– Мо то кунун дар никоҳи шаҳрвандӣ қарор дорем ва тасмим гирифтаем никоҳи хешро расмӣ намоем, - иброз медорад завҷаи меҳрубон. Аризаи мо дар идораи САҲШ-и шаҳри Ёвон қарор дорад. Худо хоҳад, он рӯз то субҳгоҳ хурсандӣ хоҳем кард.
Аз Норак то Ҳисору Бадахшон
Панҷоҳу ҳафт сол қабл аз ин, дар шаҳри Норак, дар хонаводаи Қории бадахшӣ тифле ба дунё омад, ки боиси шодмонии ҳамдиёрон гардид. Вале ин шодмонӣ чандон дер напоид. Фалак нисбати Абдухолиқ номеҳрубонӣ карда, ӯро аз нури басараш маҳрум гардонида буд. Вақте нӯҳсола шуд, волидайн ӯро ба мактаби махсуси мусиқавии нобиноёни ноҳияи Ҳисор доданд. Вай он ҷо се сол таҳсил кард ва навохтани созҳои мусиқиро, бавижа аккордеону рубобро ёд гирифт. Баъдан ба муассисаи таълимию истеҳсоли ноҳия шомил шуд. Дар ин ҷо вай ба ҳамсари нахустинаш Елена Красных шинос шуд. Пас аз чанде онҳо издивоҷ карданд. Вале зиндагии якҷояи онҳо бинобар майхорагии ҳамсараш дер напоид. Абдухолиқ маҷбур шуд, риштаи пайвандиро бигсалад. Соли 1983 ба Бадахшон рафт. Чанд муддат дар хонаи ҷиянаш, дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон зиндагӣ кард. Ҳамон сол дар маркази шаҳри Хоруғ соҳиби хона гардад. Абдухолиқ дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон гурӯҳе иборат аз ҳафт нафар таъсис дод, ки ҳама нобино буданд. Ромишгарон рӯбоби бадахшӣ, бландикон, най, ғижжак, сетор менавохтанд. Вай акнун ҳар рӯз пои пиёда аз Хоруғ то Поршнев фосилаи 15-километраи роҳро тай мекард.
– Мо мехостем номи гурӯҳро «Панҷтанон» бимонем, ки бо забони шуғнӣ маънии «панҷ сутун»-ро дошт,- бо ҳасрат ба ёд меоварад он солҳоро Абдухолиқ. Вале ин орзуи мо амалӣ нагардид. Соли 1993 гурӯҳ бинобар мушкилоти рафту омади аъзои он аз ҳам пошид.
Ҳадяи тақдир
– Бори нахуст ман бо Любов Василйевна соли 1995 дар хонаи як тан аз дӯстонам бо номи Сайёра рӯ ба рӯ шудам, - ба ёд меоварад он солҳоро Абдухолиқ.- Вай низ меҳмони ин хонадон буд. Таронаҳои сароидаи ман ба Любов Василевна хуш омад. Азми сафари Бадахшон доштам, вале роҳкироям набуд. Любов Василйевна ба унвони вазирону муншиёни ҳизб, ба Бунёди Оғохон мактубҳо навишт. Сару либосҳоямро шӯста, озодаю покиза намуд ва аз дастам гирифта кӯ ба кӯ бурд. Бо маслиҳати Шодӣ Шабдолов бо ҳам издивоҷ кардем. Манзили ман хобгоҳи муассисаи троллейбусҳо шуд.
Абдухолиқ дар зери барфу борон, ба сардиҳову намиҳо нигоҳ накарда, дар қади кӯчаҳо суруд мехонд. Он ҳама бепарвоиҳову азхудгузаштанҳо кори худро карданд. Вай мубталои сил шуд. Абдухолиқро дар бемористони деҳаи Мачитони ноҳияи Ваҳдат бистарӣ намуданд. Табобаташ ҳашт моҳ тӯл кашид. Баъдан Абдухолиқ ва Любов Василйевна аввал сокини хонаи пиронсолон ва маъюбони деҳаи Батоши Турсунзода ва баъдан бошандагони парваришгоҳи ноҳияи Ёвон шуданд.
– Боиси ба ҳам расидан ва дасти якдигарро гирифтани Шумо бо ин зани порсо чист?
