– Мусаллама Асомиддиновна, лутфан мегуфтед, ки дар ноҳияи Шаҳринав чи қадар зан иқомат мекунад?
– Дар ноҳия 98 ҳазор аҳолӣ аст, ки аз он 48 ҳазорашро занҳо ташкил мекунанд.
– Риштаи аслии фаъолияти бонувони ноҳия чист?
– Занони ноҳия асосан дар риштаҳои тандурустӣ, маориф ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, яъне бахши кишоварзӣ фаъолият доранд.
– Дар риштаҳои мазбур занҳо кадом масъулиятҳоро бар ӯҳда доранд?
– Дар ноҳия 714 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, роҳбарии беш аз 67 – тои онро занҳо бар ӯҳда доранд. Дар 12 мактаб бонувон ба мақоми сарварӣ расидаанд ва бояд қайд кунам, ки назар ва диди онҳо ба кор наву созанда аст. Ҳар ҷойе, ки бонувон роҳбаранд, муассисаву идораҳо ва хоҷагиҳо ободу пешрафтаанд. Умуман дар ноҳия занҳо дар 89 муассиса корҳои роҳбариро бар ӯҳда доранд.
– Аз гуфтаҳои шумо чунин бармеояд, ки занҳо нисбат ба мардҳо беҳтар роҳбарӣ мекунанд?
– Мардҳо аз ман наранҷанд, воқеият чунин аст. Занҳо дилсӯзу роҳбари хубтаранд. Куҷое, ки зан ҳаст тозагиву тартибот аст, Бонувон беҳтарин омӯзгоранд.
– Бонувони ноҳия ба андешаи Шумо бештар ба кадом мушкилот мувоҷеҳанд?
– Мушкили асосӣ дар Шаҳринав бекории занон аст. Аксари занҳо хонашинанд. Вақте зан дар хона монд, мафкурааш танг мешавад. Агар онҳо дар байни ҷомеа набошанд, фарзандонро тарбияи хуб дода наметавонанд.
– Шумо роҳбарони ноҳия барои бартараф намудани ин мушкил чи тадбирҳо меандешед?
– Барои ба кор ҷалб намудани занҳо корхонаҳо ва сехҳои дӯзандагӣ сохта мешаванд, то онҳо ба кор фаро гирифта шаванду сатҳи зиндагиашон беҳтар карда шавад.
– Мегӯянд Мусалламаро дар ноҳия ҳамчун роҳбари кордону масъулиятшинос мешиносанд. Ӯ дар хона чӣ гуна зан аст?
– Шукри Худо се фарзанд дорам. Новобаста ба серкориам онҳоро тарбияи хуб дода, соҳибмаълумот кардам. Фарзандонамро оиладор намудам, соҳиб 5 набераи дӯстрӯяк мебошам. Баъд аз кор онҳоро ба оғӯш мегираму хастагиам рафъ мешавад.
– Вақти истироҳат ба чи кор машғул мешавед, хӯрок мепазед ё рӯбучин мекунед?
– Намедонам аз чи бошад, ки бештар шуғлҳои мардонаро дӯст медорам. Вақтҳои бекорӣ ё шоҳмот ё нардӣ бозӣ мекунам. Мутолиаи маҷаллаву рӯзномаҳо ва хондани китобҳои бадеиро дӯст медорам.
– Шавҳар аз Шумо бештар пӯхтани кадом таъомро интизор аст?
– Ду келини ҳунарманд дорам, онҳо кадбонуҳои хеле хубанд ва пухтани таъом қариб, ки ба ман намерасад. Аммо пухтани самбӯса ва шириниҳои мухталифро дӯст медорам. Шавҳарам вақтҳои истироҳат хоҳиш мекунад, ки барояш «голубси» пазам. ӯ ин таъомро хеле меписандад.
– Зан - роҳбар хӯи лидерӣ дорад. Оё ин хислат дар муносибат ба шавҳар ва аҳли байт ба Шумо мушкил эҷод намекунад?
– Дар хона кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки худамро идора кунам. Номуросоиҳо аз ҳамин фармонравоӣ сар мезананд. Аз сӯйи дигар, агар дар хона муросо карда натавонам, фарзандонам аз ман чӣ меомӯзанд? Соли 1979 издивоҷ намудаам. То имрӯз вақте шавҳарам аз дар медарояд, аз ҷо хеста, ба пешвозаш меравам. Эҳтироми шавҳар бароям хеле муҳим аст. Ин хислат ба келинҳоям ҳам гузаштааст.
– Парвариши гулро дӯст медоред?
