Мусоҳибаи «Бонувони Тоҷикистон» бо муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Абдулҳасанов А.А.
- Ҳарчанд Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи 4 сол боз фаъолият дорад, гуфтан мумкин нест, ки ришваситониву фасод ва мубориза бо он то ин замон вуҷуд надошт. Яъне, ҳолатҳои фасодкорӣ ва мубориза бо онро каблан низ вомехӯрдем. Пас чаро маҳз солҳои охир дар бораи ин ҳолат зиёдтар мегуфтагӣ шудаанд? Манзур фақат Тоҷикистон нест, гӯё дар тамоми дунё феълан дар бораи ин зуҳуроти номатлуб ҳарф мезананд. Ба назари Шумо, чунин таваҷҷӯхи хос аз куҷо сарчашма мегирад?
- Коррупсия таърихи қадима дорад. Он шаклҳои худро иваз карда, то имрӯз расидааст. Бо коррупсия дар давлатҳои мутараққӣ, аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Ҷопон низ вохӯрдан мумкин аст, вале бештар дар давлатҳои дараҷаи тараққиёташон нисбатан паст ва рӯ ба тараққӣ ба чашм мерасад. Ин якчанд сабабҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дорад. Аз чумла, паст будани сатҳи иқтисодиёт, инфлятсия, нокифоя будани музди меҳнат, ғаризаҳои шахсӣ, набудани санадхои ҳуқуқии пешгирикунандаи сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоид. Агар аз нигохи ахлоқӣ ба ин падида назар созем, мутаассифона баъзе ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни қисми аҳолӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ қабул шудаанд. Чунончи, додани пора барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ, гирифтани табобати беҳтар, шаҳодатномаи ронандагӣ, дохил шудан ба макотиби олӣ, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод шудан ё сабук намудани он, барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва дигар амалҳо гӯё як кори муқаррарӣ бошад. Паст будани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ низ ба пайдоши омилхои корупсионӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Тавре зикр намудед, масъалаи коррупсия ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Он дар қатори дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сарҳади давлатҳоро убур намуда, ба ҷинояти трансмиллӣ мубаддал гаштааст. Гузашта аз ин, коррупсия ба оромӣ ва суботи ҷомеа хатари калон дошта, боварии мардумро ба сохторҳои давлатӣ, волоияти қонун коста мегардонад, адолати иҷтимоиро аз байн бурда, ба иқтисодиёт зарари вазнин мерасонад. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ гардиши яксолаи дороиҳои ғайриқонунӣ ё худ коррупсионӣ 600 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия талаби замон аст. Ба Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия то ба имрӯз 140 давлати дунё имзо намудааст, ки Точикистон низ дар катори онҳост. Иродаи роҳбарияти сиёсии кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии Тоҷикистон нисбати ин падидаи нангин якранг буд ва масъалаи мубориза бо фасодро афзалиятнок шуморида, бо таъсиси чунин як ниҳоди зидди он оштинопазирии хешро собит намуд.
- Оё тайи фаъолияти Агентӣ кормандонатон махсусиятҳоеро ошкор кардаанд, ки маҳз ба фасодкории тоҷикистониён хос бошанд? Ё эҳтимол вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум, ё ҳатто менталитет назару дидгоҳҳо ба ҷинояти коррупсионӣ аз ҳам тафовут доранд?
- Яке аз ҳадафҳои қабули Конвенсияи мазкур низ аз он иборат аст, ки коррупсия дар тамоми мамлакатҳои олам ба як тарз фаҳмида шавад. Дар сатҳи қонунгузорӣ дар ин масъала мушкилоти ҷиддӣ мавҷуд нест. Вале дар сатҳи менталитет ё одат гап каме дигартар аст. Вобаста ба менталитет як гурӯҳ метавонанд ин ё он кирдори коррупсиониро ба монанди додани «тӯҳфа» барои ҳалли ин ё он мушкилот ҳамчун як анъана эътироф кунанд.
