Дар соли 2010 маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон ба ду миллиард доллар расида, аз ин лиҳоз ҳукумати кишварро мебояд барои бартараф кардани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои қатъӣ биандешад.
Таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар аксар маврид онҳоро наздик ба як миллион медонанд, мегуфтанд, ки дар ҳудуди кишвар бояд як вазорати махсус таъсис дода шавад. Аммо гурӯҳи дигар ҷонибдори таъсиси агентӣ ва ё хадамоти муҳоҷират буданд. Ба бовари гурӯҳи сеюм, шакл не, бештар фаъолияти он ниҳод бояд муассир бошад.
Инак, чанде қабл бо фармони Президенти кишвар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аммо, ба бовари гурӯҳи ҷомеашиносон таъсиси он мушкилоти маҳоҷирони меҳнатиро дар ҳориҷи кишвар на кам, балки зиёд мекунад. Барои фаҳмидани самтҳои фаъолияти ин ниҳод ва то куҷо мусоидат намудани он ба бартарафсозии мушкилоти муҳоҷирон бо муовини сардори хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носиров Анвар Дурманович сӯҳбат доштем.
– Шумо қаблан низ дар хадамоте, ки дар назди ВКД фаъолият доштед. Бо таъсиси ниҳоди мустақил фаъолияти шумо аз солҳои қаблӣ чӣ тафовут ва чӣ бартариҳо хоҳад дошт?
– Бояд гуфт, ки таъсиси мақомоти мустақилро мо давоми чанд соли охир интизор будем. Агар шаҳрвандони давлатҳои дигар тоза ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда бошанд, мо дар ин самт таҷрибаи 20-сола дорем. Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия натанҳо бо корҳои оддӣ, балки бо тиҷорати бузург ҳам машғуланду муваффақ шудаанд. Мутаассифона, имрӯз аксари шаҳрвандони мо ғайримуташаккил ба муҳоҷират мераванд, ки бехавф нест. Аслан муҳоҷират ва муҳоҷирӣ худ хатар аст. Мусаллам аст, ки дар дигар давлатҳо муҳоҷиронро ҳеҷ гоҳ бо нону намак пешвоз намегиранд. Дар ҳамаи кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон қаллобу фиребгарон ҳастанд. Омода набудани муҳоҷирон боис мегардад, ки гурӯҳе аз корфармоён шиносномаи онҳоро мегиранд, давоми 1 сол кор мефармоянд ва дар охир бидуни ҳақмузд ба Тоҷикистон мефиристанд, беш аз ин, депортатсия мекунанд. Аз ин хотир, мо нахуст мекӯшем, ки раванди муҳоҷиратро ба танзим дарорем, то ки шаҳрвандонамон пас аз омӯзиши касб ва ҳуқуқҳои худ ба кишварҳои дигар бираванд. Кӯшиш мекунем, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро ба сатҳи байналмилалӣ бардорем.
–Самти асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират кор бо кадом давлат хоҳад буд?
– Русия. Шарики асосии мо, нуктаи асосии фаъолият Русия мешавад. Дар айни замон бо масъулини соҳаи ин кишвар робитаи хуби ҳамкорӣ ба роҳ мондаем. Байни хадамоти муҳоҷирати ду кишвар ягон монеа вуҷуд надорад. Мо мушкилиҳоро озодона матраҳ ва бартараф менамоем. Инчунин гурӯҳи кории якҷояи Тоҷикистону Русия дар доираи амалисозии созишномаи байниҳкуматӣ аз соли 2004, пайваста ҷаласаҳо мегузаронанд, ки дар рафти ҷаласаҳои мазкур ҳифзи ҳуқуқ, масъалаи касбомӯзӣ, ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо баррасӣ мегарданд.
–Дар мавриди теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатии кишвар баъзеҳо омори дақиқро намедонанд ва онҳо кинояомез мегӯянд, ки Тоҷикистон ҳатто теъдоди муҳоҷирони меҳнатиашро дақиқ намегӯяд, онро ба як сирри давлатӣ табдил додааст. Ба фикри шумо ин чӣ сабаб дорад?
–Мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ, аз моҳи январи соли 2009 тасмим гирифтем, ки ҳиҷрат ва бозгашти муҳоҷиронро ба қайд бигирем. Барои мисол, аз 1-уми январи соли 2009 ба ҳисоби мо ҳамагӣ 692 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба Русия барои кор рафтанд. Дар соли 2010 бошад, 520 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо қасди фаъолият ба Русия сафар карда, аз ин миён 401 ҳазор нафар баргаштанд.