– Хеле. Фикр мекунам дар мадди аввал гул хастагии одамро рафъ менамояд. Ҳавлии мо ҳамагӣ дуву ним сотих аст. Барои шинондани маҳсулоти полезӣ кофӣ нест, аз ин рӯ, гул коридаам. Дар масоҳати 12 ба 4 расми қолиро аз гулҳои мухталиф сохтаам. Мардуми зиёде барои дидани он меоянд. Ҳамаи корҳои марбут ба парвариш ва нигоҳубини гулҳоро дар ҳавлӣ худам анҷом медиҳам. Келини калонам вақти ба хонаи мо омадан аслан гулҳоро дӯст намедошт, вале бо мурури вақт ончунон мафтун шудааст, ки ҳаёташро бе гул тасаввур карда наметавонад. Даруни хонаҳо ва айвонро ҳам бо гулҳои сунъӣ оро додам, бинобарин дар ошёнаи мо ҳамеша баҳор аст.
– Интихоби арӯсҳо «кор» - и шумо буд?
– Не, писаронам худашон дӯст доштаву интихоб кардаанд. Ману падарашон аз интихоби онҳо қаноатмандем.
– Аз Шумову падар фарзандон киро ба ҳайси «дӯст» интихоб намудаву рози дил мегӯянд?
– Маро интихоб кардаанд. Фикр мекунам модар нисбат ба падар ба фарзандон наздиктар аст. Аз як нигоҳ аллакай медонад, ки фарзанд чи проблемаву ғам дорад.
– Дар интихоби касби шумо як «кашиш» - и мардона эҳсос мешавад. Мегӯянд дар масоили роҳбарӣ ҳам аксар масъулин бо шунидани насабатон меҳаросанд. Сабаби инро дар чӣ мебинед? Оё дар оилае ба воя расидаед, ки он ҷо писарҳо зиёд буданд?
– Дар оилаи мо 8 фарзанд буд, ки танҳо 2 нафари хурдиаш писар аст. Эҳтимол сабабаш он бошад, ки фарзанди калонии хона ҳастам. Азбаски модарам дар фабрика кор мекарданд, ман корҳои хонаро миёни хоҳарон ва додаронам тақсим намуда, иҷрои онро назорат мекардам. Инчунин, хислати лидерӣ замони дар мактаби миёна хонданам зоҳир мешуд. Синфро чунон идора мекардам, ки муаллим аслан заҳмат намекашид. Фикр мекунам баъдан дар ташаккул ёфтани ин хислат падари шавҳарам саҳм гирифт.
– Дар интихоби касб кӣ ба шумо «кӯмак» кард?
– Дар кӯдакӣ модарам бемор шуд. Пинҳонӣ ашк мерехтаму дар сар андешаи духтур шуданро мепарваридам. Шукри Худо сиҳат шуд. Аммо падарам намехост, ки ман барои хондан ба мактаби олӣ равам. Дар деҳа ба воя расидаам. Он вақтҳо духтарон ба мактабҳои олӣ хеле кам ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Падарам мегуфт, ки агар хондан хоҳӣ, аввал ба шавҳар баромада, баъд таҳсилро идома деҳ. Сипосгузорам, ки ба чунин оилае «афтидам», ки имконам доданд баъд аз 10 соли хонадорӣ маълумоти олӣ бигирам.
– Зиндагӣ бе ишқ ҳам мешавад?
– Не, чунин тарзи ҳаёт маънӣ надорад. Вақти издивоҷ шавҳарамро намешинохтам. Аммо ӯ тавонист тарзе бо ман муносибат намояд, ки баъд аз муддати кӯтоҳе дӯсташ доштам. Ҳангоми таҳсил хеле мадад кард. Барои васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва омӯхтани тарзи кор кӯмакҳои бисёре намуд, ки аз вай сипосгузорам. Муносибати хуб аз ду тараф вобаста будааст. Бояд ҳамдигарро эҳтирому қадр кард.
– Ба ӯ бисёр рашк мекунед?
– Не, аслан зани берашкам. Эҳтимол аз он сабаб бошад, ки барои рашк кардан сабаб набудааст. Дар давоми зиндагӣ ба ману фарзандон содиқ аст.
– Вақти ба кори давлатӣ гузаштан хеле ҷавон будед, оё дар ин ришта бонуе дар ноҳия ба шумо кӯмак кард?
– Мутаассифона, не. Ҳатто худам ба ин ҷо омадан намехостам, зеро он вақт силоҳбадастон бедодгарӣ мекарданд. Се маротиба маро ба кор даъват намуданд, аммо наомадам. Баъдан ба шавҳарам, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Шаҳринав» кор мекард, супориш доданд, ки маро моил ба кор созад. Рости гап намехоҳам номи он касро гирам, аммо шахсе, ки қаблан дар ҷойи ман кор мекард, дар давоми 10 рӯз калиди утоқи кориро надод. Баъдан кабинетро холӣ ёфтаму намедонистам корро аз чӣ шурӯъ намоям. Ба раиси ноҳия муроҷиат кардам. ӯ ба хонаи он нафар зан занг зад ва хоҳиш намуд, ки калиду ҳуҷҷатҳоро биёрад. Дар ҳама ҳолат ҳуҷҷатҳо ноқис буд. Баъди кофту коб, ҷустуҷӯ ва муроҷиат ба шахсони кордида ва ботаҷриба ба тадриҷ корро ба роҳ мондам. Байни ҷамоатҳои ноҳия озмуне таҳти унвони «Маҳорат» эълон намудем, ки дар маърифатнокии занон саҳми ҷиддӣ дошт. Агар ба суоли шумо баргардем, дар шакл гирифтанам ҳамчун роҳбар занҳо саҳм надоранд. Аммо дар давоми фаъолият шогирдони зиёде тарбия намудаам, ки дар идораҳои мухталиф масъулият бар дӯш доранд ва дар оянда ба ватан хизмат хоҳанд кард.
