– Хонум Орзу, ҳафтаномаи «Варзиш» кай таъсис ёфт? Оё барои Афғонистоне, ки дар он бар пайи даргириҳо варзиш чандон рушд надорад, чунин як ҳафтанома то куҷо мувофиқ аст?
– Қабл аз таъсис додани ҳафтанома ман дар телевизиони «Нурин» кор мекардам. Барои варзиш ҳамагӣ дар бахши «Ахбор» се дақиқа вақт таъин шуда буд, ки ниёзҳои моро бароварда намекард. Ба раёсати телевизион чандин маротиба муроҷиат намудем, то барои пахши барномаи «Варзиш» вақти бештаре таъин кунанд, аммо натиҷаи мусбат ба даст наомад. Аз ин рӯ, 4 сол қабл бо ҳамкорам Аслами Аскар машварат намуда, фаъолиятро дар телевизион қатъ карда, ҳафтаномаи «Варзиш» - ро таъсис додем.
– Чаро маҳз ҳафтаномаи варзишӣ?
– Ҳукуматдорон ва вакилони порлумони кишвар бештар дар иртибот ба пешрафти иқтисод ва сиёсат ҳарф мезананд. Ҷавонон ва фаъолияти онҳо аз мадди назари сиёсатмадорон дур мондаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тавлиди маводи мухаддир рӯз ба рӯз бештар мешавад ва он ҷавононро ба коми худ фурӯ мебарад. Бекорӣ ва адами барномаҳои марбут ба фаъолият ва тафреҳи ҷавонон, истифодаи маводи мухаддирро зиёдтар мекунад. Варзиш яке аз роҳҳоест, ки метавонад ҷавононро аз истифодаи маводи мухаддир дур кунад. Ба ҳамин хотир ҳафтаномаи «Варзиш» созмон дода шуд.
– Дар ибтидо ҳафтанома ба кадом забон ва бо чӣ тираже чоп мешуд?
– Дар давоми се соли аввал он бо 5 забон, яъне форсӣ, пашту, англисӣ, олмонӣ ва арабӣ бо тиражи 5 ҳазор ба нашр мерасид.
– Тағйироти баъдӣ ба чӣ иртибот дошт?
– Як соли ахир ҳафтанома бо забонҳои форсӣ, пашту, англисӣ ва туркӣ чоп мешавад. Барои чопи ҳафтанома мушкилоти молӣ пеш омад, бинобар ин тағйирот ворид намуда, тиражро ба 10 ҳазор нусха расонидем.
– Кадом созмон ва ширкатҳо ба шумо кӯмаки молӣ мерасонанд?
– Сафоратхонаҳои Бритониё ва Туркия саҳафоти ба забони онҳо чопшударо маблағгузорӣ менамоянд.
– Ширкати занонро дар корҳои идории Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Мутаассифона, вазъи амниятӣ ҳанӯз дар кишвар пойдор нест, аз ин рӯ ба корҳои давлатӣ ҳамагӣ 15 дарсади занон ҷалб шудаанду халос. Аммо ба тадриҷ вазъ тағйир мехӯрад. Имрӯз танҳо як бону ба симмати вазири Вазорати занҳои Афғонистон расидааст, аммо дар интихоботи гузашта 20 нафар бону номзадии худро барои ишғол кардани вазифаи раиси ҷумҳур пешниҳод намуда буд. Ҷомеа ҳанӯз барои тағйироти куллӣ омода нест, бинобар ин фаъолияти занони Афғонистон чандон чашмрас нест.
– Оё дар Афғонистон нерӯҳое мавҷуданд, ки ба фаъолияти бонувони рӯзноманигор мушкил эҷод кунанд?
– Бале, ҳастанд чунин гурӯҳҳо. Чанд сол қабл ду журналист аз дасти онҳо ҳалок гардид. Ин бонувон дар пешрафти ҷомеа ва рӯйи кор омадани занон хеле заҳмат кашиданд.
– Дар бахши варзиш навгониҳо зиёданд?
– Оре, як лаҳза тасаввур кунед, ки соли 2002 дар Афғонистон танҳо се варзишгарзан буду халос. Феълан танҳо ба Тоҷикистон ду тими волейболбозон омад. Тафаккур ба тадриҷ дигар мешавад. Ҳафтаномаи «Варзиш» барои ҷалби бонувон ба кор ва варзиш талошҳои зиёде ба харҷ медиҳад.
