҷу заҳмат, ки мегӯянд нури чашмро мегирад, чун собиқаи корӣ дар дафтарчаҳои меҳнатӣ сабт мегардад?
– Аз 50 нафар танҳо 4 кас чун коргари доимӣ дар қайд аст. Боқимондаҳо коргарони мавсимианд. Чунки ширкати мо асосан барои фармоишгарон кор мекунад. Агар фармоише нашавад, коргарон чанд муддат бекор мемонанд. Аммо ҳар кадоме дафтарчаи меҳнатӣ дорад ва коргарони ширкати «Чакан» ба ҳисоб меравад.
– Дар давоми 5 соли фаъолият шумораи кормандони корхона зиёд нашудааст?
– Не. Коргарони ширкати мо аз аввали фаъолият то имрӯз 50 нафарро ташкил медиҳанд.Талаботи мардум ба маҳсулоти корхона камтар аст. Бо ҳамин сабаб натавонистем шумораи коргаронро зиёд намоем.
– Шумо гуфтед, ки талаботи мардум ба маҳсулоти истеҳсолии корхона кам аст. Вазъро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Агар ба ин андеша биёем, ки бонувони муосир ба ин навъи либос камтар таваҷҷуҳ доранд… дар иду ҷашнҳо баръакси ҳолро мебинем, охир…
– Воқеан ин андеша, ки майли бонувон ба ин навъи пероҳан кам шудааст, ғалат аст. Аммо вазъ чунин аст, ки мардум аз куртаҳои чакани омоданамудаи дӯзандагони алоҳида харидорӣ мекунанд, ба маҳсулоти мо бошад, таваҷҷӯҳ камтар аст. Сабаб: ба хотири сифати волову дӯхти аъло маҳсулоти ширкати «Чакан» нисбати кори дӯзандаҳои алоҳида бамаротиб гаронтар аст. Ҳамчунин, агар маҳсулоти истеҳсолиамонро қимат нафурӯшем, фонди нафақаву андози корхонаро пардохт карда наметавонем. Барои мисол, соли 2010 тавонистем 20000 сомонӣ ба буҷети давлат андоз ворид намоем. Вале соли 2011 бошад, ҳамагӣ 10000 сомонӣ андоз супурдему халос. Барои он ки ягон фармоише аз берун надоштем. Маблағҳои ба дастомада низ аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дӯхтаи худи ширкат буд.
– Мебинем, ки ширкати «Чакан» танҳо як мағозаи фурӯши маҳсулоташро дар шаҳри Кӯлоб дорад, ки фаъолияташ низ маҳдуду камранг ба назар мерасад. Имконияти кушодани мағоза дар шаҳри Душанбе вуҷуд надошт?
– Замоне дар меҳмонхонаи «Пойтахт»-и Душанбе як мағозаро ба иҷора гирифтем. Ба сабаби зиёд будани иҷорапулӣ (дар як моҳ 3000 сомонӣ) маҷбур шудем мағозаро супорем. Ба ғайр аз ин, аз пойтахт омада, аз мо маҳсулот харида мебаранд. Сарвари давлат супориш дода буд, ки барои ширкати «Чакан» дар шаҳри Душанбе замин, ё биное ҷудо кунанд. Аммо то имрӯз намедонам барои чӣ масъулин хомӯшанд.
– Маҳсулоти «Чакан»-ро дар кадом давлати дунё муаррифӣ кардаед ва мардуми хориҷ аз кишвар ҳунари чакандӯзиро чӣ гуна қабул мекунанд?
– Намунаҳои чаканро ба давлатҳои Чин, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Белорусия ва Туркманистон бурдаву муаррифӣ намудаем. Дар ҳама ҷо онро хуш қабул мекарданд. Мо дар намоишгоҳҳо ҷойҳои сазовор гирифта, ҷоизаҳоямонро ба Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Кӯлоб супурдем.
– Мебинем, ки чаканро замонавӣ карда, аз он доману куртаҳои аврупоӣ медӯзанд, назари Шумо чун мутахассис дар ин маврид?
– Ба андешаи ман, чакан пироҳани миллиест бо дӯхти тоҷикона: куртаи хушдӯхти миллии тоҷикӣ бо гулҳои чакандӯзишуда ва онро бояд ҳатман дар дӯхти асил ба бар намуд.
Билоли Шамс