– Ҳар яке аз нигораҳои осорхона ба таври худ нодир маҳсуб шуда, ба тамошобин аз фарҳанг ва рӯзгори мардум чизи наверо нақл мекунад. Гарчанде осорхона зиёда аз 8 ҳазор нигора дошта бошад ҳам, аз сабаби набудани ҷой қариб 5 ҳазораш дар хазина нигаҳдорӣ гардида, мардум аз тамошояш бебаҳра мемонанд. Аз 127 асари рассомон бошад, танҳо 27 то дар толор барои намоиш гузошта шудааст. Осорхона 24 хона дорад, ҳол он ки барои ба номоиш гузоштани кулли нигораҳо бештар аз 80 хона лозим аст.
– Дар баъзе аз толорҳои осорхона осори намӣ пайдост. Оё дар хазина вазъи нигаҳдории нигораҳо беҳтар аст?
– Шароити нигаҳдорӣ дар хазина ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба хусус, ба ҳуҷҷатҳо ва асарҳои рассомон бар асари намнокӣ хафви нобудӣ таҳдид мекунад. Аз ҷиҳати тангии ҷой ҳуҷҷатҳо ва асарҳои рассомон болои ҳам гузошта шудаанд. Намии боришоти пайдарпай якчанд ҳуҷҷати нодири марбут ба ҳаёти одамони наҷиби диёрро аз истифода баровард ,вале хайрият, хешовандони ин шахсон нусхаи ҳуҷҷатҳоро доштанд ва мо тавонистем онҳоро барқарор созем. Мо таҷрибаи нигаҳдории ашёи оҳанин ва чӯбинро дорем ва ҳолати ҳифозаташон беҳтар аст. Вале ашёи пашмин дар ин намӣ аз кайк ва дигар ҳашароти зараррасон дар амон нестанд.Телпаки қароқулии як генерали машҳур, ки барои нигаҳдорӣ дар хазина гузошта шуда буд, аз ҳашаротҳо зарар дид. Онро ҳам барқарор кардан муяссар шуд, вале таҳдиди ҳашароти зараррасон ба экспонатҳои осорхона моро ба ташвиш овардааст. Зеро вақте, ки мардум бовар карда, нигораҳо ва ё ёдгориҳои хонаводагиро барои нигаҳдорӣ ва намоиш дар Осорхона мегузорад, мо барои ҳифозаташон масъул ҳастем. Барои нест кардани ҳашароти зараррасон бо маркази вогиршиносӣ шартнома дорем, вале бинобар камбуди маблағгузорӣ онҳо танҳо осорхонаро аз таҳдиди мушу каламуш халос карда метавонанду тамом.
– Оё дар сурати зарар дидан имконияти барқарор сохтани ҳама гуна ашёи осорхона вуҷуд дорад?
– Ба наздикӣ як мутахассиси осорхона ба Туркия сафари омӯзишӣ анҷом дод. Дар он ҷо ба шароити барқарор сохтани дастхатҳо ва китобҳо шинос шуд. Умуман, барои ҳар як намуди ашё, хоҳ вай коғазин бошад ва хоҳ аз гилу сангу чӯбу оҳан ба мутахассиси алоҳида ниёз дорад, ки метавонад онро барқарор созад. Мутаассифона, осорхонаи мо фақат воҳиди кории рассом дорад, барқароркунанда (реставратор) надорем. Он ашёеро, ки аз нобудӣ наҷот ва барқарор сохтем, бо кӯмаки ашхоси соҳибсалиқа анҷом додем.
– Осорхона то чи андоза таърих ва фарҳанги мардумро бозгӯ мекунад?
– Қадимтарин нигораҳои Осорхона аз намунаҳои олоти одамони давраи ибтидоӣ иборат аст. Бархе аз бозёфтҳо ба мисли олоти ҷангӣ ва ороишӣ ба давраи сакоиҳо ва кӯшониён рабт мегирад. Қисмати зиёди нигораҳо аз рӯзгор ва ҳаёти мардум аз қарнҳои ҳаждаҳум то бистум ҳикоят мекунанд. Даврони шӯравӣ ва соҳибистиқлолии кишвар ҳам бахши аъзами осорхонаро ташкил медиҳанд. Намунаҳои ашёи қадимаи рӯзгордорӣ ва нигораҳое, ки ҳунари мардумро ба намоиш мегузоранд, таваҷҷӯҳи бештар ҷалб мекунанд. Бисёре аз меҳмонон, ба мисли Фахриддин Асад Оғлӣ, роҳбари осорхонаи фарҳангии Озарбойҷон мегӯянд, ки маҳз табиияти Осорхона рағбати онҳоро барангехтааст. Ба гуфтаи меҳмонон маҳз пас аз тамошои Осорхона онҳо оиди расму ойини мардуми ориёитабор маълумоти бештаре ҳосил мекунанд. Ба наздикӣ барои намоиш чанд адад олоти рӯзгордории нодири қадимаро муваққатан ба як осорхонаи ноҳиявӣ додем. Аммо масъулини ноҳия ба ифтихори ташрифи меҳмонони олиқадр дастур додаанд, ки кӯзаҳои қадимаро шуста, бо лак пардоз зананд. Дар натиҷа аз қадимияти ин кӯзаҳо осоре боқӣ намонда, онҳо аҳамияти этнографиашонро гум карданд.
Ҳуҷҷатҳо ва ашёҳои зиёди нодири Осорхона аз равобит бо Русия нақл мекунанд. Дар осорхона пионинои Беккери соли бароришаш 1885 -ум гузошта шудааст, ки онро бо талаби духтари сардори қароргоҳи марзбонони соли 1914-ум, мардикорон пойи пиёда аз шаҳри Уш ба Хоруғ расонданд. Ба наздикӣ набераҳои сардори қароргоҳ Шпилко, аз шаҳри Воронеж барои дидани пионино ба осорхона омада, барои таъмири он ваъдаи кӯмак карданд.
– Айни ҳол дар вилоят афроде пайдо шуданд, ки нигора ва дастхатҳоро харидорӣ мекунанд. Оё осорхона имкони хариди нигораҳо ва дастхатҳои нодирро дорад?
– Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон ба манзури ба даст овардани ороишоти қадима дар бархе аз мавзеъҳои ноҳияи Ишкошим, ҳатто оромгоҳҳои даврони тоисломиро такурӯ карданд. Агар мо имкони харид намудани ашё ва дастхатҳои қадимаро надошта бошем, ин ашёи нодир ноаён ба хориҷи кишвар «мекӯчанд». Барои хариди нигораҳо ва дастхатҳо соле ҳамагӣ 2 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунанд, ки ин хеле кам аст. Кормандони мо дар бархе аз деҳоти дурдаст, намунаҳои ашёи рӯзгордории қадимаро ҷамъоварӣ мекунанд, вале барои интиқоли онҳо Осорхона ҳатто нақлиёт надорад.
– Осорхонаи ояндаи Бадахшонро, ки дар бораи бунёд шудани он зиёд ҳарф мезананд, чи гуна тасаввур мекунед?
– Даромадгоҳи Осорхонаи оянда бояд шабеҳи хонаи урфии бадахшонӣ бошад, то ҳар шахси даромада, тибқи суннати меҳмоннавозии мардуми тоҷик пазироӣ шавад ва сари пиёлаи чой табодули афкор сурат гирад. Осорхона бояд тамаддуни рангоранги мардуми вилоятро, ки ҳар ноҳия вижагии худро дорад, муаррифӣ кунад. Мехоҳам, ки осорхона зинда бошад ,то кӯдакону наврасон ва ҷавонон битавонанд, осиёб ва дастгоҳҳои бофандагию ресандагии аҷдодиро на фақат тамошо кунанд, балки ба онҳо даст расонанд, бо онҳо кор кунанд ва тарзи тайёр намудани маҳсулоти ҳунармандиро бубинанд. Дар толорҳое, ки намунаҳои созҳои мусиқии мардумӣ гузошта шуданд, бояд ҳамеша овози суруду мусиқии халқӣ танинандоз бошад. Вақте ки кас ба созе даст мерасонад, овози он бояд садо диҳад.
Мақомот ваъда карданд, ки осорхонаи нав месозанд. Ба амалӣ шудани ин нақшаи нек бовар дорам ва фикр мекунам, ки дар оянда наздик шоҳиди бинои нави замонавӣ хоҳем гардид, ки осорхона дар он ҷо мегирад ва нигораҳои Бадахшон аз хавфи нобудӣ эмин монда, дӯстдорони таъриху фарҳанги мардум аз тамошояшон баҳравар хоҳанд шуд,– бо умед меафзояд Соҳибдавлат Алиназарова.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