«БТ»: Шумо яке аз бонувони муборизи роҳи истиқлолу озодӣ будед ва дар ин росто заҳр ҳам чашидеду шаҳд ҳам. Агар бори дигар таваллуд мешудед, аз нав чӣ тасмиме мегирифтед?
О.Б.: Мо аз онҳое будем, ки бисёр мехостем Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол бошад. Ва ҳукумати имрӯза ҳам барои устувории пояҳои ин истиқлолият ҷаҳд дорад. Ба андешаи ман, истиқлолхоҳӣ роҳи дуруст ва иқдоми хубе буд. Фақат мо таҷрибаи муборизаҳои сиёсиро надоштем, натавонистем монанди дигар давлатҳо, масалан, кишварҳои назди Балтик бо як роҳи осоишта, бе хунрезӣ ба ин чиз ноил шавем. Ва баъдтар маълум шуд, ки қувваҳои солим на дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд доштааст, на дар байни элитаи сиёсие, ки он замон буд. Дар дигар давлатҳо бе хунрезиву талафот истиқлолро ба даст оварданд, аммо барои мо истиқлолият ниҳоят гарон афтод. Дар системаи коммунистӣ девори оҳанине бароямон гузошта буданд ва аз таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ кам хабар доштем, таҷрибаи кофии муборизаи сиёсиро надоштем, ин як амри воқеӣ буд. Ба ҳар ҳол ман ҳамон вақт медонистам, ки мардум аз фарҳанги митингоройӣ бехабаранд, мегуфтам, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи митингу майдоннишинӣ нест ва митинг ба хунрезӣ оварда мерасонад. Аммо, мутаассифона, гӯшам накарданд.
Боз агар дар саргаҳи роҳ мебудам, тасмимам рӯйи ҳамон роҳи дурусте, ки тай кардам, қарор мегирифт. Шояд каме аз таҷрибаи баъдӣ истифода мекардам. Ба ҳар ҳол ман имрӯз шукр мекунам, ки бар ивази қурбониҳои зиёд бошад ҳам Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд.
«БТ»: Бону Ойниҳол, мавқеи зан дар кишвари соҳибистиқлол аз назари Шумо чӣ гуна аст? Ва чаро имрӯз аҳзоб ва сиёсат занонро кам ба худ мекашанд?
О.Б.: Ин раванд дар ҷомеаи мо нав нест. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ агар ҳазор мавқеи хуб медоштед ҳам, рӯйхат буд ва аз рӯйи ана ҳамон амал мекарданд. Чун занони мо таҷрибаи воқеии кӯшиши муборизаи иштирок дар сиёсатро надоштанд, имрӯз ҳам вазъ мисли пештара боқӣ монд. Боз ҳамин ҷо суоле пайдо шуданаш мумкин аст, ки барои чӣ қирғизҳо тавонистанд мубориза баранд, ин ҷо занҳо тавонистанд қисми зиёди мансабҳои давлатиро соҳиб шаванд, масалан, прокурори ҷумҳурӣ, раиси Суди олӣ, дипломатҳо, сафиронашон, ҳатто Президент аз ҳисоби занҳо рӯйи кор омад. Яке аз сабабҳои ин тамоюл он аст, ки онҳо истиқлолиятро осон ба даст оварданд, бе ҷанг, бе хунрезӣ ва дар ҷомеаи онҳо тарси ҳамроҳшавӣ ба сиёсат вуҷуд надошт.
«БТ»:Яъне, ки ба андешаи Шумо тарс бонувонро аз сиёсат дур мекунад?
О.Б.: Бубинед, агар мард барои мансаб талош кунаду ба ҳар роҳ биравад, зан пеш аз ҳама фикри оилаву фарзандро мекунад. Зан дар ҳама ҳолат фикр мекунад, ки таъсири амалаш ба оилааш, ба фарзандонаш чӣ гуна хоҳад буд.
Як сабаби дигараш надоштани сарват. Вақте ки хусусигардонии моликияти давлатӣ ё ба истилоҳ приватизатсия оғоз шуд, занҳо дар он иштирок накарданд, ягон зан ягон иншооти калонро харидаву аз худ накард. Ин корро боз мардҳо карданд, чунки онҳо пул доштанд, сарват доштанд. Барои он ки зан ба сиёсат ворид шавад, барои ӯ маблағ лозим аст. Масалан, барои он ки депутат шавад, бояд штаби худро ташкил кунад, газета барорад ва корҳои зиёди дигар, ки ҳамаи ин маблағ талаб мекунад. Зани тоҷик, ки як умр аз ҷиҳати иқтисодӣ ё пойбанди шавҳар аст, ё аз ягон нафари дигари аъзои оила. Ин ҳам таъсири манфии худро мерасонад.
