Соли 1964 пас аз хатми донишк ада ба театри ба номи А. С. Пушк ин (њозира Камоли Хуљандї), ба кор омада, то њол дар ин Кохи њунарњои зебо фаъолият дорад.Сайрам Исоева дар тўли 40 соли фаъолияти мењнатии худ дар сањнаи театр беш аз 120 наќшњои гуногун ва дар киностудияњои «Тољикфилм», «Ўзбекфилм», «Ќирѓизфилм» ва «Мосфилм» зиёда аз 40 наќши асосиро офаридааст. Њамчун коргардон зиёда аз 20 намоишномаро дар сањнаи театри ба номи Камоли Хуљандї ва театри ўзбекии драма ва мусиќии ба номи Шукур Бурњонов тањия намудааст.
Чун намояндаи кинои тољик дар њайъати киноматографистони шўравї дар кинофестивалњои Фаронса, Туркия, Покистон, Ўзбакистон, Гурљистон ва кишварњои назди Балтика иштирок намуда, сазовори љоиза ва ифтихорномањо гардидааст.
Аз соли 1993 то соли 1990 ва аз соли 1997 то имрўз вазифаи Раиси иттифоќи арбобони театри вилояти Суѓдро бар ўњда дорад. Дар назди театри Камоли Хуљандї соли 1975 студияи наврасонро таъсис додааст, ки њоло ќисме аз дастпарварони он дар театри номбурда кор мекунанд.
Барои мењнати шоёну пурсамар ва њунари воло Сайрам Исоева бо нишону орденњои «Барои мењнати шоён», «Байраќи сурх », «Дўстии халќњо», «Дўстї» ва «Собиќадори мењнат», њамчунин бо унвонњои ифтихории «Њунарпешаи шоистаи Љумњурии Тољикистон», «Њунарманди мардумии Љумњурии Тољикистон», «Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон» ва љоизаи «Аноњит»-и иттифоќи арбобони театри љумњурї сарфароз гардонида шуда, Академики Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуљанд» мебошад.
- Лутфан бигўед, ки њунарманд кист ва умуман, њунарманд кї буда метавонад?
- Њунарро Офаранда дар замири инсон меофарад. Лекин њунар худодод њам бошад сайќал мехоњад. Њунармандон дар театрњо бисёранд, вале дар байни онњо њунармандон асил бенињоят каманд. Тафовут он љост, ки наќши офаридаи њунарманди асил љовидона боќї мемонад.
- «Њунарманд њар љо бувад сарфароз аст» мегўянд. Дар ин росто чї андеша доред?
- Њунарманде, ки истеъдоди баланд дошта бошад, воќеан њељ гоњ хор намешавад. Бо истеъдоду мањорати худ як бурида нонашро ёфта миёни мардум сарфароз њам мегардад. Дар байни мо њунармандоне низ њастанд, ки унвон надоранд, лекин онњоро халќ дўст медорад,зеро њунари баланд доранд.
- Гуфта метавонед, ки театри тољик ниёз ба тамошобин дорад ва мардум низ ниёз ба театр дошта бошад?
- Оре, мо ба мухлисон ниёз дорему онњо ба театр. Ва умуман санъат набояд вуљуд дошта бошад, ваќте мухлис ё тамошобин набошад. Фикр мекунам имрўз театр дар назди тамошобин ба андозае ќарздор њам њаст. Театрњо на танњо дар марказњо, балки дар њама гўшаву канорњои љумњурї бояд намоишњояшонро ба мардум пешнињод намоянд, то онњо бифањманд, ки барнома, намоишнома, ва мусиќї чист, садои њунарманд чї гуна аст, раќси зинда дар сањна чї хел бояд бошад…
- Чї гуна наќш таъсирнок аст?
- Асарро ба мо ё пешнињод мекунанд, ё мо асареро интихоб мекунем, ки дар асоси воќеиятњои таърих эљод шудааст. Масалан, «Шикасти ташнагї»-и драматург Нур Табаров асари таърихї буда, дар асоси њаводиси таърихї навишта шудааст. Ва њар як њунарманде, ки наќш мегирад, кўшиш мекунад, осори таърихиро омўзад. Ќањрамон бояд зинда бошад, зеро он ба вуљуди њунарманд медарояд ва баъд дар зењн пухта берун меояд. Лекин, агар ман онро дар асоси тахайюли инфиродї созам, ба бинанда таъсири љиддї нахоњад кард. Имрўз тамошобинро фиреб кардан њам намешавад, зеро ў љањонбинии васеъ дорад. Њунарманде, ки мехоњад тамошобинро фиреб дињад, бањояшро аз тарафи тамошобин мегирад ва мебинед, ки умри ин гуна њунарманд кўтоњ аст. Наќши таъсирнок, наќши воќеист.
