Маҳбуба Мирзоева – прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кормандони болаёқати мақомот буда, 38 соли умри хешро сарфи ин пешаи ниҳоят заҳматталаб намудааст.
– Маҳбуба Раҷабовна, лутфан бигӯед, ки интихоби касби прокурорӣ амри дил буд ё тасодуф?
– Айёми таҳсил дар мактаб мутолиаи асарҳо ва тамошои филмҳои детективиро хеле дӯст медоштам. Чунон ба умқи ҳодисаҳояшон фурӯ мерафтам, ки хаёлан ҳамроҳи муфаттиш ҳамон пайроҳаи хеле душвори тафтишотро тай мекардам. Дар дилам муғчаи орзуе мешукуфт, ки муфаттиш шаваму гиреҳҳои саргуми ҷиноятҳоро кушоям, ҳақиқатро рӯйи об барорам, адолатро барқарор созам ва онеро, ки муҷиби ҷазост, ба ҷазо бикашам. Пас аз хатми донишгоҳ соле дар прокуратураи ноҳияи Фрунзеи пойтахт чун таҷрибаомӯз кор кардам. Сипас, сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе таъинам карданд. Соли 1984 прокурории шӯъбаи тафтишотии прокуратураи шаҳрро ба зиммаам гузоштанд. Баъди чанд соли фаъолият ба кори ҳизбӣ гузаштам. Маро барои таҳсил ба мактаби дусолаи ҳизбии Ростови Лаби Дон фиристоданд. Пас аз хатми он сардори шӯъбаи тафтишоти прокуратураи шаҳри Душанбе таъин гардидам. Ҳамин тавр, дар зинаҳои гуногун, аз ҷумла прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ оид ба назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудаам.
–Маълум, ки мақомоти прокуратура дар ду самт: назорати иҷрои қонунҳо ва тафтишот фаъолият мекунад. Мутаассифона, дар самти тафтишот занон нисбатан каманд…
–Аслан дар худи ин мақомот занон нисбатан каманд. Охир, муфаттишӣ масъулият ва ҷавобгарии зиёд дорад, зеро тақдири инсонро – хоҳ гунаҳгор бошаду хоҳ ҷабрдида - ҳал мекунад. ӯ бояд сабурона, бо дасту дили пок , беғаразона барои ҳақиқатро рӯйи об баровардану волоияти қонунро созад. Ин заҳмати сангин, қувва, истеъдод, ҷасорат, масъулият, мушоҳидакорӣ, фидоӣ будану вақти зиёдро талаб мекунад. Прокурор–муфаттиш ҳангоми содир шудани ҷиноятҳои вазнин, хоҳ шаб бошад хоҳ рӯз, бояд фавран дар ҷойи ҳодиса ҳозир шавад. Аз ин рӯ, бо иллати масруфияти хонаводагӣ занон бештар мехоҳанд дар шохаи назорати иҷрои қонунҳо фаъолият кунанд.
–Шумо аз он занони камшуморед, ки дар ҳарду самт фаъолият намудаед. Оё муфаттишӣ бароятон душворӣ намекунад?
–Ман касбамро беҳад дӯст медорам. Ҳамин дилбастагӣ буд, ки гузашти солҳоро нафаҳмидам. Ҳатто ҳамчун зан дар бораи ҳаёти оилавӣ кам меандешидам. Бинобар ин, хеле дер оиладор шудам. Бо ин гуфтаниям, ки барои зан-модар, ҳамсар муфаттиш будан албатта душвор аст.
–Имрӯз мавқею мақоми занонро дар прокуратура чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда зиёданд ё на?
– Дар мақомоти мо барои мардону занон имкониятҳои баробар муқаррар шудааст.Ҳангоми гирифтани рутбаҳои касбӣ ва ҷоизаҳо онҳо яксон қадр мешаванд, яъне ҳавасмандкунӣ байни занону мардон баробар аст. Мутаассифона, дар вазифаҳои роҳбарикунанда шумораи занон кам аст, шояд аз он ки худи занон-прокуророн каманд. Бонувон дар баъзе раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявӣ чун муовин ҳам фаъолият мекунанд. Ягона падидаи қолабшикан дар ин самт Урунова Муҳаббат ба вазифаи прокурори шаҳри Қайроқум таъин гардид
–Ба андешаи бархе аз равоншиносон, дузанагӣ ва серзанагӣ дар кишварҳое авҷ мегирад, ки мардумаш қашшоқанд ё ба низои иҷтимоию сиёсӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Яъне, бисёрникоҳиро бемории иҷтимоӣ медонанд. Дар ҷумҳурии мо бошад, ин «беморӣ» хеле авҷ гирифтааст. Ба андешаи Шумо решаи ин падидаи ногувор дар куҷост?
