Кам мансабдороне ҳастанд, ки ҳангоми мусоҳиба аз камбудиҳои соҳаи хеш ҳарф зананд. Аммо муовини вазири фарҳанг, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва донишманди соҳаи фарҳанг Фароғат Азизӣ қолабшиканӣ кард.
- Муаллима, имрӯз бисёриҳо фарҳангро танҳо рақсу суруд мефаҳманд. Ба андешаи Шумо, чӣ мардумро ба ин андешаҳо водор месозад? Агар чунин нест, Вазорати фарҳанг дар рушди фарҳанги ҷомеа чӣ нақше дорад?
- Вазорати фарҳанг сохторест, ки ба василаи он тамоми сиёсати фарҳангии давлат амалӣ мегардад. Баъди солҳои 90 як даврае буд, ки он танҳо консерт баргузор мекарду фаъолияташ фақат ҳангоми ҷашнҳо аён мешуд. Аз ин рӯ, дар зеҳни мардум зери мафҳуми фарҳанг танҳо рақсу суруд ҷой гирифт. Имрӯз вазорат дар ҳама самтҳо фаъолияти чашмрас дорад. Албатта, гуфта наметавонем, ки ин кофист, лекин барои рушди фарҳанг, барои стратегияи дурусти соҳа барномаҳои зиёди давлатӣ таҳия шудаанд. Аз ҷумла, барномаҳои давлатӣ «Оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ», «Китобдорӣ», «Сиёсати кадрҳо дар соҳаи фарҳанг», «Табъу нашр» ва ғайра. Ин барномаҳо ба он самти фарҳангиеро дарбар мегиранд, ки бо мурури замон бетаваҷҷӯҳ мондаанд ё рушд наёфтаанд. Масалан, имрӯз мо дар соҳаи мусиқии касбӣ ба дараҷаи зарурӣ кадрҳо надорем. Гарчанде дар давраи Истиқлолияти кишвар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт, бо сабабҳои гуногун равияи тарбияи кадрҳо нодуруст ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, зарурат пайдо шуд, ки як барномаи махсус оид ба рушди мусиқии касбӣ қабул кунем.
- Ин барнома дар тайёр намудани кадрҳои хуб мушаххасан чӣ саҳме гузошта метавонад?
- Тибқи барномаи мазкур ҳамаи мактабҳои ибтидоии мусиқӣ, ки тобеи шӯъбаҳои фарҳанги мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳастанд, бояд ба тобеияти Вазорати фарҳанг гузаронида шаванд. Зеро агар ин муассисаҳои таълимии мусиқӣ, чӣ аз ҷиҳати методӣ, чӣ аз ҷиҳати ташкили ҷараёни таълим ва чӣ аз ҷиҳати илмӣ, аз ҷониби як сохтор назорат шаванд, хубтар аст.
Ғайр аз ин, дар доираи ин барнома дар шаҳрҳои Хоруғу Қурғонтеппа кушодани коллеҷҳои санъат ва дар назди Консерваторияи миллӣ низ таъсиси мактаби ҷумҳуриявии махсуси мусиқӣ пешбинӣ шудааст, ки баъди кӯчидани Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар як қисми бинои он ҷойгир хоҳад шуд.
Дар доираи барномаи «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» бошад, бояд дар шаҳру навоҳии кишвар мактаб-интернатҳои ҳунарҳои бадеӣ иборат аз се шӯъба - мусиқӣ, рассомӣ ва меъморӣ таъсис ёбанд. Мақсад аз таъсиси ин муассисаҳои таълимӣ ба таълим фаро гирифтани истеъдодҳои бепарастор ва камбизоати манотиқи дури кишвар аст.
