– Метавонем аз замони мактабӣ ёд кунем?
– Чаро не. Хонаи мо дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод аст ва ҳар боре рафту омади табибонро медидам, орзу мепарваридам, ки замоне духтур шавам. Биниши чашмонам дар сатҳи зарурӣ набуд, аз ин рӯ, волидон тавсия доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шавам. Чун гимназияро аъло хатм кардам, як имтиҳонро бо баҳои 5 супурда, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шудам.
– Ба Амрико кай сафар кардед?
– Баъд аз соли дуюми таҳсил бо кӯмаки яке аз созмонҳои ватанӣ барои омӯзиши забони англисӣ озими Амрико шудам. Курси чормоҳаи омӯзиш бароям дунёи наверо кашф кард, ки ихтиёран ду соли дигар дар шаҳрҳои Арландо ва Ню Йорк мондам.
– Мусофират ба шумо чӣ омӯхт?
– Қабл аз ҳама забонро. Дар ғарибӣ шахс ба қадри Ватан, миллат ва дӯстию рафоқат мерасад. Албатта, мушкилиҳо кам набуданд, вале шукр, ки паси сар монданд. Ман ягон хел стипендия намегирифтам.Чанд моҳи аввал баъд аз дарс дар хонаи яке аз сарватмандони шаҳр хизматгор будам. Баъдтар, ки забонро хуб медонистагӣ шудам, таҳсилро дар коллеҷи шаҳри Ню Йорк давом дода, дар як дӯкон кор мекардам.
– Ҳамватанон зиёд буданд?
– Не, мо ҳамагӣ ду нафар будем. Субҳия ҳам забономӯз буд ва аз ман пештар дар ин коллеҷ таҳсил мекард. Ва боз як нафар аз Русия, ки Катя ном дошт. Дӯстию мукотибаи ман бо онҳо ва Нанело ном дугонаи сиёҳпӯстам аз штати Арландо то ҳанӯз давом дорад.
– Ёди Ватану пайвандон азият намекард?
– Тоҷикистон бо ҳама табиати нотакрораш мудом пеши назар буд, пайвандону наздикон низ. Аммо нангу номуси ҷавонӣ ва ҳадафи дар пеш гузошта, ин ҳамаро дар дигар паҳлуи ақл мемонд. Диламон ҳар чӣ мехост мепухтему мепӯшидем. Дегу табақ ҳам доштем ,мошинаи дарздӯзӣ ҳам.Барои дугонаҳои хориҷиам куртаҳои атлас медӯхтам.
– Дар фикри издивоҷ ҳастед?
– Худо хоҳад, тобистон арӯсӣ мекунам.
– Домод аз Тоҷикистон аст?
– Бале, тоҷик аст ва дӯстдоштаи худам.
Тансиҳатӣ, хониши аъло, саодати хонаводагӣ ва ишқи ҳамешагии оиладории Рухшона Розиқова барин бонувони ҷавон орзуи ҳамешагии мост.
Рустами НАЗИР