факултаи фарҳангшиносии Донишгоҳи Ягелон таҳсил мекунад. Тахассусаш омӯзиши фарҳанги Русия асту чанд сол боз тамаддун ва суннатҳои мардуми Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳашро ҷалб намудааст. Бори аввал барои дидан кардан аз ин минтақа лоиҳаеро ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод кард ва тибқи Барномаи «Табодули донишҷӯён» ба ҷумҳурии Қазоқистон омад. Андеша дошт, ки тайи ин муддат дар кишвари ноошно дилгир хоҳад шуд ва бояд муддати сафарашро ҳадди аксар барои як моҳ таъйин мекард. Ғайриинтизор се моҳ ба мисли як мижа задан сипарӣ шуду ӯ иҷборан ба шаҳри Кракова баргашт. Пайванди қавии хонаводагӣ, расму оин, тамаддуни исломӣ ва дар ҷамъ фарҳанги шарқӣ гиреҳе пайваст дар андешааш, ки дигар таҳаммулро аз даст дод ва натавонист дур будан. Аз ин рӯ, лоиҳаи дигаре таҳия кард ҷиҳати омӯзиши фарҳанги Осиёи Марказӣ ва барои панҷ моҳ аз Аврупо берун рафт. Феълан Агнешка меҳмони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аст. Фишурдаи сӯҳбатамонро пешниҳоди хонандаи гиромӣ мекунем:
