30
Декабр, 2024
Душанбе
30
Декабр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Саодат Муҳаммадиева: «Занҳои ҳомила бештар мубталои бемориҳои камхунӣ, гепатит, гурда, қанд, фишорбаландӣ…»
Равзанаи ошноӣ:
Замони таваллуд: 31-декабри соли 1956
Макони таваллуд: ноҳияи Ваҳдат
Хатмкарда: Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Риштаи фаъолят: Мудири кафедраи момопизишкии ДТИКТТ
Г.Б: Каме дар хусуси интихоби касб ҳарф мезадед, ки чӣ гуна дар оилаи омӯзгорон таваллуд шудаву бузург шуда, касби табибиро интихоб кардаед?
С.М: Ман дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаам. Падару модарам ҳарду омӯзгор буданд. Падарам солҳои зиёд ба ҳайси сардори шӯъбаи назорати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ фаъолият доштанду модарам дар аввал момодоя буданд. Тарбияи хубро мо аз волидон гирифтаем. Падарам ба рафти таҳсилотамон ҳанӯз аз овони мактабхонӣ диққати махсус медоданд. Модарам он қадар касби момодоягиро дӯст медоштанд, он қадар меҳри ин касб дар ниҳодашон ҷӯш мезад, ки ҳамеша ба мо мегуфтанд «мехоҳам нафаре аз шумоён табиб шавад». Орзу доштанд, ки мо бо кору амали нек, эҳтироми мардумро сазовор шавему дигарон моро бо ном ва номи падарамон садо кунанд, масалан: Саодат Мансуровна. Ин он замон барои модарам орзуе буд ифтихоромез.
Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ модарам худ ба соҳаи омӯзиш-парвариш гузашта бошанд, ҳам ҳамоно тарғиб мекарданд, ки мо кӯдакон табиб бишавем. Ва ҳамин тавр орзуҳои модар амалӣ гаштанду мо шаш нафар фарзандони як оила ҳама табиб шудем.
Г.Б: Номзади илмҳои тиб, доктор, профессор… дар соҳае, ки ки Шумо кору фаъолият доред, мушкил набуд то ин ҳама эътирофу эҳтиром расидан?
С.М: Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи тиббӣ супоридам. Хушбахтона, унвони баланди донишҷӯиро соҳиб шудаму дигар ҳар дақиқаву ҳар соат, ҳар рӯзу моҳу соли умрамро пайи дарёфти донишҳои нав ва омӯзиши пайвастаи соҳаи тиб гузаронидам. Он замон донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон будан ифтихор буд. Донишгоҳи тиббии мо дар миқёсӣ шӯравӣ, яке аз доншгоҳҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафт, ки дар он омӯзгорони зиёде аз ҳисоби олимони шинохтаи соҳаи тиб ва донишҷӯёни бисёр босавод кору таҳсил доштанд.
Соли 1979 донишгоҳро хатм намудаму бо хоҳишу раҳнамоии падар барои идомаи кору фаъолият ба ноҳияи Кофарниҳон роҳхат гирифтам. Интернатураро низ ман дар ҳамин ноҳия ба итмом расонидам. Ҳамеша пайи такмили дониши ихтисосиам будам. Мекофтам, зиёд ҷустуҷӯву мутолиа мекардам.
Ҳодисае дар хотирам нақш баста, ки як рӯз директори он вақтаи институти илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, олимаи бисёр шинохтаи соҳаи тиб София Ҳакимова барои анҷоми коре ба ноҳияи Кофарниҳон омаданд. Мо бо ҳам сӯҳбате ҳам доштем. Шояд он замон худ бехабар аз санҷиши ин зани донишманд гузаша бошам, ки он кас пешниҳод карданд, то барои идомаи таҳсил дар аспирантура ба шаҳри Ленинград равам. Аввал модарам розӣ нашуданд. Баъдан чун дили нарме доштанд, боз маро бо дуои нек дар синни 26-солагӣ ба Ленинград гуселониданд. Бо ҳамин роҳи мушкили ҷодаи илму олимӣ бароям оғоз шуд.
Баъди хатми аспирантура аз соли 1985 ман ба Душанбе омадам. Аз ҳамон сол то ин ҷониб ман дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият мекунам.
Дар хусуси мушкилие, ки гуфтед, бале воқеан тай кардани роҳи илм осон нест, аммо ман дар ин андешаам ва ҳамеша ба шогирдонам низ талқин мекунам, ки меҳри касб агар дар қалб ҷо гирифта бошад, инсон қодир аст ҳар мушкилро паси сар намояд ва дар кору амал муваффақ гардад.
