09
Ноябр, 2024
Шанбе
09
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЗАНЕ, КИ ТАВОНИ МАРДӢ ДОРАД
Муаррифӣ
Санифамоҳ Элмуродова дар деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1991 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 – и ноҳияро бо медали тилло хатм намуда, шомили Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб шудааст. Соли 1996 донишкадаи мазкурро бо дипломи аъло хатм карда, то моҳи июли соли 2009 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуд. Аз моҳи июли соли 2009 то имрӯз вазифаи муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба ӯҳда дорад. Оиладор, соҳиби як фарзанд.
– Шумо, ки муовини соҳавӣ, бахусус бахшҳои маориф ва тандурустӣ ҳастед, имрӯз ба таҳсил фаро гирифтани духтарон дар мактабҳои ноҳия, бахусус дар синфҳои болоиро қаноатбахш меҳисобед?
–Дар ҳақиқат таҳсили духтарон дар мактабҳои миёна, бахусус баъди хатми синфи нӯҳум чанде қабл мушкилӣ дошт. Дар омори хатмкунандагони мактаби асосӣ шумораи духтарон бо писарон ё баробар буд, ё духтарон зиёд буданд. Дар омори хатмкунандагони мактаби миёна бошад, он солҳо шумораи писарон зиёдтар буд. Имрӯз ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро ёфтааст ва духтарони деҳоти мо ҳама ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо сабаби пастии сатҳи зиндагӣ, ҳастанд духтароне, ки имконияти таҳсил то синфи 9 доранд. Лекин ин мушкилӣ ҳам дар пайи ҳалшавӣ қарор дорад.
– Барои чӣ дар кори роҳбарӣ нафарони таҷрибадор ҳамкорони ҷавони худро ноӯҳдабаро ва нофаҳм мегӯянд?
– Дар байни ҷавонон ҳастанд нафарони бофаҳм ва ӯҳдабаро. Лекин шумораи бештари онҳо, ҳарчанд дониши хуб доранд, аммо дар кори роҳбарӣ таҷрибаи камтар доранд ва ба мушкилиҳо бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Ман сабаби инро аз зинаҳои аввали роҳбарӣ нагузаштан, мебинам. Дар даврони собиқ Ҳукумати Шӯравӣ комсомол беҳтарин мактаби аввали зинаи роҳбарӣ буд. Дилхоҳ нафарони аз мактаби роҳбарии комсомол гузашта, барои худ таҷрибаи хубе меандӯхтанд. Имрӯз кумитаи кор бо ҷавонони мо аз ӯҳдаи чунин вазифаи пурмасъул баромада натавониста истодааст.
– Назаре вуҷуд дорад, гӯё аксари бонувоне, ки ба вазифаи муовинони раисони ноҳияҳо меоянд, дар кори худ муваффақ намешаванд? Шумо бо ин мувофиқед?
– Ба фикри ман, аксарияти нафарони ба ин вазифа омада, андеша ва фаҳмиши сатҳи мактабро доранд, зеро онҳо то ба ин зина омадан дар мактаби миёна омӯзгор ва ё роҳбар шуда кор кардаанд. Барои дар кори муовинӣ муваффақ шудану дар байни мардум баҳои мусбат гирифтан, қабл аз ҳама баробари ҷомеаи пешқадам пеш бояд рафт, ҳамқадами замон, аз навигариҳо ва тағйироти вазъу ҳаводиси ҷаҳон ва кишвар мудом бояд бохабар буд. Бо Интернет кор кардан, таҳлилу хулосабарорӣ намудан, ақаллан дар сатҳи як коршиноси маҳаллӣ будан, зарур аст. Ман бештар донистан ва фаҳмидани Қуръонро ба муовинони ҳамкасбам маслиҳат доданиам. Зеро дар кору бори мо ҳама вақт бо арқом ва ҳадис сухан гуфтан зарур аст. Вақте бонувони ҳамкасби ман чунин тарзи муносибат ва корро надоранд, дар ҳамон сатҳи паст мемонанду миёни мардум соҳибобрӯ намешаванд.
– Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар кишвар дуюмин ноҳияе мебошад, ки гирифторони бемории сил зиёд буда, дар байни маризону оилаҳои касалии сил дошта, бештар модарон мушкил доранд. Баҳри дастгирӣ ва кӯмак ба ин гурӯҳи одамон дар мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чӣ корҳо амалӣ шудаанд?
– Мавзеъҳои силзадаи мо, ин ҷамоатҳои деҳоти Чубек, Турдиев ва Панҷоб мебошанд. Бо кӯмаки ташкилотҳои байналхалқӣ, мо аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, баъдан мардуми ин мавзеъҳоро аз ташхиси рентгении ройгон гузаронидем. Ҳамчунин, ба эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ тақсим карда додем, то сатҳи зиндагиашон беҳ шавад.