- Санъати рассомӣ низ як рукни муҳими фарҳанг аст. Медонем, ки дар ҷаҳон асарҳои арзишманди он тариқи музояда маблағҳои калонм ба даст меоранд…
- Мақсадро фаҳмидам. Албатта, дар баробари фарҳанги суннатии худ, мо бояд бо фарҳанги рассомии ҷаҳонӣ ҳам ошно бошем. Барои ҳамин, тибқи барномаи давлатии «Ҳунарҳои бадеӣ ва рушди фарҳанг» дар заминаи факулати санъати тасвирии Донишкадаи санъат таъсиси Мактаби олии рассомӣ дар назар дошта шудааст. Бо ин мақсад омодагӣ - аз таҳияи нақшаи дарсӣ то бинои таълимӣ идома дорад. Баъди кӯчидани Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод ин мактаб дар бинои ҳозираи он ҷойгир мешавад.
- Яке аз проблемаҳои фарҳанг ин аст, ки сурудҳои эстрадӣ бо мазмуну мӯҳтавои сабуки хеш завқи мардумро коста истодаанд. Ҳамчун мутахассиси ин соҳа гуфта метавонед, ки чаро мусиқии классикӣ дар зиндагии мардум мавқеашро аз даст додааст?
- Сараввал бояд қайд кунам, ки шунидани мусиқии асил дар тамоми давраҳои таърихии тоҷик муҳим буд. Зеро тавассути шашмақому асбобҳои мусиқии суннатӣ интеллекти инсон ташаккул меёфт. Мавриди зикр аст, ки агар ҳам Ҳукумати Шӯравӣ ва ҳам Ҳукумати имрӯзаи кишвар ба шашмақом таваҷҷӯҳ зоҳир намекарданд, ин жанрро комилан аз байн мерафт.
Имрӯз давлат бо тамоми ҳастӣ ба аслияти фарҳанги миллӣ таваҷҷӯҳ медиҳад, вале, муттаассифона, мо дар поён - чӣ дар Вазорати фарҳанг, чӣ дар муассисаҳои дахлдори фарҳангӣ иқтидори кофӣ надорем, ки ба чунин сиёсат ҷавобгӯ бошем. Шояд сабаби камтаваҷҷӯҳии мардум ба суруду мусиқии классикӣ он бошад, ки имрӯз мо шашмақомро танҳо тавассути баромадҳои устодони ин жанр мебинему халос. Дар телевизионҳои мо асбобҳои мусиқии миллӣ хеле кам садо медиҳанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро мусобиқаҳои варзишии кадом як давлатҳои хориҷӣ аз ҳамаи шабакаҳои телевизион намоиш дода мешаваду озмунҳои байналмилалии мусиқии классикӣ не? Ё гирем телевизиони кӯдаконаи «Баҳористон»-ро. Чаро он ҷои барномаҳое, ки зеҳну лаёқати кӯдакро рушд медиҳанд, филмҳои беҳударо пахш мекунад?
Ин вазифаи Вазорати фарҳангу шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо низ мебошад.
- Яъне, гуфтаниед, ки масъулини соҳаи фарҳанг аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи хеш баромада наметавонанд?
- Имрӯз мутахассисоне, ки ба маънои томаш фарҳангшинос бошанд, қариб нестанд. Фарҳангшинос бояд тамоми ҷузъиёти фарҳанги миллиро донад ва онро дар амал татбиқ карда тавонад. Бояд ба кори муассисаҳои таълимӣ ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо одамони дилсӯз ҷалб карда шаванд.
- Мо аз фарҳанги қадима ва миллии худ бо ифтихор сухан мекунем, вале дар ҳамин ҳол андешидаем, ки барои насли ояндаи худ баъди сад сол чӣ мерос мегузорем?
- Дарвоқеъ, агар мо фарҳангу тамаддуни худро соҳибӣ накунем, онро аз даст дода, барои насли оянда аз худ чизе боқӣ гузошта наметавонем. Аз таомҳои миллӣ сар карда, то усмакашиву ҳинобандӣ ва куртаҳои атласу чакан… ҳама мероси фарҳанги тоҷик аст, ки барои насли оянда боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фехристи бузурги таомҳо, сару либос, умуман урфу одатҳои тоҷиконаи худро ҷамъоварӣ намуда, чоп кунем. Куртаҳои асосии суннатии мо аз қадим ранга буд ва рангҳои гуногуни зиёди чакану атлас ба ҳамин хотир аст. Он куртаҳои тангу сиёҳи дарозу сарпеч, ки ҳоло занҳои тоҷик ба бар мекунанд, хоси фарҳангу миллати мо нест ва унсурҳои сиёсӣ дорад - аксари ҳиҷобпӯшон узви кадом як ташкилоти зиддифарҳангии моянд, ки бар ивази маблағи муайяне ин гуна сару либоси бегонаро тарғиб мекунанд.