–Ман ба ақидаи равоншиносон мувофиқам. Дар ҳақиқат, дар баъзе ҳолатҳо, чунон ки аз парвандаҳо маълум мешавад, занон аз сабаби саводу касб надоштан барои пешбурди рӯзгор маҷбур мешаванд зани дуюм ё сеюм шаванд. Аммо, ба андешаи ман, зане, ки ғурур дорад, ҳаргиз ба ин розӣ намешавад. Серзанагӣ дар қонунгузорӣ манъ аст ва ҷиноят эътироф мешавад. Мутобиқи моддаи 170 Кодекси ҷиноятӣ барои ин то ду ҳазор маоши ҳадди ақал, корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ҳар сол даҳҳо парвандаи ҷиноятӣ бо ин ҷурм тафтиш ва дар судҳо баррасӣ мегарданд. Аммо, мутаассифона, ин падидаи нангин на кам, балки зиёд мешавад. Ба андешаи банда, барои решакан намудани он бояд ҷавобгарии ҷиноятиро пурзӯртар гардонанд.
–Падидаи номатлуби дигар худкушии занон аст. Мутаассифона, дар бисёри ҳолатҳо парвандаҳо нисбати сабабгорони ин ҷиноят то суд намерасанд, яъне гунаҳгорон ҷазо намегиранд…
– Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 250 нафар занону духтарон қасд ба ҷони худ карда, 140 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ба худкушӣ расонидани шахс ҷиноят аст ва мутобиқи моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳое, ки сабабгори ин ҷиноят гаштаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол пешбинӣ шудааст.
Мақомоти прокуратура баҳри пешгирии ин падидаи номатлуб дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Мутаассифона, дар бештари ҳолатҳо сабабҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон, бахусус занону духтарон, номаълум мемонад. Албатта, бесабаб касе худро аз ҳаёт маҳрум намекунад. Аммо азбаски ин ҳодиса дар оила ба вуқӯъ меояд, ҷабрдида ва аъзои оилаи ӯ намехоҳанд, ки сирри оила ба берун барояду онҳо эътибори худро дар маҳал ва ҷомеа гум кунанд. Ҳамин тавр, солҳост, ки ҷавобгарони ин намуди ҷиноят аксаран беҷазо мемонанд.
–Аз ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Комиссияи муштарак баҳри мубориза бо одамрабоӣ ташкил шудааст. Саҳми прокуратура дар он чӣ гуна аст?
–Проблемаи харидуфурӯши одамон яке аз мушкилоти ҷомеаи башар ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо низ ин падидаи нангин, бадбахтона, ҷой дорад. Бале, баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт дар назди Ҳукумат Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон фаъолият дорад. Бар замми ин, баҳри мукаммал гардондани фаъолияти мақомоти дахлдор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариду фурӯши одамон» қабул шуда, барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили одамрабоӣ тасдиқ гаштааст. Бо ташаббуси Прокуратураи генералӣ аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда моҳи феврали соли 2010 як гурӯҳ кормандони прокуратура, вазорати корҳои дохилӣ ва амният ба шаҳри Дубай сафар карда, аз он ҷо 12 нафар ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро бо як нафар айбдоршаванда ба Душанбе оварданд. Ҷабрдидагонро дар паноҳгоҳҳои бӯҳронӣ ҷой намуданд ва кӯмаки рӯҳӣ расонда, ба зиндагии муқаррарӣ баргардонданд. Айбдор низ мукофоти амалашро гирифт.
–Зан-прокурор бояд чӣ гуна сифатҳо дошта бошад?
– Ростқавл, принсипнок, меҳрубону хушмуомила, дардошно, беғараз, соҳиби дили пок бошад, то дарди шахси наздаш омадаро дарк карда тавонад ва дар доираи қонун масъаларо ҳал намояд. Дар баробари ин то як дараҷа хунсард, боҷасорат, шердил бошад, чунки ҳангоми санҷиши ҷойи ҳодисаҳои вазнин бо ҳар ҳел манзараҳои даҳшатангез рӯ ба рӯ шуданаш мумкин аст.
– Ташаккур. Дар шахси Шумо идораи маҷалл кули кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбияшон табрик мегӯяд.
Мусоҳиб Барно Султонова