Гарчанде бо хислатҳои дурандешӣ, доногӣ, матиниродагиаш зан метавонад дар сиёсат муваффақ шавад. Мутаассифона, зан ба ҳамон заминаи аслӣ, яъне маблағ кам дастрасӣ дорад ва ё надорад. Бубинед занҳо аслан дар мо фақат дар системаи маориф ё тиб кор мекунанд. Мо аз ҳисоби бонувон бонкирҳои калон надорем, вазирон, сафиронро надорем. Бадбахтона, боз як чизи таъсиргузор ин аст, ки дар фарҳанги миллии мо занро пеш аз ҳама чун хонадору соҳибхона мешиносанд. Бубинед, зан баъди кор новобаста аз он ки чӣ гуна кор аст, боз бояд дар хона ба пухтупаз, тозаву тамиз кардан, шустушӯй машғул шавад. Ба воя расонидану тарбияи асосии кӯдак низ дар мо пурра вазифаи зан аст. Мард бошад, баъди кор меояду истироҳат мекунад. Меҳнати ҷисмонӣ занро он қадар хаста мекунад, ки ҳавсалаи муборизаҳои сиёсӣ ҳам дар ӯ намемонад. Дар Эроне, ки давлати исломӣ асту мепиндорем, ки он ҷо маҳдудиятҳо зиёд аст, корҳои хонаро асосан мардҳо анҷом медиҳанд. Кадом зани мо баъд аз кор метавонад бо дӯстонаш вохӯрдаву дар хусуси депутатшавию ворид шудан ба сиёсат сӯҳбат кунад. Ман дастгирии Президентро нисбат ба занон мебинаму хурсанд мешавам. Қарору қоидаҳо, фармону амрҳо барои баланд бардоштани мақоми зан зиёд ба тасвиб мерасанд, аммо ман аз онҳое ки барои дар амал татбиқ кардани ин қарорҳо вазифадор мешаванд, норозиам.
Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бошанд, аз як ҷиҳат хубанд, аммо занонро бисёр аз сиёсат дур бурданд. Занон ин ҷо бештар ба масъалаҳое аз қабили модар, кӯдак ва амсоли ин пойбанд мешаванд. Инҳо масъалаҳоеанд, ки даст задан ба онҳо барои занон хатаре эҷод намекунад. Касе ба онҳо аҳамият ҳам намедиҳад, вале занҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба сиёсат, ба ҳизбҳои сиёсӣ камтар таваҷҷӯҳ мекунанд.
«БТ»:Чаро худи Шумо аз ҳизб рафтед?
О.Б.: Ман барои чӣ аз ҳизб рафтам? Дар баробари ҳизб ман роҳбари ташкилоти намояндагии Сорос дар Тоҷикистон будам. Ва чунин фикрҳо ҳам пайдо шуданд, ки гӯё ман метавонам пулҳои Соросро ба ҳизб партофта табаддулоте бикунам, масалан, мисли Грузия. Ман маҳз ба хотири исботи он ки ин ақидаҳо беасосанд, аз фаъолияти ҳизбӣ даст кашидам. Имрӯз барои чӣ бознамегардам ба ҳизб? Ман ба ҳизби демократ ниҳоят эҳтиром дорам, дар маҷмӯъ бо ақидаҳои ҳизб созгорам. Замоне ин ҷо ҳама чеҳраҳои шинохта дар сиёсат мубориза мебурданд, аммо имрӯз ман дар ҳизб ҳамонҳоеро намебинам, ки мавқеи ман бо онҳо мувофиқ бошад. Баъдан ба кам будани таваҷҷӯҳи бонувон ба ҳизбҳо худи ҳизбҳо сабабгоранд. Танҳо дар арафаи интихоботҳо фаъол шудану он ҳангом аз масъалаҳои баробарии мардону занон ва мушкилоти бонувон ҳарф задан ин маънои онро надорад, ки бонувон ҳама биёянду узви ҳизбе шаванд ё он ҳизбро тарафдорӣ намоянд. Бояд тамоми рӯз, ҳама сол аҳзоб кор кунанд, фаъол бошанд, мушкилиҳоро ҳал намоянд. Баъд эътимоди мардумро соҳиб шудан имконпазир мегардад.