– Матолиби ҳафтанома кадом вилоятҳои кишварро фаро мегирад?
– Мо дар 8 вилояти Афғонистон рӯзноманигорони худро дорем, ки онҳо ҳаводиси варзишии ин манотиқро ҳамрӯза бароямон ирсол менамоянд. Ҳамчунин дар чанд саҳфаи дигар матолиби варзишии ҷаҳон чоп мешавад. Хонандаи ҳафтаномаи «Варзиш» дар мавҷи ҳаводиси рӯз қарор дорад.
– Тимҳои волейболбозони Афғонистон қабл аз омадан ба Тоҷикистон ба кадом кишварҳои дигари ҷаҳон сафар доштанд?
– Ин аввалин мусобиқоти байналмилалии варзишиест, ки бонувони волейболбози мо ширкат мекунанд. Қабл аз ин онҳо ҳатто ба вилоёти Афғонистон нарафтаанд, зеро вазъ ором нест ва варзишгарон, ба хусус занон, аз сафарҳо худдорӣ менамоянд.
– Ҷониби масъул аз шумо чӣ гуна пазироӣ кард? Оё тайи ин чанд рӯз мушкиле надоштед?
– Мо хеле аз масъулини тоҷикистонӣ сипосгузорем. Онҳо моро дар фурудгоҳ истиқбол карда, ба меҳмонхона оварданд. Аз рӯзи аввал ҳамроҳ бо варзишгарбонувони тоҷик тамрин мекунем. Ҳама шароит бароямон муҳайё шудааст.
– Оё аз Тоҷикистон хушатон омад?
– Бале, кишвари хеле зебо ва қашанг аст. Мардуми тоҷик меҳмоннавоз ва чеҳракушоданд.
– Қаблан ба ҷумҳурии мо ташриф оварда будед?
– Не, бори аввал аст. 3 сол қабл тибқи як барномаи варзишӣ бояд ба Тоҷикистон меомадам. Азбаски дар бораи Тоҷикистон бисёр хонда будам, онро ғоибона дӯст медоштам. Ба ҳама дӯстон ва хешу таборам пешакӣ гуфтам, ки сафар дорам. Аммо бо иллати бароям номаълум сафар анҷом нашуд. Чанд ҳафта ғамгину маъюс гаштам.
– Оё шумо бахши варзишии журналистикаро омӯхтаед?
– Дар риштаи иқтисоди донишгоҳ таҳсил кардам, аммо азбаски аз хурдӣ ба варзиш машғул будаму онро дӯст медоштам, баъди фориғултаҳсил шудан журналистикаро интихоб кардам. Илова бар ин модарам рӯзноманигор аст ва меҳри ин касбро ӯ ба дилам аз тифлӣ ҷо карда буд. Падарам ҳам мехост, ки ин риштаро интихоб кунам. Ҳарчанд ӯ низомӣ буд ва дар Вазорати дифоъ фаъолият дошт, вақтҳои фориғ аз кор адабиёт меомӯхт. Қабл аз реҳлаташ китоберо таҳти унвони «Адабиёти шифоҳии Андароб» аз чоп баровард.
– Кадом овозхонҳои форсзабонро меписандед?
– Аҳмад Зоҳир, Фарҳоди Дарё ва Манижа Давлатоваро.
– Кадом гулро мепарастед?
– Ёсуман ва лоларо. Вақте фурсат даст медиҳад барои тамошои гулҳои лола ба шаҳри Мазори Шариф меравам
– Аз ғизо чиро хуб таҳия мекунед?
– Манту, қоблии ӯзбакӣ ва салатҳои мухталифи афғониро.
– Аз фаъолияти рӯзноманигории худ қаноатманд ҳастед?
– Оре, феълан дафтари матбуотии мо аз се бахш иборат аст: радиои ҷавонон, ҳафтаномаи «Варзиш» ва маҷаллаи «Кобул M.C».
– Ташаккур, ки фурсат ёфта, ба идораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ташриф овардед.
– Ташаккур аз шумо барои даъват ва пазироии хуб.
Эмомалӣ Сайидамирзод