– Любов Василйевна бо вуҷуди соҳиби се дипломи олӣ буданаш инсони басо хоксору фурӯтан аст. Чун дастпарвари хонаи бачагону кӯдакон, дили нозуку раҳмгине дорад. Вай низ баъди марги шавҳараш танҳои танҳо монда буд. Аз ин рӯ, вай барои ман ва ман барои вай ашхоси ба ҳам лозим будем. Вале Любов Василйевна алҳол дар зиндагӣ бароям ҳам ҳамсар ва ҳам парастор аст. Вақте дар Мачитон бемор будам, маҳз ҳамин зан буд, ки гоҳе пиёдаву гоҳе савора, дар даст тӯшае барои дидорбиниам меомад. Акнун мо бо ҳамем, касе моро аз ҳам ҷудо нахоҳад кард. Вақте хешону пайвандонам аз Норак омада, маро ба назди худ бурданӣ шуданд, пеши онҳо шарт гузоштам: Ман танҳо ҳамроҳи муҳаббатам, яъне Любов меравам. Охир вай нури чашмони ман, ба ҳама маънояш рӯшангари дилу дидаам аст.
Аз пайи Аҳмад Зоҳиру Раҷ Капур
– Ба Шумо чӣ тавр муяссар шуд, тақрибан сесад суруди Аҳмад Зоҳир ва беш аз сӣ суруди ҳиндиро аз бар бикунед? Мегӯянд дар ду филм нақш офаридаед?
– Ҳанӯз толибилми мактаби мусиқии ноҳияи Ҳисор будам, ки ба сурудҳои Аҳмад Зоҳиру Раҷ Капур дилбастагӣ пайдо кардам. Пайваста барномаҳои родио ва телевизиони Афғонистонро мешунидам, фитаҳои Аҳмад Зоҳирро пайдо карда, он таронаҳоро фаро мегирифтам. Оре, дар филми «Овора»-и коргардони тоҷик Гуландом Муҳаббатова нақши бобои муҳоҷиреро бо номи Абдулло иҷро кардаам. Ва дар филми «Ишқ»-и ҳунарманди иронӣ Мӯҳсини Махмалбоф нақши овозхони нобиноро офаридаам. Ин коргардони шӯҳратёр маро тавассути овозхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров пайдо карда буд. Дар ин филм ман бо аккордеон суруди «Ҳама ёронам»-и Аҳмад Зоҳирро иҷро кардам.
– Шумо, воқеан, аккордеонро хуб менавозед…
– Ин тӯҳфаи хосаи раиси порлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ба ман аст. Он кас замони вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ буданашон барои шиносоӣ бо аҳволи бошандагони парваришгоҳи мо омада буданд ва ман барояшон чанд суруди хешро тақдим доштам. Баъдан касе ба он кас гуфтааст, ки ин шахс беҳтарин навозандаи аккордеон аст. Баъди бозгашт ин созро харидорӣ намуда, ба ман фиристонданд, ки барояшон ташаккур мегӯям.
– Шумо албоми таронаҳоятонро сабт кардаед?
– Се сол қабл аз ин дар яке аз студияҳои сабти овози Бадахшон як адад албоми маро нашр карда буданд. Он даст ба дасти ошиқони суруди Аҳмад Зоҳир ва мухлисони банда гашт ва ҳамакнун ҳатто як адад аз он дискҳо дар дасти ман боқӣ намонда.
– Дар махзани тиллоии симо ва садои Тоҷикистон сурудҳои шумо сабт шудаанд?
– Дирӯз тавассути садо як суруди маро аз филми ҳиндии «Овора» пахш карданд. Маълум мешавад, ки аз куҷое пайдо кардаанд.
– Чаро бештар хуш доред аз ин филм суруд бихонед?
– Ин филм бозгӯи мусибату фоҷеаи рӯзгори мост. Алҳол садҳо нафар ҳамдиёрони мо дар кишварҳои дигар пайи дарёфти ризқу рӯзӣ рафта, дигар барнагаштаанд. Садҳо падару модарон фарзандони гумноми худро мекобанду намеёбанд. Ба ҳоли онҳо нигариста, раҳмам меояд ва ба хотири андак фурӯ нишондани оташи аламу ҳасрати онҳо аз ин филм таронаҳо мехонам. Бошад, ки онҳо навмед нашаванд ва ин рӯзҳо мегузаранду пайвандон ба дидори ҳам мерасанд.
– Оё дар зиндагӣ аз касе ё чизе шикоят доред?
– На. Аз ҳеҷ касе ё чизе шиква надорам.
– Чӣ таманноеро дар дил мепарваред?
– Мехоҳам, ки дар шаҳрҳои бузурги кишвар, дар қадами аввал дар шаҳри Хуҷанд маҳфили консертиамро доир кунам. Ва бо ҳамсадоии аккордеон сурудҳоро таври зинда пешкаш намоям.
Тилав Расулзода