«БТ»: Барои дарёфту муаррифии сиёсатмадорони хуб матбуот, хоса журналистон бояд саҳм дошта бошанд, ин саҳм чашмрас аст?
О.Б.: Сиёсатмадор кам табиӣ аз модар таваллуд мешавад. Албатта ҳастанд истеъдодҳои модарзодӣ, аммо ниҳоят кам. Дастгирӣ, омӯзиш ва талош инсонро дар сиёсат соҳибмавқеъ мегардонад. Менигарем ба давлатҳои аврупоӣ. Он ҷо нафарони махсусе ҳастанд, ки шахсият месозанд, имиҷ меофаранд. Дар ин масъала нақши журналистон ҳам бисёр муҳим аст. Онҳо ҳам метавонанд дар муаррифии сиёсатмадор нақши ҳалкунандае гузоранд. Сиёсатмадорро дар тамоми ҷаҳон месозанд, аммо мутаассифона, саҳми журналистикаю журналистони мо дар муаррифии сиёсатмадорон камранг аст.
«БТ»:Ҷойгоҳи воқеии хешро дар кадом вазифа мебинед? Яъне, ҷойи Шумо дар куҷо холист?
О.Б.: Ҷойи ҳозираам барои ман беҳтарин ҷо аст. Албатта барои ман ифтихор аст дар ҳукумат кор кардан. Чунки ташкилотҳои хориҷӣ меоянду мераванд, мо ин ҷо мемонем, фарзандони мо, наберагони мо мемонанд. Аммо давлат тим аст, команда аст. Аъзои тим дар якҷоягӣ бояд фаъолият кунанд, онҳо наметавонанд аъзои тим бошанду ақидаҳои гуногунро ҷонибдорӣ кунанд. Вале ман бо хислатҳое, ки дорам, намедонам то чӣ андоза дар дохили тим фаъолият карда метавонам. Соҳаи ман ҳимояи ҳуқуқи инсон аст. Ман дар соҳаи худам шогирдони зиёди арзанда дорам, ки ҳуқуқшиносони шинохтаанд ва бо онҳо наметавонам ифтихорманд набошам.
Чанд вақт пеш маро ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ба кор даъват карданд. Ин ҷо ман чанд сол ҳамчун декан фаъолият доштам, муҳит бароям азизу ошно буд. Фикр кардам як бираваму бинам. Мутаассифона, соате чанд дарс гузаштаму дар чашмони донишҷӯён чизеро пайдо накардам. Ҳамон алоқае, ки байни устоду шогирд бояд бошад, ман онро дигар надидам. Замоне метавонистам ҳашт соат бетанаффус дарс гӯям, аммо ин бор як соат дарс гуфтаму хаста шудам. Шояд ин таъсири он ҳам бошад, ки ман қариб понздаҳ сол дарс нагуфта будам. Аммо ба андешаи ман ин аз камтаваҷҷӯҳии донишҷӯён буд. Баъди итмоми дарс нафаре аз онҳо ҳатто як суол ҳам надошт.
«БТ»: Шояд камии маош ҳам рӯйи тасмими Шумо саҳм дошт…
О.Б.: На. Дар ҳаёти ман ягон вақт пул нақши ҳалкунандае надошт. Вақте маро барои кор дар дафтари САҲА даъват карданд, аз ман пурсиданд, ки чанд сӯм ҳаққи кор мехоҳам. Ман гуфтам, ки 30 доллар. Намояндаи САҲА дар ҳайрат афтоду боз пурсид. Гуфтам, 100 доллар басанда аст. Баъди ба кор қабул кардан 500 доллар маош доданд, бовар кунед он қадар бароям зиёд буд, ки ҳаққи хизмати ҳамонмоҳаамро барои ҳафтаномаи ҳизби демократӣ додам. Муҳаббати хосае нисбати пул надорам. Албатта, пул ҳам лозим аст, хуб аст, ки Шумо ба касе мӯҳтоҷ набошед. Бисёре аз одамони даврони Шӯравӣ пулро дӯст намедоштанд. Кореро, ки мекарданд, барои Ватан мекарданд, на барои пул.
«БТ»: Ин дуруст аст, ки инсон боигарӣ ё пулро дӯст надорад?