– Қисме бар ин боваранд, ки кишвари мо муҳоҷирони меҳнатии худро қадр намекунад ва иллати аслии сари вақт таъсис наёфтани як ниҳоди вижаро низ ба ҳамин рабт медиҳанд…
–Ман бо ин андеша розӣ шуда наметавонам. Барои мисол соли 2009 Сарвари давлат ду маротиба бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, раисони диаспораҳо ва донишҷӯён дар Федератсияи Русия вохӯрӣ баргузор кард, ки ин гувоҳи бепарво набудани ҳукумати кишвар ба муҳоҷирони меҳнатии худ мебошад. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик кӯшишҳо зиёданд. Мушкилот хеле зиёд аст, мисол агар ҳар муҳоҷир ба ҳисоби миёна панҷ мушкил дошта бошад (аз ҷумла: бақайдгирӣ, ҷойи зист, муоинаи тиббӣ, пайдо намудани ҷойи кор ва иҷозат барои кор), пас як миллион муҳоҷир – панҷ миллион мушкил дорад.
– Гурӯҳе мегӯянд, ки таъсиси ин ниҳод ба авҷи фасод мусоидат карда, дар сафар ва ҷойи кор пайдо намудани муҳоҷирон маҳдудият пайдо мешавад. Яъне раванди ҳуҷҷатсупорӣ ва сабти ном гардидан ҳатмӣ мегардад, ки ин мушкил аст. Шумо чӣ назар доред?
–Ин тавр намешавад. Дар ин маврид мо таҷрибаи Филиппин ва дигар давлатҳои содиркунандаи қувваи кориро аз худ кардаем. Барои мисол Филиппин таҷрибаи 100-солаи муҳоҷират ва таҷрибаи 40-солаи муҳоҷирати давлатӣ дорад. Ҳамасола тақрибан миллион нафар аҳолии ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар маҷмӯъ берун аз хориҷи кишвар 10 млн нафар муҳоҷир дорад ва 17 млрд доллар ба кишвари худ ворид мекунанд. Як системаи дурусти касбомӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷаҳони имрӯзаро бе муҳоҷирати меҳнатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба иқтисодиёти кишварҳои зиёд фоидаи калон меорад.
Мувофиқи маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 210 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият менамоянд.
Аз ин рӯ, Президенти кишвар низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Қариб дар тамоми сафарҳои Сарвари кишвар ба давлатҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои баррасишаванда дар сатҳи роҳбарони олии дигар кишварҳо ин ҷалби сармоя ба иҳтисодиёти Тоҷикистон, ки бевосита ба паст кардани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад ва таъмини муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ҷойҳои кори хуб дар хориҷи кишвар, ба ҳисоб меравад.
– Оё масъалаи бо нафақа таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди назар ҳаст?
– Дар асоси созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки соли 2004 ба тасвиб расидааст, ҳар як корфармои расмии рус мутобиқи шартнома бояд дар дафтарчаи меҳнатии шаҳрванди Тоҷикистон мӯҳр гузорад. Танҳо дар асоси ҳамон мо метавонем ба шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доштанд, нафақа бидиҳем. Сабаби аслии ба расмият даровардани сафари муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҳамин аст. Агар шаҳрвандони мо дар асоси мувофиқа бо хадамот ба Русия сафар намоянд, таҳти ҳимояи давлат мешаванд ва дар оянда аз кӯмакпулӣ бархурдор мешаванд. Ҳадафи мо ҳамин аст.
- Ширкатҳое, ки донишҷӯёнро ба иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд, чӣ гуна ширкатанд ва оё онҳо қонунӣ фаъолият доранд?
- Ширкатҳое, ки донишҷӯёнро ҳангоми таътили тобистона ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд, дар асоси иҷозатнома (литсензия) фаъолият менамоянд. Бояд қайд кард, ки мо ташаббуси даврони Шӯравиро, ки донишҷӯён ҳангоми таътил ба сохтмонҳо рафта, дар дигар шаҳрҳо кор мекарданд, зинда намудем. Дар соли 2009 аз ҷониби ин ширкатҳо 76 нафар ва дар соли 2010 226 нафар ба ИМА рафта ҳам кор карданду ҳам сатҳи забондонӣ ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоштаанд. Таҷрибаю малака ва маҳорате, ки аз онҷо ба даст овардаанд, албатта барои пешравию ободонии кишвар сарф хоҳанд намуд.
– Дар самти омӯзиши касбҳо ба бонувон чӣ нақшаҳо доред?
– Дар самти омӯзиши касбӣ мо нақшаҳо дорем, ки аз ин баъд бонувони тоҷик бештар касби ҳамшираи шафқатро аз худ кунанд, чунки талабот ба он зиёд аст. Курсҳои тиббӣ ба забони англисӣ имкон фароҳам меоранд, ки бонувон бо донишу малакаи зарурӣ барои кор ба хориҷа сафар намоянд.
–Ташаккур барои сӯҳбат.
Ҳумайрои БАХТИЁР