– Баҳриддин, даври аввали фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» анҷом ёфт. Шумо чун роҳбари бадеӣ қариб дар тамоми чорабиниҳо ширкат варзидед, таассуротатонро аз он ба хонандагони мо иброз медоштед.
– Ин чорабинӣ дар саросари ҷумҳурӣ хеле муташаккилона, бо як зебоӣ, шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати хоса хеле диданию ҷолиб сурат гирифт, ки онро танҳо бо дидан эҳсос мекунӣ. Сухан дар тасвири зебоиҳо, вижагиҳо, латофату назокати он саҳнаҳое, ки аз ҷониби мардуми ин маҳалҳо пешкаш мешуданд, оҷиз аст. Ростӣ, мо ин натиҷаро умед надоштем. Дар чорабинӣ тамоми мардум хоҳиши иштирок намуданро дошт, он ба як иди умумӣ, ба тӯйи як хонадон мубаддал гашт. Мусаллам аст, ки чизе бо хоҳиши дил аст, табиӣ, самимӣ мебарояд. Ман чун роҳбари бадеӣ аз баргузории ин чорабинӣ бисёр хурсанду қаноатмандам.
– Фестивал-озмун аз чанд бахш иборат аст?
–«Чакомаи гесӯ» аз се бахш иборат аст: Бахши аввал – ороиш ва мӯйбофии қадима буда, ҳунари волои машшотаҳо дар доираи расму оинҳои миллӣ, чун саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофӣ, зулфандозӣ, ҷамолак бандӣ, майдабофию панҷак, силсила, туф, пилта, улама, силсила ва ҳоказо бо либосҳои хоси маҳал намоиш дода мешуд. Яъне мо ду чизро ба маърази тамошо мегузоштем: ҳам мӯй, ҳам анъанаҳою либосҳои қадимаи худро. Зери навои мусиқӣ ва суруд маросими саршӯён намоиш дода мешуд. Дар ин намоиш ҳам фолклор ва ҳам этнография зуҳур мекарданд.
Бахши дуюм, ба олами зебои афсонавӣ шабоҳат дошта, малоҳату тароват ва зебоии мӯй ба таври бадеӣ, дар асоси афсонаю ривоятҳо намоиш дода мешуданд. Масалан, дар нақши Гурдофарид, Робиаи чилгазамӯй ва ғайра.
Ин бахш махсусан дар ноҳияҳои Варзобу Тавилдара ва Турсунзода хеле ҷолиб гузашт. Масалан, дар шаҳри Турсунзода, ки фестивал дар чойхонаи миллӣ гузашт, Робиаи чилгазамӯро намоиш доданд. Аз саҳна, аз баландӣ мӯйҳои дарози духтар – маҳбуба ҳамоил буданду ҷавони ошиқ аз поён ба ӯ изҳори ишқу муҳаббат менамуд. Аҷаб як манзараи дилхушкунанда ва муассире буд ин лаҳза. Тамошобинро ба олами руъёҳои ҷавонӣ мебурд ва дар дил орзуҳо мешукуфтанд.
Бахши сеюм, ки фарогири ороиши мӯй ва либоси замонавии муосир аст, дар он тарзи замонавии ороиши мӯй дар омезиш бо тарзи қадимӣ нишон дода шуд. Азбаски фестивал театрикунонидашуда буд, он таҳти суруди «Илтиҷо дорам, ки мӯятро набур» гузашт. Дар ин бахш ба ороишу зебогии мӯйи кӯдакон эътибори хоса дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки қисмати кӯдакона дар ҳар бахш мавҷуд буд.
– Фестивали «Чакомаи гесӯ» чӣ махсусият ва аз дигар чорабиниҳо чӣ тафовуте дошт?
– Махсусияташ ҳамин буд, ки дар он пиру барно бо майли хотир, бе маҷбуркунӣ, бо хоҳиши зиёд ширкат варзиданд. Он бозгӯйи ғанӣ будани анъанаҳои миллии мост. Мардум аз кӯдакӣ ба парвариши мӯй, махсусан мӯйи духтарон аҳамият медиҳад. Ҳатто мани коргардон намедонистам, ки чандин навъи сартарошон байни мардум вуҷуд дорад: сартарошон баъди таваллуди кӯдак, сартарошони шаҳдомод, ҳатто духтаронро низ сартарошон мекардаанд. Албатта, дар хурдиашон. Дар он ҳам фолклор ва ҳам анъанаҳои бойи ниёгон, яъне этнография дар ҳамбастагӣ намоиш дода шуданд. Тафовут дар он буд, ки намоишҳо на танҳо дар саҳна, балки дар манзараҳои зебои табиат баргузор гаштанд.
Бар замми номи умумии «Чакомаи гесӯ» ташкилкунандагон имкон доштанд, таҳти номҳои писандидаашон: «Арӯси хушқади чилкокули ман», «Хосияти дукокула», «Ҷингилак мӯй дорӣ», «Санами чилкокула» ва ғайра намоишашонро гузаронанд.
– Даври дуюм кай оғоз мегардад ва киҳо иштирок мекунанд?
– Давраи дуюм шояд аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гардад. Ва дар он тамоми минтақаҳо иштирок менамоянд. Дар даври хотимавӣ, ки баргузориаш дар Кохи Борбад дар назар аст, беҳтаринҳо иштирок хоҳанд кард.
– Сабаби муваққият пайдо кардани фестивал чист?
– Шояд дар иштироки дастандаркорони касбие чун ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, роҳбари бадеӣ ва басаҳнагузоранда дар вилояти Суғд ва сарбалетмейстри фестивали «Чакомаи гесӯ» ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Мӯсоев бошад.Сӯҳбаторо Барно Султонова