– Манижа, чаро таҳсил дар Чин?
– Забони чинӣ дар ояндаи наздик нисбат ба ҳар забони дигар, ҳатто англисӣ,ба мо заруртар мешавад. Зеро ин кишвар аз назари потенсиал ва рушди иқтисод дар солҳои наздик дар ҷаҳон ба ҷойи аввал хоҳад расид. Аз тарафи дигар Чин яке аз кишварҳои абарқудратест, ки бо мо ҳаммарз аст. Ба ҳамин хотир чунин тасмим гирифтам.
– Ояндаи худро дар бахши сайёҳӣ мебинӣ?
– Бале. Тоҷикистон кишвари зебо аа таваҷҷӯҳбарангез аст, аммо аз назари сайёҳӣ ҳанӯз ба ҷаҳониён хуб муаррифӣ нашудааст. Умедворам бо аз худ кардани ин ришта битавонам таваҷҷӯҳи хориҷиёнро ба кишвари зебои худ ҷалб намоям.
– Чиноиҳо дар ин бахш муваффақанд?
– Оре, онҳо аз тариқи Интернет ва дигар воситаҳои муосир тавонистаанд кишвари худро хуб муаррифӣ намоянд. Як бахши аъзами даромади буҷаи давлатии Чинро риштаи сайёҳӣ ташкил медиҳад.
– Нахустин таассуротат аз чӣ иборат буд?
– Тарзи зиндагӣ ва кори чиниҳо. Ҳар нафар барои рӯзи ояндааш барномаи машаххаси корӣ дорад. Вақтро беҳуда зоеъ намекунанд ва аҷибаш, ки аксари мардум соати 5 – и субҳ аз хоб хеста, соати 8 – и шом хоб мераванд. Рафтори донишҷӯёнаш ҳам ба куллӣ аз мо фарқ дорад. Дар он ҷо баъд аз ба синни 18 расидан шахс мустақил мешавад. Касе ба донишҷӯ намегӯяд, ки дарс хон, ё ину он корро кун. Агар донишҷӯ фаъол аст, таҳсилро идома медиҳад, агар нахонад роҳбарияти донишгоҳ бе тардид берунаш мекунад. Мустақилият дар онҳо аз хурдӣ парвариш дода мешавад. Дар Тоҷикистон чунин ба назар мерасад, ки волидайн вазифадоранд фарзанди худро то охири умр нигоҳубин кунанд. Баъзан мешунавам донишҷӯи мустақилеро, ки хуб таҳсил мекунад, бархеҳо «ботаник» гуфта масхара мекунанд. Ин «ғамхорӣ» ба ҷойе мерасад, ки гӯё донишҷӯ на барои ояндаи худ, балки барои падару модар мехонда бошад. Дар Чин ба одами таҳсилнакарда мардум чандон муносибати хуб надоранд. Кош, дар Тоҷикистон муносибат ба фарзандон дигар мешуд!
– Аз кадом кишварҳои дигар бо шумо таҳсил мекунанд?
–Аз Русия, Қазоқистон, Украина ва Иттиҳоди Аврупо.
– Забоин муоширати байни шумо кадом забон аст?
– Соли аввал англисӣ буд, баъдан чинӣ шуд.
– Мегӯянд, ки забони чинӣ бештар аз 7000 ҳарф дорад. Оё ин гуфта ҳақиқат дорад?
– Дар ин маврид ман чандин бор суол кардам, аммо посухи мушаххас дарёф накардам. Дар давоми ду соли таҳсил қариб 2000 ҳарфро аз худ кардам. Забони гуфтугуи мардуми Чин чандон мушкил нест, аммо шакли хаттии он хеле сангин аст.
– Оё рафтору амали занҳои чинӣ аз бонувони мо зиёд фарқ мекунад?
– Зан дар ҳама ҷо зан аст. Занҳои ин кишвар бештар мустақил ва дар амалҳои худ қатъитаранд. Дар Чин матриархат ҳукмфармост. Ҳатто вақте ду ҷавон сайругашт мекунанд, ба чашм мерасад, ки хоҳиши духтар авлавият дорад.
– Бонувони ин кишвар ба корҳои давлатӣ зиёд ҷалб шудаанд?
– Роҳбарии аксари корхонаҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо бар дӯши занҳо вогузор шудааст. Пушти фармони мошинҳо аксаран занҳоянд. Ҳамзамон таззод дар ин аст, ки кӯчарӯбҳо дар Чин боз ҳам занонанд.
