-Муҳайё, ҳафтаномаро «Ману ту» ном гузоштед, чаро?
-Вақге мо тасмим гирифтем ҳафтаномаи нав таъсис диҳем сари номи он хеле фикр кардем. Хуршеди Атоулло ёдовар шуд, ки дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» саҳфае доштанд таҳти унвони «Ману ту» ва он хонандаи зиёд дошт. Дар аввал ман сари он меандешидам, ки ин номро баъзе аз хонандагон танҳо ба маънии муносибати ду нафар ва он ҳам муносибатҳои ошиқона мефаҳманд. Аммо вақти муайян намудани рубрикаҳо ва умуман мавзӯъоте, ки ҳафтанома бояд мунъакис кунад ба он натиаҷа расидем, ки он бояд дарбаргирандаи зиндагӣ ва мушкилоти ҷавонон бошад ва матолиб низ аз ҷониби онҳо омода гардад. Ба қарибӣ ҳафтанома дусола мешавад ва ҳаӣати эҷодӣ аз ҷавонон ташкил ёфтааст. Синни аз ҳама боло дар ҳафтанома ба 26 баробар аст. Намедонам, то куҷо муваффақ шудем, аммо агар заррае он маҳбубият ёфта бошад, сабабаш фаъолияти ҷавонон ва назари тозаи онҳост.
-Журналистика ба Муҳайё ва ӯ ба журналистика чӣ медиҳад?
- Журналистика ба ман бисёр чизро дод. Агар таъриф нашавад ду - се нафаре, ки маро мешиносанду пайваста дар тамосанд, аз рӯӣи навиштаҳоям иртибот барқарор намудаанд. Ба ғайр аз ҳафтаномаи худамон ман тадқиқотҳои журналистиамро дар дигар рӯзномаҳо низ чопмекунам, аз ин рӯ журналистика маро ба ҷомеа муаррифӣ намуд гӯям иштибоҳ намекунам. Журналистика ба ман ном ва нон дод, «ман» -амро як қадам ба пеш бурд.
Азбаски дар факултаи журналистика ва тарҷумонӣ таҳсил мекардам, хоҳиши мутарҷим шудан доштам. Аммо барои дарёфти маблағ мақола менавиштам, то худамро каме таъмин намояму ба волидайнам мушкил эҷод накунам. Соли 2006 бошад, ба тадқиқоти журналистӣ машғул шудам ва он таъйинкунандаи тахассусам гардид. Қисмати дигари суолатон, Муҳайё ба журналистика чӣ дода метавонад? Агар аз устодон, таҷриба ва тренингу семинарҳои марбут ба журналистика ва умуман аз зиндагӣ чизе омӯхта бошам, кӯшиш мекунам онро ба нафари дигаре ҳам биомӯзам. Мегӯянд, ки инсонро он вақт муваффақ гуфтан мумкин аст, ки агар шогирдаш аз ӯ пешрафтатар бошад. Талош дорам ба он донишҷӯёне, ки бо умед ба наздам меоянд, чизе биомӯзам. Агар ин кор ба ман даст диҳад худро хушбахт медонам.
- Мегӯянд, ки журналист - бонувони солҳои 90 хеле ҷасуртар ва ҳирфавитар буданд, зеро бештар ба масоили умдаи рӯз даст мезаданд, аммо ҳамкасбони онҳо имрӯз бештар дунболи сару садоҳо ва овозаҳо мегарданду ба қавле ба «рӯзномаҳои зард» таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Назари Шумо?
- Ба ин назар ҳамзамон ҳам мувофиқам ва ҳам зид. Чаро мувофиқ нестам? Дар муқоиса бо кишварҳои дигар вазъи озодии сухан дар ҷумҳурии мо фарқ мекунад, аз ин рӯ бархеҳо кӯшиш менамоянд ба масъалаҳое рӯ биоранд, ки барои онҳо ва хонаводаашон мушкил эҷод накунад. Баъзе аз бонувони журналист ба мавзӯъоти ҷиддӣ ҳам даст мезананд ва муваффақ ҳам мешаванд, аммо ба онҳо фишор меоранд. Солҳои аввали ба журналистика омаданам бештар талош мекардам тадқиқотҳои журналистӣ анҷом диҳам, вале занг зада таҳдид менамуданд. Кор ба ҷойе расид, ки онҳо ба падарам занг зада, ӯро таҳдид карданд ва ӯ чандин шаб бедорхобӣ кашид. Вақте ба худам тахдид менамуданд, корамро идома медодам, аммо таҳдид ба хонавода маҷбурам кард, самти корамро дигар намоям.
- Бисёриҳо бар он андешааншд, ки ҳусни зебо барои расидан ба ҳадаф нақши муҳим дорад. Бо ин гуфтаҳо мувофиқед?
- Агар не гӯям бисёриҳо маро дурӯғгӯ меноманду агар бале гӯям пурра ба ин фикр розӣ нестам. Тасаввур кунед, ки як зани зебо ҳасту вале мағзи қавӣ надорад. Аз вай чӣ гуна метавон шахсият сохт? Ин хеле мушкил аст, аз ин рӯ фикр мекунам дар баробари зебо будан, бону бояд дониши хуб ҳам дошта бошад. Дар мардуми рус мақоле ҳаст, ки «Бо либос пешвоз мегиранду бо ақл гусел мекунанд». Бо ин гуфтаҳо мувофиқам. Дар ҳама кишварҳо инсонро аввал аз рӯи либос ва зебоӣ мепазиранд, аммо баъдан, дар рафти сӯҳбат ва кор дониш ба ҷойи нахуст мегузараду шахсро мӯътабар мегардонад. Ҳусни зеборо сохтан мумкин аст, тиб хеле пешрафт намудааст, аммо танҳо ва танҳо дониш инсонро зеби ҳақиқӣ дода метавонад.
