Вазъи иҷтимоии ҷавонони вилояти Хатлон дар кадом сатҳ қарор дорад? Ҷавонони хатлонӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз чӣ гуна саҳмгузор ҳастанд? Насли аз 14 то 30-солаи кишвар, ки нерӯи асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад, имрӯз чӣ рӯзгоре дорад? Барои посух ба ин ва дигар саволҳо бо сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фируза Шарифова ҳамсӯҳбат шудем.
- Нақши ҷавонони вилоятро дар пешрафти ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Чӣ мушкилоте садди фаъолияти густурдатари онҳост?
- Дар вилоят ягон муассиса ё коллективи меҳнатие нест, ки дар он нерӯи созандаи ҷавонон мушоҳида нашавад. Имрӯз зиёда аз 900 нафар ҷавонони вилоят дар вазифаҳои роҳбарикунанда машғули коранд. Аз муовинони раисони навоҳии вилоят то роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ташкилоту муассисаҳо масъулияти сарвариро ҷавонон ба ӯҳда доранд. Мусаллам аст, ки ташкилу бунёду ҷомеаи маданиро бе иштироки ҷавонон тасаввур кардан имконнопазир аст.
Мушкилоти ҷавононро бештар ба сатҳи бекории онҳо рабт медиҳанд, яъне қисме аз ҷавонон соҳибмаълумот бошанд ҳам, ҷойи кор намеёбанд. Аксаран маош ҷавононро қонеъ карда наметавонад, бинобар ин имкони дар муассисаҳои давлатӣ кор кардан надоранд. Масъалаи дигари ташвишовар солимии ҷавонон мебошад, зеро бештари онҳо дар хориҷ аз кишвар кор мекунанду аз беэҳтиётӣ бо ҳар гунна бемориҳо сироят мешаванд.
–Ба фикри Шумо сабабҳои асосии аз сиёсат дур будани бештари ҷавон чист?
– Шояд фаъолияти ҷавонони мо дар ин ҷабҳа дар сатҳи лозим набошад. Аммо дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ каму беш фаъоланд. Бубинед - 15 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намуданд. Метавон ин маъракаи муҳими сиёсиро як марҳилаи санҷишии ба сиёсати калон ворид шудани ҷавонон маънидод кард ва дарси муиме барои онҳо шумурд.
- Худатон аз кӣ дарси фаъолият омӯхтаед?
- Боиси ифтихор аст, ки аз мактаби сиёсии бонувони Хатлонзамин гузаштаам. Вақти раиси бонувони ноҳияи Восеъ будан ҳаёту зиндагии Гавҳарбӣ Пираковаро мавриди омӯзиш қарор дода, аз худ мепурсидам, кӣ кадом хислату рафтор ӯро дар байни мардум соҳиби эҳтиром кард? Бузургбӣ Алиаҳмадова, Зулайхо Суфиева, Гулнора Рӯзиева аз зумраи бонувоне буданд, ки ҳаёту зиндагӣ ва кору фаъолияти ҷамъиятиашон мавриди омӯзиши мо, ҷавонон буд. Дар доираи вилоят Латофат Шарифоваро устоди худ меҳисобам. Баъдан аз сабақҳои Руқия Қурбонова баҳраи зиёд бардоштаам. Воқеан, дар давраи фаъолияти Руқия Атоевна дар вилояти Хатлон мисли ман шогирдони зиёде дар мактаби сиёсии ӯ обутоб ёфтаанд.
– Аз назари шумо, барои тарбияи дурусти ҷавонон бояд чӣ корҳоро анҷом дод?
– Насли ҷавон ниҳоли наврустаро мемонад, ки тарбияи нодуруст ба роҳи каҷаш мебарад. Бояд барномаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарҳрезӣ бигарданд. Чунин барномаҳо аз тариқи сохторҳои давлатӣ дар маҳалҳо роҳандозӣ шаванд ҳам, бинобар ҷудо шудани маблағҳои нокифоя дар сатҳи зарурӣ ба иҷро намерасанд.
–Чунин андеша роиҷ аст, ки сабаби асосии қафомонии ҷомеаи мо ва коҳиш ёфтани маънавиёти он заъфи сиёсати идеологии давлат аст. Назари шумодар ин маврид чист?