- Шекспир дар асари «Њамлет» гуфта буд, ки «Њаёт ин сањнаи театр аст ва мо дар он њунармандем…», - назари Шумо?
- Воќеан њам инро Шекспир хуб ќайд кардааст. Њаёт ин театр аст ва њамаи мо дар ин театр њунарманд њастем. Њар нафар дар њаёти хеш њунарманд аст ва њамчун њунарманд умр ба сар мебарад ва умуман, њар нафар бо хулќу атвор, рафтору кирдор, бо нигоњу чењрааш фарќ карда, наќш меофарад, ки он худ аз сањнаи театрии њаёти њар шахс дарак медињад. Масалан, шумо низ дар касби худ њунарманд њастед ва агар њаёт театр намебуд, пас «дањшат» мешуд (механдад)…Вале дар сањнаи њаёт низ на њар кас наќши хуб бозида метавонад.
- Наќше, ки он орз уи њамешагии Шумо буд, рўи сањнаро дид?
- Не… Ман он наќшњое, ки орзу мекардам, дар сањна боре њам наофаридаам…
- Наќши Шумо њамчун зан дар оила?
- Бояд гуфт, ки дар оила танњо як нафар сарвар бошад (механдад)… ва ман дар назди шавњарам – Ислом Саломов сари таъзим фуруд меоварам. Он кас саррежиссёри театранд. Лекин дар дил орзуњои бисёре доштам… Ба њар сурат афсўс намехўрам. Зеро, ин бозї буд, ваќте ду шахсияти бузург ба њам меоянд, на њамаи орзуњо љомаи амал мепўшад.Ман чунин хонаводањоро медонам. Фикр мекунам оилаи хуб, шавњар ва фарзандони азиз дорам. 45 сол бо њамем. Агар 5 соли ошиќиашро гап занам (механдад), 50 сол мешавад. Ба наќши ман бояд ањли хонадон бањо бидињад.
- Гуфта метавонед, наќше, ки тараннумгари орз уву омоли Шумо буд, ба њаёти шахсиатон шабоњат дошт?
- Чунин наќшро дар театр не, дар синамо офаридам. Наќшњои Гурдофарид, шоира Нодирабегим, Майсара ва Ўзбекойим. Ин чањор наќш аз љињати хислат, синну сол аз њамдигар фарќ доштанд. Ба њар њол, дар синамо орзуњоям амалї шуданд...
- Имрўзњо синамои хориљї хеле рушд кардааст. Аз нигоњи Шумо синамои тољик дар он сатње, ки бояд бошад, њаст ё на?
- Фикр мекунам, ки масъулин кўшиш ва хоњиш доранд ва мубориза њам мебарад. Тањиягарон филмњои телевизиониро омода карда истодаанд. Бояд синаморо зинда кунем. Бинед, ки чї ќадар фестивалу озмунњо баргузор мегарданд. Филмњои мо низ љоизањо гирифта истодаанд. Аммо ба монанди достонњои Рустам ва Сўњроб, ё Сиёвуш бояд филмњо тањия кард. Тањиягарони љавону наворбардорони бомањорат низ дорем. Фаќат гап дар сари иќтисодиёт аст.
- Аксари тамошобинон, аз зебої ва љавониатон дар њайратанд? Сирр и он дар чист?
- Њеч асроре нест. Зебої дар сирату тинату ќалб аст, на дар сурату андоми зоњирї… Аз ин рў, дил бояд љавон бошад…
- Боре хоњарон - Сайрам ва Майрам дар сањна бо њам наќш офаридаанд?
- Алњол не, вале мо наќша дорем рўзњои наздик песаеро вобаста ба њаёти шахсиамон ба сањна гузорем.
- Аксари љавонон Шуморо њамчун љавондухтари љасуру нотарс аз наќши «Гурдофарид» мешиносанд. «Гурдофарид» дар зиндагии Шумо чизеро таѓйир кард?
- «Гурдофарид» – маро гурд, нотарсу далер, љасуру њушёр, љавонмарду пањлавон кард… Ва дар бисёр њолатњо, дар њалли мушкилињо маро «Гурдофарид» наљот медињад. Ман бо «ГУРД»-и хеш њамеша љовидонам.
Љамшеди Маъруф