Дар форуми 17 байналмилалии сармуҳаррирон ва ноширон, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Гамбурги Олмон доир гашт, 600 нафар сармуҳаррирон аз 70 кишвари олам иштирок доштанд. Мавзӯъҳои муҳими ин ҳамоиш аз вазъи озодии сухан дар олам, ҳамзистии матбуоти чопӣ ва нашрияҳои электронӣ, роҳҳои ҷалби аудиторияи ВАО, истифодаи технологияи нави нашр, роҳҳои дастрас ва ҳозиразамони иттилоърасонӣ ва боз даҳҳо масоили дигари фарогирии фазои иттилоотӣ бо ахбори сифатноку дархури зиндагии мардум буд.
Дар доираи ҳамоиш бо бонувони муваффақи соҳаи журналистика ва табъу нашр чанд сӯҳбат доштем. Анжелла Эмива – директори нашрияи «Панш Нигерия юнайтед» («Қудрати Нигерия дар иттиҳод»), ки аз зумраи бонувони муваффақ дар ин кишвари Африқо аст, барои ошноӣ бо хонандаи «Бонувони Тоҷикистон» бо камоли мамнуният ба чанд суоли мо посух гуфт.
– Хонум Анжелла, шумо мавқеи занонро дар кишвари Нигерия чӣ гуна мебинед?
–Дар маҷмӯъ зан дар кишвари ман мавқеи начандон бадеро соҳиб аст. Вале он мақоме нест, ки ман барояш хоҳонам. Бонувони сарзамини мо ҳам, чун дар аксари олам, дар мақоми дуюм, яъне баъд аз мардонанд. Сарварони оилаҳо – мардҳо дар ҷомеаи суннатии мо вазни хосе доранд. Мутаассифона, занони мусулмон, ки дар Нигерия хеле зиёданд, ба мушкилоти бисёрзании шавҳарон гирифторанд. Хоса дар қисмати шимолии Нигерия ин падидаи номатлуб ба сари бонувон мушкилоти зиёди рӯҳиву равонӣ овардааст. Дар ин минтақа занҳо мутеи шавҳар ва беҳуқуқтаранд.
– Лутфан бигӯед, ки дар Нигерия бизнес-леди, яъне чун худи шумо бонуи маваффақ гаштан, осон аст?
– Ба фикрам, мушкил он қадар сахт ҳам эҳсос намешавад. Агар барои мисол бигирем, аз 140 миллион аҳолии ин давлат 70 миллионашро бонувон ташкил медиҳанд ва 30 дарсади ононро «бизнес леди» гуфта мешавад. Ба ҳар ҳол, мутмаинам, ки зани боистеъдоду кордон роҳашро дар қишри муваффақи ҷомеа меёбад.
–Дар соҳаи табъу нашр ё журналистика бонувон то кадом андоза мавқеъ доранд?
– Дар ин самти фаъолият онҳо зиёд нестанд. Масалан, бонувони чун ман дар соҳаи матбуот сарвар ҳамагӣ 3-4 нафаранд. Ҳамчун соҳибкор дар ин соҳа қариб касе нест. Фаъолиятамонро сензура хеле маҳдуд мекунад.
–Худи шумо чӣ гуна муваффақ гаштед? Оё роҳбарии рӯзномае, ки бо теъдоди 100 000 нусха ҳамарӯза нашр мегардад, осон аст?
-Албатта, не. Вале ин тиҷорат ба ман мерос мондааст. Падарам ҳама корро дар ин самт ба муваффақият расонда буд. Ман танҳо идомадиҳандаи фаъолияти ӯям.
– Оё ташкили чунин теъдоди нашр дар Нигерия барои дигарон низ имконпазир аст?
– Рӯзномаи мо пешсафтарин матбуоти кишвар ба шумор меравад. Кори муҳиме, ки моро муваффақ кардааст, фаъолияти паҳнкунандагони матбуот аст. Омӯзиши мунтазами бозори матбуот, ҳамеша дар сархат ва ҷараёни таҳаввулоти кишвар будан, ташкили курсҳои омӯзишии кормандон, сармоягузорони хуби ватанӣ, ҷалби ҷавонони соҳибҳунар ба ин соҳа амалҳоеанд, ки дар маҷмӯъ боиси пешравии кори мост.
– Анжелла, кадом махсусиятҳои зани африқоӣ боиси ифтихори шумост?
– О, онҳо хеле мағруранд. Ба худ итминон доранд. Ба ақли хеш қоиланд, эҳтироми хешро таъмин ва талаб мекунанд. Ҷасораташонро меписандам.
– Сифатҳои зикркардаатон дар кадом иқдомҳо зоҳир мешаванд?
– Зани нигерӣ имрӯз ҷасорати номзадии хешро ба президентӣ пешбарӣ кардан дорад. Чандин губернаторҳо аз шумули ҳамҷинсони мананд. Чанд бор спикерҳои парлумон занҳо интихоб гаштаанд. Умуман, занҳои муваффақ хеле зиёданд, ки маҳз ақлу ҷасорат раҳнамову муваффақашон кардааст.
– Занҳои мусулмони Нигерия чӣ мавқеъро соҳибанд?
– Мутаассифона, онҳо на он қадар хоҳиши зиёди фаъол буданро даранд. Ҳамагӣ боре як зани мусулмон губернатор интихоб шуда буд. Онҳо бештар мавқеашонро дар оила ва тарбияи фарзанду хидмати шавҳар мебинанд.
– Анжелла, барои бизнес-леди кадом сифатҳо муҳиманд?
– Муҳимтарин сифат донишу ихтисос аст. Баъдан хеле муҳим аст, агар миёни ҷинсҳо эҳтиром бошад, яъне ба инсон аз рӯйи дониш, қобилият ва кордонӣ баҳо бидиҳанд, на аз рӯйи ҷинс. Бурди ҳар як халқу кишвар ва қавму нажод дар он аст, ки истеъдодҳоро истифода карда тавонад. Дар мадди назари роҳбарият бояд ҳунар, илм, малака ва истеъдод бошад, на чизи дигар. Яъне, агар роҳбар (ё корфармо) худаш соҳибхирад бошад, ба қадри истеъдод мерасад. Касе, ки худ ҳунарманд аст, соҳибҳунарро қадр мекунад. Корро мутахассис мекунад, вале истифодаи дурусти истеъдодҳо ҳунарест, ки муваффақият танҳо аз он вобаста аст. Бонувони кордон бояд дар баробари истеъдод таҳаммулпазиру ҷасур бошанд.
Ҳуриннисо Ализода,
Душанбе-Гамбург-Душанбе