- Бубинед, як замон сару садои зиёд буд, ки кормандони Агентии шумо танҳо ба боздошти муаллиму духтурон ва гоҳ-гоҳ раисони ҷамоату масъулини кумитаи заминсозӣ машғуланд. Дуруст аст, ки ҳоло дар баробари онҳо кормандони макомоти хифзи хукук низ бо ҷурми пораситонӣ ба даст меафтанд. Таҳлилгарон ва мардум мегуфтанду мегӯянд, ки агар мақомоти баландтар, аз ҷумла вазирону раисони кумитаҳо ба коррупсия даст надоранд, ин ҳама дабдабаву валвалаи онҳо аз куҷост? Шояд махсусияти ҷинояти мансабдорони сатҳи баланд бароятон маълум аст? Дар муқобил, бархе аз мухолифони ин андеша мегӯянд, ки бо ҷурми пораситонӣ дастгир намудани муаллиму духтур ҷабр аст. Зеро онҳо аз ночорӣ даст ба фасодкорӣ мезананд. Ба ин чӣ мегуед?
- Тибқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд. Барои содир намудани ҷиноят чӣ вазир ва чӣ муаллиму духтур баробар ҷавобгӯ мебошанд. Мо наметавонем, ки муаллим ва духтурро барои кам будани музди меҳнаташон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоем. Аз ҷинояти содирнамудаи вазир низ ҳуқуқи чашм пӯшидан надорем. Магар кам будани музди меҳнат барои содир намудани ҷиноят асос шуда метавонад? Агар ҳар касе барои каме сабук намудани вазъи моддии хонаводааш даст ба ҷиноят занад, мо то ба куҷо мерасем? Музди маоши муаллиму духтур кам аст, магар донишҷӯ ва бемор маоши калон мегиранд?
Дуруст аст, ки дастгир намудани мансабдори баландмақом ба ҷурми гирифтани пора мушкилоти худро дорад. Бо тақвият бахшидани мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷинояткорон роҳҳои бехатар содир намудани ҷиноятро “кашф” мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо барои гирифтани пора онҳо аз хизмати 3-4 миёнарав истифода мебаранд. Лекин, ба ин нигоҳ накарда, Агентӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад, ки пеши роҳи ҷинояткоронро, ба кадом табақаи аҳолӣ, ки тааллуқ дошта бошанд, гирад. Ва, албатта, ин саъю кӯшиш бенатиҷа нест.
- Чун сӯҳбат аз махсусиятҳост, мехоҳем ба як суоли дигар низ посух дарёбем. Аз ахбори пахшнамудаи кормандони Агентӣ ҳамчунин бармеояд, ки дар байни ашхоси бо ин ҷурм дастгиршуда занон ҳам ҳастанд. Ба ғайр аз касби момодоягӣ, ки бонувони соҳиби ин касб ба дасти кормандони шумо афтодаанд, тақрибан дар ҳамаи дигар касбҳо феълан занон фаъолият доранд. Оё дар касбҳои дигар ҷинояти хислати коррупсионидоштаи бонувон аз мардон фарқ дорад?
- Мутаассифона чунин ҳолатҳо хастанд . Ҳисоботи оморӣ нишон медихад, ки дар се соли охир 253 нафар (соли 2008-ум 64 нафар, соли 2009-ум 110 нафар, соли 2010-ум 79 нафар) занон ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд. Аз ҷумла, дар ин давра занон 50 ҷинояти тасарруфи амволи давлатӣ, 28 ҷинояти қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ, 28 ҷинояти додан ва гирифтани пораро содир намудаанд. Содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи занон аз ҳама бештар дар ташкилоту идораҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (89), муассисаҳои таълимӣ (43), ҷамъиятҳои саҳҳомӣ (35), муассисаҳои табобатӣ (18 адад), бонкҳо (12) ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намоем, ки бештари занони ба ҷиноят дастзада роҳбар ва масъулони мақомоти давлатӣ буданд. Аз ин рӯ, ақидае, ки мо гӯё танҳо ба дастгиркунии момодояҳо машғулем, ботил аст.
- Шумораи кормандонатон дар Агентӣ аз ҳисоби занон чӣ қадар аст?
- Айни ҳол дар раёсату шӯъбаҳои Агентӣ 17 нафар занон фаъолият доранд. Аз ин шумора 7 нафар дар дастгоҳи марказӣ ва 10 нафар дар раёсатҳои маҳаллии Агентӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, 3 нафар дар вазифаҳои сардорони шӯъба ва бахшҳо ифои вазифа менамоянд.
- Мегӯянд, ки талабгорони ба кор қабул шудан дар Агентӣ кам нестанд. Ба фикратон, чаро одамони зиёде мехоҳанд дар сафҳои он бошанд? Шояд маоши кормандонатон баланд аст, ё эҳтимол имтиёзҳое доранд, ки дар касбу вазифаҳои дигар нест?
