ЗАМОНИ НАВ УСУЛҲОИ НАВРО ТАЛАБ МЕКУНАД
Сӯҳбат бо ҷонишини вазири маорифи ҶТ Тоҷинисо Маҳмадова пиромуни масъалаи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола.
– Тоҷинисо Файзалиевна, соҳаи маорифи кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ, яъне ба гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола иқдом намудааст, дар ин бора ба хонандагони маҷалла маълумот медодед…
– Ба муносибатҳои нави иқтисоди бозоргонӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ба хотири ҷавобгӯ будани таълиму тарбияи насли наврас, таҳсилот бо назардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Яке аз тадбирҳои ба низоми умумибашарӣ мувофиқ сохтани таҳсилот дар кишвар ин ба таҳсилоти дувоздаҳсола гузаштан аст.
Айни замон низоми таҳсилоти дувоздаҳсола дар ИМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Лаҳистон ҷорист. Дар Олмон, Шветсия, Италия, Ҳоланд, Чехия бошад, ҳатто низоми таҳсилоти 13 ва 14-сола амал мекунад. Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ аллакай ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон, ӯзбекистон ва Қазоқистон ба ин низом гузаштанд. Гузаштан ба низоми нав имкони ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилотро медиҳад. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотии умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бе мамониат метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафта таҳсилоти касбиро давом диҳанд. Ногуфта намонад, ки айни замон хатмкунандаҳои мо дар ин кишварҳо боз як ё ду сол ба таври илова таҳсил карда, танҳо пас аз ин ҳуқуқи ба мактабҳои олӣ дохил шуданро пайдо менамоянд.
Мувофиқи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12- сола, тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд: гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии асосии 10- сола; қабул ба синфи 1 аз синни 6- солагӣ; гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола; ба роҳ мондани таълими равиягӣ ва касбӣ (дар синфҳои 11 ва 12). Сохтори таҳсилоти умумии 12-сола се зинаро дарбар мегирад: Зинаи аввал– таҳсилоти ибтидоии умумӣ (синфҳои 1- 5), зинаи дуюм– таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-10), зинаи сеюм- таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 11-12).
Чорабиниҳо дар ду марҳила сурат мегиранд. Марҳилаи аввал солҳои 2011-2013– азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ давра ба давра ба роҳ монда мешавад. Ин марҳила бо ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10- сола анҷом меёбад.
Дар марҳилаи дуюм, ки солҳои 2014-2016- ро дар бар мегирад, кӯдакон ба синфи 1 аз синни 6 - солагӣ қабул мешаванд. Дар баробари ин дар ин давра низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ- гузаштан ба таҳсилоти 12- сола амалӣ мегардад. Соли таҳсили 2014- 2015 ба синфи 1 ҳам кӯдакони шашсола ва ҳам 7- сола қабул мешаванд, ки дар синфҳои алоҳида таҳсил хоҳанд кард. Хонандагони 6 - сола аз рӯйи барномаи нави таълимӣ, 7- солаҳо бошанд, бо барномаи амалкунанда таҳсил мекунанд.
Дар назар дошта шудааст, ки соли таҳсили 2016-17 низоми таҳсилоти 12- сола ҷорӣ карда мешавад; Синфҳои 2 ҳафтсола ба синфи 4 гузаронда мешаванд, тамоми синфҳо як синф ҷаҳиш мекунанд. Синфҳои 2- и шашсола ба синфи 3 мегузаранд. Худи ҳамон сол хатми аввалини синфи 12 сурат мегирад.
– Коршиносон ин усулро шикасти системаи таълими шӯравӣ ва тақлид ба Ғарб медонанд…
–Замони нав усулҳои навро талаб мекунад. Мо ҳатман ҷиҳатҳои беҳтарини усули таълими шӯравиро ба назар мегирем.
– Оё бо ҳамин база– муаллимони имрӯза, ки маоши ниҳоят паст мегиранд ва барои таъмини рӯзғорашон ба корҳои иловагӣ (кор дар замин, тиҷорат, мусофиркашонӣ) машғуланду вақти аз болои худ кор кардан, донишҳои навро аз худ кардан надоранд, метавон ба низоми нав гузашт? Барои такмили донишу малакаи касбии омӯзгорон чӣ чораҳо дида мешаванд?
– Мутобиқи Консепсияи гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи моддии кормандони соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми муаллим дар ҷомеаю баланд бардоштани сатҳи ихтисоси омӯзгорон ва омодасозии онҳо ба шароити нав як қатор тадбирҳо андешидааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маориф муқаррар намудани иловапулиҳо барои кори бефосила ва босамари омӯзгорӣ дар доираи захираҳои молиявӣ ва низоми худмаблағгузорӣ аз ҷониби маъмурияти мактаб, ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳот, мавқуф гузоштани даъвати ҳарбии хатмкардагони мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии дорои ихтисоси омӯзгорӣ, ташкили хизматрасонии ройгони тиббӣ ва суғурта, таҳияи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ҷиҳати муқаррар намудани имтиёзҳо дар пардохти хонапулӣ, хизматрасонии маишӣ, таҷдиди низоми такмили ихтисос, омӯзонидани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба кадрҳои роҳбарикунанда ва омӯзгорӣ, такмили фаъолияти хадамоти методӣ ва ба роҳ мондани он дар асоси принсипҳои ташкили шабакавӣ ва маркетинг, озодона муайян намудани усули таҳсил ва шаклҳои назорати он ва ғайра.