О.Б.: Ҳар чиз доираву сарҳади муайяни худро дорад. Дӯст доштани пул ва ё дӯст надоштани пул ҳам. Шахсан барои ман пеш аз ҳама дар ҷойи аввал ахлоқ аст. Чанд ташкилотҳои хориҷӣ барои ман пули калон пешниҳод карданд, аммо чун баъзе аз доираи фаъолияташон мувофиқи табъи ман набуд, ман розӣ нашудам. Ман метавонистам, имконият доштам барои зиндагӣ ба дигар давлатҳо биравам, аз ҷумла ба Амрико, аммо ман ватанамро интихоб кардам, ки барои ман беҳтарин ҷо барои зиндагист. Ман наметавонам бигӯям, ки ман пулро бад мебинам, танҳо одами аз ақл бегона чунин мегӯяд, аммо дӯст ҳам намедорам.
«БТ»: Шумо бар ин назар мувофиқед, ки дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқи инсон заиф аст? Иллатро дар чӣ – дар мақомоти прокуратура, ҳокимияти судӣ ё дар субъектҳо мебинед?
О.Б.: Иллат дар ҳамаи ҳамин мақомотҳост. Вақте парванда боз шуд, бояд ҳатман он нафар суд шавад ва ҳатман гунаҳкор бошад, вагарна муфаттишро сусту бесавод медонанд. Дар асл ин саҳви азим аст. Ин тавр набояд бошад. Дар давлатҳои пешрафта муфаттиш шавқманд нест, ки гумонбар ҷинояткор барояд. Барои ӯ фарқ надорад, ки суд ин нафарро ҳабс мекунад ё озод. Барои муфаттишон он ҷо муайян кардани асли ҷараёни воқеа муҳимтар аст. Профессионализм (касбият) барои муфаттиш бисёр муҳим аст. Дар баъзе давлатҳо ҳатто аз пас истода савол додани муфаттиш ба гумонбар як навъ фишор дониста мешавад. Бояд ба гумонбар «Шумо» гуфта муроҷиат кунанд ва ё ҷаноб. Дар мо чӣ? Аз лаҳзаҳои аввали доштан фишор мебиёранд. Албатта на ҳама, лекин ин гуна мисолҳо кам нестанд. Як мушкили дигар ин набудани институти пурқуввати адвокатура дар мост. Ку ҳамон адвокати овозадоре, ки дар ҳама ҳолат аз вазъият баромада ва ҳуқуқи инсонро ҳимоя карда тавонад? Давлат бояд институти адвокатураро сахт дастгирӣ намояд. Ба воситаи ин институт давлат метавонад имиҷи хубе пайдо кунад. Рост аст, ки ҷинояткор бояд ҷазояшро бигирад, аммо ҳуқуқҳои шаҳрвандии ӯ бояд ҳифз шаванд, ҳуқуқҳои табии, инсонро набояд поймол кард. Маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд баланд бардошта шавад, ки онҳо мӯҳтоҷи пора набошанд, ӯ тарси маҳрум шудан аз ҷойи кор ба вуҷуд биёяд. Хоса дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мансабро ба хешу табору ёру ошною намедонам боз ба кадом роҳу воситае набояд бовар кард. Ин вазифа, яъне ҳифзи ҳуқуқи инсон вазифаи муқаддас аст. Бояд ҳокимияти судӣ ба маънии томаш мустақил бошад. Вақте ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти судӣ аз ҳокимияти иҷроия вобаста ҳастанд, пешравиро интизор шудан имкон надорад.
«БТ»:Агар аз худ пушаймоние доред, он дар чист?
О.Б.: Пушаймонӣ аз ҳеҷ чиз надорам.
«БТ»: Оила ва сиёсат. Бештар занҳо ба хотири аввалӣ аз дуввумӣ даст мекашанд. Андешаи Шумо…
О.Б.: Албатта оила рӯйи интихоби занҳо таъсири худро мегузорад, хусусан дар мо. Дар оилае, ки шароити зиндагӣ хуб аст, эътирофи якдигар, эътирофи ақидаҳои якдигар вуҷуд дорад, ҳар ду ҳам мард ҳам зан рушд мекунанд. Дар ин навъ оилаҳо зан ба сиёсат ҳам таваҷҷӯҳ мекунад. Дар оилае, ки зан тамоми рӯз ба корҳои хона машғул аст, дар оилае, ки зан таҳқир мебинад, хушунат мебинад, онҳо дар бораи сиёсату мансаб андеша ҳам намекунанд.