- Шумо аз чандин кишварҳои хориҷ дидан намудед. Саҳми бонувон дар пешрафти иқтисод ва журналистикаи ин кишварҳо чӣ гунна аст ?
- Замони донишҷӯӣ ба унвони рӯзноманигор ба Афғонистон сафар кардам. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки бонувони ин кишвар ҳам дар пешрафти иктисоду иҷтимоъ ва ҳам дар журналистика хеле фаъоланд. Дар Амрико бошад, занҳо аз мардон дар ҳама самтҳо фаъолтар ва муваффақтаранд. Боз ҳам сабабашро намедонам. Аз чандин расонаҳои хабарии Амрико дидан кардем. Роҳбарии ҳамаи онҳоро бонувон бар дӯш доштанд. Ин бароям хеле ҷолиб буд. Мегӯянд, ки ҳуқуқҳои зану мард баробаранд, аммо ба назар мерасад, ки дар Амрико бонувон то ҷойе ҳуқуқҳои мардонро нақз кардаанд. Онҳо хеле қудратхоҳанд, мехоҳанд идораи кишварро пурра дар ихтиёр дошта бошанд. Аммо фикр мекунам, ки мо набояд кишвари худро бо дигар кишварҳо муқоиса намоем, зеро ҳар миллат махсусиятҳои худро дорад. Умед ҳаст, ки ба тадриҷ мо пешрафт хоҳем кард. Имрӯз дар Тоҷикистон бонувон талош доранд дар ҳама соҳаҳо саҳм бигиранд ва дар муқоиса бо чанд сол қабл хеле фаъолтар шудаанд. Ман дар донишгоҳ ба донишҷӯён дарс мегӯям ва имрӯз эҳсос мешавад, ки сатҳи дониши духтарон аз писарон болотар аст.
- Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки сатҳи журналистикаи тоҷик паст аст, аз ин рӯ ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд ва онҳоро ба додгоҳ мекашанд. Назари Шумо?
- Бо ин назари коршиносон мувофиқ нестам. Журналистикаи тоҷик дар ҳамон сатҳе кор мекунад, ки хонандааш ӯро фаҳмад. Дар дигар кишварҳо шароити кор фарқ мекунад. Журналистикаи байнулмилалиро бояд омӯзем, вале ба он такя карда намешавад. Шароити мо дигар аст. Агар ҳафтаномаҳоро ба додгоҳ мекашанд, фикр мекунам ба хотири тарс додан аст. Баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд озодии суханро дар ҷумҳурӣ маҳдуд намоянд. Сатҳи журналистикаи тоҷик паст нест ва ба он гуфтаҳое, ки мо ҷавобгӯи журналистикаи баӣнулмилалӣ нестем, розӣ нестам. Ягона мушкиле, ки дар аксари ҳафтаномаҳо ҳаст ин набудани ҳуқуқшинос аст. Агар дар идораи ҳафтанома ҳуқуқшинос фаъолият дошта бошад, метавонад бисёр мушкилиҳоро бартараф намояд ва кор ба додгоҳ намерасад.
- Муҳайё Нозимова нияти ба сиёсат даст задан дорад ?
- Ман карйеристка ҳастам (механдад). Аз хурдӣ кӯшиш мекардам «ман» - худро ёбам. Дар мактаб ва донишгоҳ мавқеи худро доштам. Дар оянда ният дорам ба сиёсати калон рӯ биорам, аммо намедонам зиндагӣ чӣ мешавад.
- Ҷавонони донишҷӯ дар журналистика чӣ мушкил доранд?
- Як мушкил. Мо ба онҳо назарияро меомӯзем, вале вақте онҳо ба кор шурӯъ мекунанд, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Бояд онҳо замони донишҷӯйӣ бештар ба таҷриба фаро гирифта шаванд.
- Муҳайё роҳбарии ҳафтаномаро бар дӯш дорад, дар донишгоҳ дарс мегӯяд ва оила барпо намудааст. Оё расидагӣ ба ҳамаро доред ?
- Баъд аз издивоҷ фикр кардам, ки бояд аз донишгоҳ ва ҳафтанома якеро интихоб намоям, то ба кори оила расидагӣ дошта бошам. Падару модар, шавҳар ва волидони ӯ маро кӯмак менамоянд. Бинобарин дар ҳоли ҳозир корамро ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар ҳафтанома идома медиҳам. Аз шавҳарам барои кӯмак ва ҳамдигарфаҳмӣ хеле миннатдорам.
- Кори илмиятонро кай анҷом медиҳед ?
- Соли оянда бояд аз он дифоъ намоям.
- Шуморо бо фарорасии рӯзи модар, иди матбуот ва Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, бароятон муваффақият таманно дорем.
- Ташаккур.
Эмомалии САЙИДАМИРЗОД