- Кабули довталабон ба мансабҳои холии Агентӣ ба тариқи озмун доир мегардад, ки дар се марҳила (омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталаб, санҷиши ҳаттӣ ва санҷиши шифоҳӣ - суҳбати бевосита бо ҳар як довталаб) сурат мегирад. Тибқи низомномаи озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар Агентӣ танҳо шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва ё иқтисодӣ роҳ дода мешаванд.
Албатта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба кормандони он як қатор имтиёзҳо додааст. Маоши кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ низ нисбат ба дигар мақомотҳои давлатӣ зиёдтар аст.
- Тайи фаъолияти Агентӣ чанд нафар аз кормандонатон бо ҷурми ришваситонӣ боздошт шудаанд?
- Мутаассифона, ҳолатҳои ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани баъзе аз кормандони Агентӣ ҷой дорад. Дар ҳақикат як ҳолати порагирӣ аз ҷониби корманди Агентӣ ҷой дошт, ки онро худи мо сари вақт ошкор карда, оиди ин ҳолати нанговар парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудем.
Тайи фаъолияти чорсолаи мақомот бошад, аз ҷониби директори Агентӣ нисбати 6 нафар кормандони он, ки аз ҳадди ваколатҳои худ баромадаанд, инчунин аз мансабҳои ишғолнамудаашон сӯиистеъмол намудаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, аз ҷониби суд ҳамаи онҳо маҳкум карда шуданд.
- Ахиран Сарвари давлат дастур дод, ки ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, бархе аз ҷиноятҳоро бо пардохти ҷуброни зарар ва ҷаримабандӣ иваз намоянд. Феълан таносуби чунин парвандаҳо ба чӣ миқдор аст?
- Воқеан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2010 дар сурати аз тарафи гунаҳкор ихтиёран ва пурра пардохт намудани ҷуброни зарар барои ҷиноятҳои иқтисодӣ таъини ҷазои алтернативӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ гардидааст. Оиди таносуби шахсони дар намуди ҷарима ҷазогирифта нисбати шумораи умумии маҳкумшудагон дар айни ҳол таҳқиқоте нагузаронидаем. Маълумоти аниқро дар ин хусус метавонед аз мақомоти судӣ бигиред.
- Конститутсия меъёре дорад, ки ҳеч касро то замони судури хукми суд гунахгор донистан мумкин нест. Аммо пас аз тамошои барномаҳои кормандони шумо тариқи шабакаҳои телевизионӣ, яъне ба сифати ҷинояткор намоиш додани боздоштшудагон, бархе мепурсанд: оё ин меъёри конститутсионӣ халал намеёбад? Дар ин маврид оё принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ риоят мешавад?
- Бале, нуқтагузор дар муайян кардани бегуноҳӣ ё гунаҳгории шахс фақат суд мебошад. Вале, аз нигоҳи мо, ба воситаи ахбори омма ба самъи аҳолӣ расонидани маълумот оиди шахсе, ки дар вакти содир намудани ҷиноят ба сифати гумонбар дастгир шудааст ё ба ӯ дар содир намудани ҷиноят айб эълон гардидааст, принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро халалдор намесозад. Зеро ин нуқтаи назари мақомоти тафтиши пешакӣ аст, ки бо далелҳо асоснок карда шудааст.
- То ҷое, ки мо медонем, кормандони Агентӣ ҳаққи гӯш кардани телефон, сабти аудиоиву видеоиро доранд. Дар фаъолияти кормандонатон ҳолатҳое ошкор шудааст, ки онҳо бо истифода аз хусуматҳои шахсӣ ё ғаразҳои гурӯҳӣ аз касе ниқор ситонда бошанд?
- Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тарз, тартиб ва ҳуқуқу вазифаҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро оиди гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ, сабти аудиоиву видеоӣ ба таври возеҳ муайян намудаанд, ки он аз тарафи кормандони Агентӣ пурра риоя карда мешавад. Ҳолатҳои аз хусумати шахсӣ, ғараз ё ба мақсади ниқор гӯш кардани гуфтугӯи телефонии шаҳрвандон ё сабти аудиоиву видеоӣ аз тарафи кормандони Агентӣ мушоҳида нашудааст, зеро риояи бечунучарои қонуният дар ин самт, дар баробари мақомоти прокуратура, таҳти назорати бевоситаи роҳбари Агентӣ қарор дорад.
Аз фурсат истифода бурда, тамоми бонувони кишварро ба ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия даъват мекунам.