– Пеш аз он ки барои оғози коре тасмими ҷиддӣ гирифта шавад, бояд заминаи воқеӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин самт чӣ гуна корҳоро бояд анҷом дод?
– Барои ҷойгиркунонии шумораи иловагии хонандагон (аз ҳисоби шашсолаҳо) 3600 синфхонаи иловагӣ, ки арзиши сохтмониашон 108 млн. сомониро ташкил медиҳад, лозим аст. Барои бо таҷҳизот таъмин намудани синфхонаҳо 16,7 млн. сомонӣ ва барои таъмини шумораи иловагии синфи 1 (шашсолаҳо) зиёда аз 6,5 млн. сомонӣ маблағро талаб мекунад. Хулоса, барои гузаштан ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсола, албатта, маблағи зиёд хароҷот мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар солҳои 2010-2012 (Гранти Фонди каталитакӣ, Фонди Саудии рушд, Бонки рушди Олмон) сохтмони 77 мактаб пешбинӣ гардидааст. Умуман, ҳисоби хароҷоти гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми нави таҳсилоти дувоздаҳсола нишон дод, ки ислоҳот дар доираи имкониятҳои Буҷети давлати амалӣ мешавад ва қобили дастгирист.
– Манбаи асосии дониш китоб аст. Ёд дорам, ҳангоме ба таҳсилоти ёздаҳсола гузаштем, аз баъзе фанҳо китобҳо набуданд. Ҳоло ки омодагӣ ба таҳсилоти дувоздаҳсола меравад, ин ҷиҳат ба назар гирифта шудааст? Барномаҳои таълимӣ чӣ?
– Дар соли таҳсили 2010- 2011 Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Нақшаи таълимӣ мураттаб гардида, давра ба давра то соли 2014 китобҳои дарсии хонандагон омода мешаванд. Барномаву нақшаҳои нави таълимӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия мегарданд. Соли 2012 чопи китобҳо барои хонандагони синфҳои 1-5 тибқи барномаи нав оғоз мегардад. Дар ин сол 4 ҳазор нусха китоб бо маблағи 36 млн. сомонӣ ва соли 2013 3,9 млн. нусха нашр мешавад. Солҳои 2013-2014 чопи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 6,7,8,9,10 ва солҳои 2014-2015 бошад,чопи китобҳо, таҳияи стандарту барномаҳои таълимӣ барои синфҳои 11-12 дар назар аст.
–Мувофиқи маълумотҳо дар ҳоли ҳозир зиёда аз 3 ҳазор муаллим намерасад, пас агар таҳсили 12- сола ҷорӣ шавад, норасоии муаллимон бештар намегардад?
– Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар раванди ҷоришавии таҳсилоти 12- сола 17400 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар 35000 нафар мутахассиси соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешавад.
– Парвини Эътисомӣ гуфтааст:
Домони модар нахустустоди кӯдак аст,
Тифли донишвар куҷо парварда нодон модаре?
Аммо ҳоло мутаассифона, дар баъзе нукоти Тоҷикистон духтарон –модарони оянда на танҳо баъди синфи 9, балки аз синфҳои 5-6 мактабро тарк мекунанд. Андешаатон чун муовини вазир дар ин маврид?
– Албатта, босаводии насл аз бомаърифатии модар вобаста аст. Худои тарбия дар замин модар аст, мегӯянд. Агар модар донишманд бошад, мувофиқи ҷаҳони ботинии худ фарзандро тарбия мекунад. Яке аз мақсадҳои Барномаи «Қадам ба қадам» низ фарогирии ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла духтарон ба таҳсил аст.
–Ба натиҷаҳои мусбат додани низоми нав боварӣ доред?
–Албатта. Низоми нав ба ғайр аз имкони идомаи таҳсилоти олӣ дар кишварҳои пешрафтаро додан, боз имкон медиҳад, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта омӯхта ва ба инобат гирифта шаванд. Инчунин алҳол ҳамагӣ 7% кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд. Тадбири мазкур имкони ҳарчи бештари ҷалби кӯдакон ба таҳсилро дорад. Ҷорӣ намудани таҳсилоти равиявӣ ва тахассусӣ хонандагонро ба интихоби касб омода менамояд ва барои таҳсилоти касбиро мувофиқи қобилияташон идома додан кӯмак мерасанад. Инчунин аксари хонандагон пас аз таҳсилоти умумӣ соҳиби сертификат ё диплом гашта, дорои касбҳои коргарӣ мегарданд.
–Барои сӯҳбат ташаккур!
Барно Султонова