яке аз чунин чеҳраҳои шинохта чӣ дар сиёсат ва чӣ дар роҳбарӣ, марҳабо Ҷабборова вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи исмоили сомонии ШАҲРИ ДУШАНБЕ МЕБОШАД. БаЪДИ ДАРЁФТИ ғолибият миёни рақибони зиёд, сӮҳбате доштем бо Ӯ.
- БОНУ МАРҲАБО, ПИРӮЗӢ МУБОРАК!
- Ташаккур.
- Шумо зодаи хонадоне ҳастед, ки аз авлоди пазируфтагону олимон сарчашма мегирад. модари соҳибноматон омӯзгори қаҳрамон асту падари шодравонатон журналист, оё метавон гуфт, ки асолати аҷдодӣ дар ташаккули шахсият ва фаъолияти инсон мавқеи муҳим дорад?
-Бешак. Ман ҳанӯз зимни мактабхонӣ атрофи номи баланди тағои алифбонависам Ҳилол Карим, модари муаллимаву қаҳрамони меҳнатам (Ҳабибахон Каримова), ки пандомӯзи ҳамагон буда, ба ин касб ҳанӯз аз 13-солагӣ икдом кардааст ва падари қаламкашам (Тӯхтасун Ҷабборӣ), ки то нимашабҳо чун сармуҳаррир аз рӯзномаи ба чоп нимтайёр сар намебардошт ва дигар хешону хоҳарону бародаронам, ки ҳамагӣ бори маърифат мекашиданд, наметавонистам андеша накунам. Ман бояд номбардори авлоде мешудам, ки соҳибэҳтирому саршинос буданд. Чун пешиниён бо хулқу атвор ва донишу заковатам бояд меросбари эшон мешудам.
Инак, шукр мегӯям, ки ба ин мартабаи баланд расидам ва ирсиятро дар ин ҳама нодида наметавон гирифт.
- Шумо бону, ҳамсар, роҳбар ва модар ҳастед. андешаатон нисбати ин ҳар чаҳор «ПЕША»?
- Ҳамчун зан раҳмдилиро барои бонувон як хислати ҳатмӣ меҳисобам. Бону бояд ботин ва зоҳири зебову пок дошта бошад. Ҳамсари хушбахту соҳибифтихоре ҳастам, ки тӯли 30-сол, паҳлӯям инсони шарифу поктинат ва донишманду якрӯяву якмаром, ки дар зинаҳои баландтарини давлатӣ хизмат намудаву одамияташро ҳифз карда, мебошад.
Шавҳарам Шавкатҷон (Исмоилов Шавкат Маҳмудович – собиқ Вазири адлия, собиқ раиси кумитаи МН МОҶТ ва аӣни ҳол мудири кафедраи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ) бахти Худодод меҳисобам.
Тӯли 7 сол бори роҳбариро (ректори Донишгоҳи забонҳо) кашидаам, ки сифотамро метавонанд онҳое намоянд, ки ҳамкорам буданд. Ва бешубҳа, хушбахттарин модаре ҳастам, ки се фарзанди солеҳ - Ашраф, Шаҳноз ва Сарварро тарбия кардаву се набера - Амира, Суруш ва Фариштаро чун бибӣ парастор мебошам Ду фарзанди дигаре баъдан дар симои келинам Ситора ва домодам Дилшод ёфтаам, ки маҳз туфайли эшон лаззати ширинтарин меваи боғи умри инсон - набераро чашидаам.
Дар андешаам, ки ин ҳар чаҳор рисолат он қадар тавъаманд, ки якеро бе дигаре тасаввур наметавонам кард.
Аслан модарӣ рисолатест, ки барои иҷрои он на нақша ҳасту на вақту соати муайян он ҳамешагист. Ҳамсари хуб будан ҳунар, роҳбарӣ, малака ва бону будан шараф аст.
- ЯЪНЕ ДАР МАҶМӮЪ ЯК ИНСОНИ ХУШБАХТ?
- Бале.
- ЯК ДАЪВАТ ВАКИЛИ ШАҲРӢ БУДЕД, БА СИЁСАТМАДОРИИ ХЕШ ЧӢ ГУНА БАҲО МЕДИҲЕД?
- Вакили хомӯш набудам. Сиёсатмадор бояд нахуст дар андешаи манфиати мардум бошад.
- МАРДУМРО ТО КАДОМ АНДОЗА МЕШИНОСЕД?
- Ростӣ, то замони номзадӣ ба вакилии Парлумон шояд камтар. Зеро фаъолияти ман бештар ба Донишкада ва чун депутати шаҳрӣ ба як қишри камтари ҷомеа равона буд. Зимни зиёда аз 200 вохӯриву дидорбинӣ бо интихобкунандагон ва гӯш кардани дарди дили онҳо дарёфтам, ки миёни мардум будан чизи дигар буда аст. Онҳоро гӯш кардану ба мушкилашон расидагӣ карданро дар оянда пеши худ сахт мақсад гузоштаам.
- Чун дигар вакилон баъди ба курсӢ нишас тан ваъдаҳо фаромӮш намешавад?
- Иншооллоҳ не. Муҳимаш он аст, ки боварии бонувон - интихобкунандагонро, ки таъкидам мекарданд, вакили «безабон» нашавам, сазовор бигардам.
Ташаккур!
Сӯҳбатнигор
Ҳуриннисо АЛИЗОДА