– Аз байни занҳои сиёсатмадор ба кӣ эҳтиром қоилед?
– Беназир Бҳутто, Валентина Терешкова ва Индира Гандиро хеле эҳтиром мекардам. Симои Беназир хеле дилкаш, зебо ва ҷиддӣ буд. Аз ин рӯ, номи набераамро Беназир гузоштам. Вақте Валентина ба кайҳон парид, хеле ифтихор менамудам, ки зан аст ва чунин ҷасорат дорад. Аз занҳои тоҷик хислатҳои тоҷикона ва маданияти роҳбарии Хайринисо Юсуфӣ, сахтгирии Руқия Қурбонова ва принсипнокии Ҳуриннисо Ализодаро дӯст медорам.
– Зани роҳбар оё шаб бо виҷдони ором ва осуда мехобад?
– Виҷдони ором дорам, аммо хоби ором надорам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ҳамон проблемае, ки рӯзона дар ҷойи кор ҳал нашудааст, шабона хоб кардан намемонад. То субҳ сари он меандешам. Ин хислати маро ба фикрам дигар кардан намешавад.
– Дурнамои барномаи кориатон барои ҷалби бонувон аз чӣ иборат аст?
– Бисёр мехоҳам, ки фабрикаи шоҳибофии ноҳия аз нав ба фаъолият шурӯъ намояд. Мехоҳам корхонаи коркарди пахта бисозем, то мардуми ноҳия бештар ба кор ҷалб шаванд. Барои ҷалби занҳои деҳот сохтани корхонаҳои дӯзандагӣ хеле муҳим аст, бинобарин аз пайи иҷрои он хоҳем шуд. Як ҳолат маро бисёр асабонӣ мекунад. Вақте занҳо кӯча мерӯбанд, ё пахта мечинанд, мардҳо болои сари онҳо рост истода, фармонравоӣ мекунанд. Оё ҳамон пахтаро мард чида наметавонад, ки сари занҳо рост меистад? Зани бечора баъд аз анҷоми чунин корҳои вазнин ба хона рафта, боз нон мепазад, хона мерӯбад, гов медӯшад, ба фарзандон расидагӣ мекунад.
– Вазъи издивоҷ ва талоқ дар ноҳия чӣ гуна аст?
– Баъд аз ба тасвиб расидани Қонун «Дар бораи танзими расму оинҳо» дар ноҳия издивоҷ миёни ҷавонон хеле афзуд. Мутаассифона, шумораи талоқ ҳам кам нест. Тибқи омор дар ноҳия танҳо дар соли равон 96 оилаи ҷавон аз ҳам гусехтаанд, ки ин ташвишовар аст. Як иллати ин падида дар муҳоҷирати меҳнатӣ нуҳуфта аст. Баъзе ҷавонон барои сабти аснод ва пайдо кардани ҷойи кор, аз оилаҳои худ ҷудо шуда, дар Русия ба зане хонадор мешаванд. Баъзе оилаҳо барои кор пайдо намудани шавҳар бо «маслиҳат» ин корро мекунанд. Бояд пеши роҳи чунин падидаҳои номатлуб гирифта шавад.
– Муҳоҷирони меҳнатӣ аз байни занҳои ноҳия зиёданд?
– Тибқи омори ҳамин рӯз ба даст омада, 1400 нафар занҳои ноҳияи Шаҳринав дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Бо дастури раиси ноҳия, Раҳматуллои Пӯлод байни мардум бозпурсӣ гузаронида, дақиқ менамоем, ки бештар занҳои кадом синну сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Эҳтимолан, занҳои танҳомонда бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, то соҳиби хона шаванд, зеро ҳини талоқ гирифтан, онҳо аз ҳама чиз маҳрум мешаванд.
– Дарозумрӣ дар ноҳия миёни бонувон мушоҳида мешавад ё мардон?
– Байни занон. Ба наздикӣ бонуе вафот кард, ки 104 сол умр дошт. Синни миёна байни занони ноҳия 67 сол мушоҳида шудааст.
– Ташаккур ва ба Шумо низ умри дароз мехоҳам.
Эмомалӣ САЙИДАМИРЗОД