- Дар Консерваторияи миллӣ донишҷӯдухтарон зиёданд. Шумо, ҳамчун устоди он, метавонед чанд нафареро мисол биёред, ки оянда суруду мусиқии асили тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ карда метавонанд?
- Муттаассифона, имрӯз ман дар бораи фаъолияти Консерваторияи миллӣ чизҳои мусбӣ гуфта наметавонам. Ин гуна шогирдон хеле каманд.
- Чаро?
- Чунки устодони воқеан ботаҷриба, соҳибистеъдоде, ки шогирд тарбия кунанд, каманд. Танҳо Бурҳон Мамадқулов, Рауф Сангинов, ва Дилбар Ҳакимоваро метавон ном бурд, ки шогирдони қобилашон аллакай дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият доранд. Мутаассифона, дар мусиқии суннатӣ ҳам шогирдони бақувват ангуштшуморанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг зарур шуморид, ки барноми «Рушди мусиқӣ-ро таҳия кунад.
- Барои ислоҳи ин камбудиҳо ба андешаи Шумо, ҳамчун муовини вазири фарҳанг ва омӯзгор, чӣ чораҳо андешидан мумкин?
- Гумон мекунам, барои устодоне, ки сатҳи олии касбӣ доранд, бояд моҳонаи махсус, ё ақаллан аз дигарон болотар муқаррар кунем, то ки ба тайёр кардани кадрҳои хуб ҳавасманд шаванд. Ҳамаро як хел маош додан дуруст нест. Умри ин гуна шахсиятҳо рафта истодааст ва ҳунару истеъдоди онҳоро бояд истифода кард.
- Ба андешаи Шумо, ҳамчун мутахассиси суруду мусиқӣ, он чизе, ки имрӯз аз ҷониби сарояндагони ҷавони эстрада пешкаш мегардад, метавонад муаррифгари фарҳанги тоҷик бошад?
- Оҳангу шеърҳои бемаънӣ бо ҳаракатҳои бемаънӣ костагии дониш, лаёқат, фаҳмишу фарҳанги сарояндаро нишон медиҳад. Барои пеши роҳи инро гирифтан чанд сол пеш дар Телевизиони «Сафина» мо, як гурӯҳ мутахассисонро ҷамъ намуда, пешниҳод карданд, ки суруду мусиқии эфирро назорат кунем. Мо ҳамаи сурудҳоро назар гузаронида, аксарияташро баргардондем, вале вақте дидем, ки новобаста аз қарори мо он ҳама дар эфир пахш мешавад, аз идомаи фаъолият даст кашидем.
- Пас чӣ бояд кард?
- Ба монанди танзими расму оин бояд қонуне қабул карда, пеши роҳи оҳангу сурудҳои сабукро гирем. Чизи дигаре, ки теша ба решаи мусиқии суннатии мо мезанад, истифодаи фонограмма мебошад, ки хушбахтона қонун дар бораи он ҳам қабул шуд. Мутаассифона, имрӯз сатҳи аксарияти сарояндагону навозандагони мо ба дараҷае нест, ки суруду оҳангро «зинда» иҷро кунад. Зарур аст, ки дар ин самт чораҳои ҷиддӣ андешем. Вақти он расидааст, ки Вазорати фаҳанг ба оҳангдуздии сарояндагон, суруду оҳангҳои сабуку бемазмун ва сафарҳои сарояндагони моро ба хориҷа ва хориҷиён ба ватани мо диққати бештар диҳад.
- Ташаккур барои сӯҳбати ошкоро.
Сӯҳбаторо Бонуи САФАРАЛӢ