• Рухшонаҷон, аҳли эҷоди маҷалла Шуморо бо ҷашни фархундаи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 5-солагии таъсиси нашрияи «Бонувони Тоҷикистон» муборакбод мегӯяд.
– Ташаккур. Ба ҳамаи ҳамватанонамон муборак бошад.
• Метавонед барои хонандагони сершумори имрӯзаи мо ёд аз он рӯзҳое кунед, ки андешаи таъсиси чунин як нашрияе пеш омада буд? Чӣ сабабу омилҳо буд ва чаро маҳз ин пешниҳодро Шумо кардед?
– Чун ёди он лаҳзаҳо мекунам, бо гузашти вақт боз ҳам ҳаяҷони аҷибе фарогирам мешавад. Он замон ҳам ман наттоқи телевизион будаму аз рӯйи шавқам ба масоили занон, бо Кумитаи кор бо занон ҳамкорӣ мекардам. Чӣ аз андешаҳои занони ба кумита муроҷиаткунанда ва чӣ борҳо дар ҳамоишҳои дигари занона мешунидам, ки бонувон ба як нашрияи алоҳидае ниёз доранд. Зеро кулли нашрияҳо гӯё «забон як карда бошанд» қаҳрамонҳои ҳамешагии хеш мардонро мепазируфтанд. Дарди дили занон бошад, танҳо тариқи қиссаҳои аксаран бофтаву тофтаи тахаюли қаламбадастоне, ки аз бадбахтии зани тоҷик бизнеси рӯзнома мекарданд, пешниҳоди омма мегашт. Зан ба ҷуз ранҷу азоб, интиқолгари маводи мухаддир, фоҳиша, зани дуюму сеюм ва ҷинояткору афтодаву бечора гӯё каси дигаре набуд. Қиссаҳои бадбахтии занон ончунон забонзада шуда буданд, ки дигар хонандаҳо (хоса мардҳо) ба онҳо механдиданд. Ягона маҷаллаи занона – «Фирӯза» дер-дер нашр мегашт ва наметавонист ниёзи иттилоотии занонро пурра бароварда кунад. Аз ин рӯ, бо хоҳиши як гурӯҳ занҳои рӯзгордидаву таҷрибадор, ки дар Кумита боре ҷамъ омада, аз ин боб андешаҳо пешниҳод карда буданд, дар мулоқот бо занони кишвар аз ҳузури Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон истифода намуда, онро иброз доштам.
• Итминон доштед, ки пазируфта мешавад?
– Ман ҳарчанд аз сабаби бори аввал дар чунин сатҳи баланд дар назди Президенти Тоҷикистон сухан карданам сахт ҳаяҷонзада будам, вале фикрамро гуфта тавонистаму ба амалӣ гаштанаш боварӣ доштам.
• Бо чӣ далел?
– Нахуст ин, ки то ин дам Президенти мӯҳтарами мо кулли пешниҳодотеро, ки ба манфиат ва ташаккулу рушди фаъолияти занони кишвар карда мешуд, на танҳо қабулу дастгирӣ менамуд, балки амалан бо қарору фармонҳо онҳоро вазни ҳуқуқӣ мебахшиданд. Баъдан ин мулоқот ба муносибати иди занон буду Ҷаноби Олӣ, ки қадри модарону хоҳаронро ҳамеша дар
ҷойи аввал мегузошт, ин хоҳиши эшонро албатта беэътибор намегузоштанд.
• Баъд чӣ шуд?
– Ҷаноби Олӣ бо таваҷҷӯҳи хосае маро гӯш карда гуфтанд, ки дида мебароем. Аҳли толор бо кафкӯбии мудаввом ин пешниҳодро пазироӣ кард.
• Шумо медонистед, ки нашрия чӣ гуна мешавад?
– Албатта, не, фикр мекардам, ки шояд рӯзномае барои занон дар назди Кумита таъсис шавад. Вале саховату лутфи Президенти мо ҳамеша зиёдтар аз умедвориҳои мост. Ман чунин маҷаллаи рангаи замонавиро, ки бо сифати олии хеш ва мазмуну мӯҳтавояш боиси ифтихори баъдинаи мо гашт, чашмдор набудам. Охир, то таъсиси ин маҷалла дар кишвари мо нашрияе бо ин сифати олӣ чоп намешуд. Чунин чизҳоро мо танҳо дар филмҳо ё аз қиссаҳо дар бораи кишварҳои хориҷӣ шунида, тасаввур ҳам намекардем, ки рӯзе зани тоҷик соҳиби маҷаллаи олисифату хосае мегардад, ки минбари бонувонаш меноманд.
• Акнун соли панҷум аст минбари занони тоҷикистонӣ дар хидмати эшон аст, чӣ эҳсос доред?
– Нахуст ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ пешниҳоди маро, ки ирода ва хоҳиши занони зиёде буд, пазируфт ва аз он чи ки мо орзу доштем, бештарро зери сарпарастии хеш, ба мо дод. Баъдан сари тафохур аз он боло мекунем, ки ин нашрия тӯли мавҷудияташ тавонист минбари аслии занони кишвар бошад. Зеро дар саҳафоти он зиндагии воқеии бонувон бо рангҳои гуногун инъикос мегардад. Зиндагӣ худ садранг аст, дард ҳам дорад, доғ ҳам, бурд ҳам дорад, бохт ҳам, дастовардҳо зиёданду мушкилиҳо ҳам кам нестанд, ана ин ҳамаро бонувон аз нашрияи хеш пайдо мекунанд. Бонувон дар саҳафоти он аз сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг ҳар моҳ иттилооте пайдо мекунанд, ки инъикоси зиндагии эшон аст. Воқеан, хонанда аз ин нашрия аз таҷрибаҳои сиёсии занон сар карда то зиндагиномаи як бонуи кишоварз, як модар, як хоҳар, як ҳамсар, як роҳбар ва ҳатто як раҳомӯз матлабу мақолаҳое мехонад, ки ба ҳаёташ бетаъсир нест. Духтарони ҷавон ба занҳои муваффақ пайрав хоҳанд гашту аксари модарон дар саҳифаҳои он мактаби тарбиявӣ мегузаранд. «Бонувони Тоҷикистон» минбари сиёсатмадору соҳибкор, табибу омӯзгор, журналисту санъаткор, шаҳриву деҳотӣ, муваффақу ноком аст. Борҳо миннатдории занонро аз ин эҳдои Сарвари давлат ба бонувон ва аз он, ки Президенти Тоҷикистон чун муассиси он, чун як падари воқеан ғамхорашон дар андешаи рушди онҳост, шунидаам.
• Шумо кадом сарунвонҳои онро меписандед? Назари Рухшона чун як духтаре, ки пешниҳодаш боиси соҳиби минбари алоҳида шудани занон гашт, нисбати ақидаи баъзеҳо, ки гӯё дар маҷалла матолиби интиқодӣ бештар аст, чист? Оё зимни пешниҳод интизориҳои Шумо дигар буд? Занҳо мехостанд, ки як нашрияе дошта бошанд, ки танҳо рангҳои «гулобӣ»–и зиндагиро инъикос намояд ё хайр?
– Ба ман сарунвонҳои зиёди он писанданд. Хоса, дар рубрикаи «Гуфтугӯ бо Ҳукумат» масоили бисёр муҳими ҳаёти бонувон масъалагузорӣ мешаванд. Рубрикаҳои «Таҷрибаи сиёсӣ», «Бонувони маҳал», «Мактаби модарони ҷавон», «Маориф», «Иҷтимоъ» ва сарунвони хеле машҳури «12 саволи мардона» аз рӯйи шунидам ҳаводорони зиёде доранд. Масъалагузориҳои нашрия бошад, шояд аз он сарчашма мегиранд, ки Президенти мӯҳтарами мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сухани табрикиашон дар шумораи нахустин гуфта буданд: «Бонувони Тоҷикистон», чун ҳар як нашрия, минбар аст, минбари баланде, ки аз он бояд садои шумо – бо тақозои зиндагӣ гоҳ шоду гоҳ ношод, гоҳ мутантану гоҳ изтироболуд – пайваставу бурро садо бидиҳад».
Шахсан ман бо кору амали шахсиятҳои зиёде аз шумули бонувони дохилу хориҷ аз тариқи ҳамин маҷалла огоҳ гаштам, аз маслиҳатҳои зиёди дар саҳафоташ нашргашта чизҳои зиёде омӯхтаам. Охир, ман ҳам журналистам ва медонам, ки журналистика ин инъикоси воқеияти ҳаёт аст. Аз ҳама муҳим он аст, ки «Бонувони Тоҷикистон» тавонист тӯли 5-сол минбару муаррифгари занони Тоҷикистон ва инъикосгари ҳаёти воқеии эшон бошад.
• Ташаккур!
М. Валиева