- Ман ба ин андеша розӣ шуда наметавонам. Зеро агар сохтори идеологӣ суст кор мекард, ҷавонони мо чунин рӯҳияи баланди ватанпарварӣ намедоштанд ва дар даҳҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб намеомаданд. Маънавиёт равандест, ки онро дар як сол ё чанд моҳ баҳо дода намешавад. Барои дидани натиҷаҳои он солҳо лозиманд.
- Вазъи марказҳои фарҳангию варзишии навоҳии вилоят дар чӣ ҳол аст?
- Бояд гуфт, ки аз 1900 толорҳои варзишии вилоят зиёда аз 90% онҳо дар мувозинати мактабҳои таҳсилоти ҳамагонианд. Мутаассифона, толорҳои алоҳидаи варзишӣ надорем. Дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 12 маркази фарҳангии ҷавонон дорему халос. Имрӯз дар аксар шаҳру навоҳии вилоят, аз қабили Темурмалик, Восеъ, Ховалинг, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷавонон аз ҳисоби маблағҳои худ марказҳои варзишӣ сохта истодаанд. Онҳо хуб эҳсос кардаанд, ки агар марказҳои касбомӯзию варзишӣ ва истироҳатию фарҳангӣ надошта бошем, ҷавонон роҳи масҷидро пеш мегиранд ва «амри маъруфи» муллоҳоеро гӯш мекунанд, ки аксаран таҳкурсии зарурии динӣ ҳам надоранд.
- Бештари ҷиноятҳоро ба ноболиғон ва ҷавонон нисбат медиҳанд. Шумо рафтору ахлоқи онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Синну соли ҷавонон тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз 14 то 30-сола ба ҳисоб меравад. Дар омори тасдиқгардидаи ҷумҳурӣ синну соли ноболиғон то 18-сола таъин шудааст. Мушкили аслии ноболиғон сатҳи пасти иҷтимоии оилаҳои онҳост. Ноболиғон иҷборан аз таълим монда, барои дарёфти қутти лоямут дар бозор машғули кор мешаванд. Мо барои пешгирии поймолшавии ҳуқуқи ноболиғон кор мебарем. Имрӯз бештари волидайн кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандон тарбияи исломӣ диҳанд. Ҳамроҳи ташкилоти ғайридавлатии «Мурод» барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон барномаеро амалӣ намудем. Шароит ба вуҷуд овардем, ки наврасон битавонанд дар вақту соатҳои муайян ба меҳнати бомузд машғул бошанд.
- Боз кадом масъалаҳо Шуморо ҳамчун масъули кор бо ҷавонон ба ташвиш меоварад?
- Албатта, яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон таъмини ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷиронии корӣ дар хориҷ аз кишвар мебошад. Мо дар ин самт бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон дар ҳар се моҳ ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир мекунем. Биржаи меҳнатии ҷавонон, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, намояндагии худро дар вилоят низ фаъол кардааст. Тариқи ин сохтор бо корфармоёни хориҷӣ шартномаҳо баста мешаванд. Инак, соле 100-150 нафарӣ ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Муҳим он аст, ки қабл аз сафар аз семинарҳои мо гузашта, аз ҳуқуқу вазифаҳои худ огоҳ мешаванд ва сохтори мазкур кафолати ҷойи кор ва пардохти саривақтии музди меҳнаташонро медиҳад.
- Андешае вуҷуд дорад, ки яке аз соҳаҳои муҳим, яъне сайёҳӣ танҳо барои сохторсозӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар вогузор гардидааст, аммо дар ин ҷода коре ба сомон намерасад…
- Аз 31 ноябри соли 2006, он вақте ки дар сохторҳо дигаргуниҳо ба вуҷуд омад, соҳаи туризм ба ихтиёри кумитаи мазкур гузашт. Қабл аз ин ноҳияи Балҷувон то соли 2012 минтақаи туризм эълон шуда буд. Яъне, соҳаи сайёҳии кишвар аллакай дар марҳилаи аввали рушду инкишоф қарор дошт. Аз ин рӯ, вақти бештари раёсати мо ба таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ин соҳа дар шаҳру ноҳияҳо сарф шуд. Алҳол ба бунёди инфрасохторҳое машғулем, ки метавонад таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро ҷалб намояд. Аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят DVD-роликҳо ва буклетҳо оид ба манзараҳои зебои вилоят ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва сайти интернетии бахши сайёҳӣ таҳия шуда истодаанд. Умед дорем, ки ин тадбирҳо дар ҷалби таваҷҷӯҳи сайёҳон ва ҳаводорони дохилию хориҷӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.
Ҷамолиддин Сайфиддинов