– Мехоҳӣ дар бонувони тоҷику чин чизеро тағйир диҳӣ?
– Тарбия ва рафтори занҳои тоҷик ба ман бештар маъқул аст. Онҳо ба шавҳарони худ вафодоранд, дар тарбияи фарзандон саҳми калон доранд ва аз ҳама муҳимаш таҳаммул ва сабурии онҳо боиси субот ва пойдории оила мегардад. Мехоҳам занҳои тоҷик боҷуръаттар шаванду бонувони чинӣ хоксортар.
– Кадом навъи таъомҳоро тайёр мекунӣ?
– Угро, палав, дамлама ва навъҳои мухталифи шӯрборо.
– Таъомҳои чинӣ хушмазаанд?
– Агар росташро гӯям, ду сол боз ба хӯрокҳои онҳо одат карда наметавонам. Аз ин рӯ, мо бо ҳамсабақҳоям аз кишварҳои ИДМ бо навбат таъомҳои миллиамонро тайёр мекунем.
– Тарзи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Ба дараҷаи олӣ. Пешхизматҳо аз лаҳзаи аввал то рафтани мизоҷ хеле меҳрубон ва чобукона хизмат мекунанд. Агар дар Тоҷикистон ин тарзи муомила истифода шавад, ба нафъи кор аст.
–Ба ғайр аз Пекин боз аз кадом шаҳрҳои дигари Чин дидан кардӣ?
– Аз Шанхай, Тайван ва боз ду шаҳри дигар.
– Чин сайёҳони хориҷиро бо чӣ ҷалб мекунад?
– Қабл аз ҳама бо «Девори чинӣ» ва «Лонаи парранда»-аш. Агар ба «Девори чинӣ» бароед, шаҳр мисле, ки дар кафи даст аст. Вақте ба «Лонаи паранда», ки ба хотири гузаронидани олимпиада сохта шудааст, рафтам, он ба дараҷае бузург аст, ки худро дар назди он мисли як мурча эҳсос намудам. «Баъдан дар ин кишвар боғҳое сохта шудаанд, ки дар ҷаҳон назир надоранд. Вақти дидани ин боғҳо сайёҳ ба таърихи гузашта, олами вуҳуш, гулистонҳои бемисл ва дизайни олӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки албатта ин манзараҳо дилро тасхир менамоянд.
– Мегӯянд, ки варзиш яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар Чин аст. Бо ин мувофиқӣ?
– Оре, аз хурд то бузург, новобаста ба ҷинс дар Чин ҳама варзишро дӯст медоранд. Онҳо ба дараҷае онро дӯст медоранд, ки бе варзиш ҳаётро тасаввур намекунанд. Хеле мехостам, ки духтарон ва бонувони Тоҷикистон ҳам ба варзиш машғул шаванд. Пешравии иқтисод ва иҷтимоъ аз солимии миллат хеле бастагӣ дорад.
– Кадом навъи варзиш дар байни духтарони Чин имрӯз муд аст?
– Волейбол. Аксаран ин навъи варзишро интихоб кардаанд.
– Фикр мекунӣ барои ҷалби бонувони тоҷик ба варзиш чӣ корҳое бояд анҷом шавад?
– Аввалан бояд тарзи тарбияи фарзандон таҷдиди назар шавад, баъдан барои ба варзиш машғул шудани онҳо шароит муҳайё гардад. Маслан, ҳавзҳои шиноварии сирф занона сохта шаванду марказҳои варзишӣ бештар шаванд. Менталитети тоҷикӣ хаминро тақозо мекунад. Эҳтимол вазъи начандон хуби молии аксар оилаҳо барои ба варзиш машғул шудани занҳо мусоидат наменамояд. Инро низ бояд ба назар гирифт.
– Тайи муддате, ки дар Тоҷикистон будӣ, аз куҷо дидан кардӣ?