Г.Б: Дар хусуси фаъолияти корӣ, Шумо аввалин Директории Маркази солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон будед …
С.М: Воқеан ҳам соли 1992 мо марказеро бо унвони Маркази солимии репродуктивӣ ташкил кардем, ки аввалин директории ин марказ низ ман интихоб гардида будам. Мақсади асосии мо расонидани кӯмаки маънавии тиббӣ ба занҳо буд. Ва имрӯз ҳам ин марказ муваффақ барои занҳо хизмат мекунад.
Баъди ҳимояи рисолаи номзадиву баъдтар докторӣ, сазовор шудан ба унвони баланди профессорӣ масъулияти ман беш аз пеш афзуд. Имрӯз шогирдони зиёдеро дар соҳаи илм тиб роҳнамоӣ мекунам. 11 нафар таҳти роҳбарии ман рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд. Беш аз 160 мақолаву навиштаҳои илмиро дар шакли китобу дастурҳои таълимӣ, дар сафҳаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ дарҷ кардаам. Мураббии дараҷаи байналмиллалии давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳои гуногуни соҳаи тиб ҳастам. Ва ҳамчунин дар вазифаи Мудири кафедраи момопизишкии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормани тиб фаъолият дорам.
Г.Б: Аз нигоҳи Шумо мушкили рақами 1-и занони ҳомиладор кадом аст?
С.М: Мутаассифона, имрӯз бисёре аз занҳои мо маълумоти оддитарин тиббиро надоранд. Дар соҳаи тандурустӣ мафҳуме ҳаст, ки онро саломатии репродуктивӣ меноманд. Зери он ҳолати рӯҳӣ, ҷисмонӣ, вазъи саломатии бонувон ба назар гирифта мешавад. Мо фарҳангӣ истифода аз хизматрасониҳои тиббиро фаромӯш месозем. Дар замони кунунӣ бештар вақт дар занони ҳомила бемориҳои зиёдӣ сироятӣ ба қайд гирифта мешаванд. Духтаронро дар синну соли бисёр ҷавон ба шавҳар медиҳанд, ки онҳо на аз нигоҳи равонӣ ва на аз нигоҳи ҷисмонӣ ба зан-модар шудан омода нестанд. Қисме онҳо дар давраи пеш аз ҳомиладорӣ, ҳатто дар даврони ҳомиладорӣ, ки ҳатман бояд зери назари духтурон бошанд, ба табибон муроҷиат намекунанд, аз ташхиси пешакӣ намегузаранд. Ин қабил занҳо танҳо ҳамон вақте назди мо меоянд, ки ё вақти таваллудашон наздик ва ё вазъи саломатишон бад ва ҳатто вазнин шудааст.
Г.Б: Бештар занони ҳомила бо чӣ навъ бемориҳо ба табибон муроҷиат мекунанд?
С.М: Камхунӣ, гепатит, дарди гурда, бемории қанд, фишорбаландӣ… занони ҳомила бештар бо ин бемориҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Ҳамон вақте модар метавонад кӯдаки солим ба дунё биоварад, ки пеш аз ҳомиладорӣ аз ташхиси пурраи табибон бигузарад, айёми ҳомиладорӣ пурра зери назараи табибон қарор бигирад. Аммо дар мо ин қоидаро ба инобат намегиранд.
Истеъмоли ғизои нодуруст, норасоии витаминҳои лозима дар организми зани ҳомила низ сабаби сар задании ҳар гуна бемориҳо ҳам дар модар ва ҳам дар тифли батнаш мегардад. Шартҳои истеъмоли ғизоро риоя намекунанд. Зани ҳомила дар як рӯз 5 бор бояд ғизо истеъмол намояд. Хӯрок бояд дар таркибаш маҳсулотҳои серғизо дошта бошад. Гӯшт, тухм, сабзавот, меваҷот ҳамаро бояд зан дар вақти ҳомиладорӣ ба таври кофӣ истеъмол намояд.
Г.Б: Чун омӯзгор, аз сатҳи дониши мутахассисони ҷавони соҳа қаноатманд ҳастед?
С.М: Дар баъзе мавридҳо розӣ дар баъзе мавридҳо норозӣ. Ҷавонон бояд ҳаминро бидонанд, ки тӯли 5 соли таҳсил дар донишгоҳ инсон наметавонад ҳаматарафа фарогири донишҳои касбӣ бошад. Мутахассиси хуб бояд ҳамеша мустақилона ҷӯяд ва омӯзад. Хоса дар замони пешрафт ва асри иттилоот, ки тариқи интернет инсон метавонад ба тамоми суолҳояш посух бигирад ва аз тамоми манбаъҳои илмӣ истифода намояд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
:.
Мусоҳиба
30.03.2012 06:16
3882
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz