Миёни ҷомеа ва хоса рӯзноманигорон моҳҳои охир андешае садо медод, ки раиси вилояти Суғд дар амалӣ гардонидани супориши Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули шаҳрвандон, корҳои зиёде анҷом додаст. Корафтодагон аз қабулаш розӣ ва қаноатманд мемонанд. Дар ин самт коргузории ҳозиразамонро ба роҳ мондааст. Гузашта аз ин, то расмӣ гаштани рӯзҳои қабул иқдомҳои қотеонае дар ин самт амалӣ карда буд.
Ва масъалаи қабули бонувон ва ҳалли мушкилоти эшон, ки боиси таваҷҷӯҳи хосаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикстон» аст, моро ба қабули Қоҳир Расулзода овард.
–Мӯҳтарам раис, лутфан барои хонандагони нашрияи «Бонувони Тоҷикистон» як масъаларо шарҳ бидиҳед. Қабули шаҳрвандонро аз ҷониби раиси вилоят ҳанӯз то фармони Президенти Тоҷикистон ба роҳ мондан чӣ боис шуда буд? Оё мушкилоти шаҳрвандони вилояти Шумо бештар аст? Ё бо ин амал чизеро барои худ ҳамчун роҳбар кашф карданӣ шудед? Ва ё ин ҳам яке аз он навовариҳои навбатии шумост чун як шахси ҷӯяндаву тараққихоҳ? Хулоса, чӣ андешае ба ин амал раҳнамоятон гашт?
– Сарчашмаи ин иқдом ҷаласаҳои ҷамъбастии ноябри соли гузашта дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд буданд. Зимни он маҷлисҳо сахт эҳсос мекардам, ки мансабдорон мушкилоти зиёдеро пинҳон доштанӣ мешуданду рақамҳои зиёди муваффақиятҳоро баён мекарданд, ки аз воқеият дур буданашонро каме андешаву таҳлил рӯшан менамуд.
Рақамҳои омории зимни ҳисобот овардашуда аз рӯзгори мардум тафриқаи зиёде дошт. Зеро агар он рақамҳо воқеӣ мебуданд, бояд зиндагии мардуми мо бе каму кост мешуду нарху наво арзонӣ ва ҳама инсонҳо хушбахт. Вале зимни сафарҳои корӣ миёни мардум гашта аз воқеияти рӯзгори эшон пай мебурдам, ки ҳисобот аксаран бардурӯѓанд. Проблемаҳоро масъулин то ман намерасонанд. Метарсанд, ки худашон гап мешунаванд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки дар баъзе шаҳру навоҳӣ худам мардумро қабул кунаму «суханро аз забони Луқмон» бишнавам.
– Натарсидед, ки мушкили зиёде ба коратон зам мешаваду баъдан танҳо машѓулиятатон ҳалли онҳо мегардад?
– То андозае ин ҳарос ҳам буд. Хоса, аз мушкилоти хонаводагии мардум, ки аксаран ҳаллашон аз мақомоти иҷроия камтар бастагӣ дорад, меҳаросидам. Вале ѓайричашмдошт мардум бештар аз мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф мезананд. Дилсӯзии эшон аз мушкилоти умумӣ маро боз ҳам завқманд мекард, ки бештар аз онҳо иттилоъ бигирам ва дар ҳалли мушкилашон саҳмгузор шавам.
–Оё зимни оѓози ин амал ба муваффақ шуданатон дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа эътимод доштед? Ва ё медонистед, ки мушкили дигаре садди роҳи ҳалли талаботи мардум намегардад?
–Бале, мушкиле буд, ки онро пешбинӣ кардан ҳам мумкин буд, вале на то ин андоза. Ман то ин дараҷа тасаввур намекардам, ки қабули шаҳрвандон ба маблаѓ ё буҷаи алоҳида иртиботи сахт мегирад. Масалан, баъзе шикоятҳои мардум бевосита маблаѓҳоеро талаб мекунад, ки дар буҷаи вилоят пешбинӣ нашудаанд.
–Пас чӣ роҳе пеш гирифтед?
–Ба хулосае омадем, ки аз маблаѓҳои барзиёд иҷро шудани буҷа ва истифодаи бисёр боэҳтиёту сарфакоронаи бахшҳои гуногуни буҷа ин масъалаҳоро ҳал намоем.
–То имрӯз, масалан, чи қадар маблаѓ сарфи ҳалли мушкилоти шаҳрвандон зимни қабули онҳо шудааст?
–На камтар аз 2 миллион самонӣ, ки танҳо аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани буҷа аст.
–Зимни мулоқотҳои рӯ ба рӯ кадом мушкилоти хосаи мардумро рӯшан кардед? Ва чаро шуморо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳӣ менамуданд?
–Муроҷиаткунандагон аслан аз надоштани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, вазъи бади роҳҳо, нарасидани мактабҳо ё таъмирталабии онҳо, камии бунгоҳҳои тиббӣ, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ шикоят доштанд. Ҳалли аксари ин мушкилотро тариқи ҳашар, бо каме кӯмаки молиявӣ ба роҳ мемондем. Вале ба ҳалли баъзе масъалаҳо, масалан, кандани чоҳҳои амудӣ, ки ҳар якаш маблаѓи 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳанӯз дастамон намерасад.
Ширкати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он сабаб зарурат пайдо кард, ки аксари муроҷиатҳо ба фаъолияти онҳо алоқаманд буд. Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон оид ба баҳсҳои судӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ҳам аз раиси вилоят мадад мехоҳанд. Ин мушкилоти хеле ҷиддист ва гувоҳи он аст, ки мардум аз сохтори давлат ва ҳуқуқҳои хеш бехабаранд, аз самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ огоҳӣ надоранд. Мақомоти иҷроияро аз мақомоти судӣ ё қонунгузорӣ фарқ намекунанд. Салоҳияти мансабдорони зинаҳои гуногунро намефаҳманд. Кӣ ба чӣ ҳуқуқ дорад, намедонанд.
–Мегӯянд, ки дар қабули шаҳрвандон шумо коргузории хосае ба роҳ мондаед, ки ҳам корро осон мекунаду ҳам ягон муроҷиат бе назорат намемонад. Ин сирро кушода метавонед?
–Ин ҷо сирре ҳам нест. Тавре гуфтем, мо қабулро каме пештар оѓоз карда будем (аз ноябри соли гузашта), бинобар ин, таҷрибаамон аллакай буд. Ва механизми кори омӯхтани мушкилоти мардумро тавассути боз кардани парвандаҳои назоратӣ ба роҳ мондем.
– Чаро парванда? Раиси вилоят парвандаҳои мушкилоти мардумро мекушояд? Онҳо чӣ гунаанд? Кай баста мешавад?
- Оид ба ҳар як муроҷиат парвандаи дорои рақами мушаххас ҳаст, ки назорати онро хеле осон мекунад. Ба иҷрои ин муроҷиат кӣ масъул аст, ба назорати кӣ вогузор шудааст, умуман ҳама зинаҳои корӣ ва нафарони масъул дар парвандаҳо сабт мегарданд. Онҳо вақте пӯшида мешаванд, ки ҷавоби хаттии муроҷиаткунанда (бо дасти худаш) оид ба эътирофи ҳалли масъалааш ба мо бирасад.
– Ба ҳар қабул то чанд нафар шаҳрвандон меоянд? Кам ё зиёд будани онҳо аз нигоҳи Шумо ба чӣ далолат мекунад?
–Ҳангоме ки соли гузашта қабулро аз ноҳияи Табошар оѓоз кардем, мардум ба ин иқдоми нав нисбатан ба шубҳа менигаристанд. Гумон мекарданд, ки барояшон манфиате намеораду як расмиятчигии оддист. Вале зуд ин андеша ботил шуд, чунки натиҷаҳои амалӣ овоза гаштанду эътимод ба ин навъи кор афзуд. Аз замони тибқи фармони Президенти Тоҷикистон расмӣ шудани қабул сафи муроҷиаткунандагон хеле афзуд. Масалан, дар Исфара мо дар як рӯз аз соати 8-и субҳ то 10-и шаб арзи 1000 нафарро шунидем.
Дар Истаравшан ин рақам ба 450 расид. Дар дигар ноҳияҳо то 200-300 нафар ба қабул меоянд. Зиёд будани муроҷиат, албатта, нишонаи фаъолияти ѓайриқаноатбахши масъулини шаҳру ноҳияҳост. Агар онҳо ба доди мардум бирасанд, одамон бекор нестанд, ки боз навбат поида ба қабули раиси вилоят биёянд. Ба ҳар ҳол, дар муқоиса ба давраҳои аввали қабул муроҷиат камтар шудааст.
–Шояд раисони ноҳияҳо аз тарси ошкор шудани камбудиҳои худ мардумро ба қабули шумо намемонанд, метарсонанд, пешгирӣ мекунанд?
–Не, чунин намешуморам. Баръакс, гумон дорам, ки кор бо мардум акнун хуб ба роҳ монда шудааст. То қабули раиси вилоят онҳо худашон шаҳрвандонро қабул карда, мушкилоташонро ҳал месозанд. Фикр мекунам, ки камшавии шаҳрвандон дар қабулҳо нишони ҳамин аст. Ғайр аз ин, муроҷиати шаҳрвандон тариқи почтаи электронӣ имкон намедиҳад, ки раисони ноҳияҳо садди роҳи касе гарданд.
–Мӯҳтарам раис, лутфан бигӯед, ки муроҷиатҳои бонувон кадом масоилро рӯшан мекунанд? Оё онҳо дар қабули шумо рӯирост аз мушкилоташон ҳарф мезананд?
–Ғайричашмдошт дар ин самт бонувон аз мардҳо фаъолтаранд. Ошкорбаёнии онҳо аз самимияташон дарак медиҳад. Талабҳояшон қотеъ ва мушаххас аст. Масалан, бонуе дар ноҳияи Зафаробод аз мо дархости мошинаҳои дарздӯзӣ кард. Чӣ хел талаботашро қонеъ накунем, ки 60 нафар занонро ба ҷойи кор таъмин мекунад? Аҳсан ба чунин занон.
Дар ноҳияи Ашт низ бонувон талаби мошинҳои чокдӯзӣ барои корхонаҳои хусусӣ намуданд. Дарзамон ин мушкилашонро ҳал намудем. Чанд мактаб бо талабҳои пешгузоштаи эшон сохта ё таъмир шуд.
Таъмири толорҳои варзишӣ, боми мактаб, кохи фарҳанг, таъмини мизу курсӣ барои мактабҳо низ аксаран аз ҷониби бонувон пешниҳод мегардад. Умуман, онҳо чун модар барои некӯаҳволии фарзандон бештар мекӯшанд.
–Духтарон ҳам ба шумо муроҷиат мекунанд?
–Бале, аксаран барои дастгирӣ дар дохил шудан ба мактабҳои олӣ. Дастгирии истеъдодҳои ҷавон аз тариқи омӯзиши мушкилоти эшон дар ин давра хеле афзуд.
–Боз аз кадом мушкилоти хосаи занон ё вижагиҳои муроҷиати эшон зимни қабули шаҳрвандон огаҳӣ ёфтед?
–Эҳсос мекунам, ки занҳо хеле бақувват, боҷасорат ва лидер шудаанд. Дар хона бештар сарвариро ба даст гирифтаанд. Аз мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки пештар набуд, бисёр чизҳоро фаҳмидам. Вале, мутаассифона, аксаран онҳо аз стереотипҳои замони шӯравӣ то ҳол раҳо нашудаанд. Бо баъзе масъалаҳое муроҷиат мекунанд, ки ҳаллашон ба мо қариб, ки дахл надорад. Вале қолаби шахшудаи «Раис, ки ҳаст, бояд ҳал кунад»–ро ҳеҷ шикаста наметавонем. Баъзе шаҳрвандон «ҳамту раисба дилхоликунӣ» ҳам меоянд. Нафароне ҳастанд, ки мана диданӣ ҳам меоянд (механдад)!
- Ба вазъи зиндагии занон умуман дар вилоят чӣ гуна баҳо медиҳед?
–Дар маҷмӯъ бад нест. Вале ман қаноатманд нестам. Зеро ҳанӯз мушкили зиёде боқист. Корҳои зиёдеро боз ҳам бояд роҳандозӣ кард. То ҳадди имкон мушкилоташонро ҳал мекунем. Вале мушкилоти умумии иҷтимоӣ ҳанӯз хеле зиёд аст.
Зимни мулоқотҳо як чизи муҳимро дарёфтам, ки мардум меҳнатдӯст аст. Як порча замин дошта бошад, худро таъмин мекунад. Аксаран талаботи зиёде ҳам надоранд. Дар ҳар сурат, ман аз онҳо миннатпазирам, ки вазъро дуруст дарк мекунанд. Иншооллоҳ, бо ёрии аҳли ҷомеа ба зиндагии шоистатаре хоҳем расид. Дар ин кори хайру амалӣ, яъне қабули шаҳрвандон, мо на танҳо гӯш мекунем, балки боз бисёр чизҳоро меомӯзем.–Ташаккур.
Ҳуриннисо Ализода,
Душанбе-Хуҷанд-Душанбе
Қоҳир Расулзода – раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сиёсатмадори ҷавону кордон. Роҳбари хубу бо равияи демократиаш эътирофшуда. Миёни ҳамтоёни хеш бо чанд хислат ва хоса касбият фарқ мекунад. Ҷӯянда аст. Дар такомули истеъдоду маърифати худ ва роҳҳои инноватсионии роҳбарӣ ҷаҳд месозад. Ҳамеша мекӯшад, ки дар ҳар иқдом навоварие бикунад. Аз интеллекти мутахассисин фаровон истифода мебарад. Ба худ ва командааш эътимод дорад. Роҳбари бомаданият ва шахси хеле замонавист. Ахлоқи нек ва оиладории намунавиаш шоистаи пайравист. Ба ақлу истеъдоди занон эътимод дорад. Аз воситаҳои ахбори омма ва хабарнигорон истифода карда метавонад. Аз бисёр қолабҳои шахшуда ва менталитети манфӣ озод аст. Зираку ҳушманд, дар таҳкими сиёсати давлатӣ муваффақ ва бо дастовардҳои амалӣ сазовори эътироф аст.