Сайрамбӣ Каримовна, маъмулан занҳои деҳот ҳамеша ба бонувони шаҳрӣ ва зиндагии эшон бо ҳавас ва ҳатто ҳасад менигаранд. Онҳо бар ин андешаанд, ки занҳои шаҳрӣ мушкиле надоранд. Бигӯед, ки ба шӯъбаи кор ба занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бонувон бо кадом масоил муроҷиат мекунанд?
- Аввалан, ба ин андеша розӣ нестам. Занон, чӣ дар шаҳру чӣ дар деҳот, ҳанӯз мушкилоти зиёде доранд. Дуруст аст, ки бонувони шаҳрнишин бояд хеле маданиву босавод ва хушрӯзгору соҳибфарҳанг бошанду аксари мушкили рӯзгори хешро худ ҳал карда битавонанд. Мутаассифона, чунин нест, аксари занони шаҳр онҳоеянд, ки то дирӯз деҳотнишин буданд ва бемаълумоту аз ҳуқуқҳояшон бехабарҳо чунон зиёданд, ки… Аз ин рӯ, дар иртибот бо масоили гуногун муроҷиат менамоянд, вале мушкили аслӣ марбут ба иҷтимоъ, ҳуқуқ ва бекорист.
Шумо ин масъалаҳоро ҳал карда метавонед?
- Мо дар ин замина бо Раёсати шаҳрии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират шартномаи ҳамкорӣ дорем. Мунтазам бо созмондиҳандагони ярмаркаҳои ҷойи кор дар тамосем, то ба қадри имкон барои занон машғулияте пайдо намоем.
Масалан чӣ гуна корҳо ва барои кадом занон?
-Маъмулан, ба мо занҳои соҳибмаълумот камтар муроҷиат мекунанд. Барои нафароне, ки ягон сарчашмаи таъминот надоранд, курсҳои омӯзиш ва ё шуғле пайдо мекунем, ба омӯхтани ҳунар, савод, касб ва забонҳо ҷалбашон менамоем.
Дар ҳалли кадом масъалаҳои доғ мушкил доред?
- Дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, масалан тақсими амвол, талоқ, бисёрникоҳӣ ва ғайраҳо, ки аксаран ба хушунат нисбати зан оварда мерасонад. Инҳо мушкилотеанд, ки ҳамарӯза занон барои ҳалли онҳо дари моро мекӯбанд…
Чӣ мушкилро имрӯз бетаъхир ҳалталаб мешуморед?
- Масъалаи ноболиғ ба шавҳар додани духтарон ва дар ин замина бе касбу кор ва ҳунару савод ба зудӣ хонавайрон шудану «дар кӯча» мондани онҳоро.
Ин масъаларо то ба наздикӣ мушкили хоси деҳотиён медонистанд…
-Не, имрӯз дар шаҳр ҳам аз масоили доғ аст. Дар деҳот ҳама ҳамдигарро мешиносанд, ноболиғ будани духтарро ҳамсояҳо медонанд. Дар шаҳр одамон ба якдигар кор надоранд, ғайр аз ин, тавре ки қайд кардем, ҳоло деҳотиёни зиёде ба шаҳр рӯ овардаанд. Аксари корафтодагон дар қайди муваққатианд ё аслан сабт нашудаанд ва, мутаассифона, қонунро риоя намекунанду ҳуқуқҳояшонро намедонанд.
Ба фикри Шумо, барои чӣ дар сари аксари падару модарон як андеша аст: ҳарчи тезтар духтарро шӯ додану «ҷонро халос кардан»?
- Шояд бисёриҳо метарсанд, ки баъдан духтар бешавҳар мемонад. Вале наметарсанд, ки домоди нашъаманд, беҳунару бекор, бетарбияву бемаълумот ва аксаран пиру бачаву качадор ҳоли духтарашонро бадтар мекунад. Оддитар карда бигӯем, бе молу мулку бе хонаву дар бароварда пеш мекунанд, зеро надидаву насанҷида, танҳо барои «номаш» хонадор карданҳо хеле афзудааст.
Баъзан нафароне ба мо муроҷиат мекунанд, ки қиссаҳои ҳаёташон даҳшатовар аст. Вале боз ҳам аксаран занҳо бармегарданд ба «хонаи шӯ», зеро роҳи дигаре надоранд. Заминаи хушунате, ки дигар илоҷи аз байн рафтанаш намемонад, чунин мушкилот аст.
Чӣ бояд кард?
-Маҳви бесаводии ҳуқуқӣ ва маҳви бекорӣ…
Имрӯз дар шаҳр занони сатрпӯш хеле зиёд шудаанд. Ин чист - мӯд ё рӯ овардан ба шариати Ислом? Хуб аст ё бад? Назари шумо?
- Агар мутаваҷҷеҳ шуда бошед, имрӯз қариб тамоми мардон рӯ ба масҷид овардаанд. Яке аз сабабҳои зиёд гаштани пӯшиши исломӣ ваъзҳоеанд, ки он ҷо садо медиҳанд. Чун ишора ба мӯд кардед, ин ҳам ҳаст, аниқтараш - тақлид ба дигарон. Сатри зан набояд либоси ӯ, балки шарму ҳаёву одобаш бошад. Баъзе занон сатр доранду аз чашмашон ба қавле «алов» мерезад, ахлоқи бадашон иртиботе ба ислом надорад.
Сайрамбӣ Каримовна, ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел рӯзи пойтахт эълон гаштааст, яъне чӣ?
- Пойтахт таҷассумгари симои кишвар аст. Мақсади ҷашн таъкиди он аст, ки Душанберо чун маҳаки худшиносии миллӣ, макони маърифат, ташаббусҳо ба намоиш гузорем ва боз ҳам ободу зеботар намоем. Таваҷӯҳи роҳбарияти шаҳр ба занҳо хеле зиёд аст. Ба наздикӣ боз як маркази бонувон ба истифода хоҳем дод, ки дар рушди худшиносии занони кишвар нақши хосае хоҳад дошт.
Имрӯз танҳо дар Раёсати ободонии шаҳр беш аз ду ҳазор нафар занон фаъолият доранд. Ҳамин далел кофист, ки ободониву зебоиҳои пойтахт низ аксаран маҳсули заҳмати занон аст.
Чӣ тағйиротеро дар рӯзгори бонувони пойтахт интизоред?
- Таманно дорем, ки ҳар як шаҳрванд фарҳанги шаҳрдориро ёд бигирад. Бетарафии сокинони пойтахт бартараф бишаваду ҳама нозири беғарази муносибат ба муҳити зисти хеш ва маданиятии ҳамдигар бигарданд. Барномаи фарҳанги шаҳрдорӣ, ки ба қарибӣ омода мешавад, афкори шаҳриёнро ба таври мусбӣ дигар бисозад. Маҳфилҳои ашрофдухтон ташкил шаваду занону духтарон намунаи олии зиндагии маданиро аз худ намоянд. Солимгардонии ҷомеа аз шиор ба амал бипайвандад. Аз вазиру кабир то оддитарин шаҳрванд масъулияти шаҳрдориву ватандорӣ эҳсос кунад. Менталитети мардҳо тағйир биёбад - Душанбе пешсафи дузанагӣ не, пештози маърифати оилавӣ бигардад. Дар сатҳҳои баланд масъалаҳои занонро комилан ҷиддӣ қабул намоянд. Ҳимояи воқеии ҳуқуқии зан роиҷ бигардаду зани ба ҳар мақоме муроҷиаткарда дастгирӣ биёбад. Занони соҳибмаърифат оилаҳоро обод бисозанду миллати тоҷик бо фарзонагони хеш мақбулу пазруфтаи оламиён бигардад.
Сӯҳбатнигор - Ҳ.Юсуфӣ