Дар ин масъала фарқияте ҳаст байни занони шаҳр ва деҳот. Дар шаҳр вақте, ки занҳо кори хуб доранд, ин қолаб худ ба худ шикаста мешавад. Аллакай ин ҷо зан худаш пул кор мекунад ва аз шавҳар вобаста нест. Ҳамаи заифии зан вобастагии иқтисодии ӯ аз шавҳар аст. Агар ин ҷо масъалаи дӯст доштани шавҳар ва ба хотири хоҳиши ӯ даст кашидан аз мансаб аз тарси вайроншавии оила бошад, пас он чизи дигар аст, ки ин ҳам мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҷой дорад. Оила вайрон нашавад, кӯдакон бе падар намонанд, муҳит, атрофиён чӣ мегӯянд, инҳо омилҳои таъсиргузор рӯйи интихоби зананд.
«БТ»: Кадом хатар аст, ки имрӯз оилаҳои тоҷикро таҳдид мекунад?
О.Б.: Хатари асосӣ ин рӯз то рӯз зиёд шудани сафи муҳоҷирон аст. Ин бисёр хатари ҷиддист. Баъзеҳояшон мераванду намеоянд. Дар Русия зан мегиранд, тасаввур кунед, ки чӣ қадар занҳо ин ҷо бешавҳар мемонанд ва чӣ қадар кӯдакон бе падар. Тақдири онҳо чӣ мешавад? Аз ҳамин сабаб зан фоҳиша мешавад ё худашро оташ мезанад ва кӯдакон бе соҳиб мемонанд. Масъалаи ба муҳоҷират рӯй овардани худи занҳо ҳам бисёр хатарнок аст.
«БТ»: Барои лидер будани зан чӣ лозим аст? Хислати лидерӣ модарзодӣ аст ё тарбиятӣ?
О.Б.: Ҳам ину ҳам он. Лидер метавонад дар вуҷудаш аз рӯзҳои аввал ҳамин эҳсосро дошта бошад, метавонад дар рафти ҳаёт худро ташаккул додаву лидер ё пешво эътироф шавад. Ҷаҳонбинии васеъ, диду назари тоза, маҳорати наттоқӣ, касбияти баланд аз хислатҳои асосии лидеранд. Лидер бояд манфиати умумро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ баландтар донад. Ҳам тавони ҳаракат ба пешро дошта бошаду ҳам бисёр ҳолатҳо бояд ақибнишинӣ кунад.
«БТ»: Шахсият шудану шахсият будану шахсият мондан чиҳоро тақозо мекунад?
О.Б.: Шахсият будан ин дард аст. Ту бояд ҳама чиро бубинӣ, ҳама чиро дар худ эҳсос намоӣ ва ҳама чиро бигӯӣ. Ин бисёр мушкил аст.
«БТ»:То имрӯз барои пешгирии поймолшавии ҳуқуқи кӯдак ва хушунат нисбати зан корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, аммо вазъият боз ҳам беҳбуд мехоҳад, шахсан Шумо ҳамчун як ҳуқуқшинос ва бонуи соҳибназаре, ки метавонад дар ҳар масъала диду назари хоса дошта бошад, барои беҳбуди вазъ чӣ пешниҳоде доштед?
О.Б.: Ман ҷонибдори ҳамон интернатҳои даврони шӯравиам. Бисёр хуб буд. Имрӯз падару модар ба муҳоҷират мераванд, фарзандон бесаробон мемонанд. Аз вазъият истифода бурда, кӯдакон худро ба кӯчаву бозор мезананд. Ба мактаб намераванд, оворагард мешаванд, ки аз ин ҳисоб сафи кӯдакони ҷинояткор ҳам зиёд мешавад. Гузаштан ба системаи мактаб-интернатҳо ба манфиати кор мебуд. Давлат агар пуле дарёфтаву ба ин система гузарад, кӯдакони бесаробонмондаро саробонӣ кунад, бисёр хуб мешавад. Ман медонам, ки ин кори мушкил аст, аммо агар имрӯз ба ин иқдом накунем, фардо дер мешавад.