– Барои зан иҷрои вазифаи чунин як масъулит, яъне муовини раиси ноҳия будан мушкил нест?
– Дар ҳақиқат анҷоми ин масъулият мушкил аст. Мо баъзан ҳолатҳо ба корҳои ба худ вобаста набуда андармон мешавему кори асосиамон мемонад. Масалан, дар масъалаҳои кишоварзиву ҷамъоварии ҳосилу дигару дигар…
– Бештар мардуми корафтода дар кадом масъала ба Шумо муроҷиат мекунанд?
– Дар давоми соли гузашта 173 нафар ба ман муроҷиат кард, ки 80%-и муроҷиаткунандагонро бонувон ташкил медиҳанд. Мушкили асосии онҳо манзили зист, ҷанҷолҳои оилавӣ, нарасидани ҷойи кор ва кӯмаки моддист.
– Сабабҳои ҷанҷолҳои оилавӣ ва хонавайронии оилаҳои ҷавонро, ки имрӯз яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз шудааст, дар чӣ мебинед?
– Пеш аз ҳама дар бармаҳал ба шавҳар додани духтарон мебинам. Барои мисол, ҷавони зангир мекӯшад духтараки синфи 11 хатм карда, яъне бо 18 сола арӯсӣ кунад. Агар 18 сола наёфт, духтари 19 сола мегирад. Духтарони 20 - 22 сола ва аз он калонтар дигар аз мадди назари хостгорон аллакай дур мемонанд. Духтарони ҷавон бошанд, дар масъалаи рӯзгордорӣ ҳанӯз тайёр нестанд. Вақте онҳо ба хонаи шавҳар мераванд, мӯҳтоҷи тарбия мешаванд. Бо ин сабабҳо ҷанҷолҳои оилавӣ сар мезананд, ки аксаран боиси хонавайронӣ мегарданд.
– Шумораи зиёдтари кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ синну соли аз 50 болотар доранду ҷавонон ангуштшуморанд, Шумо чӣ мегӯед?
– Ман мақсадро фаҳмидам, яъне дар ин син онҳо бояд ҷойивазкунанда тайёр карда бошанд. Вале имрӯз ин чиз қариб дар дилхоҳ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба пуррагӣ амалӣ нашудааст. Ман бо дилпурӣ мегӯям, ки дар байни ҷавонон, бахусус бонувони ҷавон шахсони болаёқату босавод зиёданд. Чунин шахсонро дастгирӣ кардан даркор, то ки нафарони арзандаи ҷавон ба кор оянд. Кам ҳам бошад, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мо дастгирии ҷавонон дида мешавад.
– Як сабаби номуваффақии роҳбарон ва чашмрас набудани иқтисодиёт ва истеҳсолоти мо, ин дар сатҳи роҳбарии маҳалҳо нодуруст ҷо ба ҷо гузоштани мутахассисон аст. Оё роҳи ҳалли ин мушкилот вуҷуд дорад?
– Сабаби асосии қафомонии иқтисодиёт ва истеҳсолот дар ҳақиқат дар зинаҳои роҳбарии маҳаллӣ нафарони тасодуфии ба сари вазифа омадаанд. Вақте кор чунин аст, натиҷааш манфӣ мешавад. Дар баъзе ҷойҳо маҳалгароӣ вуҷуд дорад, ки он ба ёру рафиқу хешу таборчигӣ алоқамандӣ дошта, дар ҳама самтҳои фаъолияти ҷамеаи мо таъсири манфии худро мерасонад. Агар мо маҳалу хешутаборчигиро мадди назар карда, мутахассисро аз рӯйи қобилият ба кор гирем, аз он ҳама бурд мекунанд.
– Шуғли дӯстдоштаатон кадом аст ва вақтҳои холӣ ба чӣ кор машғул мешавед?
– Шуғли дӯстдоштаам чеварӣ аст. Ба назди касе барои пироҳан дӯхтан намеравам. «Ба як инсони комил 40 ҳунар кам аст», - мегӯяд мардум. Ҳамчунин, дар вақтҳои холӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро мехонам. Аз рафтору муносибатҳои қаҳрамонон барои худ ватандӯстӣ, некиву накӯкориро меомӯзам. Инчунин, мутолиаи ашъори Лоиқи бузургворро меписандам.
– Чиро Шумо сабабгори пешрафти рӯзгор меҳисобед?
- Ҷаҳду талош барои рӯз ба рӯз зиндагии хубтару беҳтар карданро.
Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:
Қонеъ нашавӣ ҳар он чӣ ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
– Ташаккур.
Билоли Шамс
:.
Мусоҳиба
29.02.2012 10:11
2853
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz