Танҳо 15 дақиқа...
Ӯ дар Тоҷикистон ягона зан дар мақомаш аст. Фарқкунанда аз ҳамтоёни дигараш дар ҳамин вазифа. Ҳамтоёнаш аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон дар хусусаш шунидаву дар ҳайрат уфтода буданд. «Чунин як вазифаи пурмасъул, бар дӯши як бону? Аҳсан ба ҷасорату тавоноӣ!», яке чунин мегуфту дигарӣ ба муваффақ шудани як бону дар ин сатҳ бовар надошт...
Барои расидан ба имрӯз чи роҳҳоро паймудаед?
- Роҳҳои мушкилу осони зиёдеро паймудаам, то ба имрӯз бирасам. Баъди хатми Донишгоҳ 15 сол ба ҳайси омӯзгор дар макгаби миёнаи раками 14-и ноҳияи Қайроқкум фаъолият доштам. Яъне, то омадан ба ҳукумати ноҳияи Қайроқкум ман омӯзгори оддӣ будам.
Ворид шудан аз муҳити омӯзгорӣ ба муҳити роҳбарӣ хуб аст ё бад?
- Саволи аҷиб! Намедонам барои дигарон чӣ гуна, аммо барои ман ин хуб аст. Ман ҳанӯз замони омӯзгор буданам бо фаъолияти кормандони ҳукумат ошноӣ пайдо карда будам. Вакте роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум таъин шудам, аз масъулияти баланди вазифа огаҳӣ доштам. Ба ғайр аз ин ман хатмкардаи мактаби захиравии кадрҳои вилоят будам. Он ҷо устодони таҷрибадор мо занҳоро дарси роҳбарӣ меомӯхтаанд. Имрӯз назарияҳои замоне омӯхтаамро дар амал татбиқ карда истодаам.
Роҳбари Дастгоҳ будан чӣ масъулият дорад?
- Масъулияташ хеле зиёд аст. Масъалаҳои молиявии ҳукумат, интизоми меҳнат, гузаронидаи маҷлисҳои машваратии раиси шаҳр, гузаронидани иҷлосияҳо, омода намудани нақшачорабиниҳо, баррасии мактубҳои воридотӣ ва... ҳамаи ин вазифаи бевоситаи роҳбари дастгоҳ аст.
Шумо дар ҷумҳурӣ ягона зан дар ин вазифа ҳастед. Ягона будан чӣ эҳсосе дорад?
- Ман дар ин вазифа ягона ҳастам, аммо дар кулл дар қатори занҳои фаъол худро ягона эҳсос намекунам. Имрӯз дар Тоҷикистон мисли ман занҳое, ки бори гарони вазифа мекашанд, кам нестанд. Ман худро ҳатто лаҳзае зани хонашин тасаввур карда наметавонам. Корҳои ташкилиро дӯст медорам. Фикр мекунам ташкилотчии хуб ҳам ҳастам (механдад). Ин яке аз хусусиятҳои муҳими роҳбарӣ ва гарави муваффақият дар тамоми соҳаҳост. Вазифаро ба ман бовар кардаанд, мекӯшам лоиқ бошам.
Қобилияти ташкилотчигиро дар худ аз кай эҳсос кардед?
- Модарам мегӯяд, ки ҳанӯз аз кӯдакӣ бо ҳамин хусусият аз ҳамсолонам фарқ мекардаам. Баъдтар вақти дар мактаби миёна таҳсил кардан устодон ҳамин хислатро дар ман дида ва эҳсос карда буданд, ки ҳамеша дар чорабиниҳои мактабӣ масъулияти асосиро ба зиммаи ман мегузоштанд.
Вазъи занҳо дар ноҳияи Қайроққум чӣ гуна аст?
- Қайроққум шаҳри саноатӣ аст, ки боиси ифтихори мо сокинонаш аст. Занҳои мо бо ҷойи кор таъминанд. Корхонаҳои «Қолинҳои Қайроққум», «Бародарони саховатманд», «Апрелевка», корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой ва корхонаҳои хурду бузурги дигар дар ноҳия зиёд ҳастанд, ки дар баробари мардҳо, занҳоро низ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаанд. Асосан занҳоро дар соҳаи саноати сабук, соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф зиёд дидан мумкин аст. Ба ғайр аз ин қисмати зиёди хизматчиёни давлатиро низ дар мақомоти иҷроияи шаҳри Қайроққум занҳо ташкил медиҳанд. Мо занони роҳбар зиёд зиёд дорем. Ман дар давоми се соли фаъолият дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр будан, боре бо масъалаи ҳалношуданӣ, ё мушкили ҷиддие, ки занҳоро ба ташвиш оварда бошад, рӯ ба рӯ нашудаам.
Дар масъалаи роҳбар будани зан чӣ назар доред?
- Пешравии кор аз ҷинсият вобастагӣ надорад. Роҳбар зан аст, мард аст бояд аз ӯҳдаи вазифаи бар зиммааш вогузоршуда барояд. Ман тарафдори бо озмун ва тарзи шаффоф сари кор омадани роҳбарҳастам.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Душанбе-Қайроққум-Душанбе
Ду нигоҳ