Дар хусуси хушунати занон, он вобастагӣ дорад нигоҳи ҷомеа ба мавқеи зан дар оила. Вобастагии зан аз шавҳар, камбағалӣ, мӯҳтоҷиву дастнигариву нодорӣ занҳои моро маҷбур мекунад, ки ба зулму ситами оилавӣ тоқат бикунанд, ё аз бечорагӣ даст ба худкушиву худсӯзӣ бизананд. Ин ҷо давлат метавонад занҳоро боз ҳам дастгирӣ бикунад. Дар тамоми деҳоту ноҳияҳо дастгирии соҳибкории хурду миёна ба роҳ монда шавад. Зан истеҳсол бикунад, ба бозор оварда худаш дар савдо нашинаду давлат аз ӯ харидорӣ намуда бо механизмҳои дигари махсус ба савдо барорад. Ин барои ҳар ду ҷониб манфиатнок хоҳад буд.
Соли гузашта дар вилояти Суғд худкушии занҳо 62 фоиз зиёд шуд. Дар ин самт кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҷоннок карда шавад. Бисёр вақт парвандаи бозшуда дар мавридҳои худкушӣ то охир намерасад. То охир санҷида, омӯхта намешавад, ки барои чӣ зане даст ба худкушӣ задааст. Агар 10-15 нафар сабабгорони ба худкушӣ расондани занҳоро зиндонӣ кунанд, ҷомеа метарсад ва пеш аз амали норавоеро нисбати зан анҷом додан, аз оқибатҳояш андеша мекунанд. Баъдан масъалаҳои вобаста ба хушунатро ба таври конкретӣ бисёр мӯйшикофона бояд омӯхт. На дар ҳама ҳолат мардҳо сабабгори даст ба худкушӣ задани занҳоянд. Вақти он расидааст, ки дар масъалаҳои хушунат нисбати занон бояд муфаттишонро аз ҳисоби худи занон рӯйи кор биёрем. Ин ҷо масъалаҳои бисёр нозуке ҳастанд, ки бо ахлоқ рабт доранд. Масалан, масъалаи таҷовузро бигирем, ҳеҷ зан намехоҳад ва наметавонад дар бораи чӣ тавр таҷовуз шуданаш ба марди дигар нақл кунад. Ин барои зан баробар бо таҷовузи дубора аст. Мо дар ин самт ба ташхисгоҳҳои замонавӣ ниёз дорем.
«БТ»: Имсол аз таъсиси маҷалла панҷ сол пур мешавад. То чӣ ҳад будани чунин маҷаллае бо унвони «Бонувони Тоҷикистон» холигии фазои иттилоотиро барои мутолеон пур кард ва дар маҷмӯъ матолиби маҷалла ниёзҳои Шуморо ҳамчун як хонандаи ҳушманд бароварда кард ё на?
О.Б.: Агар инсон қонеъ шуд, ӯ бояд бимирад, яъне қонеъ шудани инсон, ин марги ӯст. Дар аввал ман фикр мекардам, ки чун журнали «Бонувони Тоҷикистон» давлатӣ аст, ягон маводи ҷолибу хонданбоберо шояд барои хонанда пешниҳод ҳам насозад. Рӯзҳои аввали таъсисёбии маҷалла фикр мекардам, ки он як минбари таърифу тавсиф мешуда бошад. Лек вақте ман онро дидам, хондам, матлабҳои ҷолибе барои худ дарёфтам. Таҳлилҳои хуб, масъалагузориҳои воқеӣ, истифода аз нигоҳи коршиносон, маро ба ин маҷалла дилгарм кард. Матбуот бояд табиби ҷомеа бошад. Ҳар зан, новобаста аз он ки ӯ дар деҳот зиндагӣ мекунад, ё дар шаҳр, зани хонанишин аст ё коргар як чизи ҷолибе аз «Бонувони Тоҷикистон» барои худ меёбад. Ман ҳамон сӯҳбати шоира Фарзонаро зери рубрикаи «12 саволи мардона»–атон хондам ва лаззат бурдам. Он қадар сӯҳбати самимӣ ва омӯзанда аст, ки бовар кунед борҳо ба такрор хондаму мехонамаш. Қаламкашони маҷалла тавонистанд, ки бо масъалагузориҳояшон афкори умумро ба вуҷуд биоваранд, ки ин бурди маҷалла аст.
«БТ»: Шумо ба ЧӢ ва КӢ ошиқед?
О.Б.: Ман ошиқи фарҳанг, ошиқи шеър, ошиқи китоб, ошиқи фалсафа, ошиқи зиндагӣ ҳастам.