– Аз дараи Варзоб, Ромит ва Қайроқум. Мутаассифона, мардуми маҳаллӣ чандон ба масъалаи сайёҳӣ ва истироҳат аҳамият намедиҳанд. Шояд яке аз сабабҳояш гаронии нархҳо бошад. Дар Чин ва Туркия нархҳо хеле арзонанд, аз ин рӯ ҳама қишрҳои ҷомеа имкони истироҳат намудан доранд. Дар истироҳатгоҳҳои мо сервис чандон хуб ба роҳ монда нашудааст, аммо нархҳо хеле «газанда» - анд. Илова бар ин, вақте мехостам ба Қайроқум биравам, аз тариқи Интернет чандин сайтҳоро ҷустуҷӯ намудам, аммо иттилое дарёфт накардам. Сайёҳи хориҷӣ қабл аз рафтан ба ҷойе аз тариқи Интернет дар бораи тарз ва намудҳои истироҳат ва табобат, ҳамчунин нарху навои он иттиоъи дақик пайдо намуда, баъдан телефонӣ тамос мегирад, ё ба онҷо сафар менамояд. Ин самти кор дар Тоҷикистон хеле «мелангад».
– Ба хонаи чиние ба меҳмонӣ даъват шудаӣ?
– Онҳо меҳмонро ба хонаашон даъват намекунанд. Меҳмонро дар кафе ё ресторан пазироӣ менамоянд.
– Чаро?
– Фикр мекунам аз назари иқтисодӣ ин тарзи пазироӣ арзонтар ва аз ҷониби дигар мувофиқтар аст. Яъне бону чандин соат то омадани меҳмонон омодагӣ намебинаду баъд аз рафтанашог чанд соати дигар косаву табақ намешӯяд.
–Чавонони чинӣ кадом адабиётро бештар мехонанд?
– Адабиёти муосири хориҷӣ, яъне Амркоиву Аврупоиро.
–Чӣ гуна филмҳоро тамошо мекунанд?
– Аксаран филмҳои чиниеро, ки ба филмҳои ҳиндӣ шабоҳат доранд. Аммо ҳастанд ҷавононе, ки филмҳои амрикоиро тамошо мекунанду мехоҳанд оянда дар ин кишвар кор ва зиндагӣ намоянд.
– Нависандаи дӯстдоштаи Манижабону кист?
– Нависандаи рус Даря Дантсова.
– Дар Душанбе бо чиниҳо ҳамсӯҳбат шудӣ?
– Бо шунидани забони чинӣ он духтари чинӣ изҳори хушнудӣ кард, сӯҳбати хубе шуд. Вале чизе, ки маро ба тааҷҷуб овард, ин ба забони тоҷикӣ гап задани ӯ буд. Хеле роҳат ҳарф мезад.
– Дар Чин синни издивоҷ чанд аст?
– Тақрибан дар 30 солагӣ духтарон шавҳар мекунанд.
– Инро ҷонибдорӣ мекунӣ?
– Не, ба фикрам арӯсӣ бояд дар сини 20- 22 солагӣ анҷом шавад.
– Таҳсилу кор чӣ мешавад?
– Ба фикрам шавҳар кардан ба таҳсилу кор халал намерасонад.
– Чавонони чинӣ бо хориҷиҳо издивоҷ мекунанд?
– Ба чашм мерасад, ки дар ин масъала онҳо мушкил надоранд. Духтарони чинӣ ба хориҷиҳо ба шавҳар мебароянду писаронаш низ бо духтарони дигар кишварҳо издивоҷ мекунанд.
– Баъд аз таҳсил мехоҳӣ дар Чин бимонӣ?
– Намехоҳам. Ҳар шаб рӯз мешуморам, ки то таътил чанд рӯз мондааст, ки зудтар ба Душанбе баргардам. Тоҷикистонро хеле дӯст медорам. Аммо мехоҳам дар Пекин магистратураро ҳам ба итмом бирасонаму ба ватан баргашта, дар баробари кор факултаи ҳуқукшиносиро ҳам хатм намоям. Ин орзуи деринаам аст.
– Ба духтарони хатмкунандаи тоҷик чӣ гуфтанӣ дорӣ?
– Мехоҳам ба онҳо бигӯям, ки беҳтар аз дидор ва сӯҳбати падару модар чизе нест. То ҳадди имкон бо онҳо бошанд, ки баъдан ин имкон хеле кам даст медиҳад.
– Ба сайёҳони тоҷикистонӣ чӣ тавсия медиҳӣ?
– Ҷин кишвари хеле аҷиб ва диданӣ ҳаст. Бо аввалин имкон аз он дидан намоянд. Ман бошам, барои роҳбаладии ҳамшаҳриҳоям омодаам. Бо дидани тоҷикҳо дар Чин хеле хушҳол мешавам.
– Ташаккур барои сӯҳбат ва дар таҳсили оянда бароят комёбиҳо таманно дорем.
Мусоҳиб Эмомалӣ Сайидамирзод